Макка

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шаҳри Макка)
Макка
Намое аз шаҳри Макка ва Масҷидулҳаром
Намое аз шаҳри Макка ва Масҷидулҳаром
ВижагӣМуқаддастарин шаҳри мусалмонон ва зодгоҳи Пайғамбар (с)
КишварАрабистон
Номи маҳаллӣ
  • Бакка
  • Баладулҳаром
  • Баладуламин
  • Уммулқуро
Соли таъсисАз замони Исмоил (а)
Пешинаи ИсломСоли 8 ҳ.қ. бо фатҳи Макка ба воситаи мусулмонон
Пешинаи ташайюъСадри Ислом
Маконҳои таърихӣ
ЗиёратгоҳКаъба
Қабристонҳо
Масҷидҳо



Макка, муқаддастарин шаҳри мусулмонон ва зодгоҳи Ислом ва Пайғамбари Акрам (с), воқеъ дар нимҷазираи Арабистон. Бакка, Баладулҳаром, Баладуламин ва Уммулқуро аз номҳои дигари он аст.

Ин шаҳр ба сабаби вуҷуди Каъба дар он, қиблагоҳи мусулмонон аст ва солона миллионҳо мусулмон барои адои маносики ҳаҷ ва зиёрати амокини муқаддаси Макка, ба ин шаҳр мусофират мекунанд. Масҷидулҳаром, Арафот, Машъарулҳаром ва сарзамини Мино бархе аз муҳимтарин амокини муқаддас ва мазҳабии ин шаҳр аст.

Ҷамъияти шиаёни Макка дар қарни даҳуми ҳиҷрӣ рӯ ба фузунӣ ёфт. Уламои шиа дар давраҳои мухталифи торихӣ дар ин шаҳр ҳузур доштаанд. Дар давраи ҳукумати Оли Сауд дар Арабистон ва бо гароишҳои ифротии зиди шиъии ваҳобиҳо, шиаён дар Арабистон бо маҳдудият дар анҷом додани аъмоли мазҳабӣ ва низ фишори иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд.


Шуҳрат

Номи аслӣ ва машҳури ин шаҳр, Макка аст. Ин ном дар Қуръони Карим низ омада аст:

وَ هُوَ الّذی کَفّ اَیدیَهُم عَنکُم و اَیدیکُم عَنهُم بِبَطنِ مَکّة مِن بَعدِ أن أظفرَکُم عَلَیهِم

Сабаби номгузорӣ

Дар манобеи торихӣ ва ривоӣ, барои номгузории ин шаҳр ба «Макка» далоиле зикр шудааст, ки бархе аз муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

  • Макка, таркибе аз мак (ба маънои байт) ва раб буда ва Макка яъне, байтурраб ё байтуллоҳ;
  • Макка, таркибе аз мак (ба маънои воҳа ва водӣ) ва раб буда ва Макка яъне водии раб;
  • Макка дар асл, макробо, ки аз калимаи муқарраб гирифта шуда ва ин макон ба маънои маконе аст, ки ба Худованд тақарруб эҷод мешавад;
  • Макка аз решаи макак (ба маънои ҳалок шудан ва кам шудан) муштақ шуда ва Макка, яъне маконе, ки ҳар ситамгаре назари баде ба он шаҳр дошта бошад, сарнавиште ҷуз ҳалокат ва нобудӣ нахоҳад дошт;
  • Макка аз модаи «мак (ба маънои «ҷазб») муштақ шуда, ки ин ба он ҷиҳат аст, ки мардум аз ҳар диёр ба он сарзамин ҷазб мешаванд.1 ]

Номҳои дигари Макка

Шаҳри Макка дар тӯли таърих, ба номҳои гуногуне маъруф будааст. Бархе аз ин номҳо дар Қуръон низ зикр шудааст.

  • Бакка (بکّه ): «إنَّ اوّلَ بَیتٍ وُضِعَ لِلناسِ لَلَّذی بِبَکّةَ مُبارَکاً و هُدی لِلعالَمینَ»[۲]
  • Албаладул амин (البلد الامین): «وَ التّینِ وَ الزّیتونِ وَ طورِ سینینَ وَ هذا البَلَدِ الأمینَ»[۳]
  • Уммулқуро (امّ القری): «لِتُنذِرَ اُمَّ القُری وَ مَن حَولَها [۴]
  • Албаладул ҳаром (البلد الحرام،) 5
  • Ҳамчунин: Ал-Аруз (العَروض), ас-Сайл (السَّیل), Мухраҷа сидқ (مُخرَج صِدق), Уммуруҳм (أمّ رُحم), Уммусубҳ (أمّ صبح), албалад (البلد), Ҳарамуллоҳи Таъоло (حرم الله تعالی), Фодон (فادان), Анноса (الناسه), Албоса (الباسّه), Тайба (طیبه), Ҳотима (حاطِمه), [ 6 ] Байтулъатиқ (بَیتُ العَتیق), Алқодисия (القادسیه). [ 7 ]
Арабистон

Иттилооти куллӣ

Мавқеъияти ҷуғрофиёӣ

Муҳимтарин шаҳр ва муқаддастарин минтақаи Ҳиҷоз, шаҳри Макка аст. Ин шаҳр дар фосилаи ҳаштод километрии шарқи дарёии Сурх, дар тӯли 40 дараҷаву 9 дақиқа ва арзи 31 дараҷаву 28 дақиқаи хати устуво қарор гирифта ва иртифоъи он аз сатҳи дарё 330 метр аст. [ 8 ]

