Алиюн ҳуббуҳу ҷуннаҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шеъри Алиюн ҳуббуҳу ҷуннат)
Алиюн ҳуббуҳу ҷуннаҳ
Хушнивисии настаълиқ асари Аҳмад Алӣ марбут ба давраи сафавия
Хушнивисии настаълиқ асари Аҳмад Алӣ марбут ба давраи сафавия
ШоирМуҳаммад ибни Идриси Шофеӣ
МавзуъМадҳ ва фазилати Имом Алӣ (а)
МуносибатФазилати Аҳли Байт (а)
Забонарабӣ
Замони эҷодҳудуди қарни дувум
Теъдоди байт2 байт


Алиюн ҳуббуҳу ҷуннаҳ (арабӣ: علي حُبُّه جُنَّة), шеъре дар бораи мақом ва фазоили Имом Алӣ (а) аст, ки ба Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ - яке аз чаҳор фақеҳи аҳли суннат, нисбат дода мешавад. Ин шеър дорои чаҳор мисраъ буда, мазмунаш чунин аст: ҳар касе ки муҳаббати ҳазрати Алиро дар дилаш дошта бошад, аз оташи дӯзах дур монда вориди биҳишт мешавад; чун ҳазрати Алӣ, худ тақсимгари дӯзах ва биҳишт аст.

Висояти бар ҳаққи Имом Алӣ (а) ва имомати ӯ нисбат ба инсонҳо ва аҷинна, бахши дигаре аз мазмуни ин шеър аст. Ба гайр аз Шофеӣ аз касони дигаре ба унвони сарояндагони ин дубайтӣ ном бурда шудааст.

Мазмуни ин шеър дар ҳадисҳое зикр шудааст, ки дар манобеи шиа ва суннӣ омадааст. Инчунин ин шеър ё чанд мисрааш дар ашъори шоирони дигар низ истифода шудааст. Шеъри Алиюн ҳуббуҳу ҷунна бар дари оромгоҳи Имом Алӣ (а) нақш бастааст.

Дигар шоирон низ шеърҳои ҳамонанд бо мавзуи ин шеър навиштаанд.

Матн ва мазмун

عَلیٌّ حُبُّه جُنَّة
قَسیمُ النّارِ و الجَنَّة
وَصیُّ المصطفی حَقّاً
إمامُ الإنسِ و الجِنَّة[1]
Алӣ, дӯстиаш сипар аст,
Ӯ тақсимкунандаи дӯзаху биҳишт аст.
Ӯ васии барҳаққи ҳазрати Мустафо (с),
Ва имоми инсу ҷин аст.[2]

Дар мисраъи аввал, ба ҷунна (جُنَّة) будани муҳаббати Имом Алӣ (а) ишора шудааст. Ҷунна дар луғат ба маънои силоҳ[3] ё сипар[4] аст, ки аз шахс нигаҳдорӣ мекунад. Бархе ин калимаро ба маънои ҳар чизе донистаанд, ки аз инсон муҳофизат мекунад.[5]

Мазмуни мисраи аввал; яъне масуният аз оташ ба сабаби муҳаббати Имом Алӣ (а) дар ривоёте аз Пайғамбари Ислом (с) дар манобеи шиъӣ[6] ва аҳли суннат[7] нақл шудааст. Албатта ин матлаб ба нақл аз Умар ибни Хаттоб ҳам баён шудааст[8] ва дар бархе аз манобеъ, шеъреро ба ин мазмун ба халифаи дуввум нисбат додаанд.[9]

Тақсими биҳишту дузах ба дасти Имом Алӣ (а) низ дар аҳодиси Расули Худо (с) дар бораи Имом Алӣ (а)[10] ва дар гуфтаҳои худи Имом Алӣ[11] ва дигар имомон[12] нақл шудааст. Чунонки ин матлаб дар манобеи аҳли суннат низ инъикос ёфта[13] ва бархе ҳамчун Ибни Абилҳадид дар Шарҳи Наҳҷулбалоға онро мустафиз донистаанд.[14] Ва гуфта шудааст, ки Ибни Ҳанбал аз ин масъала дифоъ кардааст.[15] [Ёддошт 1]

