Эъҷози Қуръон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Эъҷозул-Қуръон)

Эъҷози Қуръон (форсӣ: اعجاز قرآن), маънои онро дорад, ки ҳеҷ инсоне наметавонад китобе монанди Қуръон нависад ва ин нишонаи он аст, ки Қуръон аз ҷониби Худованд нозил шудааст.

Олимони мусалмон Қуръонро бузургтарин мӯъҷизаи Пайғамбари Ислом (с) ва далели набуввати ӯ медонанд. Масъалаи эъҷози Қуръон яке аз мавзӯъҳои улуми Қуръонӣ ва каломи исломӣ аст.

Мусулмонон Қуръонро аз ҷиҳатҳое монанди балоғат, илму маърифат, додани хабарҳои ғайбӣ ва набуди таноқуз дар он, мӯъҷиза медонанд. Худи Қуръон ҳам ба муъҷиза будани ин китоб ишора карда ва дар шаш оят, ба истилоҳ “таҳаддӣ” намудааст; яъне аз мухолифон даъват кардааст, ки агар метавонанд, монанде барои Қуръон биоваранд.

Олимони мусалмон дар бораи муъҷизаҳои Қуръон китобҳои зиёде навиштаанд, ки баъзе аз онҳо инҳоанд: "Эъҷоз-ул-Қуръон” навиштаи Абубакри Боқлонӣ (вафоти 403ҳ.қ.), "Эъҷоз-ул-Қуръони ва-л-калом фи вуҷуҳиҳ” навиштаи Шайхи Муфид (вафоти 413ҳ.қ.), “Ас-Сарфа фи эъҷоз-ил-Қуръон”, навиштаи Сайиди Муртазо (вафоти 436ҳ.қ.), “Далоил-ул-эъҷоз”, навиштаи Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ (вафоти 471ҳ.қ).

Маънои эъҷози Куръон ва аҳамияти он

Мусулмонон, Қуръонро муъҷизаи Пайғамбари Ислом (с) медонанд.[1] Муъҷиза будани он ба ин маъност, ки ин китоб аз тавони башар хориҷ аст ва аз ҷониби Худост ва ҳеҷ кас наметавонад монанди он биоварад.[2] Шайхи Тусӣ, дар тафсираш ал-Тибён, Қуръонро аз бузургтарин ва машҳуртарин мӯъҷизоти Пайғамбар донистааст.[3]

Абубакри Боқлонӣ (вафоти 403ҳ.қ.), аз олимони аҳли суннат, ҳам дар аҳамияти тавваҷуҳ ба эъҷози Қуръон навиштааст, ҳарчанд Пайғамбари Ислом (с) мӯъҷизоти дигаре ҳам доштааст, набуввати Пайғамбари Ислом мубтанӣ бар муъҷиза будани Қуръон аст; чароки дигар мӯъҷизоти ӯ дар замонҳо ва шароити хоссе ва назди афроди маъдуде рух додааст, аммо Қуръон дар маърази диди ҳамагон буда ва касе вуҷуди онро инкор накардааст.[4]

Таҳаддии Қуръон

Мақолаи аслӣ: Таҳаддӣ

Таҳаддӣ, дар улуми қуръонӣ[5] ва каломи исломӣ,[6] ба маънои даъвати пайғамбарон аз мункирони набувваташон аст, то монанде барои мӯъҷизоташон биоваранд.[7] Қуръон дар шаш оят, таҳаддӣ кардааст; яъне аз мункирони муъҷиза буданаш хостааст монанде барои он биоваранд.[8] Ба ин оёт, оёти таҳаддӣ мегӯянд.[9]

Дидгоҳҳои мухталиф дар бораи эъҷози Қуръон

Олимони мусулмон дар хусуси инки Қуръон аз чӣ ҷиҳат муъҷиза аст, дидгоҳҳои мухталифе матраҳ кардаанд. Бештари дидгоҳҳое, ки Суютӣ (вафоти 911ҳ.қ.), қуръонпажӯҳи барҷастаи аҳли суннат, дар ал-Итқон овардааст, дар бораи эъҷози адабии Қуръонанд. Албатта, ҳаряк аз ин дидгоҳҳо эъҷози адабиро аз манзаре тавзеҳ додааст.[10]

