Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн
Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн (арабӣ: حُسَینٌ مِنّی و اَنا مِن حسین) (тарҷума ба форсӣ: حسین از من است و من از حسینم) ҳадиси набавӣ дар фазилати Имом Ҳусайн (а), ки дар манобеъи ҳадиси шиа ва суннӣ ривоят шудааст. Қадимтарин сарчашмаи он «ал-Муснаф»-и Ибни Аби Шибо (ваф. 235 ҳиҷрӣ), яке аз уламои аҳли суннат аст ва дар манобеъи ҳадиси шиа ҳам аввалин бор дар китоби «Комил-уз-зиёрот»-и Ибни Қуливайҳ (ваф. 368ҳ.қ.) зикр шудааст.
Ба эътиқоди бархе, ин ҳадис баёнгари ваҳдати рӯҳии Пайғамбар (с) ва Имом Ҳусайн (а)-ро баён мекунад ва ин ки муҳаббати Ҳусайн (а) сабаби маҳбубияти назди Худо мешавад ва ба идомаи насли имомони шиа (а) аз имом Ҳусайн (а) ишора дорад.
Ҳамчунин, баъзе аз таърихпажуҳон муътақиданд, иборати “Ано мин Ҳусайн” ба ин нукта ишора дорад, ки бақои дини Ислом ба воситаи қиёми имом Ҳусайн (а) аст.
Ин ҳадис бар сардари вурудии ҳарами Имом Ҳусайн (а) ҳаккокӣ шудааст.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
Ҳадиси «Ҳусайнун миннӣ» аз аҳодиси Пайғамбар (с) дар зикри фазоили Имом Ҳусайн (а) аст. Ба гуфтаи Сайид Ҳошими Баҳронӣ, ин ҳадис нишон аз муҳаббати Пайғамбар (с) нисбат ба Имом Ҳусайн (а) дорад ва дар манобеи шиа ва суннӣ бисёр такрор шудааст.[1] Ҳадиси «Ҳусайнун миннӣ» бар сардари вурудии Ҳарами Имом Ҳусайн (а) навишта шудааст.[2] Ҳамчунин ин ривоят дар сари сутунҳои шашгӯшаи зариҳи Имом Ҳусайн (а) ҳак шудааст.[3]
Бар асоси нақли манобеи ҳадисӣ,[4] ҳазрати Муҳаммад (с) дар масири рафтан ба меҳмонӣ, Ҳусайн (а)-ро дид, ки бо кӯдакон бозӣ мекард. Пайғамбар (с) ба истиқболи Ҳусайн (а) рафту дастонашро кушода, ӯро дар оғӯш гирифту сипас фармуд:
«حُسَیْنٌ مِنِّی وَ أَنَا مِنْ حُسَیْنٍ، أَحَبَّ اَللَّهُ مَنْ أَحَبَّ حُسَیْناً، حُسَیْنٌ سِبْطٌ مِنَ اَلْأَسْبَاطِ;
Ҳусайн аз ман аст ва ман ҳам аз Ҳусайнам, Худо дӯстдори касе бошад, ки Ҳусайнро дӯст бидорад, Ҳусайн фарзандзодае аз фарзандзодагони пайғамбарон аст!».[5]
Муҳтавои ҳадис
Ба гуфтаи бархе аз пажӯҳишгарон, муҳтавои ин ҳадис шомили ин мазмун аст:
- Ваҳдати рӯҳии Пайғамбар (с) ва Имом Ҳусайн (а)
- Муҳаббат ба Ҳусайн (а) аз асбоби маҳбубият дар назди Худованд аст
- Идомаи насли имомони шиа аз Ҳусайн (а).[6]
Мановӣ (ваф. 1031ҳ.қ.) аз олимони шофеӣ, дар шарҳи ин ҳадис аз Қозӣ Вакиъ нақл кардааст, ки гӯё Пайғамбар (с) медонистааст, байни Ҳусайн (а) ва умматаш чӣ ҳодисае рӯй медиҳад ва аз ин ҷиҳат фақат Ҳусайн (а)-ро дар ин ривоят зикр карда, ин матлабро ёд овар шудааст, ки Ҳусайн (а) дар муҳаббат, ҳаром будани таарруз ва ҷанг бо Пайғамбар як аст ва ин матлабро бо гуфтори «аҳаббаллоҳу ман аҳабба Ҳусайнан/احب الله من احب حسینا», таъкид кардааст; зеро муҳаббат ба Ҳусайн (а), муҳаббати Расули Худо (с) ва муҳаббати Пайғамбар, муҳаббати Худованд аст.[7]