Сабаби пайдоиш

Гуфтаанд ки пайдоиш ва густариши шаҳри Макка, ду сабаби аслӣ доштааст: 1- инки марказияти ибодӣ барои ибодати Худованд бошад 2- инки дар минтақаи Ҳиҷоз ва Ҷазиратулъараб, марказе барои тиҷорат ва доду ситад ва дар масири як роҳи тиҷорӣ будааст. 9

Иқтисоди Макка

Дар давраи ҳавлу ҳуши зуҳури Ислом ва андаке пеш аз он, Макка ба сабаби аҳамияти Каъба ва низ қарор доштан бар сари роҳи бозаргонии Яман ба самти Шом, Фаластин ва Миср, маҳалле барои доду ситад буд. Ҳарчанд Қурайш дар ибтидо, фақат ба тиҷорат дар Макка мепардохт, [ 10 ] Ҳошим ибни Абдуманоф, тиҷорат ба атрофи Маккаро бино ниҳод. Ӯ ба ҳамроҳи бародаронаш, Абдушамс ва Навфал, тавонистанд иҷозати тиҷорат ба Шом, Яман, Ҳабаша ва Ироқро аз ҳокимони он сарзаминҳо бигиранд ва аз он пас, Макка табдил ба шаҳри бозаргонии муҳимме шуд.[ 11 ]

Иҷтимооти тиҷории Қурайш бештар дар бозоре ба номи Укоз дар наздикии Арафот дар тӯли моҳи зилқаъда буда аст. [ 12 ]

Рибо яке дигар аз роҳҳои касби даромади мардуми Макка буда ва ба унвони як тиҷорат ба шумор мерафтааст. [ 13 ]

Обу ҳаво

Шаҳри Макка, ки дар иртифооти ғарбии минтақаи Ҳиҷоз қарор дорад, дорои обу ҳавои гарму хушк аст. Тобистони гарм ва зимистони пурбороне дорад. [ 14 ]

Таърихи Макка

Аз вақоеъи муҳимми динии Макка, ки қабл аз зуҳури Ислом рӯй додааст, бино бар нақлҳои динӣ, метавон ба мавориди зер ишора кард:

Қабл аз Ислом

* Сохти Каъба: ҳазрати Иброҳим ба дастури Худо, Каъбаро бино ниҳод. Дар сохтани хонаи Каъба, фарзандаш Исмоил низ ӯро ёрӣ кард. [ 15 ] Албатта, дар ин бора, ки аввалин бор Каъба дар чи замоне бино шуд, нақлҳои мутафовите вуҷуд дорад. Дар бархе аз ин нақлҳо ҳатто сохти Каъба қабл аз хилқати ҳазрати Одам унвон шуда аст. 16

* Ҳамлаи Абраҳа: Абраҳа фармонравои Яман, дар соли 571 мелодӣ ба қасди вайрон сохтани Каъба ба онҷо ҳамла кард. Ӯ бо лашкари фил‎савор ба тарафи он ҳаракат кард. Аммо ҳангоме, ки ба он ҷо расиданд, парандагоне аз осмон бар онҳо бороне аз сангреза фурӯ рехтанд. Ин сангрезаҳо бар ҳар шахсе, ки фуруд меомад, фавран ӯро ба ҳалокат мерасонд. [ 17 ]

* Таваллуди Пайғамбар (с): Пайғамбари Ислом (с) дар 17 ё 12 рабиъул аввали соли аввали оммулфил (байни 569 – 570 м) дар шаҳри Макка ба дунё омад. [ 18 ]

* Таваллуди ҳазрати Алӣ (а) дар дохили Каъба: дар рӯзи ҷумъаи сездаҳуми раҷаби соли 30 оммулфил, Имом Алӣ (а) дар хонаи Каъба мутаваллид шуд. Ӯ танҳо фарде аст, ки дар хонаи Каъба таваллуд шуда аст. [ 19 ] Дар бархе аз манобеи аҳли суннат низ ин воқеа нақл шуда аст. Дар ал-Мустадраку алас-саҳеҳайн омада аст, ки бар асоси ривоёти мутавотир, Алӣ (а), дар дохили Каъба аз Фотима бинти Асад таваллуд шуд. [ 20 ]

Дар давраи Исломӣ

* Дар замони Пайғамбар (с): Макка дар замони зиндагонии Пайғамбар, шоҳиди ҳаводиси муҳими торихӣ ва мазҳабӣ буда аст. Бархе аз ин ҳаводис иборатанд аз:

  1. Зуҳури дини Ислом
  2. Муҳоҷирати гуруҳе аз мусулмонон ба Ҳабаша, бо сарпарастии Ҷаъфар ибни Абитолиб (5 беъсат)
  3. Муҳосираи иқтисодии мусулмонон дар Шиъби Абитолиб (7 беъсат)
  4. Вафоти ҳазрати Абӯтолиб (10 беъсат)
  5. Вафоти ҳазрати Хадиҷа (10 беъсат)
  6. Ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Ясриб (Мадина)
  7. Фатҳи Макка (9 қ)
  8. Ҳаҷҷатул вадоъ (10 қ)
  9. Воқеаи Ғадири Хум (10 қ).