Ҳамчунин бубинед: Ҳадиси Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат

Шоир

Шеъри «Алиюн ҳуббуҳу ҷуннаҳ» дар манобеъ ба Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ аз фуқаҳои чаҳоргонаи аҳли суннат (150 - 204ҳ.қ.) нисбат дода шудааст.[16] Аз Омир ибни Саълаба[17] ё Аммор ибни Тағлиба[18] низ ба унвони шоири ин шеър ном бурда шудааст. Ҳамчунин осори дигаре бидуни ном бурдан аз нависандаи ин шеър, танҳо ба нақли он басанда кардаанд.[19]

Шеърҳои ҳамонанд

Ашъоре бо мазмуни мушобеҳи Алиюн ҳуббуҳу ҷуннаҳ ва дар бораи масуният аз оташ бо муҳаббати Имом Алӣ (а) ва қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат будани Имом тавассути шоирони дигар суруда шудааст.[20] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

Бархе қадимитарин шеъри мушобеҳро аз Сайид Ҳимярӣ медонанд, ки чунин сурудааст:

ذاکَ قَسیمُ النّارِ مِن قیلِه
خُذی عَدُوّی و ذَری ناصِری
ذاک علیِّ بنُ أبی طالب
صِهرُ النبیِّ المصطفی الطاهرِ[21] [Ёддошт 2]

Ҳамчунин ба Соҳиб ибни Аббод дар ҳамин замина, шеъри зер нисбат дода шудааст:

أبا حسنٍ لُو کانَ حُبُّکَ مُدخِلی
جهنمَ کانَ الفوزَ عندی جحیمُها
و کیف یَخافُ النارَ مَن هُوَ موقنٌ
بِأنکُ مُولاهُ و أنتَ قسیمُها[22] [Ёддошт 3]

Деъбил низ ба ин мавзуъ дар шеъри худ ишора кардааст:

قسیمُ الجحیمِ فَهذا له
و هذا لها باعتدال القسمِ[23] [Ёддошт 4]

Мазмуни шеъри Алиюн ҳуббуҳу ҷуннаҳ дар тавсифи Имом Алӣ (а) тавассути нависандагони баъдӣ ба кор рафтааст[24] ва баъдҳо бархе аз шоирон монанди Аттори Нишобурӣ[25] ва Мусо ибни Ҷаъфари Ҳусайнии Толиқонӣ[26] аз ду байти ин шеър ё матлаъи он дар ашъори худ баҳра бурдаанд.

Дар соли 1376ҳ.қ., ду дари тиллокоришуда дар равзаи ҳарами Имом Алӣ (а) насб гардид, ки шеъри Алиюн ҳуббуҳу ҷуннаҳ бар он нақш баста буд.[27]

