Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Сабъи тивол

Аз wikishia

Сабъи тивол (форсӣ: سَبْع طِوال) ё тивол истилоҳе барои ҳафт сураи дарози Қуръон аст, ки дар тартиби роиҷи Қуръон, пас аз сураи Ҳамд қарор гирифтаанд. Ин сураҳо иборатанд аз: Бақара, Оли Имрон, Нисо, Моида, Анъом, Аъроф ва Тавба. Дар сарчашмаҳои исломӣ, дар бораи муайян кардани ҳафт сураи тивол ихтилофҳое вуҷуд дорад; баъзе ба ҷои Тавба, сураи Юнусро зикр кардаанд ва баъзе низ Анфол ва Тавбаро як сура шумурда ва онҳоро дар шумори сабъи тивол овардаанд.[1] Ин унвон ба далели тӯлонӣ будани ин сураҳо дар муқоиса бо бисёре аз сураҳои дигари Қуръон ба онҳо дода шудааст.[2]

Дар ривояте аз Пайғамбар (с), аз сувари тивол дар канори сураҳои миин,[Ёддошт 1] масонӣ ва муфассал ёд шудааст. Дар ин ривоят, сураҳои тивол дар баробари Таврот, миин дар баробари Инҷил ва масонӣ дар баробари Забур қарор дода шудаанд.[3] Аз ин ривоят барои нишон додани пешинаи деринаи корбурди унвони тивол дар тақсимбандии сураҳои Қуръон истифода шудааст.

Сура Шумора дар мусҳаф Шумораи оят Маҳалли нузул Теъдоди саҳифа

дар хатти Усмони Тоҳо

Бақара 2 286 маданӣ 48
Оли Имрон 3 200 маданӣ 27
Нисо 4 176 маданӣ 29
Моида 5 120 маданӣ 21
Анъом 6 165 маккӣ 23
Аъроф 7 206 маккӣ 26
Тавба 9 129 маданӣ 21

Эзоҳ

  1. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.114.
  2. مقاله «سُوَر سبع طِوال», Фарҳангномаи улуми Қуръон.
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.601.

Ёддошт

  1. Дар баъзе нусхаҳо ба ҷои вожаи «миин», «сунан» омадааст. Баъзе, «миин»-ро сурати саҳеҳ дониста ва эҳтимол додаанд, ки «сунан» бар асари хатои котибон дар баъзе нусхаҳо падид омадааст. (Ҳусайнии Теҳронӣ, Меҳри тобон, 1426ҳ.қ., саҳ.152.)

Сарчашма

  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, Муассисаи фарҳангии Тамҳиди Қум, 1387ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Муҳаммадҳусайн, Меҳри тобон, Машҳад, Нури малакути Қуръон, 1426ҳ.қ.
  • مقاله «سُوَر سبع طِوال» (Мақолаи «Сувари сабъи тивол»), Фарҳангномаи улуми Қуръон дар китобхонаи электронии Мадрасаи фақоҳат.