* Дар замони умавиён:

  1. Шуриш бар алайҳи вилоят-аҳдии Язид
  2. Шуриши Абдуллоҳ ибни Зубайр дар Макка (62 қ)
  3. Ҳамлаи лашкари Язид ба Каъба ва Масҷидулҳаром (64 қ)
  4. Таҷдиди бинои Каъба тавассути Абдуллоҳ ибни Зубайр ва тахриби он ба дасти Ҳаҷҷоҷ
  5. Ҳамлаи Ҳаҷҷоҷ ба фармони Абдулмалик ибни Марвон ба Макка ва оташ задани Каъба (73 қ).

* Дар давраи аббосиён:

  1. Зуҳури Нафси Закия (145 қ)
  2. Воқеаи Фах (169 қ)
  3. Воқеаи Аҳбош (173 қ)
  4. Қиёми Афтас (199 қ)
  5. Тасарруфи Макка тавассути Қаромита (317 қ)
  6. Тавҳини Қарматиён ба хонаи Каъба ва дуздидани Ҳаҷарул-асвад (317 қ).

* Дар давраи фотимиён ва шурафои Макка:

  1. Тасаллути шурафо бар Макка (358 қ)
  2. Нуфузи мазҳаби ташайюъ дар Макка.

* Дар давраи мамолик ва усмониҳо:

  1. Сахтгирӣ бар ҳоҷёни эронӣ аз тарафи давлати усмонӣ
  2. Ба роҳ андохтани шиакушӣ дар Макка ба баҳонаи наҷас кардани пардаи Каъба тавассути шиаён (1088 қ)
  3. Куштани бархе аз олимони эронӣ дар Макка, монанди Зайнулъобидини Кошонӣ (1040 қ), Сайидмуҳаммад Муъмини Разавӣ (1088 қ)
  4. Маҷбур кардани хатибон ба лаъни шиаён дар манобири расмӣ (1157 қ)
  5. Судури ҳукми такфири шиа тавассути олимони Макка.

* Дар давраи Саъудӣ:

  1. Куштори ҳоҷиёни яманӣ дар Макка (1341 қ)
  2. Ҳамла ба Макка ва тасарруфи он ва куштори мусулмонон (1342 қ)
  3. Тахриби мақбараҳои Макка аз ҷумла мақбараи Абӯтолиб, Абдулмуталлиб, Хадиҷа ва.. (1342 қ)
  4. Тасаллути Оли Сауд бар Макка (1344 қ)
  5. Куштори ҳоҷиёни мисрӣ дар сарзамини Мино (1344 қ)
  6. Куштори ҳоҷиёни эронӣ дар Макка (1366 ш) [ 21 ] 22 ]
  7. Тавсеаи Масҷидулҳаром ва сохти ҷои ҷадиде барои тавоф (1434 қ).

Фазоили Макка

Имом Cодиқ алайҳис салом:

«Дӯстдоштанитарин замин назди Худованд, сарзамини Макка аст. Назди Худо на хоке аз хоки он, на санге аз санги он, на дарахте аз дарахти он, на кӯҳе аз кӯҳҳои он ва на обе аз оби он маҳбубтар нест». Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу ал-фақиҳ, ҷ.2, с.228.

Шаҳри Макка назди мусулмонон аз арзиш ва аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Ин амр ба ҷиҳати вуҷуди амокини муқаддас ва мутабаррик монанди Каъба, Масҷидулҳаром, анҷоми аъмол ва маносики ҳаҷ ва таъкиди пешвоёни динӣ бар иҳтимом ба ибодат дар ин шаҳр аст. Ривоёти зиёде низ бар фазилат ва савоби намоз дар ин масҷид ворид шудааст. Бар асоси ривоёте аз маъсумин (а), савоби як ракъат намоз дар Масҷидулҳаром ба андозаи сад ҳазор ракъат дар масоҷиди дигар аст. [ 23 ] Аз ин шаҳр ба унвони ҳарами Худо ва Расулаш ва ҳарами Амиралмуъминин ёд шудааст.24

Маконҳои муқаддас

Намое аз Масҷидулҳаром

Масҷидулҳаром

Навиштори аслӣ: Масҷидулҳаром

Масҷидулҳаром (арабӣ: المسجد الحرام) машҳуртарин ва муқаддастарин масҷиди Ислом, воқеъ дар Шаҳри Макка дар кишвари Арабистони Саъудӣ аст, ки Каъба, қиблаи мусулмонон дар он қарор дорад. Ҷуз Каъба, ашё, биноҳо ва амокини муқаддаси дигаре низ ҳамчун Ҳаҷарул-асвад, мултазам, мустаҷор, ҳатим ва ҳаҷари Исмоил дар ин масҷид ҷой гирифтаанд, ки назди мусулмонон ҷойгоҳи мазҳабӣ ва маънавии волое доранд. Масҷидулҳаром дар фиқҳи исломӣ, афзун бар аҳкоми умумии дигар масҷидҳо, аҳкоми вижае низ дорад. Дар шариати Ислом бар ҳар мусулмоне фарз аст дар сурати иститоат, як бор дар умри худ ба Макка сафар кунад (сафари ҳаҷ) ва маносикеро, ки бархе аз онҳо дар ин масҷид анҷом мегирад, адо кунад.

