Абдуллоҳӣ Носир

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шайх Абдуллоҳӣ Носир Ҷумъа)
Абдуллоҳӣ Носир
Номи комилАбдуллоҳӣ Носир Ҷумъа
Маҳалли зиндагӣКениё
Санаи таваллуд1932
Санаи вафот2022
Шаҳри вафотМомбаса
Маҳалли дафнКениё - Момбаса
ТаълифотShia na Taqiya (Шиа ва тақия), Shia na Qur'ani (Шиа ва Қуръон), Shia na Sahaba (Шиа ва саҳоба)
СиёсӣУзви Канфренсияи Қонуни асосии Кениё, Намояди Парламенти Кениё аз шаҳри Момбаса


Абдуллоҳӣ Носир Ҷумъа (арабӣ: عبداللهي ناصر جمعة) (2022 - 1932) маъруф ба Абдуллоҳӣ Носир олими шиаи аҳли Кениё, ки дар густариши ташайюъ дар Кениё ва манотиқи дигаре аз Африқо нақш дошт. Ӯ аз олимони аҳли суннат буд, ки дар соли 1975 ба мазҳаби ташайюъ гароиш пайдо кард.

Таъсиси ҳавзаи илмияи Имом Алӣ (а) ва китобхонаи умумӣ, мунозира бо муфтёни ваҳҳобӣ, узвият дар Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт ва баргузории суханрониҳои мазҳабӣ дар кишварҳои мухталиф, аз фаъолиятҳои фарҳангӣ ва мазҳабии ӯст. Вай беш аз 25 китобу рисола ба забони савоҳилӣ дар бораи Ислом ва ташайюъ нигоштааст.

Абдуллоҳӣ Носир дар ҷавонӣ дар ҷунбиши истиқлоли Кениё аз Англия ширкат дошта ва узви Канфренсияи қонуни асосии ин кишвар барои истиқлол аз императории Британия будааст.

Зиндагинома

Абдуллоҳӣ Носир Ҷумъа, олими шиаи аҳли Кениё буд, ки пас аз Инқилоби исломии Эрон, раҳбарии фикрӣ ва амалии бахше аз шиаёни Кениёро ба ӯҳда дошт.[1] Ӯ дар 1 июни 1932 дар шаҳри Момбасаи кишвари Кениё ва дар хонаводае суннимазҳаб ба дунё омад.[2]

Носир дар соли 1950 ба Зангибар дар кишвар Танзания рафт ва дар донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил кард. Ӯ ба Момбаса бозгашт ва дар мадрисаи ибтидоии араб ва Муассисаи омӯзиши мусулмонони Момбаса ба муъаллимӣ пардохт.[3]

Абдуллоҳӣ дар соли 1964 ба Найробӣ пойтахти Кениё рафта ва ба унвони нозири бахши арабӣ-савоҳилӣ бо ВВС ҳамкорӣ кард. Ӯ аз соли 1965 дар интишороти Донишгоҳи Оксфорд шуъбаи Шарқи Африқо, сардабири бахш савоҳилӣ шуд ва аз соли 1974 то 1977 раёсати шуъбаи Шарқи Африқои интишороти Донишгоҳи Оксфордро ба ӯҳда гирифт ва қабл аз соли 1980 ба Момбаса бозгашт.[4]

Даргузашт

Абдуллоҳӣ Носир дар 11 январи 2022 дар 89-солагӣ дар Момбасаи Кениё даргузашт ва дар ҳамон рӯз[5] пас аз ташйиъ, дар қабристони Ганҷунӣ (Ganjoni Cemetery) дар Момбаса дафн шуд.[6]