Ба гуфтаи Боқиршарифи Қарашӣ (ваф. 1433ҳ.қ.) таърихпажӯҳи ҳавзаи Аҳли Байт, иборати «ано мин Ҳусайн» ба ин нукта ишора дорад, ки қиёми Имом Ҳусайн (а) ва шаҳодати ӯ, сабаби ҳифзи дини Ислом шудааст, аз ин рӯ, бақои дини Пайғамбар аз Имом Ҳусайн аст.[8]
Масодир ва эътибори ҳадис
Қадимитарин манбаъе ки ҳадиси «Ҳусайнун миннӣ»-ро нақл кардааст, мусаннифи асари Ибни Абишайба (ваф. 235ҳ.қ.)[9] олими аҳли суннат медонанд,[10] ки риҷолшиносон ӯро мувассақ муаррифӣ кардаанд.[11] Дар манобеи ҳадисии шиа низ ин ҳадис дар китобҳои Комил-уз-зиёрот асари Ибни Қуливайҳ (ваф. 368ҳ.қ.)[12] ва Шарҳ-ул-ахбор, таълифи Қозӣ Нуъмони Мағрибӣ (ваф. 363ҳ.қ.)[13] ва низ ал-Иршод, навиштаи Шайхи Муфид (ваф. 413ҳ.қ.)[14] омада ва баъд аз онҳо дар соири манобеи ривоӣ зикр шудааст.[15] Аллома Маҷлисӣ (ваф. 1110ҳ.қ.), Комил-уз-зиёротро аз усули муътабар ва машҳуре байни фуқаҳои шиа донистааст.[16]
Ровиёни силсила санади ин ривоят, бар асоси нақли Комил-уз-зиёрот чунинанд: Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ҷаъфари Ҳимярӣ, Абусаид Ҳасан ибни Алӣ ибни Закариёи Адвии Басрӣ, Абдулаъло ибни Ҳаммоди Бурсӣ, Ваҳб, Абдуллоҳ ибни Усмон, Саид ибни Абирошид ва Яъло Омирӣ.[17]
Дар миёни масодири аҳли суннат, ин ҳадис дар Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал,[18] Сунани Ибни Моҷа,[19] Сунани Тирмизӣ[20] ва ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн[21] навиштаи Ҳокими Нишобурӣ омадааст. Ҳокими Нишобурӣ ин ҳадисро саҳеҳ,[22] Ҳайсамӣ[23] ва Тирмизӣ[24] онро ҳасан донистааст.
Такнигорӣ
Бинобар нақли Оқобузурги Теҳронӣ ду китоб бо унвони «Шарҳи ҳадиси Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн» тавассути Сайид Муҳаммад фарзанди Сайид Дилдоръалии Нақавӣ ва Мирзо Муҳаммад ибни Козими Ҳиндӣ (ваф. 1289ҳ.қ.) аз шогирдони Сайид Ҳусайн ибни Сайид Дилдоръалии Нақавӣ навишта шудааст.[25] Ҳамчунин ба гузориши бархе феҳристнависон, Муҳаммади Холисизода (ваф. 1342ҳ.ш.) китобе бо унвони «Ҳадиси Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн» навиштааст, ки дар Наҷаф чоп шудааст.[26]
Эзоҳ
- ↑ Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.127.
- ↑ Ранҷбар Ҳусайнӣ ва Ҳоирӣ, “Баррасии эътибор ва далолати ҳадиси набавӣ: Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн”, саҳ.7.