Каъба

Тасвире аз Каъба

Навиштори аслӣ: Каъба

Каъба қибла ва муҳимтарин ибодатгоҳи мусулмонон аст, ки зиёрати он ба шарти иститоат ва доштани шароит, як бор дар тӯли умр бар ҳар мусулмоне фарз аст. Бино бар бархе ривоёти динӣ, Иброҳим ва фарзандаш Исмоил ба дастури Худо, Каъбаро бино ниҳоданд. Бархе аз оятҳои Қуръони Карим низ ин иддаоро таъйид мекунанд. Аз соли дувуми ҳиҷрат, қиблаи мусулмонон аз Байтулмуқаддас ба самти Каъба тағйир кард. 25

Масоҷид

Масҷиди Хайф дар сарзамини Мино
  • Масҷиди Хайф, бар асоси бархе ривоёт, шоҳиди хутбаи Пайғамбар (с) дар Ҳаҷҷатулвадоъ буда ва ба супориши имомони маъсум, намоз хондан дар он фазилати зиёде дорад. 26
  • Масҷиди ан-Наҳр масҷиде дар сарзамини Мино, ки Худованд дар ин макон, ба ҷои Исмоил, гусфандеро барои зибҳ кардан ба самти Иброҳим (а) фиристод. [ 27 ]
  • Масҷидул байъат ё Масҷидулғанам, маҳалле аст, ки аввалин байъати тозамусулмонони Ясриб бо Пайғамбар (с) дар ақаба сурат гирифт. 28
  • Масҷиди Шаҷара, ки ҷои таҳаққуқи Байъати Ризвон дар ҷараёни сулҳи Ҳудайбия аст.
  • Масҷиди Ғадири Хум, ки маҳали эълони вилояти Имом Алӣ (а) дар минтақаи Ғадири Хум буда аст.
  • Масҷиди танъим
  • Масҷиди Намра ё масҷиди ҳазрати Иброҳим
  • Масҷидул-ҷинн
  • Масҷидул-иҷобат
  • Масҷиди иншиқоқул-қамар
  • Масҷидур-роя ё радмулаъло
  • Хонаи Уммуҳонӣ
  • Масҷидуc-сафоиҳ [ 29 ]

Машоир

  • Сарзамини Арафот, минтақае, ки ҳоҷиён дар рӯзи Арафа, аз пешин то шом дар онҷо таваққуф мекунанд.
  • Машъарулҳаром ё муздалифа, байни минтақаи Арафот ва сарзамини Мино қарор дорад ва ҳоҷиён баъд аз бозгашт аз Арафот, миқдоре аз шаб то субҳи рӯзи ид дар ин минтақа вуқуф доранд.
  • Сарзамини Мино, минтақае аст, ки ҳоҷиён аз рӯзи даҳум то дувоздаҳуми зилҳиҷҷа, дар он мемонанд. Рамйи ҷамарот, қурбонӣ, ҳалқ ва тақсир ва байтута аз аъмоли ин сарзамин аст.

Миқотҳо

Масҷиди Шаҷара дар наздикии шаҳри Мадина, миқоти аҳолии Мадина ва эрониён
  • Масҷиди Шаҷара, ин масҷид, ки дар 10 километрии Мадина қарор дорад, миқоти аҳолии Мадина ва касоне аст, ки аз ин ноҳия ба ҳаҷ мераванд.
  • Ҷуҳфа, миқоте аст, ки барои аҳли Миср, Шом, Мағриб ва касоне, ки аз он масир ба тарафи Макка меоянд, таъйин шудааст.
  • Водии ақиқ, миқоти аҳли Ироқ, Наҷд ва касоне, ки аз он убур мекунанд.
  • Қарнул-манозил, миқоти мардуми Яман ва Тоиф аст.
  • Яламлам, охирин миқоте аст, ки дар ривоёт барои мардуми Яман ва касоне, ки аз он роҳ убур мекунанд, муайян шудааст. [ 30 ] [ 31 ]