Эзоҳ

  1. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254.
  2. Шоҳмуҳаммадӣ, Алӣ ва шукуҳи Ғадир бар фарози ваҳй ва рисолат, 1384ҳ.ш., саҳ.235.
  3. Ибни Дурайд, Ҷамҳарат-ул-луғат, 1987м., ҷ.1, саҳ.93; Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1956м., ҷ.5, саҳ.2094.
  4. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Бейрут, ҷ.13, саҳ.94; Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.115.
  5. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Бейрут, ҷ.13, саҳ.94; Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, ҷ.4, саҳ.195.
  6. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.657; Табарии Омулӣ, Башшорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.75; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.225–226.
  7. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.380; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.243 - 244; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.497.
  8. Дайламӣ, ал-Фирдавс бимаъсур, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.142.
  9. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.200.
  10. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.389–390; Хазоз, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.151; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.31, 46, 89, 361, 671.
  11. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191, 192, 199, 200, 201, 415, 416; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17–18; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196–198.
  12. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.324; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.415; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.85–86.
  13. Барои иттилооти бештар нигоҳ кунед ба: Таботабоӣ, Аҳл-ул-Байт фи-л-мактабат-ил-арабия, 1417ҳ.қ., саҳ.561–567.
  14. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.165.
  15. Ибни Абияъло, Табақот-ул-ҳанобила, Бейрут, ҷ.1, саҳ.319–320; Ибни Фавтӣ, Маҷмаъ-ул-одоб, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.352.
  16. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Маръашӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.188, ҷ.20, саҳ.252, 328, 392–393, 394–395, ҷ.21, саҳ.652; Кашфӣ, Маноқиби Муртазавӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.161.
  17. Ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, саҳ.31; Табарӣ Омулии Сағир, Наводир-ул-муъҷизот, 1427ҳ.қ., саҳ.121.
  18. Баҳронӣ, Мадинату маъоҷиз, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260.
  19. Ҳамавии Шофеӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.326; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160; Ибни Товус, Тарфун мин-ал-анбоъи ва-л-маноқиб, 1420ҳ.қ., саҳ.293–294.
  20. Барои иттилооти бештар дар ин замина нигоҳ кунед ба: Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159–160; Таботабоӣ, Аҳл-ул-Байт фи-л-мактабат-ил-арабия, 1417ҳ.қ., 566–567.
  21. Таботабоӣ, Аҳл-ул-Байт фи-л-мактабат-ил-арабия, 1417ҳ.қ., саҳ.566; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.423. Барои дидани дигар ашъори мунтасаб ба Сайид Ҳимярӣ дар ин бора ниг.: Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159; Ибни Товус, Тарфун мин-ал-анбоъи ва-л-маноқиб, 1420ҳ.қ., саҳ.293.
  22. Шубар, Адаб-ут-тафф, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.146.
  23. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160; Таботабоӣ, Аҳл-ул-Байт фи-л-мактабат-ил-арабия, 1417ҳ.қ., саҳ.566.
  24. Қалқашандӣ, Субҳ-ул-аъшо, 1987м., ҷ.8, саҳ.240 – 241; Мударрисии Таботабоӣ, Барге аз таърихи Қазвин, 1361ҳ.ш., саҳ.136.
  25. Родфар, Маноқиби Алавӣ дар оинаи шеъри форсӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.32.
  26. Самовӣ, ат-Талиъату мин шуъаро-иш-шиъа, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336–337.
  27. Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.66; Халилӣ, Мавсуъат-ул-атабот-ил-муқаддаса, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98.