- ↑ «آیات، روایات و مضامین به کار رفته بر روی ضریح جدید امام حسین»«Оёт, ривоёт ва мазомини ба кор рафта бар рӯи зариҳи ҷадиди Имом Ҳусайн», сайти хабаргузории Форс.
- ↑ Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.қ., саҳ.53.
- ↑ Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.қ., саҳ.53.
- ↑ Ранҷбарҳусайнӣ ва Ҳоирӣ, “Баррасии эътибор ва далолати ҳадиси набавӣ: Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн”, саҳ.8.
- ↑ Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.387.
- ↑ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн, 1398ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.94; Мусавии Гарморудӣ, Фарҳанги Ошуро, 1368ҳ.ш., саҳ.163.
- ↑ Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.380.
- ↑ Ранҷбарҳусайнӣ ва Ҳоирӣ, “Баррасии эътибор ва далолати ҳадиси набавӣ: Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн”, саҳ.9.
- ↑ Ранҷбарҳусайнӣ ва Ҳоирӣ, “Баррасии эътибор ва далолати ҳадиси набавӣ: Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн”, саҳ.9.
- ↑ Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.қ., саҳ.53.
- ↑ Қозӣ Нуъмон, Шарҳ-ул-ахбор, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.112.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127.
- ↑ Ранҷбарҳусайнӣ ва Ҳоирӣ, “Баррасии эътибор ва далолати ҳадиси набавӣ: Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн”, саҳ.8.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27.
- ↑ Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.қ., саҳ.53.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.103.
- ↑ Ибни Моҷа, Сунан, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
- ↑ Тирмизӣ, Сунан, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.658.
- ↑ Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷилди 3, саҳ.194.
- ↑ Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷилди 3, саҳ.194.
- ↑ Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.185.
- ↑ Тирмизӣ, Сунан, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.658.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.196.
- ↑ Мушор, Феҳристи китобҳои чопии арабӣ, 1344ҳ.ш., саҳ.311.
Сарчашма
- Баҳронӣ, Сайидҳошим, Ҳилят-ул-аброр фи аҳволи Муҳаммад ва Олиҳи-л-атҳор алайҳимуссалом, Қум, муассисаи маориф исломия, 1411ҳ.қ.
- Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннаф фи-л-аҳодиси ва-л-осор, Риёз, мактабатуррушд, 1409ҳ.қ.
- Ибни Қуливайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Дорул-Муртазавия, 1356ҳ.қ.
- Ибни Моҷа, Муҳаммад ибни Язид, Сунан, беҷо, мактабат Абилмуъотӣ, 1418ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснад, Бейрут, муассисатуррисолат, 1421ҳ.қ.
- Қурашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн, 1398ҳ.қ./1974м.
- Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбор фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор алайҳимуссалом, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1414ҳ.қ.
- Мановӣ, Зайниддин Муҳаммад, Файз-ул-қадир, Миср, мактабат алтиҷориятул-кубро, 1356ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Мушор, Хонбобо, Феҳристи китобҳои чопии арабӣ, беҷо, бено, 1344ҳ.ш.
- Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, Таҳзиб-ул-асмои ва-л-луғот, Димишқ, Дорулрисолатилъоламия, 1430ҳ.қ.
- Оёт, ривоёт ва мазомини ба кор рафта бар рӯи зариҳи ҷадиди Имом Ҳусайн», сайти хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 15 исфанди 1391, таърихи боздид: 1 хурдоди 1402.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ила тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, 1403ҳ.қ.
- Ранҷбарҳусайнӣ, Муҳаммад ва Моҷида Ҳоирӣ, “Баррасии эътибор ва далолати ҳадиси набавӣ: Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн”, пажуҳишномаи маорифи Ҳусайнӣ, соли 4, шумораи 15, поизи 1398ҳ.ш.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан, Қоҳира, матбааи Мустафо Албобӣ ал-Ҳалабӣ, 1395ҳ.қ.
- Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абубакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, Қоҳира, мактабатул-Қудсӣ, 1414ҳ.қ.
- Ҳокими Нишобурӣ, Абуабдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1411ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.