Осори мазҳабӣ ва торихӣ

Тасвирӣ аз ҷои таваллуди Пайғамбар (мавллидун набӣ)
  • Зодгоҳи Пайғамбари Ислом, ки дар Шеъби Абитолиб канори сувқуллайл қарор дошта ва дар давраи ҳукумати Оли Сауд, тахриб ва ба ҷои он, сохтмони дигар сохта шуд.
  • Хонаи Хадиҷа, ҳамсари Расули Акрам (с) ки пас аз маҳалли таваллуди Пайғамбар, аз муҳимтарин маконҳои Макка маҳсуб мешавад. Дар ин хона, чандин ҳодисаи муҳим рӯй дода аст, ки иборатанд аз:
  1. Издивоҷи Расули Худо бо Хадиҷа;
  2. Таваллуди ҳазрати Фотима (с);
  3. Таваллуди се духтари дигари Расули Аллоҳ (с);
  4. Вафоти Хадиҷа;
  5. Ҳодисаи лайлатул-мабит;
  6. Шуруи ҳиҷрат ба Мадинаи Пайғамбар;
Қабристони Маълот (қабристони Абӯтолиб)
  • Хонаи Арқам ибни Абиарқам, ки аввалин пойгоҳи сиррии таблиғи дини Ислом будааст.
  • Хонаи Абӯтолиб, ки сукунатгоҳи ҳазрати Алӣ (а) ва маҳали бузург шудани Пайғамбар (с) низ будааст.
  • Хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷадъон, ки маҳалли таҳаққуқи паймони Ҳилфул-фузул будааст.
  • Зодгоҳи Ҳамза бен Абдулмуталлиб, ки дар поини Макка дар маҳалле ба номи Бозон будааст.
  • Хонаи Ҳорис ибни Абдулмуталлиб, ки маҳали аввалин таблиғи алании дини Ислом тавассути Пайғамбар ва даъвати хешовандони хеш ба дини Ислом будааст.
  • Хонаи Уммуҳонӣ, ки меъроҷи Пайғамбар аз ин маҳал будааст.
  • Зодгоҳи Имом Содиқ, ки дар хонае маъруф ба дори Абисаид наздик ба Дорулъаҷала ба дунё омад. Гуфта шуда, ки Ҷаъфари Тайёр низ дар ҳамин хона ба дунё омадааст. [ 32 ]
  • Қабристони Маълот, ки байни эрониён ба қабристони Абӯтолиб маъруф аст. Дар ин қабристон афроде чун Абдулмуталлиб, Абӯтолиб ва Хадиҷаи Кубро (с) дафн шудаанд.
  • Мақбараи шуҳадои Фах, ки маҳали шаҳодат ва дафни шуҳадои қиёми Фах аст, ки бо сипоҳ Банӣ Аббос ба мубориза пардохтанд. [ 33 ]

Зиёратгоҳҳои байни роҳи Макка ва Мадина

* Мазори шуҳадои Бадр: ин макон, ки шоҳиди ҷанги Бадр буда, дар 150 километрии ҷануби ғарбии Мадина қарор дорад ва 14 шаҳиди ин ҷанг дар он ба хок супурда шудаанд.

* Масҷиди Урайш: ин масҷид канори мазори шуҳадои Бадр сохта шуда ва маҳалли ибодат ва намози шаби Расули Акрам (с) дар шаби ҷанги Бадр буда аст.

* Рабаза: ин минтақа, ки дар шарқи Мадина қарор дорад, оромгоҳи Абӯзари Ғифорӣ аст.

* Ғадири Хум: номи минтақае дар наздикии Ҷуҳфа ва 156 километрии шимоли ғарбии Макка аст, ки шоҳиди ҳодисаи Ғадир будааст.

* Зиёратгоҳи Абвоъ: зиёратгоҳе дар 45 километрии роҳи Ҷуҳфа аст, ки қабри Омина бинти Ваҳб, модари Пайғамбари Акрам (с) дар онҷо қарор дорад. [ 34 ]

Кӯҳҳои муҳим

  • Абуқубайс: ин кӯҳ, ки бар асоси ривоёт, пурфазилаттарин кӯҳҳои Макка аст, бо иртифоъи 420 метр, дар шимоли шарқии Масҷидул-ҳаром қарор дорад. Ба хотири ҳамсоягӣ бо Каъба, аз кӯҳҳои муқаддас дониста шудааст. Гуфта шуда, дар ҷараёни тӯфони Нӯҳ, амонатдори Ҳаҷарул-асвад буда аст. Ба ҳамин хотир, онро амин низ хондаанд. Аввалин эълони рисолати Пайғамбар (с) аз фарози ин кӯҳ будааст. 35] Кӯҳи Сафо, ки дар ибтидои масири саъй қарор гирифтааст, дар доманаи ин кӯҳ қарор дорад.
  • Ҷабалун-нур ё Ҳиро: ин кӯҳ дар 4 километрии шимоли шарқии Макка ва канори роҳи Мино ба Арафот аст. Бо иртифоъи 634 метр дар шимоли шарқи Макка қарор дорад. Ғори Ҳиро, ки дар болотарин нуқтаи ин кӯҳ қарор дорад, маҳали эътикоф ва ибодати Пайғамбар дар моҳҳои Рамазони ҳарсолаи эшон қабл аз мабъус шудан будааст.Ҳазрати Алӣ (а) низ дар ин айём, ҳамроҳ бо Пайғамбар (с) будааст. [36] Ҳамчунин аввалин оёти Қуръон бар Пайғамбари Акрам (с) низ дар ин ғор будааст. [37]
    Куҳи Нур ва ғори Ҳиро
  • Савр: ин кӯҳ бо иртифоъи 759 метр дар се километрии ҷануби Макка қарор дорад. Пайғамбари Акрам (с) ҳангоми ҳиҷрат ба Мадина, барои раҳгум кардани душман, чанд рӯзро дар ғоре дар ин кӯҳ махфӣ шуд. [38]
  • Шиъби Абитолиб: шиъб ё дарраи Абитолиб, ки имрӯза шиъби Алӣ (а) низ номида мешавад, [39] ҷое аст, ки мусулмонон ба муддати се сол, ба манзури дар амон мондан аз озор ва азияти мушрикон ба онҷо паноҳ бурданд. [ 40 ]

Дигар кӯҳҳои Макка иборатанд аз: Ҳаҷун, Қуайқиъон ё Ҷабали-ҳиндӣ, Хандама, Умар, Субайр. [ 41 ]

