Үндана:Ояти 128 сураи Тавба
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Тавба |
| Шумораи оят | 128 |
| Ҷузъ | 11 |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | Баёни баъзе вижагиҳои Пайғамбар (с) |
| Оёти муртабит | Ояти 6 сураи Каҳф, Ояти 3 сураи Шуаро, Ояти 8 сураи Фотир, Ояти 6 сураи Фуссилат. |
Ояти 128 сураи Тавба (форсӣ: آیه ۱۲۸ سوره توبه) дорои тасвире аз шахсияти Пайғамбар (с) дар муносибат бо мардум аст,[1] ки бар асоси он, ӯ аз миёни худи мардум аст, ранҷи дигарон бар дилаш сангинӣ мекунад, бо тамоми вуҷуд дар паи ҳидояти онҳост, ва нисбат ба муъминон рауфу раҳим аст.
| “ | Қатъан барои шумо пайғамбаре аз худатон омад, ки бар ӯ душвор аст шумо дар ранҷ биафтед ба [ҳидояти] шумо ҳарис ва нисбат ба муъминон дилсӯзи меҳрубон аст. [Тавба: 128] |
” |
Вижагии аввал: Бар асоси ин оят, Пайғамбар (с) аз миёни худи мардум,[2] ҳамнавъи онон[3] ва дорои аслу насаби шинохташуда аст.[4] Носир Макорими Шерозӣ ва Ҷаъфари Субҳонӣ, бо муфассироне ки ишораи ин оятро ба араб будани Пайғамбар тафсир кардаанд, мухолифат карда ва бар он шудаанд, ки Қуръон ба нажоди инсонҳо таваҷҷуҳе надорад.[5]
Вижагии дуюм: Пайғамбар (с) аз ранҷ ва осеби ҳар мавҷуде, ҳатто ғайримуъминон ё ҳайвонот озурда мешавад[6] ва дарду ранҷи дигаронро эҳсос мекунад.[7] Аз ҳамин ҷиҳат Пайғамбарро ғамхори уммат номидаанд.[8]
Вижагии сеюм: Пайғамбар барои хайрхоҳӣ ва наҷоти инсонҳо, чи муъмин ва чи ғайримуъмин, ҳарис аст.[9] Муфассирон дар бораи ин оят гуфтаанд, ки Пайғамбар шайдои ҳидоят ва саодати инсонҳо буд ва ба ҳамаи мардум дилсӯзӣ дошт.[10]
Вижагии чаҳорум ва панҷум: Пайғамбар рауф ва раҳим аст.[11] Гуфта шуда «рауф» ишора ба муҳаббати вижа ба муъминон, ва «раҳим» ишора ба раҳмат ба гуноҳкорон аст;[12] раъфат, раҳмати беш аз андоза аст[13] ва танҳо Пайғамбари Ислом (с) аст, ки Худованд ҳар ду номи «рауф» ва «раҳим»-ро барои ӯ ба кор бурдааст.[14]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, ҷ.7, саҳ.296.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.8, саҳ.206.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.411; Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, ҷ.4, саҳ.348; Қурашӣ Бунобӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.4, саҳ.339.
- ↑ Абулфатҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.10, саҳ.86.
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, ҷ.7, саҳ.366; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.8, саҳ.206.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.8, саҳ.207; Кошифӣ, Тафсири Ҳусайнӣ (Мавоҳибун алийя), саҳ.440; Абулфатҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.10, саҳ.87.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.4, саҳ.124.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, ҷ.3, саҳ.529.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.411; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.5, саҳ.130.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.4, саҳ.124; Қурашӣ Бунобӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.4, саҳ.339.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.8, саҳ.207; Макорими Шерозӣ, Гуфтори маъсумин (а), ҷ.2, саҳ.19.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.8, саҳ.208.
- ↑ Қурашӣ Бунобӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.4, саҳ.339.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, ҷ.3, саҳ.529; Кошифӣ, Тафсири Ҳусайнӣ (Мавоҳибун алийя), саҳ.440.
Сарчашма
- Абулфатҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
- Кошифӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Тафсири Ҳусайнӣ (Мавоҳибун алийя), Саравон, Китобфурӯшии Нур, бетаърих.
- Кошонӣ, Фатҳуллоҳ ибни Шукруллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурӯшии исломия, бетаърих.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
- Қурашӣ Бунобӣ, Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди баъсат, 1375ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Гуфтори маъсумин (а), таҳия ва танзими Сайид Муҳаммад Абдуллоҳзода, Қум, Мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1387ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломӣ, 1371ҳ.ш.
- Муғния, МуҳаммадҶавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), бетаърих.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.