Ёддошт

  1. Дар гузорише, Аҳмад ибни Ҳанбал ин ривоятро ба хотири яке аз афроди ҳозир дар силсилаи санад тазъиф кардааст, аммо ҳадиси дигаре монанд бо ҳамин мазмун, ки Пайғамбари Ислом, ҳуббу буғз нисбат ба Имом Алӣ (а)-ро нишондиҳандаи имон ва нифоқ медонад, таъйид карда ва бо истинод ба ояти Қуръон, Нисо 145 ҷойгоҳи мунофиқро дар оташ медонад. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.301.
  2. Эшон [Амири муъминон (а)] тақсимкунандаи [биҳишт] ва ҷаҳаннам аст ва [ба оташ] мефармояд душмани маро бигир ва дӯсти маро раҳо кун. Эшон Алӣ ибни Абитолиб аст, домоди набии баргузидаи покиза.
  3. Эй Абалҳасан, агар муҳаббати ту сабаби вуруди ман ба ҷаҳаннам бошад, шуълаи оташ барои ман растагорӣ аст! Ва чаро аз оташ битарсад касе, ки яқин дорад ту мавлои ӯ ҳастӣ ва ту тақсимкунандаи дӯзах[-у биҳишт] ҳастӣ.
  4. [Имом Алӣ (а)] тақсимкунандаи [биҳишту] ҷаҳаннам аст ва мефармояд, ки ин фард барои ӯ ва ин фард барои оташ аст. Дар ҳоле ки бо адолат ба тақсим мепардозад.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ‏, Теҳрон, алматбаъатулъилмия, 1380ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Кашф-ул-яқин фи фазоили Амир-ил-муъминин (а), Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Лубнон, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, Мадинату маъоҷиз-ил-аиммат-ил-исноашар (а), Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Дайламӣ, Шируия ибни Шаҳрдор, ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1406ҳ.қ.
  • Зубайдӣ, Сайид Муртазо Ҳусайнӣ, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дорулфикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Абдулваҳҳоб, Ҳусайн ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот‏, Қум, мактабатуддоварӣ, бе то.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға ли Ибни Абилҳадид, Қум, мактабат Оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Абияъло, Муҳаммад, Табақот-ул-ҳанобила, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Дурайд, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҷамҳарат-ул-луғат, Бейрут, Дорулъилм лилмалоин, ‏1987м.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, чопи сеюм, бе то.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Тарфун мин-ал-анбоъи ва-л-маноқиб‏, Машҳад, Тосуъо, 1420ҳ.қ.
  • Ибни Фавтӣ, Абдурразоқ ибни Аҳмад, Маҷмаъ-ул-одоб фи муъҷам-ил-алқоб‏, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кашфӣ, Муҳаммадсолеҳ Ҳусайнӣ, Маноқиби Муртазавӣ, Теҳрон, равзана, 1380ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб ибни Исҳоқ, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қалқашандӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Субҳ-ул-аъшо фи саноъат-ил-иншоъ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1987м.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ‏, Қум, Дорулкитоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат лизавӣ-л-қурбо, Қум, Усва, чопи дувум, 1422ҳ.қ.
  • Қуръони Карим
  • Маръашӣ, Қозӣ Сайиднуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Мударрисии Таботабоӣ, Сайидҳусайн, Барге аз таърихи Қазвин, Қум, китобхонаи ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1361ҳ.ш.
  • Родфар, Абулқосим, Маноқиби Алавӣ дар оинаи шеъри форсӣ, Теҳрон, пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, 1381ҳ.ш.
  • Самовӣ, Муҳаммад, ат-Талиъату мин шуъаро-иш-шиъа, Бейрут, Дорулмуаррихилъарабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (а), Қум, мактабат Оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ‏, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ Омулии Сағир, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Наводир-ул-муъҷизот фи маноқиб-ил-аиммат-ил-ҳудот (а), таҳқиқи Босим Муҳаммад Асадӣ, Қум, Далели мо, 1427ҳ.қ.
  • Табарии Омулӣ, Имодуддин Муҳаммад ибни Абилқосим‏, Башшорат-ул-Мустафо лишиъат-ил-Муртазо, Наҷаф, алмактабатул-Ҳайдария, чопи дувум, 1383ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Абдулазиз, Аҳл-ул-Байт (а) фи-л-мактабат-ил-арабия, Қум, Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, бе то.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноашар (а), Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Халилӣ, Ҷаъфар, Мавсуъат-ул-атабот-ил-муқаддаса, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот‏, чопи дувум, 1407ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод ав мадинат-ус-салом, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1417ҳ.қ.
  • Ҳаким, Ҳасан Исо, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф‏, Қум, алмактабатул-Ҳайдария, 1427ҳ.қ.
  • Ҳамавии Шофеӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайни фи фазоил-ил-Муртазо ва-л-Батул ва-с-сибтайн ва-л-аимма мин зурриятиҳим (а), Бейрут, муассисатул-Маҳмуд, 1400ҳ.қ.
  • Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ (Тоҷ-ул-луғат ва сиҳоҳ-ул-арабия), Бейрут, Дорулъилми лилмалоин, ‏1956м.
  • Шабар, Ҷавод, Адаб-ут-тафф, Лубнон, Дорул-Муртазо, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, нашри ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Шоҳ Муҳаммадӣ, Муҳаммадалӣ, Алӣ ва шукуҳи Ғадир бар фарози ваҳй ва рисолат (тарҷумаи Янобиъ-ул-маваддат), Қум, меҳри Амирулмуъминин (а), 1384ҳ.ш.