Вазъияти шиаён дар Макка

Шайх Бадр Олитолиб, рӯҳонии муътаризи шиа дар Макка

Ҳузури ташайюъ дар Макка, ба сурати фардӣ ё гуруҳӣ ба аввалин рӯзҳои ҳузури Ислом дар он шаҳр боз мегардад. Зуҳури силсилаи худмухтори маҳаллии хонадони шиъии Банӣ Ал-Ҳасан, ба равшанӣ нишондиҳандаи мавқеияти шиа дар ин шаҳр аст. [42]

Маккаи қарни даҳум, аз марокизи аслии шиа буда аст ба гунае, ки Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ҳадафи худ аз нигориши китоби ас-Савоиқ ал-муҳриқаро густариш ва фузунии шиаён дар ин шаҳр муаррифӣ кардааст. [43]

Ибни Ҷубайр (540 – 614 қ / 1145 – 1217 м), ҷаҳонгарди машҳури мусулмон, дар сафарномаи худ баён карда, ки дар соли сафари ӯ ба Макка, амири Макка, ҳулули моҳи Рамазонро бар асоси мазҳаби шиъии алавӣ эълом кардааст. [ 44 ] Ӯ хабар додааст, ки дар Масҷидулҳаром, мақоме хос барои иқомаи ҷамоати шиаёни зайдӣ ихтисос дода буданд ва ашрофи Маккаро зайдӣ хонда ва гуфтааст, ки онон дар азон, иборати «حی علی خیر العمل», «ҳайя ало хайрил ъамал»-ро меафзоянд. [45]

Бархе сафарномаҳо аз ҳузури камранги шиаён дар қарнҳои баъдӣ дар Макка сухан гуфтаанд. Муҳаммадҳусайни Фароҳонӣ, ки ба соли 1302 қамарӣ / 1923 мелодӣ ба ҳаҷҷ рафта, ҷамъияти шиаёни Маккаро ночиз дониста ва гуфтааст, ки ғолиби онон кори роҳнамои ҳоҷиёни шиаро бар уҳда доранд. [ 46 ] Ҳоҷи Аёзхони Қашқоӣ, ки дар соли 1341 қамарӣ / 1924 мелодӣ ба Макка рафта, гузориш кардааст, ки шиаён барои адои фароизи худ дар Ҷадда ва Маккаву Мадина ба тақия ниёз надоранд ва дар изҳори ташайюъ озоданд. [47]

Шурафои Макка ба таври расмӣ, аз ташайюъи зайдия, дасти кам то авоили қарни понздаҳуми мелодӣ ҳимоят мекардаанд. [ 48 ] Бархе сафарноманависон муддаӣ шудаанд, ки шурафои Макка шиа буда, аммо эътиқоди худро пинҳон мекардаанд. [ 49 ] Дар қарни понздаҳум, то андозае ба хотири фишори мамолик, шурафои Макка ба тадриҷ бо рӯй овардан ба мазҳаби шофеӣ, иқдом ба қатъи пайванди худ бо зайдия намуданд. [ 50 ] Бо ин ҳол, бино бар нақли бархе манобеъ, онҳо то поёни ҳукумати худ, ҳамвора хоҳони мудоро ва нармиш бо шиаён будаанд. [ 51 ]

Бо рӯи кор омадани ҳукумати Оли Саъуд, шиаён, ки ба сурати пароканда ва маҳдуд дар Макка ҳузур доранд, дар маҳдудиятҳои мазҳабии зиёде қарор гирифтанд ва бо фатвоҳои муфтиёни ваҳобӣ, гоҳ ҷону молашон низ мавриди азияту озор қарор мегирад. Ин озору азиятҳо, боис шуда шиаёни ин кишвар, то онҷо ки мумкин аст, роҳи тақияро дар пеш гиранд, ба хусус дар Шаҳри Макка, шиаён маҷбур будаанд, маросими мазҳабии худро дар хонаҳо, дур аз анзор ва пушти дарҳои баста анҷом диҳанд ва дар маҳофили умумӣ, худро суннӣ нишон диҳанд. [ 52 ]

Дар авоили соли 2013 мелодӣ, неруҳои Оли Саъуд, Шайх Бадр Олитолиб ва Шайх Муҳаммад Алатия, ду рӯҳонии шиаи Арабистониро дар Шаҳри Макка ва Ҷадда боздошт карданд. [ 53 ]

Сохтусозҳои ҷадид

Тарҳи тавсеаи Масҷидулҳаром
Сохти макони ҷадид барои тавоф

Дар солҳои ахир бо рушди рӯзафзуни зоирони хонаи Худо, сохти меҳмонхонаҳои ҷадид дар атрофи Масҷидулҳаром шурӯъ шудааст. Дар ин миён, метавон ба проекти сохти 26 меҳмонхонаи ҷадид барои изофа кардани 13 ҳазор утоқи ҷадид ва афзоиши зарфияти шаҳр ишора кард. Аввалин фази монорейл дар Макка низ аз соли 2010 м., барои иртибот байни Макка ва амокини муқаддаси Мино, Арафот ва Муздалифа ба баҳрабардорӣ расид.