Аммо уламои мусулмон муътақиданд, Қуръон дар заминаҳои дигар ҳам эъҷоз дорад. Барои мисол, Аллома Таботабоӣ (вафоти 1360ҳ.ш.), муфассири Қуръон гуфтааст, эъҷози Қуръон илова бар балоғат, шомили илму маърифат, уммӣ будани Пайғамбар (с), ахбори ғайбӣ ва набудани ихтилоф дар Қуръон ҳам мешавад.[11]

Абубакри Боқлонӣ низ илова бар таъкид бар эъҷози адабии Қуръон, ахбори ғайбӣ ва уммӣ будани Пайғамбарро матраҳ кардааст. Муҳамадҳодии Маърифат (вафоти 1385ҳ.ш.), қуръонпажӯҳ ҳам дар канори эъҷози адабӣ, эъҷози илмӣ ва ташреъиро низ матраҳ кардааст.[12]

Назарияи Сарфа

Мақолаи аслӣ: Назарияи сарфа

Назарияи дигаре дар бораи эъҷози Қуръон матраҳ шудааст, ки ба он назария сарфа мегӯянд. Тибқи ин назария, муъҷиза будани Қуръон ба ин маъност, ки агар касе қасди муъориза бо он дошт, Худо монеъи он мешавад, ки китобе монанди он биоварад. Ин сухан ба ин маъност, ки инсонҳо метавонанд китобе мисли Қуръон банависанд, аммо Худо ин тавоноиро аз онҳо салб мекунад.[13]

Ба гуфтаи Суютӣ, дар ал-Итқон, Иброҳими Низом (зиста дар қарни дувум ва сеюми қамарӣ), аз олимони аҳли суннат, ин дидгоҳро матраҳ кардааст.[14] Сайиди Муртазо ва Шайхи Муфид аз олимони шиа ҳам ин дидгоҳро пазируфтаанд.[15] Ба гуфтаи Муҳамадҳодии Маърифат, олимони мусулмон, чӣ дар гузашта ва чӣ дар имрӯз, ин назарияро рад кардаанд.[16]

Вуҷуҳи эъҷози Қуръон

Бархе аз ҷанбаҳои эъҷози Қуръон, ба бовари олимони мусулмон, ба шарҳи зер аст:

Эъҷози адабӣ

Эъҷози адабии Қуръон ба ин маъност, ки матни Қуръон вижагиҳое дорад, ки овардани матне бо ин вижагиҳо аз уҳдаи ҳеҷ башаре намебарояд.[17] Бархе аз ин вижагиҳо ба ин шарҳ аст: ба кор бурдани дақиқ ва муносиби калимот, бархӯрдорӣ аз сабки ҷадиду ғариб ва мунҳасир ба фард, ки на, монанди шеър маъмул аст, на мисли наср, роиҷ, ширинии алфоз ва оҳанги дилнишин.[18]

Хабар додан аз ғайб

Ба гуфтаи олимони мусулмон, Қуръон аз умуре аз гузаштаву оянда хабар додааст, ки ҳеҷкас аз онҳо хабар надоштааст.[19] Барои намуна, ҷузъиётеро, ки дар бораи достони Марям, Нуҳ ва туфони ӯ ва Юсуфу бародаронаш баён кардааст, ҳеҷкас намедонистааст.[20]

Ҳамчунин баъд аз шикасти Рум аз Эрон дар соли 615 мелодӣ, бо қотеият хабар дод, ки Рум дар камтар аз даҳ сол Эронро шикаст хоҳад дод ва ҳамин иттифоқ афтод.[21] Пешбинӣ дар бораи оқибати бархе афрод мисли Абулаҳаб, Абуҷаҳл ва пешбинии Фатҳи Макка аз дигар хабарҳои ғайбии Қуръон аст, ки ҳамааш дуруст буд.[22]

