Хабаргузории ИКНА
Хабаргузории ИКНА ё Хабаргузории байналмилаллии Куръон (Iqna), (таъсис: 2003) хабаргузории тахассусии Қуръон аст. ИКНА-ро нахустин ва танҳо хабаргузории тахассусии Қуръон дар ҷаҳони Ислом донистаанд.[1] Ин хабаргузорӣ ба 22 забони форсӣ, арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, урду, италиянӣ, чинӣ, рӯсӣ, испанӣ, банголӣ, ҳауса, пашту, ҳиндӣ, туркӣ, савоҳилӣ, озарӣ, инданезӣ, филипинӣ, олмонӣ, партугалӣ, молоӣ ва тоҷикӣ фаъолият мекунад.[2]
Ба навиштаи ИКНА, аҳдофи ин хабаргузорӣ иборатанд аз:
- Итилоърасонии фаврӣ ва дақиқи ахбор ва рӯйдодҳои қуръонӣ ва динии Эрон ва ҷаҳон;
- Талош дар ҷиҳати амалӣ кардани фарҳанги Қуръон дар Эрон ва саросари ҷаҳон;
- Савқ додани ҷомеъа ба сӯи сабки зиндагии қуръонӣ;
- Талош дар ҷиҳати маҳҷурятзудоӣ аз маорифи Қуръон дар арсаҳои мухталиф.[3]
ИКНА дар 20-уми обонмоҳи соли 1382ҳ.ш. баробар бо 15-уми рамазони 1424ҳ.қ.\(11.11.2003), бо ҳузури Сайид Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, ифтитоҳ шуд[4] ва зери назари Созмони қуръонии донишгоҳёни вобаста ба Созмони ҷиҳоди донишгоҳӣ идора мешавад.[5] Ин хабаргузорӣ, дорои нуҳ бахши хабарӣ аст, ки ҳар як аз онҳо низ бахшҳои мухталифе доранд; аз ҷумла фаъолиятҳои қуръонӣ, сиёсат ва иқтисод, андеша, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилал.[6]
Дафтари хабаргузории ИКНА дар Теҳрон буда ва ба навиштаи бахши «Дар бораи мо»-и ин хабаргузорӣ, дорои 30 шуъбаи вилоятӣ дар Эрон ва шаш шуъбаи минтақаӣ (Осиёи Марказӣ, Шарқи Осиё, Ғарби Осиё, Амрико, Аврупо ва Африқо) аст.[7]
Эзоҳ
- ↑ «Муаррифии хабаргузории байналмилалии қуръонӣ (ИКНА)», сомонаи Донишгоҳи Боқирулъулум
- ↑ «Дар бораи мо», Хабаргузории ИКНА
- ↑ «Дар бораи мо», Хабаргузории ИКНА
- ↑ «Дар бораи мо», Хабаргузории ИКНА
- ↑ «Дар бораи мо», Хабаргузории ИКНА
- ↑ «Дар бораи мо», Хабаргузории ИКНА
- ↑ «Дар бораи мо», Хабаргузории ИКНА
Сарчашма
- «Дар бораи мо», Хабаргузории ИКНА, санаи боздид: 21\12\2023
- «Муаррифии хабаргузории байналмилалии қуръонӣ (ИКНА)», сомонаи Донишгоҳи Боқирулъулум, санаи боздид: 21\12\2023