Бурҷи соъат яке дигар аз ин сохтусозҳои ҷадид аст, ки бузургтарин бурҷи соъати дунё бо чаҳор сафҳа дар чаҳор ҷиҳат аст. Сохти ин соза ва меҳмонхонаҳои атроф, бо эътирозҳое низ дар ҷаҳони Ислом рӯбарӯ буд. Ба ақидаи ин афрод, чунин сохтусозҳое, намои маънавии Масҷидулҳаромро таҳти таъсири худ қарор медиҳад. [ 54 ]

Бурҷи соъат дар канори Масҷидулҳаром

Дар авохири соли 2013- 2014 м., тарҳи ҷадиде барои тавсеаи Масҷидулҳаром роҳ афтод, ки дар ҳоли ҳозир, созаи дутабақа дар атрофи Каъба барои тавоф эҷод шудааст. Табақаи аввали он, ки иртифоъи ҳудуди се то чаҳор метр дорад ва табақаи дувум дорои иртифоъи 13 метрӣ аст.

Сохти ин соза, боиси эҷоди як идда мабоҳиси фиқҳӣ дар мавриди дуруст будани тавоф дар ин табақот эҷод шудааст. Ба назари фуқаҳои шиа, тавоф дар табақаи аввал дуруст аст, вале тавоф дар табақаи дувум, ба ақидаи бархе, сирфан барои афроди нотавон ва касоне, ки аз тавоф дар саҳни Масҷидулҳаром ва табақаи аввал маъзуранд ҷоиз аст.. [ 55 ]

Манобеи мутолиотӣ

Дар бораи Шаҳри Макка осори мактуби бисёре дар даст аст. Ин шаҳр аз ҷумлаи шаҳрҳое аст, ки дар бораи он бисёр нигоштаанд. Мавзӯи ин осор, ҷуғрофиё, таърих ва ҳаводиси Шаҳри Макка, ҳокимону амирон, олимони динӣ ва машоҳири он, вақоеъи муҳими табиъӣ ва ғайри табиъӣ ва вазъияти фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳр ва ғ. аст.

Осори торихӣ ва ҷуғрофиёӣ

Шуморе аз осори мактуби куҳани Маккашиносӣ дар таърих ва ҷуғрофиёи Макка ба дасти мо нарасидааст, ҳарчанд бисёре аз матолиби ин осор дар осори баъдӣ, ки мавҷуд аст, нақл шудааст. Аз байни осори мавҷуд метавон ба осори зер ишора кард:

Номи китоб нигоранда таърихи нигориш ношир таърихи нашр
Ахбору Макка ва мо ҷоа фиҳо минал осор Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Азрақӣ қарни 2 ва 3 қ. Дорул-Анделус 1983 м
Ахбору Макка фи қадим ад-даҳр ва ҳадисиҳ Муҳаммад ибни Исҳоқи Фокиҳӣ қарни 3 қ. Мактабат Аласадӣ 1414 қ
Ал-Иқд-ус-самин фи таърих ал-балад-ил-амин Муҳаммад ибни Аҳмад Алфосӣ қарни 8 ва 9 қ. Муассисат ар-рисола 1406 қ
Иттиҳоф-ул-варо биахбори Уммулқуро Умар ибни Фаҳд бен Муҳаммад қарни 9 қ ҷомеъату Уммулқуро 1410 қ
Ғоят-ул-маром биахбори салтанат ал-баладил ҳаром Мубидулъазиз бен Умар қарни 9 ва 10 қ ҷомеъату Уммулқуро 1410 қ
Ал-Эълом биаъломи Байтиллоҳил ҳаром Муҳаммад ибни Аҳмад Наҳравонӣ қарни 11 қ алмактабат ат-тиҷория 1416 қ
Таъриху Маккат ал-мушрифа ва ал-Масҷидуҳаром ва ал-Мадинат аш-шарифа Муҳаммад ибни Муҳаммад Маккӣ қарни 9 қ алмактабат ат-тиҷория 1416 қ
Ал-Арҷ ал-миски фи ат-торих ал-маккӣ Алӣ ибни Абдуқодир Табарӣ қарни 11 қ алмактабат ат-тиҷория 1416 қ
Таҳниату аҳл ал-Ислом битаҷдиди Байтиллоҳ ал-ҳаром Иброҳим ибни Муҳаммад қарни 11 қ алмактабат ат-тиҷория 1418 қ
Маноиҳ-ул-карам фи ахбори Макката ва албатта ва вулот ал-ҳарам Алӣ ибни Тоҷуддин Санҷорӣ қарни 12 қ ҷомеъату Уммулқуро 1419 қ
Таъриху умарои Макка Ориф Абдулғанӣ муосир Дамишқ 1992 м
Таъриху Макка, диросотун фи ас-сиёса ва ал-илм ва ал-иҷтимоъ ва ал-имрон Аҳмад ас-Сабоъӣ муосир Намуна 1414 қ
Ат-Торих-ул-қавим лимакката ва Байтиллоҳ ал-карим Муҳаммадтоҳир Курдӣ Маккӣ муосир дору Хизр 1420 қ.

Сафарномаҳо

Назар ба аҳамияти мазҳабӣ ва сиёсии Шаҳри Макка, ин шаҳр аз мақсади сафари бисёре аз ҷаҳонгардон буда аст. Афзун бар ин, солона шумори бисёре аз мусулмонон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, барои ҳаҷҷ ва зиёрат ба ин шаҳр сафар кардаанд. Бархе аз ин мусофирон, шарҳи сафари худро дар қолаби сафарнома, мактуб кардаанд. Ин сафарномаҳо иттилооти муфидеро дар бораи ин шаҳр дар давраҳои мухталифи торихӣ ироа мекунанд ва бахше аз иттилооти торихии мо дар бораи Макка аз гузари ин сафарномаҳо ҳосил омада аст.