Эъҷози илмӣ

Мақолаи аслӣ: Эъҷози илмии Қуръон

Манзур аз эъҷози илмии Қуръон ин аст, ки ин китоб дар бораи улуми таҷрибӣ матолибе баён кардааст, ки дар он замон, ҳануз кашф нашуда буд ва ҳеҷгоҳ ҳам нақз нашудааст.[23] Бархе аз матолибе, ки муфассирон ба Қуръон нисбат дода ва эъҷози илмии он донистаанд иборатанд аз: ҳаракати вазъӣ ва интиқолии замин, неруи ҷозибаи замин, завҷ будани гиёҳону ҷонварон ва гардиши каррот дар мадорҳои муайян.[24]

Муҳаммадҳодии Маърифат, қуръонпажӯҳ, бо истинод ба ояти «ҳар чизи зиндаеро аз об ба вуҷуд оварадем!»,[25] ва ёфтаҳои улуми таҷрибии мабнӣ бар пайдоиши ҳаёт аз об, ин оятро аз эъҷозҳои илмии Қуръон аст.[26]

Дигар вуҷуҳ

Эъҷози ташреъӣ[27] ва эъҷози ададии Қуръон[28] аз дигар ҷанбаҳои эъҷози Қуръонанд, ки бархе андешмандони мусулмон матраҳ кардаанд.

Тибқи назарияи нахуст, аҳком ва қонунҳое ки Ислом барои инсон вазъ кардааст, бархилофи қонунҳои башарӣ, ҳамаи абъоди вуҷуди инсонро дарбар гирифта ва ҳам бо буъди моддии инсон ва ҳам бо буъди маънавии ӯ ҳамоҳанг аст. Ҳам саодат ва оромиши дунявии ӯро таъмин мекунад ва ҳам бо фитрати ӯ созгор аст. Аз онҷо ки ҳеҷ инсоне қудрати ин корро надорад, бояд Қуръонро нозилшуда аз ҷониби Худованд донист.[29]

Назарияи эъҷози ададии Қуръон ҳам мегӯяд, теъдоди ҳарфҳо ва калимоти Қуръон аз чунон назме бархӯрдоранд, ки ҳеҷ нависандае наметавонад чунин назмеро дар назар бигирад ва ин назм нишонаи эъҷози он аст.[30] Барои намуна, дар Қуръон, калимаи «соат» ба теъдоди соаҳои шабонарӯз, яъне 24 бор ба кор рафтааст. Калимаи «шаҳр» (моҳ), ба теъдоди моҳҳои сол, яъне 12 бор корбурд доштааст. Калимаи «саҷда» 34 бор дар Қуръон ба кор рафтааст, ки бо теъдоди саҷдаҳои намозҳои фарз баробар аст.[31] Ин назария мухолифони бисёре дорад.[32]

Китобшиносии Эъҷоз-ул-Қуръон

Масъалаи эъҷози Қуръон аз гузашта то имрӯз, қарнҳо, дар навиштаҳои олимони мусулмон матраҳ шудааст.[33] Аз ҷумла дар китобҳои каломӣ, барои исботи набуввати Пайғамбари Ислом (с) ба он истинод мешудааст.[34] Ҳамчунин бахше аз китобҳои улуми қуръонӣ ба ин мавзӯъ ихтисос ёфтааст.[35] Илова бар ин, эъҷози Қуръон ба таври мустақил ҳам мавзӯи китобҳои уламои мусулмон қарор гирифтааст. Бархе навиштаҳои мустақил дар ин замина аз ин қарор аст:

  1. Эъҷоз-ул-Қуръон фи назмиҳи ва таълифиҳ, Абуабдулло Муҳаммад ибни Зайди Воситӣ (вафоти 306 ё 307ҳ.қ.), аз мутакаллимони машҳури Бағдод;[36]
  2. Эъҷоз-ул-Қуръон, Алӣ ибни Исои Румонӣ (вафоти 384ҳ.қ.), аз муътазилаи Бағдод;[37]
  3. Баёну эъҷоз-ил-Қуръон, Абусулаймон Ҳамд ибни Муҳаммади Хитобӣ (вафоти 388ҳ.қ.), аз уламои асҳоби ҳадиси Хуросон. Ин китоб ва китоби пешин дар «Маҷмуъату салоси расоил фи эъҷоз-ил-Қуръон дар 1376 қамарӣ дар Миср чоп шудаанд;[38]
  4. Эъҷоз-ул-Қуръон, Қозӣ Абубакр Боқлонӣ (вафоти 403ҳ.қ.) ки чопҳои гуногуне аз он интишор ёфта, худ мавзӯи таҳқиқи бархе соҳибназарон будааст;[39]
  5. Эъҷоз-ул-Қуръони ва-л-калом фи вуҷуҳиҳ, Шайхи Муфид (вафоти 413ҳ.қ.), фақеҳ, мутакаллим ва ҳадисшиноси бузурги шиа;[40]
  6. Ас-Сарфа фи эъҷоз-ил-Қуръон, Сайиди Муртазо (вафоти 436ҳ.қ.) мутакаллим, фақеҳ ва усулии барҷастаи шиа. Ин китоб бо номи ал-Муваззаҳ ан ваҷҳи эъҷози Қуръон ҳам хонда шудааст;[41]
  7. Далоил-ул-эъҷоз, Абдулқоҳир Ҷурҷонӣ (вафоти 471ҳ.қ.). Ӯ аз нахустин тадвинкунандагони илми балоғати арабӣ буд. Ин китоб чандин бор ба чоп расида ва пажӯҳишҳои бисёре ҳам дар бораи он анҷом шудааст;[42]
  8. Ар-Рисолат-уш-шофия фи эъҷоз-ил-Қуръон, Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ, ки дар Маҷмуъату салоси расоил фи эъҷоз-ил-Қуръон чоп шудааст;[43]
  9. Ниҳоят-ул-иҷоз фи дироят-ил-эъҷоз, Фахриддини Розӣ (вафоти 606ҳ.қ.).[44]
  10. Эъҷози Қуръон, Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ. Ин китоб иқтибосе аз осори вай, ба вижа ал-Мизон, дар бораи

эъҷози Қуръон аст.[45] Ҳамчунин китобҳо, мақолот ва поённомаҳои бисёре дар бораи эъҷози Қуръон навишта шудааст. Дар мақолае, 348 асар дар ин замина муаррифӣ шудааст.[46]

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.211; Боқлонӣ, Эъҷоз-ул-Қуръон, 1421ҳ.қ., саҳ.9.
  2. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.211.
  3. Тусӣ, ал-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.3.
  4. Боқлонӣ, Эъҷоз-ул-Қуръон, 1421ҳ.қ., саҳ.9.
  5. Ҷавоҳирӣ, “Воковии милоки таҳаддӣ дар Қуръон ва нақди мантиқи таназзулӣ”, саҳ.112.
  6. Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломия, 1415ҳ.қ., саҳ.64.
  7. Муаддаб, Эъҷози Қуръон дар назари Аҳли Байт, 1379ҳ.ш., саҳ.17.
  8. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.481.
  9. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.481.
  10. Суютӣ, ал-Итқон, ‍1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.242.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62 - 68.
  12. Маърифат, ал-Тамҳид, 1388ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.34.
  13. Суютӣ, ал-Итқон, ‍1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.241; Маърифат, ал-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.137.
  14. Суютӣ, ал-Итқон, ‍1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.241.
  15. Нигоҳ кунед ба Сайиди Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.323 - 327; Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.63.
  16. Маърифат, ал-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.180.
  17. Маърифат, ал-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.15; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.243.
  18. Маърифат, ал-Тамҳид, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.16 - 17.
  19. Барои намуна, ник., ба Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.223; Маърифат, ал-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.186.
  20. Маърифат, ал-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.186.
  21. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.223.
  22. Маърифат, ал-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.202.
  23. Баруманд, “Баррасӣ ва нақди тавҷеҳи илмии эъҷози Қуръон”, саҳ.76 - 77.
  24. Маориф, “Ҷойгоҳи эъҷози илмии Қуръон дар тафсири Навин”, саҳ.87.
  25. Сураи Анбиё, ояти 30
  26. Маърифат, ал-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.35 - 39.
  27. Маърифат, ал-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.217.
  28. Ризоии Исфаҳонӣ, Пажӯҳише дар эъҷози илмии Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.220; Наврузӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.84.
  29. Маърифат, ал-Тамҳид, 1388ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.216 - 217.
  30. Яздонӣ, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, саҳ.62; Алавӣ Муқаддам, “Эъҷози Қуръон (2)”, саҳ.26.
  31. Яздонӣ, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, саҳ.65; Наврузӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.84; Алавӣ Муқаддам, “Эъҷози Қуръон (2)”, саҳ.27.
  32. Наврузӣ, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, саҳ.83.
  33. Маърифат, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.365.
  34. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.212 - 223; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.233 - 436.
  35. Барои намуна нигоҳ кунед ба Маърифат, ал-Тамҳид, 1388ҳ.ш., ҷ.5 ва 6.
  36. Маърифат, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.365.
  37. Мирзомуҳаммад, “Муқаддимаи виростор”, саҳ.19 - 20.
  38. Маърифат, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.365.
  39. Маърифат, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.365.
  40. Мирзомуҳаммад, “Муқаддимаи виростор”, саҳ.22 - 23.
  41. Мирзомуҳаммад, “Муқаддимаи виростор”, саҳ.25.
  42. Маърифат, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.365.
  43. Маърифат, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.365.
  44. Маърифат, “Эъҷози Қуръон”, саҳ.365.
  45. Мирзомуҳаммад, “Муқаддимаи виростор”, саҳ.18.
  46. Ризоӣ, “Манбаъшиносии эъҷози илмии Қуръон” саҳ.198 - 218.

