Балаға-л-уло бикамолиҳӣ

Аз wikishia
Балаға-л-уло бикамолиҳӣ
Хушнивисии настаълиқ, асари Ғуломҳусайн Амирхонӣ
Хушнивисии настаълиқ, асари Ғуломҳусайн Амирхонӣ
ШоирСаъдӣ
МавзуъМадҳи ҳазрати Муҳаммад (с)
Забонарабӣ
Замони эҷодқарни 7 ҳиҷрӣ
Теъдоди байт2 байт


Балаға-л-уло бикамолиҳӣ (арабӣ:بَلَغَ العُلیٰ بِکَمالِه) шеъри Саъдии Шерозӣ аст, ки дар мадҳи Пайғамбари Ислом (с) хондааст. Ин шеър ба шакли дубайтӣ ва ё якбайтӣ ба забони арабӣ дар дебочаи Гулистони Саъдӣ омадааст. Саъдӣ дар байти аввал, ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар болотарин дараҷоти камол донистааст, ки бо нури худ, торикиҳоро бартараф сохтааст ва дар байти дувум, ҳамаи хислатҳои Пайғамбарро некӯ қаламдод карда, бар ӯ ва хонадонаш дуруд мефиристад.

Шеъри Балаға-л-улоро аз шеърҳои шохиси Саъдӣ ва нишонаи ишқи ӯ ба ҳазрати Муҳаммад (с) донистаанд. Ҳамчунин ёд кардан аз Оли Пайғамбар (а) дар ин шеър ва дигар шеърҳои Саъдиро нишонае аз гароиши шиагии ӯ донистаанд.

Шеъри Балаға-л-уло дар осори наср ва назми баъд аз худ, намуд ёфта ва бархе унвони китоби худро Балаға-л-уло бикамолиҳӣ қарор додаанд.

Ин шеър дар таблоҳои наққошӣ, хаттотӣ ва қолинчаҳои деворӣ низ истифода шудааст. Сурудаи Саъдӣ дар забони мардум ҳам ривоҷ ёфта ва умуми мусулмонон дар маросими мухталиф онро мехонанд.

Муаррифӣ

بَلَغَ العُلیٰ بِکَمالِهِ
کَشَفَ الدُّجیٰ بِجَمالِهِ
حَسُنَت جَمیعُ خِصالِهِ
صَلُّوا عَلَیهِ وَ آلِهِ[1]
тарҷума:

Пайғамбари Ислом (с) ба олитарин дараҷаҳои камол расидааст. Торикиҳоро бо нури ҷамолаш бартараф намуда ва дорои ҳамаи хислатҳои зебо аст. Дуруди Худо бар ӯ ва Оли ӯ бод.[2]

Шеъри Балаға-л-уло шеъри Саъдии Шерозӣ аст ва дар дебочаи китоби Гулистон қарор дорад.[3] Дар бархе нусхаҳои Гулистон, ин шеър ба шакли якбайтӣ, ба гунае ки байти аввал ба унвони мисраи аввал ва байти дувум низ мисраи баъдӣ қарор гирифтааст.[4]

Бо вуҷуди онки ин шеър ба забони арабӣ аст, аммо сурудани шеъри арабии сода тавассути форсизабононро амре мутадовил донистаанд.[5] Вожаи дуҷо дар луғат ба маънои торикӣ[6] ва ё торикиҳо[7] омадааст. Деҳхудо мисраи дувумро бартараф шудани зулмат бо ҷамоли ҳазрати Муҳаммад (с) маъно кардааст.[8] Албатта бархеи дигар, дуҷоро ба маънои парда дониста ва иборатро чунин маъно намудаанд, ки пардаи зебоӣ бо ҷамоли ҳазрати Муҳаммад (с) кушода шуд.[9]

Шоир

Мақолаи аслӣ: Саъдӣ

Шеъри балаға-л-уло яке аз шеърҳои шохиси Саъдӣ[10] ва нишонаи ишқи ӯ ба Расули Худо (с) қаламдод шудааст,[11] то ҷое ки баъзе ин ду байтро яке аз беназиртарин шеърҳои олам дар мадҳ ва ситоиши ҳазрати Муҳаммад (с) донистаанд.[12] Бархе аз пажӯҳишгарон бо баёни оёт ва ривоёти муртабит муътақиданд, ки Саъдӣ дар ин шеър, Пайғамбари Ислом (с)-ро ба беҳтарин шакл ва кӯтоҳтарин иборот муаррифӣ намудааст.[13] Саъдӣ дар интиҳо аз хонадони ҳазрати Муҳаммад (а) ёд мекунад, ки дар дигар шеърҳои ӯ низ ба чашм мехӯрад.[14] Иддае, ин масъаларо нишонае аз гароишҳои шиъагии ӯ медонанд.[15]