Аз муҳимтарин ва қадимитарин сафарномаҳои ҳаҷ, ду сафарномаи Тазкирун би-л-ахбор ан иттифоқот-ил-амсор, навиштаи Ибни Ҷубайр (540 – 614 қ / 1145 – 1217 м) ва Туҳфат-ун-нузор аз Ибни Батута (вафот 779 қ. 1369 м) аст.

Шиаёни эронӣ низ дар сафарномаҳои худ, матолиби бисёре дар бораи Масҷидулҳаром навиштаанд. Аз муҳимтарини осор дар ин замина, сафарномаи Носир Хусрав (вафот 481қ. / 1088 м), сафарномаи Фарҳод Мирзо Муътамидуд-давлат (вафот 1305 қамарӣ ) ва Далил-ул-аном фи сабили зиёрати байтиллоҳ-ил-ҳаром ва ал-Қудс-иш-шариф ва Мадинат-ис-салом, навиштаи Ҳисомуссалтана (вафот 1300 қ) аст.

Дар солҳои ахир шумори қобили таваҷҷуҳе аз сафарномаҳои ҳаҷҷи шиаён дар қуруни гузашта, ки бештар ба забони форсӣ нигошта шудаанд, дар қолаби китоб ва маҷмуъа, ба чоп расидаанд. Аз муҳимтарини ин маҷмуъаҳо, панҷоҳ сафарномаи ҳаҷҷи Қоҷорӣ аст, ки ба иҳтимоми Расули Ҷаъфариён ба соли 1389 ш., дар нашри илми Теҳрон чоп шудааст.

Адабиёт

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи ат-Торих, таҳқиқ: Абилфидоъ Абдуллоҳ Алқозӣ, Бейрут, дорулкутубилъилмия, 1407 қ.
  • Ибни Ҷубайр, Сафарномаи Ибни Ҷубайр, тарҷумаи Парвизи Атобакӣ, интишороти остони қудси Разавӣ, Машҳад, 1370 ш.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва ан-ниҳоя, таҳқиқ: доктор Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсини Аттуркӣ, Миср, ҳиҷр литтабоати ваннашри ваттавзиъи валэълон, 1997 м.
  • Азрақӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Ахбору Макка, Бейрут, равоеъут туросил арабӣ, бе то.
  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Паёмбари Ислом, таҷдиди назар ва изофат аз: Абулқосими Гурҷӣ, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1378 ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Қум, нашри машъар, чопи сеюм, 1384 ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Панҷоҳ сафарномаи ҳаҷҷи Қоҷорӣ, нашри илм, Теҳрон, 1389 ш.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «Номҳои шаҳри Макка», маҷаллаи миқоти ҳаҷ, шумораи 2, зимистони 1371 ш.
  • Ҷавод Алӣ, ал-Муфассалу фи таърих-ил-араби қаблал-ислом, Бейрут, дорулъулуми лилмалоин ва мактабату аннаҳзати Бағдод, 1970 м.
  • Хуӣ, Абулқосим, Маносик-ул-ҳаҷҷ, Қум, муассисаи эҳёъ осорил имом Хуӣ, бе то.
  • Зайнӣ Деҳлон, Хулосат-ул-каломи фи баёни умароъ-ил-балад ал-ҳаром, Қоҳира, 1305 қ.
  • Шариф, Аҳмад Иброҳим, Макка ва ал-Мадина фи ал-ҷоҳилияти ва аҳдир-Расул, Қоҳира, дорулфикрил арабӣ, чопи дувум, бе то.
  • Шаҳидӣ, Сайдҷаъфар, Таърихи таҳлилии Ислом, Теҳрон, маркази нашри донишгоҳӣ, 1390 ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Миср, дорулмаъориф, 1968 қ.
  • Фосӣ Алмаккӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Шифоъ-ул-ғароми биахборил баладил ҳаром, таҳқиқ: Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, дорулкутубил арабӣ, 1405 қ.
  • Фокиҳӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Ахбору Макка фи қадим ад-даҳри ва ҳадисиҳ, таҳқиқ: Абдулмалик бен Абдуллоҳ, Макка, мактабату аннаҳзатил ҳадиса, 1407 қ.
  • Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, Қум, нашри машъар, чопи чаҳорум, 1381 ш.
  • Қазвинӣ, Закариё ибни Муҳаммад, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, Бейрут, дорусодир, бе то.
  • Курдӣ, Муҳаммадтоҳир, ат-Торих-ул- қавим лимакката ва Байтуллоҳ ал-карим, бе ҷо, мактабату аннаҳзат ал-ҳадиса, 1412 қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, дорулкутуб ал-исломия, чопи сеюм, 1367 ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Лавомеъи Соҳибқиронӣ, Қум, доруттафсир, 1416 қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ало ал-ибод, Қум, муассисаи Олулбайти лиэҳёит турос, 1416 қ.
  • Наҳравонӣ ал-Маккӣ, Қутбуддин, ал-Эълому биаъломи байтиллоҳ ал-ҳаром, Бейрут, дорурроиқи ат-турос ал-арабӣ, бе то.
  • Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, дорусодир, чопи дувум, 1988 м.
  • R. MORTEL, " Zaydi shiism and the Hasanid Sharifs of Mecca ", IJMES 19, 1987

Пайванд ба берун