Тағйири мазҳаб ба ташайюъ

Шайх Абдуллоҳӣ Носир ки аз олимони аҳли суннат ба шумор мерафт, аз даҳаи 1960 ба мазҳаби шиа гароиш пайдо кард.[7] Ӯ чунонки худаш гуфта пас аз ошноӣ бо фазоили Имом Алӣ (а), ин эҳтимолро дод ки ӯ нисбат ба дигари саҳоба бартар бошад. Ба гуфтаи вай, бо мутолиаи китоби ал-Ғадир навиштаи Аллома Аминӣ ва дигари китобҳо, ба ҳақ будани мазҳаби ташайюъ пай бурд ва дар соли 1975 мазҳабашро ба ташайюъ тағйир дод.[8] Вай дар ибтидои даҳаи 1980 пас аз Инқилоби исломии Эрон, ба таври расмӣ тағйири мазҳаби худ ба ташайюъро эълом кард,[9] ки боиси коҳиши маҳбубияти вай миёни аҳли суннати Кениё шуд.[10] Гуфта шуда бархе марокизи вобаста ба ваҳҳобият барои баргардондани ӯ аз ташайюъ талош карданд; вале муваффақ набуданд.[11]

Фаъолиятҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ

Тақдими медали Аббосӣ ба Абдуллоҳӣ Носир тавассути раиси вақти Федератсияи ҷамооти шиаи хӯҷаи исноашарӣ Африқо дар апрели 2011 барои қадрдонӣ аз фаъолиятҳои динии вай.[12]

Абдуллоҳӣ Носир ҳавзаи илмияи Имом Алӣ (а)-ро дар Кениё таъсис кард. Ӯ бо муфтиёни ваҳҳобӣ мунозира мекард[13] ва дар кишварҳои Танзания, Ҳинд, Покистон, Британия, Амрико ва Канада ба забонҳои савоҳилӣ ва англисӣ ба эроди суханронии мазҳабӣ мепардохт.[14] Фаъолиятҳои ӯ дар густариши ташайюъ дар Кениё ва манотиқи дигари Африқо таъсиргузори дониста шудааст.[15]

Узвият дар маҷмаъи умумии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт[16] ва таъсиси китобхонаи умумӣ аз дигари фаъолиятҳои ӯст.[17] Ӯ дар апрели 2011 аз сӯи Федератсияи ҷимоъоти шиаи хўҷаҳи исноашарии Африқо дар ҳафтоду дуюмин Иҷлоси шӯрои олӣ дар Момбаса, барои таблиғу фаъолиятҳои динӣ, медали Аббосӣ

гирифт.[18]

Вай пеш аз эъломи расмии тағйири мазҳаби худ, байни солҳои 1978 ва 1980, ба унвони намояндаи Африқои Шарқии Маҷмаъи ҷаҳонии ҷавонони мусулмон (WAMY) мустақар дар Ҷаддаи Арабистон фаъолият мекард.[19]

Абдуллоҳӣ дар ҷавонӣ байни солҳои 1957 ва 1963 дар ҷунбиши истиқлоли Кениё аз Англия, ширкат дошт ва байни солҳои 1961 то 1963 узви Шӯрои қонунгзории пеш аз истиқлоли Кениё буд. Ӯ ҳамчунин узви Конфаронси қонуни асосии ин кишвар дар Хонаи Ланкастер (Lancaster House)-и Лондон буд ки барои истиқлоли Кениё аз императории Британия ташкил шуд.[20] Ӯ намояндаи мардуми Момбаса дар яке аз давраҳои Парламенти Кениё низ буд.[21]

Осор

Абдуллоҳӣ Носир ҳудуди 25 китобу рисола ба забони савоҳилӣ дар бораи ташайюъ нигошта ва бархе сураҳои Қуръонро тарҷума ва тафсир кардааст. Бархе аз осори ӯ ба забонҳои ангисӣ ва рувандаӣ (яке аз забонҳои расмии бахшҳое аз Африқо) тарҷума ва чоп шудааст.[22]

Шиа ва тақия

Абдуллоҳӣ китоби Shia na Taqiya: Majibu na Maelezo (Шиа ва тақия)-ро ба забони савоҳилӣ,[23] дар посух ба китоби «الخُطوطُ العَریضَةُ لِلاُسُسِ الَّتی قامَ عَلَیْها دینُ الشّیعَةِ الاِمامیَّةِ الاِثنی عَشریَّة» таълифи Муҳиббуддин Хатиб (ваф.1389ҳ.қ.), муфтии ваҳҳобӣ, ки ба забони савоҳилӣ низ мунташир шуд, нигошт. Абдуллоҳӣ Носир Ҷумъа дар ин китоб ба чистии тақия, мушкилоти шиаён дар замон Банӣ Умия ва Банӣ Аббос ва тақия аз дидгоҳи аҳли суннат ва ташайюъ пардохтааст.[24]