Сарчашма

  • Алавӣ Муқаддам, Сайид Муҳаммад, “Эъҷози Қуръон (2)”, паёми Қуръон, шумораи 4, 1373ҳ.ш.
  • Барӯманд, Муҳаммадҳусайн, “Баррасӣ ва нақди тавҷеҳи илмии эъҷози Қуръон”, дар мақолот ва баррасиҳо, шумораи 71, 1381ҳ.ш.
  • Боқлонӣ, Муҳаммад ибни Таййиб, Эъҷоз-ул-Қуръон, тасҳеҳи Салоҳ Муҳаммад Увайза, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1421ҳ.қ.
  • Маориф, Маҷид, “Ҷойгоҳи эъҷози илмии Қуръон дар тафсири Навин”, дар саҳифаи Мубин, шумораи 37, 1385ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, «Эъҷоз-ул-Қуръон», дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.9, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ал-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи исломии ал-Тамҳид, 1388ҳ.ш.
  • Мирзомуҳаммад, Алиризо, “Муқаддимаи виростор”, дар Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Эъҷози Қуръон, Теҳрон, маркази нашри фарҳангии раҷо, 1362ҳ.ш.
  • Муаддаб, Саййидризо, Эъҷози Қуръон дар назари Аҳли Байти исмат ва бист нафар аз уламои бузурги Ислом, Қум, аҳсанул-ҳадис, 1379ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1384ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот‏, Қум, алмуътамарул-оламӣ лиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Наврузӣ, Муҷтабо, “Китобшиносии эъҷози ададӣ ва риёзии Қуръон”, дар Оинаи пажӯҳиш, шумораи 27, 1390ҳ.ш.
  • Ризоӣ, Ҳасанризо, “Манбаъшиносии эъҷози илмии Қуръон”, дар дуфаслномаи тахассусии Қуръон ва илм, саҳ.7, 1389ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Пажӯҳише дар эъҷози илмии Қуръон, Рашт, китоби Мубин, чопи панҷум, 1388ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, таҳқиқи Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1405ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳудо-л-китоби ва-л-суннати ва-л-ақл, Қум, марказул-оламӣ лилдиросотил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, таҳқиқи Фавоз Аҳмад Замарлӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-арабӣ, ‍1421ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, нашри Ноҳид - дӯстон, 1377ҳ.ш.
  • Ҷавоҳирӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, “Воковии милоки таҳаддӣ дар Қуръон ва нақди мантиқи таназзулӣ”, пажӯҳишҳои қуръонӣ, шумораи 2, 1395ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Шарҳ-ул-мусталаҳот-ил-каломия, ба кӯшиши маҷмаъул-буҳусил-исломия, Машҳад, Остонаи Разавия, 1415ҳ.қ.
  • Яздонӣ, Аббос, “Эъҷози ададӣ ва назми риёзии Қуръон”, дар Кайҳони андеша, шумораи 67, 1375ҳ.ш.