Асадуллоҳ (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шери Худо)

Асадуллоҳ (арабӣ:اَسَدُالله) лақаби Имом Алӣ (а)[1] ва Ҳамза ибни Абдулмуталлиб[2] аст. Асадуллоҳ ба маънои шери Худо, киноя аз шуҷоат аст.

Пайғамбар (с) Имом Алӣ (а)-ро асадуллоҳ ва асадуррасул лақаб ниҳодааст.[3] Дар бархе аз манобеъ, аз Имом Алӣ ба асадуллоҳилғолиб (шери Худо, ки пирӯз аст) низ ёд шудааст.[4]

Шиаён, асадуллоҳилғолибро лақаби Имом Алӣ медонанд. Асадуллоҳ ва тарҷумаи он - шери Худо, дар адабиёти форсӣ бозтоб ёфта ва дар шеърҳои шоирони форсизабоне ҳамчун Касоии Марвазӣ,[5] Саъдӣ,[6] Аттори Нишобурӣ,[7] ва Убайди Зоконӣ[8] ба кор рафтааст.

Сайид Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр:
Алӣ он шери Худо шоҳи араб
Улфате дошта бо ин дили шаб
Шаб зи асрори Алӣ огоҳ аст
Дили шаб маҳрами сирруллоҳ аст[9]

Ҳамза ибни Абдулмуталлибро ба хотири шуҷоат дар ҷангҳо, асадуллоҳ[10] ва лайсуллоҳ меномиданд.[11] Пайғамбар (с) ӯро ба унвони асадуллоҳ ва асади Расулуллоҳ муаррифӣ кардааст.[12] Бар пояи ривояте, ки дар ал-Кофӣ, яке аз кутуби арбаъаи шиа, омадааст, бар сутуни арш навишта шудааст, ки Ҳамза «асадуллоҳ ва асади Расулуллоҳ» аст.[13]

Ҳамза дар ҷанги Бадр дар раҷазе, худро асадуллоҳ ва асади Расулуллоҳ муаррифӣ кард.[14] Дар зиёратномае, ки аз имомон (а) нақл шудааст, бо ҳамин лақаб ба ӯ салом дода шудааст.[15]

Эзоҳ

  1. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.259.
  2. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.369.
  3. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.259.
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.268.
  5. Касоии Марвазӣ, Девони ашъор, мадҳи ҳазрати Алӣ (а).
  6. Саъдӣ, Мавоъиз, қасоид, қасидаи шумораи 1.
  7. Аттори Нишобурӣ, Мантиқ-ут-тайр фи фазилати Амирилмуъминин Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу.
  8. Убайди Зоконӣ, Девони ашъор, таркибот, дар тавҳид ва манқибат.
  9. Шаҳриёр, Девони Шаҳриёр, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.938.
  10. Ибни Ҳайюни Мағрибӣ, Шарҳ-ул-ахбор, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.228.
  11. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.512.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.5.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.224.
  14. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.74.
  15. Ибни Қулавайҳи Қумӣ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.22.

Сарчашма

  • Аттори Нишобурӣ, Мантиқ-ут-тайр, нусхаи Ганҷур.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқ: Морсиден Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳ: Абдулҳусайн Аминӣ, Наҷаф, Дорул-Муртазавийя, 1356ҳ.ш.
  • Ибни Ҳайюни Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбор фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор алайҳимус-салом, тасҳеҳ: Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии ҷалолӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимус-салом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Касоии Марвазӣ, Абулҳасан, Девони ашъор, тасҳеҳи Муҳаммадамин Риёҳӣ, нусхаи Ганҷур.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, тасҳеҳ: ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, тасҳеҳ: Муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Саъдӣ, Муслеҳ ибни Абдуллоҳ, Мавоъиз, нусхаи Ганҷур.
  • Убайди Зоконӣ, Убайдуллоҳ, Девони ашъор, нусхаи Ганҷур.
  • Шаҳриёр, Сайид Муҳаммадҳусайн, Девони Шаҳриёр, Теҳрон, Муассисаи интишороти нигоҳ, 1385ҳ.ш.