Ҳадиси Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қасим-ун-нори ва-л-ҷанна)
Иборати «қасимуннори ва-л-ҷаннаҳ» бар рӯи яке аз дарҳои ҳарами Имом Алӣ (а)

Ҳадиси Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат (арабӣ: حدیث قَسیمُ النّارِ و الجَنَة) ривояте аз Пайғамбари Ислом (с) дар фазилати Имом Алӣ (а) ки ӯро тақсимкунанда биҳишт ва ҷаҳаннам муаррифӣ мекунад. Ин ҳадис дар манобеи шиа ва аҳли суннат бо иборатҳои мухталифе нақл шудааст.

Дар ривоёт ва суханони уламои мусулмон, ду бардошти умда аз ҳадис дида мешавад: 1- Ин ки дӯстдори Алӣ (а) дар биҳишт ва душмани ӯ дар ҷаҳаннам хоҳад буд. 2- Он ки дар рӯзи қиёмат, Имом Алӣ (а) биҳиштиён ва ҷаҳаннамиёнро таъйин мекунад.

Бархе аз уламои шиа ва аҳли суннат ин ривоятро мутавотир донистаанд, аммо баъзе аз аҳли суннат ривоятро бо санади хоссе зикр карда, онро заъиф шуморидаанд.

Ҳадиси Қасим-ун-нор дар шеърҳои арабӣ ва форсӣ мавриди истифодаи шоирон қарор гирифтааст.

Матни ҳадис

«Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат» ҳадисе аст аз Пайғамбари Ислом (с) дар бораи Имом Алӣ (а) ки бо иборатҳои мухталифе нақл шудааст:

  • «یا عَلِی إِنَّکَ قَسِیمُ الْجَنَّةِ وَ النَّارِ»; Эй Алӣ, ту тақсимкунандаи биҳишту ҷаҳаннам ҳастӣ![1] Дар Саҳифаи Имом Ризо (а), ҷаҳаннам пеш аз биҳишт омадааст: «یا عَلِی إِنَّکَ قَسِیمُ النَّارِ وَ الْجَنَّةِ»[2] дар бархе манобеъ дар идома омадааст: «تُدخِلُ مُحِبِّیکَ الْجَنَّةَ وَ مُبْغِضِیکَ النَّارَ»; дӯстдоронатро дохили биҳишт ва душманонатро вориди ҷаҳаннам мекунӣ.[3]
  • «یا عَلِی أَنْتَ قَسِیمُ الْجَنَّةِ یوْمَ الْقِیامَةِ تَقُولُ لِلنَّارِ هَذَا لِی وَ هَذَا لَکِ»; Эй Алӣ, ту тақсимкунандаи биҳишт ҳастӣ. Дар рӯзи қиёмат ба оташ мегӯӣ ин барои ту аст ва ин барои ман.[4]
  • «یا علی إنَّکَ قَسیمُ النّارِ وَ إِنَّکَ تَقْرَعُ بَابَ الْجَنَّةِ فَتَدْخُلُهَا بِلَا حِسَاب»; Эй Алӣ, ту тақсимкунандаи ҷаҳаннам ҳастӣ ва ҳамоно дари биҳиштро мекӯбӣ ва беҳисоб вориди биҳишт мешавӣ.[5]

Имом Алӣ (а) низ бо иборатҳои мушобеҳе худро тақсимкунандаи биҳишту ҷаҳаннам муаррифӣ кардааст.[6] Аз ҷумла: «أنَا الفارُوقُ الّذِی أَفرُقُ بَینَ الحَقِّ و البَاطِلِ، ‌أنَا أُدْخِلُ أَوْلِیائی الجَنَّةَ و أَعْدائی النَّارَ»; Ман ҷудокунандае ҳастам, ки байни ҳаққу ботил ҷудоӣ меафканам. Ман дӯстдоронамро вориди биҳишт ва душманонамро дохили ҷаҳаннам мекунам.[7]

«Қасим-ул-ҷаннати ва-н-нор»-ро аз лақабҳои Имом Алӣ (а) ҳам шуморидаанд.[8] Дар зиёратномаҳои Имом Алӣ (а) низ ба ин ҳадис ишора шудааст.[9]