Тасвири ҷилди китоби "Язид амиралмуъминин набуд"

Бархе дигар аз осори ӯ чунинанд:

  • Shia na Qur'ani: Majibu na Maelezo (Шиа ва Қуръон)[25]
  • Shia na Sahaba: Majibu na Maelezo (Шиа ва саҳоба)[26]
  • Shia na Hadith: Majibu na Maelezo (Шиа ва ҳадис)[27]
  • Ukweli wa Hadith ya Karatasi (Ҳақиқати ҳадиси коғаз)[28]
  • Mut'aи Ndoa ya Halali (Издивоҷи ҳалоли мутъа)[29]
  • Malumbano Baina ya Sunni na Shia (Ихтилофоти байни шиа ва суннӣ)[30]
  • Sura al - Ahzaab: Tafsiri na Maelezo (Тафсири сураи Аҳзоб)[31]
  • Tafsiri ya Sura at - Talaaq (Тафсири сураи Талоқ)[32]
  • Yazid Hakuwa Amirul - Mu'minin (Язид амиралмуъминин набуд)[33]
  • Hadith Al - Thaqalayn: Hadith Sahihi (Ҳадиси сиқлайн)[34]
  • Ahlul Bayt: Ni Nani, Si Nani (Аҳли Байт)[35]
  • Maulidi: Si Bida, Si Haramu (Мелоди Пайғамбар, на бидъат на ҳаром)[36]
  • Tafsiri ya Juzuu ya 'Amma (Тарҷумаи савоҳилии ҷузъи Амма)[37]

Эзоҳ

  1. «وضعيت شيعيان كنيا», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  2. «درگذشت عالم بزرگ شیعه در کنیا», Хабаргузории Шабистон
  3. "Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration
  4. Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration
  5. Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration
  6. "DEATH ANNOUNCEMENT (LOCAL)- UPDATE SAD DEMISE OF Sheikh ABDILAHI NASSIR JUMA", KSI Jamaat Mombasa.
  7. Steven Reese, «The Transmission of Learning in Islamic Africa»2004 ,p. 219.
  8. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  9. Steven Reese, «The Transmission of Learning in Islamic Africa»2004 ,p. 219.
  10. Steven Reese, «The Transmission of Learning in Islamic Africa»2004, p. 212.
  11. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  12. "Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration, نسخه بایگانی شده.
  13. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  14. "Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration, نسخه بایگانی شده
  15. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  16. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  17. "Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration, نسخه بایگانی شده
  18. "Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration, نسخه بایگانی شده
  19. "Alhaj Sheikh Abdillahi Nassir Juma", Africa fedration, نسخه بایگانی شده
  20. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  21. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  22. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  23. Nassir, Shia na Taqiya, 2003.
  24. «عالم بزرگ شیعه کنیا درگذشت», Хабаргузории Аҳли Байт (АБНА)
  25. Nassir, Shia na Qur'ani, Bilal Muslim Mission of Tanzania.
  26. Nassir, Shia na Sahaba, Bilal Muslim Mission of Tanzania.
  27. Nassir, Shia na Hadith, Bilal Muslim Mission of Tanzania.
  28. Nassir, Ukweli wa Hadith ya Karatasi, 2003.
  29. Nassir, Mut'a Ndoa ya Halali, Ahlul Bayt Centre .
  30. Nassir, Malumbano Baina ya Sunni na Shia, Ahlul Bayt Centre .
  31. Nassir, Sura al-Ahzaab, 2005.
  32. Nassir, Tafsiri ya Sura at-Talaaq, Shungwaya.
  33. Nassir, Yazid Hakuwa Amirul-Mu'minin, Bilal Muslim Mission of Kenya.
  34. Nassir, Hadith Al-Thaqalayn, Ahlul Bayt Centre .
  35. Nassir, Ahlul Bayt, Ahlul Bayt Centre .
  36. Nassir, Maulidi, Bilal Muslim Mission of Kenya.
  37. Nassir, Tafsiri ya Juzuu ya 'Amma, Bilal Muslim Mission of Kenya.

Ёддошт

Сарчашма