Хаттотии балаға-л-уло асари Ҳабибуллоҳ Фазоилӣ

Ҷойгоҳ ва бозтобҳо

Шеъри балаға-л-уло дар осори дигарон бисёр мавриди тавваҷуҳ будааст ва таъсири онро дар қолаби се дастаи мутун, осори ҳунарӣ ва адабиёти омма метавон мушоҳида кард:

Дар мутун

Ин шеър борҳо дар бархе аз қасидаҳои шоирон ва нависандагони эронӣ, ҳамчун шеърҳои Райҳонуллоҳ Нахаъии Гулпойгонӣ (1318-1412ҳ.қ.)[16] ва сурудаҳои Муҳаммадтақии Кирмонӣ, мулаққаб ба Музаффар ва ё Мавлавӣ Кирмонӣ (ваф.1215ҳ.қ.)[17] ба кор рафтааст.

Бархе аз нависандагони хориҷӣ, монанди Зафар Алихон (1873-1956м) аз чеҳраҳои Покистон низ аз ин шеър дар сурудаҳои худ баҳра бурдаанд.[18] Дигарон низ бо истифода аз сабки шеъри Саъдӣ, ба сурудани шеърҳои ҳамонанд дар васфи Расули Худо (с) пардохта[19] ва ба назиргӯӣ

нисбат ба шеъри балаға-л-уло пардохтаанд.[20] Ин шеър дар мутуни наср низ дар тавсифи Пайғамбари Ислом (с)[21] ва аимма (а)[22] ба кор рафтааст. Баъзе аз нависандагон асари худро ба унвони «Балаға-л-уло бикамолиҳӣ» номгузорӣ кардаанд.[23]

Дар осори ҳунарӣ

Шеъри балаға-л-уло дар осори ҳунарӣ низ намуд ёфтааст, ба гунае ки наққошону хаттотон ба тавлиди осоре бо мавзӯи ҳамин шеър даст задаанд ва метавон ба хаттотии балаға-л-уло аз Мирзо Муҳаммадризо Калҳур дар соли 1298ҳ.қ.[24] ва асари хат - наққошӣ аз Исмоил Ҷалоир[25] ишора кард; чунонки ин шеър гоҳ ба сурати хаттотии настаълиқ бар рӯи қоличаҳо низ бофта шуда ва дар мусобиқоти адабӣ ба муносибати оғози қарни понздаҳуми қамарӣ арза шудааст.[26] Ҳамчунин шеъри балаға-л-уло бар девори бархе осори таърихӣ низ нақш бастааст.[27]