Бардоштҳо аз ҳадис

Бар асоси бардоштҳои олимони мусулмон, ду тафсири умда аз иборати «тақсимкунандаи ҷаҳаннаму биҳишт» вуҷуд дорад:

  • Яке ин ки дӯстдорони Алӣ (а) ҳидоятшудагонанд ва ба биҳишт мераванд ва душманонаш гумроҳонанд ва вориди ҷаҳаннам мешаванд.[10] Аҳмад ибни Ҳанбал аз фуқаҳои аҳли суннат (ваф. 241ҳ.қ.) дар посух ба касе ки ривояти «Ано қасимуннор»-ро инкор мекард бо истинод ба ривояти Пайғамбар (с) дар бораи Алӣ (а) ки «Дӯст намедорад туро, магар муъмин ва душман намедорад туро, магар мунофиқ» ва баёни ҷойгоҳи муъмин дар биҳишт ва ҷойгоҳи мунофиқ дар ҷаҳаннам, натиҷа мегирад, ки Алӣ қасимуннор аст.[11]
  • Дигар ин ки Имом Алӣ (а) дар рӯзи қиёмат ҳақиқатан, тақсимкунандаи биҳишту ҷаҳаннам аст ва мардумро ба биҳишт ё ҷаҳаннам мефиристад.[12]

Мазмуни ин ду бардошт дар бархе аз ривоёт низ омадааст.[13]

Бархе низ гуфтаанд, аз он ҷо ки Имом Алӣ (а) дорои мақоми имомат аст, рафтору гуфтораш ҳуҷҷат аст, аз ин рӯ, пайравони ӯ биҳиштӣ ва дигарон ҷаҳаннамӣ ҳастанд.[14]

Эътибор ва санад

Ҳадиси Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат аз назари Аллома Маҷлисӣ[15] ва бархе аз уламои аҳли суннат мутавотир аст.[16] Ҷобир ибни Абдуллоҳ[17] Абдуллоҳ ибни Аббос,[18] Абдуллоҳ ибни Умар,[19] Абдуллоҳ ибни Масъуд,[20] Абуттуфайл,[21] ва Абосалти Ҳаравӣ[22] аз ровиёни ин ҳадисанд. Бо вуҷуди ин, гурӯҳе аз олимони аҳли суннат, ин ҳадисро аз тариқи Мусо ибни Турайф ва Абоия ибни Рибъӣ нақл карда, он ду ровиро заиф шуморидаанд.[23]

Дар шеър

Ҳамчунин бубинед: Алиюн ҳуббуҳу ҷунна

Ҳадиси қасим-ун-нор дар шеърҳои арабӣ[24] ва форсӣ[25] истифода шудааст. Барои намуна байтҳои зер ба Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ (ваф. 204ҳ.қ.), пешвои мазҳаби шофеӣ мансуб аст.

Ҳамчунин байтҳои зер ба Қутбиддини Ровандӣ (ваф. 573ҳ.қ. ) муҳаддиси шиа мансуб аст:

Эзоҳ

  1. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27; Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоилу амир-ил-муъминин (а), 1424ҳ.қ., саҳ.102; Табарии Омулӣ, Башорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.56 ва 102 ва 164.
  2. Саҳифаи Имом Ризо (а), 1406ҳ.қ., саҳ.56 ва 57.
  3. Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.151 ва 152.
  4. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.86; Кӯфӣ, Тафсири Фуроти ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.511, ҳадиси 667.
  5. Ибни Мағозалӣ, Маноқиб-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1424ҳ.қ., саҳ.107; Хоразмӣ, Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.295; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325.
  6. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.415; Ибни Асокир, Таърихи Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.298; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.326; Ибни Мардавияи Исфаҳонӣ, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.133.
  7. Кӯфӣ, Тафсири Фуроти ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.67.
  8. Хоразмӣ, Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.41 ва 42; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.308.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.570; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.29.
  10. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.139; Мозандаронӣ, шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.289 ва ҷ.12, саҳ.172; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.210; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.326.
  11. Ибни Абияъло, Табақот-ул-ҳанобила, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.320.
  12. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.139; Ибни Мағозалӣ, Маноқиб-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1424ҳ.қ., саҳ.107; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.210.
  13. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.86; Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.162; Ибни Абияъло, Табақот-ул-ҳанобила, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.320.
  14. Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150.
  15. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.210.
  16. Ибни Мағозалӣ, Маноқиб-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1424ҳ.қ., саҳ.107.
  17. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.415 ва 416.
  18. Табарии Омулӣ, Башорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.102 ва 153.
  19. Табарии Омулӣ, Башорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.56.
  20. Табарии Омулӣ, Башорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.164.
  21. Хазози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.151.
  22. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.86.
  23. Доруқутнӣ, ал-Илал-ул-ворида фи-л-аҳодис-ин-набавӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.273; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.387 ва ҷ.4, саҳ.208; Ибни Асокир, Таърихи Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.298 - 301; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.247 ва ҷ.6, саҳ.121; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.355; Албонӣ, Силсилат-ул-аҳодис-из-заифа, 1412ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.597.
  24. Нигоҳ кунед ба: Ибни Шаҳрошӯб, Оли Абутолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159 ва 160.
  25. Ниг.: «Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат», сайти шеъри ҳайъат.
  26. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, Дор-ул-усва, ҷ.1, саҳ.254.
  27. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.80.

Сарчашма

  • Албонӣ, Муҳаммад Носириддин, Силсилат-ул-аҳодис-из-заифа ва-л-мавзуъа ва асаруҳо-с-саййиъ фи-л-умма, Риёз, Дор-ул-маъориф, чопи аввал, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Довудӣ, Юсуф ибни Ҷавда, Манҳаҷ-ул-имом-ид-Доруқутнӣ фи нақд-ил-ҳадис фи китоб-ил-илал, Дор-ул-муҳаддисин, чопи аввал, 2011м./1432ҳ.қ.
  • Доруқутнӣ, Алӣ ибни Умар, ал-Илал-ул-ворида фи-л-аҳодис-ин-набавӣ, Риёз, Дорутайиба, 1405ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин, Мизон-ул-эътидол фи нақд-ир-риҷол, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, чопи аввал, 1382ҳ.қ. - 1963м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, мактабат оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Абияъло, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Табақот-ул-ҳанобила, таҳқиқи Муҳаммад Ҳомиди ал-Фақӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи Дамишқ, таҳқиқи Амр ибни Ғаромат ал-Амравӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Мағозалӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқиб-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), Дор-ул-азвоъ, чопи сеюм, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Мардавияи Исфаҳонӣ, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб ва мо назала мин-ал-Қуръон фи Алӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи дуввум, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Фазоилу Амир-ил-муъминин (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдурразоқ Муҳаммадҳусайн Ҳирзуддин, Қум, далели мо, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, муассисаи Аъламӣ, чопи дуввум, 1390ҳ.қ./1971м.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фуроти ал-Кӯфӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳ Муҳаммадкозим, Теҳрон, Вазорати иршоди исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат ли зави-л-қурбо, Дор-ул-усва, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ил-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, шарҳи ал-Кофӣ (усул ва равза), таҳқиқ ва тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, мактабат-ул-исломия, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбит-ул-масоил, Қум, муассисаи Ол-ул-байт, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳсини Кӯчабоғӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дуввум, 1404ҳ.қ.
  • Саҳифат-ул-Имом-ир-Ризо (а), таҳқиқи Муҳаммадмаҳдии Наҷаф, Машҳад, конграи ҷаҳонии Имом Ризо (а), чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Табарии Омулӣ, Имодуддин Муҳаммад ибни Абилқосим, Башорат-ул-Мустафо ли шиъат-ил-Муртазо, Наҷаф, Мактабат-ул-Ҳайдария, чопи дуввум, 1383ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, таҳқиқи Абдуллатиф Ҳусайнии Кӯҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Маноқиб, таҳқиқи шайх Молик ал-Маҳмудӣ, муассисаи нашр-ул-исломӣ, чопи дуввум, 1411ҳ.қ.
  • Ҳамавии Ҷувайнӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, Фароид-ус-симтайн, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, муассисаи Маҳмудӣ, 1400ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, Аллома Таботабоӣ, чопи сеюм, 1426ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Теҳрон, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.