Рақс

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳаракоти мавзун)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рақс (арабӣ: الرَقْص) ҳаракоти мавзун ва ҳамоҳанги баданӣ аст, ки маъмулан ҳамроҳ бо овозу мусиқӣ анҷом мешавад. Бисёре аз фақеҳон ҳамаи намуди рақсро ҳаром медонанд, аммо бархеи дигар мӯътақиданд, рақсе ҳаром аст, ки бо кори ҳароме ҳамроҳ бошад; масалан мӯҷиби барангехтани шаҳват шавад. Бархе аз фақеҳоне, ки рақсро ба худии худ ҳаром медонанд, рақси зан барои зан ва рақси зан барои шавҳарашро дар сурате, ки бо ҳароми дигаре ҳамроҳ набошад, аз ин ҳукм истисно кардаанд.

Мафҳумшиносӣ

Рақс ба ҳаракоти мавзун ва ҳамоҳанги бадан гуфта мешавад, ки маъмулан бо овозу мусиқӣ ҳамроҳ аст.[1] Фақеҳон аз рақс дар бахшҳои «макосиби муҳаррама» (тиҷоратҳои ҳаром) ва «масоили мустаҳдаса» (масоили ҷадид) баҳс мекунанд.[2]

Ҳукми рақсидан

Дар заминаи ҳукми фиқҳии рақс, ду дидгоҳи куллӣ вуҷуд дорад: тибқи дидгоҳи нахуст, ки дидгоҳи бештари фақеҳон аст, рақс ба худии худ ҳаром аст.[3] Аммо бар пояи дидгоҳи дувум, рақсидан замоне ҳаром аст, ки бо кори ҳароме ҳамроҳ бошад,[4] ё мӯҷиби барангехтани шаҳват шавад.[5]

Ҳамчунин аз назари фақеҳон нигоҳ кардан ба рақс, ҳукми худи рақсро дорад.[6] Ва дар сурате, ки мӯҷиби таҳрики шаҳват, таъйид ва ҷуръати гуноҳкор ва низ паёмади фасод бишавад, ҷоиз нест.[7]

Иллати ҳаром будани рақс

Дар навиштаҳои фиқҳӣ далоиле чанд барои ҳаром будани рақс омадааст, ки ба шарҳи зер аст:

  • Рақс, мисдоқи лаҳв аст ва лаҳв ҳаром аст.[8]
  • Дар ривояте аз Пайғамбар (с) аз рақсидан ба сурати мутлақ наҳй шудааст.[9]
  • Рақс маншаи фасод аст ва ҳаёро аз байн мебарад.[10]

Истисноот

Бисёре аз фақеҳоне, ки рақсро ҳаром медонанд, истиснооте барои он матраҳ кардаанд:

  • Рақсидани зану шавҳар барои якдигар: бархе фақеҳон, рақсидани зан барои шавҳарашро ҷоиз медонанд.[11] Аз ин гурӯҳ касоне рақси шавҳар барои занашро ҳам ҷоиз медонанд[12] ва касоне ҷоиз намедонанд.[13] Албатта ҷоиз будани рақсидани зану шавҳар барои якдигар дар сурате аст, ки бо ҳароми дигаре ҳамроҳ набошад.[14] Муҳаммадтақии Баҳҷат аз мароҷеъи тақлид, рақсидани зану шавҳар барои якдигарро ҳаром донистааст.[15]
  • Рақсидани зан барои зан: тибқи фатвои бархе аз фақеҳоне, ки рақсро ба худии худ ҳаром медонанд, рақсидани зан барои зан ҷоиз аст.[16] Албатта ин ҳукм дар сурате аст, ки рақсидан бо ҳароми дигаре монанди ғино ҳамроҳ набошад ва ҳеҷ марде ҳатто аз маҳрамҳои зан онҷо набошад.[17]

