Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Ояти 176 сураи Нисо

Аз wikishia
Ояти 176 сураи Нисо
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиНисо
Шумораи оят176
Ҷузъ6
Мавзуъфиқҳӣ
Дар бораимероси калола
Оёти муртабитОяти 12 Нисо


Ояти 176 сураи Нисо (форсӣ: آیه ۱۷۶ سوره نساء) охирин ояти ин сура аст,[1] ки ба моли ба ирс мондаи калола мепардозад.[2] Калола ба мурдае гуфта мешавад, ки падар, модар ва фарзанде надорад, ки аз ӯ мерос барад.[3]

Дар ин оят, ҳамчунин, мероси афроде баён шудааст, ки аз падар ва модар ё аз тариқи падар, бо якдигар хоҳар ва бародар бошанд.[4] Дар поёни оят низ ба дубаробар будани мероси мардон нисбат ба мероси занон ишора шудааст,[5] ки ин қоида дар оятҳои дигар низ вуҷуд дорад.[6]

Бар асоси ин оят, агар майит танҳо як хоҳар дошта бошад, нисфи амволи майит ба ӯ мерасад.[7] Ва агар фақат ду хоҳар дошта бошад, ба ҳар кадом як сеяки амволи майит мерасад.[8] Ва низ агар зане аз дунё равад ва ғайр аз як бародар, ворисе надошта бошад, тамоми амволи ӯ ба бародараш тааллуқ мегирад.[9] Ва дар сурате ки шахси даргузашта чанд бародар ва хоҳар (беш аз ду нафар) дошта бошад, тамоми мероси ӯ дар миёни онҳо тақсим мешавад ва саҳми ҳар бародар муодили ду баробари саҳми ҳар хоҳар хоҳад буд.[10]

Бар асоси гузориши тафсири Маҷмаъ-ул-баён, ин оят дар посух ба пурсиши Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз Паёмбар (с) дар бораи мероси хоҳараш нозил шудааст.[11] Ояти 12 сураи Нисо низ ба мероси калола мепардозад ва дар бораи касонест, ки аз тариқи модар, бо якдигар хоҳар ва бародар ҳастанд.[12]

Эзоҳ

  1. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.407.
  2. ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.6, саҳ.28.
  3. ↑ Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, саҳ.653.
  4. ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.2, саҳ.507.
  5. ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.4, саҳ.285.
  6. ↑ Сураи Нисо, ояти 11.
  7. ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.7, саҳ.563.
  8. ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.2, саҳ.272.
  9. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.238.
  10. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.238.
  11. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.229.
  12. ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.4, саҳ.284.

Сарчашма

  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибб-ил-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фӣ аҳком-ил-Қуръон, китобфурӯшии Муртазавӣ, Теҳрон, чопи аввал, бетаърих.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балoғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-малок ли-т-тибоа ва-н-нашр, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қасир Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.