Дар адабиёти омма

Шеъри балаға-л-уло дар адабиёти омма низ ворид шудааст;[28] ин шеър дар айёми вилодати Расули Худо (с)[29] ва ҳатто дар навҳаҳои айёми муҳаррам[30] дар бархе аз нуқоти кишвар хонда мешавад. Илова бар мардум, дарвешҳо ҳам ба шакли хос, ин шеъри Саъдиро бисёр ба кор мебурданд.[31] Доираи таъсири шеъри фавқ аз Эрон ҳам фаротар рафтааст то ҷое ки гуфтаанд, шеъри балаға-л-уло забонзади мардум Кашмир буда ва дар масҷидҳо бо овози баланд хонда мешавад.[32]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Саъдӣ, Гулистони Саъдӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.9.
  2. “Гирдиҳамоии дӯстдорони моҳномаи Ҳофиз”, саҳ.118.
  3. Саъдӣ, Гулистони Саъдӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.9
  4. Ҷалолӣ, “Саъдӣ дар занҷираи шоирони арузӣ”, саҳ.190.
  5. Ибни Фавтӣ, Маҷмаъ-ул-одоб, таҳқиқи Муҳаммади Козим, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.248, поварақии № 1.
  6. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1956м., ҷ.6, саҳ.2334.
  7. Фароҳидӣ, ал-Айн, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.168; Таҳзиб-ул-луғат, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.111.
  8. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, 1377, зайли вожаи кашф, ҷ.12, саҳ.18365.
  9. “Гирдиҳамоии дӯстдорони моҳномаи Ҳофиз”, саҳ.118.
  10. Ҳусайнии Фасоӣ, Форсномаи носирӣ, 1382ҳ.ш., саҳ.1169 - 1170.
  11. Булхорӣ, “Нисбати миёни ақлу ишқ аз манзари Саъдӣ”, саҳ.35.
  12. Булхорӣ, “Нисбати миёни ақлу ишқ аз манзари Саъдӣ”, саҳ.35.
  13. Яздонпараст, “Шамими Алавӣ дар Гулистони Саъдӣ”, саҳ.42.
  14. Саъдӣ, Бустони Саъдӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.209; ҳамон, Куллиёт, 1385ҳ.ш., саҳ.1071.
  15. Воъизии Мунфарид, “Пайвандҳои ташайюъ ва адабиёти форсӣ дар қарни ҳафтуму ҳаштум: баррасии наққодонаи нишонаҳои ташайюъ дар осори Саъдӣ ва Ҳофиз”, саҳ.129 - 130.
  16. Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1352ҳ.ш., саҳ.583 – 585.
  17. Ҳидоят, Маҷмаъ-ул-фусаҳо, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1367 - 1374.
  18. Муродободӣ, “Мавлоно Зафар Алихон”, саҳ.72 - 73.
  19. Аршии Покистонӣ, “Ҳакими Туғроӣ”, саҳ.494.
  20. Халилии Ҷаҳонтеғ ва дигарон, “Таҳлили Порудӣ дар хористони адиб Қосимии Кирмонӣ”, саҳ.68 - 69.
  21. Насирӣ, Дастури шаҳриёрон, 1373ҳ.ш., саҳ.297; Мирхонд, Равзат-ус-сафо, 1270ҳ.қ., саҳ.229.
  22. Мароғаӣ, Саёҳтномаи Иброҳимбег, 1385ҳ.ш., саҳ.53 - 54.
  23. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1430ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.327 - 328.
  24. Бахтиёр, “Осори хушнивисӣ дар ганҷинаи китобхонаи марказӣ”, саҳ.66.
  25. Ҳусайнӣ, “Бунёнҳои модернизм дар Эрон”, саҳ.23 - 24; Муъирул-мамолик, “Риҷоли асри Носирӣ”, саҳ.172.
  26. Яғмоӣ, “Оғози понздаҳумин қарни беъсат”, саҳ.420 – 421.
  27. Ҷаъфарнажод, “Нақши ойкунугрофӣ дар такоё ва сақонфор (саққохона)-и Мозандарон”, саҳ.94.
  28. Софӣ, “Мақоми Саъдӣ дар санад”, саҳ.230 - 231.
  29. Софӣ, “Мақоми Саъдӣ дар санад”, саҳ.230 - 231.
  30. Аҳмадии Рейшаҳрӣ ва Шанбезода, “Мусиқии Бушеҳр дар маросими навҳахонӣ ва синазанӣ”, саҳ.20.
  31. Ас-Сарроф, “ад-Дарвеш”, саҳ.90.
  32. Ниёзманд, “Нуфузи забони форсӣ дар забони Кашмирӣ”, саҳ.845.