Симоъ

Мақолаи аслӣ: Самоъ

Суфиён навъе рақс ба номи самоъро дар макон ва замони хоссе анҷом медиҳанд ва мӯътақиданд бо ин ҳаракат, ҳолати шӯру ваҷде пайдо мекунанд, ки ба Худованд наздик мешаванд,[18] аммо бархе аз онон рақс ва оҳангро барои сӯфӣ ҷоиз намедонанд.[19]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Меҳрубонӣ, “Рақс”, саҳ.215.
  2. Муассисаи доиратулмаорифи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.124.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Гулпойгонӣ, Иршод-ус-соил, 1414ҳ.қ., саҳ.156; Мунтазирӣ, Рисолаи истифтоот, бе то, ҷ.1, саҳ.144; Систонӣ, ал-Фатово-л-муяссара, 1416ҳ.қ., саҳ.436 ва 437; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155.
  4. Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.372.
  5. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1424ҳ.қ., саҳ.256.
  6. Макорими Шерозӣ, Истифтоъот, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155, саҳ.536.
  7. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1424ҳ.қ., саҳ.256, саҳ.1169.
  8. Ардабилӣ, Рисолатун фи-л-ғино, 1418ҳ.қ., саҳ.27; Табрезӣ, Истифтооти ҷадид, ҷ.1, саҳ.219.
  9. Мунтазирӣ, Рисолаи истифтоот, бе то, ҷ.1, саҳ.144.
  10. Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1425ҳ.қ., саҳ.443.
  11. Нигоҳ кунед ба Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, бе то, ҷ.5, саҳ.385; Шерозӣ, Истифтоъот-ул-ғино, бе то, саҳ.48; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155.
  12. Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, бе то, ҷ.5, саҳ.385; Шерозӣ, Истифтоъот-ул-ғино, бе то, саҳ.48.
  13. Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155.
  14. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1424ҳ.қ., саҳ.257, саҳ.1172.
  15. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428, ҷ.4, саҳ.531.
  16. Фозили Ланкаронӣ, Аҷвибат-ус-соилин, 1416ҳ.қ., саҳ.148; Табрезӣ, Истифтооти ҷадид, бе то, ҷ.2, саҳ.219.
  17. Ниг.: Табрезӣ, Истифтооти ҷадид, бе то, ҷ.2, саҳ.219.
  18. Наврӯзиталаб, “Мутолиаи татбиқии рақси шево ва рақси самоъ”, саҳ.19.
  19. Кошонӣ, Мисбоҳ-ул-ҳидоя, 1376ҳ.ш., саҳ.178.

Сарчашма

  • Ардабилӣ, Мирзоюсуф, Рисолатун фи-л-ғино, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Замонинажод, Қум, Мирсод, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, Қум, дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, чопи аввал, 1428.
  • Гулпойгонӣ, Сайидмуҳаммадризо, Иршод-ус-соил, Бейрут, Доруссафва, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Иззуддини Маҳмуд, Мисбоҳ-ул-ҳидоя ва мифтоҳ-ул-кифоя, тасҳеҳи Ҷалолиддини Ҳумоӣ, Теҳрон, нашри ҳумо, 1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, Қум, интишороти мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Меҳрубонӣ, Амин, “Рақс”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, муассисаи фарҳангии ҳунарии китоби марҷаъ, 1394ҳ.ш.
  • Муассисаи доиратулмаорифи исломӣ, фарҳанги фиқҳии мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, нашри доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, чопи аввал, бе то.
  • Наврӯзиталаб, Алиризо, Одилванд, “Мутолиаи татбиқии рақси шево ва рақси самоъ”, падида, дар маҷаллаи Боғи назар, Теҳрон, маркази пажӯҳишии ҳунар, меъморӣ ва шаҳрсозии
  • Систонӣ, Сайидалӣ, ал-Фатово-л-муяссара, ҷамъоварии Сайид Абдулҳодии Ҳаким, Қум, дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Систонӣ, чопи аввал, 1416.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Истифтооти ҷадид, чопи аввал, бе то.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Сирот-ун-наҷот, бе то.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Аҷвибат-ус-соилин, Қум, дафтари Оятуллоҳ Фозили Ланкаронӣ, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, Амири қалам, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Қум, дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ дар Қум, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Сирот-ун-наҷот, Қум, мактаби нашрул мунтахаб, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Шерозӣ, Сайидсодиқ, Истифтоъот-ул-ғино, бе то.назар, 1393ҳ.ш.