Ёддошт

Сарчашма

  • Азҳарӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таҳзиб-ул-луғат, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
  • Аршии Покистонӣ, Муҳаммадҳусайн, “Ҳакими Туғроӣ”, дар маҷаллаи Ваҳид, № 184, мурдоди 1352ҳ.ш.
  • Ас-Сарроф, Аҳмад Ҳомид, “ад-Дарвеш”, дар маҷаллаи Луғатул-араб, соли шашум, № 2, сафари 1347ҳ.қ.
  • Аҳмадии Рейшаҳрӣ, Абдулҳусайн ва Саиди Шанбезода, “Мусиқии Бушеҳр дар маросими навҳахонӣ ва синазанӣ”, дар маҷаллаи Мақоми мусиқоӣ, № 20, баҳори 1382ҳ.ш.
  • Бахтиёр, Музаффар, “Осори хушнивисӣ дар ганҷинаи китобхонаи марказӣ”, дар маҷаллаи Таҳқиқоти китобдорӣ ва иттилоърасонии донишгоҳӣ, № 11, исфанди 1366ҳ.ш.
  • Булхорӣ, Ҳасан, “Нисбати миёни ақлу ишқ аз манзари Саъдӣ”, дар маҷаллаи Саъдишиносӣ, № 4, поизи 1396ҳ.ш.
  • Воъизии Мунфарид, Саҷҷод, “Пайвандҳои ташайюъ ва адабиёти форсӣ дар қарни ҳафтуму ҳаштум: баррасии наққодонаи нишонаҳои ташайюъ дар осори Саъдӣ ва Ҳофиз”, дар маҷаллаи Пажуҳшномаи имомия, № 15, баҳор ва тобистони 1401ҳ.ш.
  • Гирдиҳамоии дӯстдорони моҳномаи Ҳофиз”, дар маҷаллаи Ҳофиз, № 22, дейи 1384ҳ.ш.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, Муассисаи интишорот ва чопи донишгоҳи Теҳрон, чопи дувум, 1377ҳ.ш.
  • Ибни Фавтӣ, Абдурразоқ ибни Аҳмад, Маҷмаъ-ул-одоб фи муъҷам-ил-алқоб, таҳқиқи Муҳаммади Козим, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Мароғаӣ, Зайналъобидин, Саёҳтномаи Иброҳимбег, Теҳрон, Огаҳ, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Мирхонд, Муҳаммад ибни Хондшоҳ, Равзат-ус-сафо, Теҳрон, Дорул-табоъат хосса ҷадида, 1270ҳ.қ.
  • Муродободӣ, Роғиб, “Мавлоно Зафар Алихон”, дар маҷаллаи Ҳилол, № 38, фарвардини 1341ҳ.ш.
  • Муъирул-мамолик, Дӯсти Алӣ, “Риҷоли асри Носирӣ”, дар маҷаллаи Яғмо, № 108, тири 1336ҳ.ш.
  • Насирӣ, Муҳаммад Иброҳим, Дастури шаҳриёрон, Теҳрон, Бунёди мавқуфоти доктор Маҳмуди Афшор, 1373ҳ.ш.
  • Ниёзманд, Муҳаммадсиддиқ, «Нуфузи забони форсӣ дар забони кашмирӣ: луғот ва таркиботи форсии роиҷ дар забони кашмирӣ», дар маҷаллаи Эроншиносӣ, соли 11, № 4, зимистони 1378ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиъа, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1430ҳ.қ.
  • Розӣ, Муҳаммадшариф, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, Китобфурушии Исломия, 1352ҳ.ш.
  • Саъдӣ, Муслеҳиддин, Бустони Саъдӣ, Теҳрон, Қуқнус, чопи чаҳорум, 1372ҳ.ш.
  • Саъдӣ, Муслиҳиддин, Гулистони Саъдӣ, Теҳрон, Муассисаи фарҳангии Зайналъобидин Муҳиббӣ, 1374ҳ.ш.
  • Саъдӣ, Муслиҳиддин, Куллиёти Саъдӣ, Теҳрон, Ҳирмис, 1385ҳ.ш.
  • Саъидӣ, Сайидғуломризо, «Бузургтарин марди таърихи ҷаҳон», дар маҷаллаи Мактаби ташайюъ, № 1, 1338ҳ.ш.
  • Софӣ, Қосим, “Мақоми Саъдӣ дар санад”, дар маҷаллаи Оинаи мерос, соли шашум, № 40, баҳори 1387ҳ.ш.
  • Тоҳир, Раҳим, «Баррасии назирагӯӣ ва истиқболи халлоқонаи Шаҳриёр аз ғазалҳои Ҳофиз», дар маҷаллаи Мутолиъоти шаҳриёрпажуҳӣ, соли сеюм, № 12, баҳори 1396ҳ.ш.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, китоби ал-Айн, Қум, нашри Ҳиҷрат, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Халилии Ҷаҳонтеғ, Марям ва Муҳаммадризо Ҳайдарӣ ва Муҳаммади Боронӣ, “Таҳлили Порудӣ дар хористони адиб Қосимии Кирмонӣ”, дар маҷаллаи Мутолиъоти забонӣ ва балоғӣ, № 21, баҳор ва тобистони 1399ҳ.ш.
  • Ҳидоят, Ризо Қулӣ, Маҷмаъ-ул-фусаҳо, Теҳрон, Амир Кабир, чопи дувум, 1382ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Маҳдӣ, “Бунёнҳои модернизм дар Эрон”, дар маҷаллаи Китоби моҳи ҳунар, № 89 ва 90, баҳман ва исфанди 1384ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Фасоӣ, Ҳасан, Форсномаи Носирӣ, Теҳрон, Амир Кабир, чопи сеюм, 1382ҳ.ш.
  • Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ (Тоҷ-ул-луғат ва сиҳоҳ-ул-арабийя), Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, 1956м.
  • Ҷалолӣ, Муҳаммадамир, «Саъдӣ дар занҷираи шоирони арузӣ: баррасии интиқодии авзони куллиёти Саъдӣ бар мабнои мутуни чоппӣ ва нусахи хаттӣ ба ҳамроҳи баҳс дар бораи шоирони арузии таърихи шеъри порсӣ», дар маҷаллаи Мутолиъоти забонӣ ва балоғӣ, соли 10, № 20, поиз ва зимистони 98.
  • Ҷаъфарнажод, Сайидризо ва Сайидҳусайни Ҷаъфарнажод, “Нақши ойкунугрофӣ дар такоё ва сақонфор (саққохона)-и Мозандарон”, дар маҷаллаи Таҳқиқоти ҷадид дар улуми инсонӣ, соли сеюм, № 25, тобистони 1396.
  • Яғмоӣ, Ҳабиб, “Оғози понздаҳумин қарни беъсат”, дар маҷаллаи Яғмо, № 242, обони 1347ҳ.ш.
  • Яздонпараст, Ҳамид, “Шамими Алавӣ дар Гулистони Саъдӣ”, дар маҷаллаи Иттилооти ҳикмату маърифат, соли шашум, № 6, меҳри 1390ҳ.ш.