Фатвои Шалтут дар ҷоиз будани амал ба фиқҳи шиа
Фатвои Шалтут дар бораи ҷоиз будани амал ба фиқҳи шиа, фатвое аст, ки Маҳмуд Шалтут - раиси вақти донишгоҳи ал-Азҳари Миср бар ҷоиз будани тақлиди мусулмонон аз фиқҳи имомия содир кард.
Ангезаи ин фатво бартарӣ ва қавӣ будани далелҳои бархе аҳкоми фиқҳи шиа бар фиқҳи аҳли суннат баён шудааст.
Яке аз паёмадҳои ин фатво, таъсиси кафедраи таълими фиқҳи муқоран ва фиқҳи шиа дар Донишгоҳи Ал-Азҳар буд. Ҳамчунин, ин фатво дар рафтори салафиҳо, ки ба куфри шиа эътиқод доранд, таъсири амиқ гузошт.
Фатвои Шалтутро бархе аз уламои суннимазҳаб, монанди Муҳаммад Ал-Ғаззолӣ - раиси Ихвонулмуслимин ва Муҳаммад Ал-Фаҳҳом - раиси пешини Ал-Азҳар, таъйид ва ташвиқ кардаанд.
Бархе низ чун Абдуллатиф ас-Субкӣ ва Абулвафо Каристонӣ онро нақд карданд. Юсуф ал-Қарзовӣ - донишманди суннимазҳаб ва гирдоварандаи бархе аз китобҳои Шалтут, судури фатворо инкор кардааст.
Судури фатво ва аҳамияти он
Фатвои Шалтут дар ҷавоби истифтое дар мавриди ҷавози тақлиди тамоми мусулмонон аз фиқҳи шиаи имомия ва зайдия аст.[1] Ин фатво аз сӯи Маҳмуд Шалтут - раиси вақти донишгоҳи ал-Азҳари Миср ва аз муассисони Дорул-тақриб байнал-мазоҳибил-исломия, ки фақеҳи ҳанафимазҳаб буд,[2] содир шуд.[3] Ин фатво дар 17-уми рабиъулаввали соли 1378-и ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо вилодати Имом Содиқ (а), дар ҳузури намояндагони мазҳаби шиаи имомӣ, шиаи зайдӣ ва мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат содир шуд.[4] Ба гуфтаи бархе, судури фатвои Шалтут натиҷаи пайгириҳо ва талошҳои Муҳаммадтақии Қумӣ ва Сайидҳусайни Буруҷердӣ ва таъсиси Дорул-тақриби исломӣ буд.[5]
Қабл аз судури ин фатво, аҳли суннат амал ба фиқҳи шиаро ҷоиз намедонистанд.[6] Гуфта шудааст, Шалтут ангезаи худ барои судури ин фатворо бартарӣ ва қуввати далелҳои бархе аҳкоми фиқҳи шиа нисбат ба фиқҳи аҳли суннат дар масоиле монанди ирс ва талоқ баён кардааст.[7]
Аз паёмадҳои ин фатво, барқарории курсии тадриси фиқҳи муқоран ва фиқҳи шиа дар донишгоҳи ал-Азҳари Миср буд.[8] Ҳамчунин гуфтаанд, ин фатво таъсири амиқе бар рафтори салафиён дар Арабистон доштааст, ки шиаро кофир медонистанд.[9]
Матни истифто
Тарҷумаи истифто аз Шалтут:
Баъзе аз мардум чунин меандешанд, барои онки мусулмон ибодоту муъомилоташ саҳеҳ бошад, ҳатман бояд ба яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи маъруф амал кунад ва дар байни онҳо мазҳаби шиаи имомия ва мазҳаби зайдия нест. Оё шумо бо ин раъй ба таври куллӣ мувофиқат доред ва тақлид аз мазҳаби шиаи имомияро ҷоиз намедонед?[10]
Дар истифто аз Маҳмуд Шалтут омадааст, ки ба эътиқоди баъзеҳо, барои анҷоми саҳеҳи вазифаҳои шаръӣ, бояд аз мазоҳиби арбаъаи аҳли суннат тақлид шавад ва мазҳаби шиаи имомия ва зайдия дар миёни ин мазоҳиб нест. Пурсишгар назари шайх Маҳмуд Шалтут дар бораи тақлид аз мазоҳибе чун шиаи имомия ва зайдияро мепурсад.
Шалтут дар ҷавоби фатво мегӯяд, Ислом пайравӣ аз мазҳаби хоссеро воҷиб надониста ва ҳар мусулмоне метавонад аз ҳаркадом аз мазҳабҳое, ки ба равиши саҳеҳ бошад, тақлид кунад. Ӯ таъкид мекунад, тақлид аз мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ монанди соири мазҳабҳои аҳли суннат ҷоиз аст ва мусулмонон бояд аз таассуби беҷо ба бархе мазоҳиб бипарҳезанд.[11]
Шалтут матни истифто ва фатворо мактуб ва барои Муҳаммадтақии Қумӣ - сардабири Дорул-тақриб байнал-мазоҳибил-исломийя барои бойгонӣ ирсол кард.[12] Лавҳи ин матн бо имзои Шалтут тавассути Муҳаммадтақии Қумӣ тақдими Сайидҳодии Милонӣ гардид ва дар Остони Қудси Разавӣ нигаҳдорӣ мешавад.[13]
Тарҷумаи фатвои Шалтут:
- Дини Ислом бар аҳаде аз пайравонаш мутобиъат аз мазҳаби хоссеро лозим намешуморад, балки мо мегӯем, барои ҳар шахси муъмин, чунин ҳаққе аст, ки битавонад дар ибтидои амр, аз ҳар як аз мазоҳибе ки саҳиҳан нақл шуда ва дар китобҳои махсус аҳкоми он мазҳаб навишта шудааст, пайравӣ кунад ва ҳамчунин касе ки аз як мазҳаби ин мазоҳиб пайравӣ мекарда, метавонад удул ба мазҳаби дигар бинамояд, ҳар мазҳабе бошад, ва дар ин амал боке бар ӯ нест.
- Мазҳаби Ҷаъфарӣ маъруф ба мазҳаби имомии исноъашарӣ, мазҳабе аст, ки шаръан пайравӣ аз он, монанди пайравӣ аз мазоҳиби аҳли суннат ҷоиз аст ва сазовор аст мусулмонон ин матлабро бидонанд ва аз асабийяту тарафдориҳои беҷою бидуни ҳақ ва ҳимоят аз мазҳаби муайяне худдорӣ кунанд. Дини Худо ва шариъати Ӯ тобеъи мазҳабе нест ё мунҳасир дар мазҳабе нест. Ҳаркас ба мақоми иҷтиҳод фоиз гардад унвони муҷтаҳид бар ӯ бор, ва дар назди Худои Таъоло амалаш мақбул хоҳад буд ва ҷоиз аст барои касе, ки аҳлияти назару иҷтиҳодро надорад, аз эшон тақлид кунад ва ба ончӣ дар фиқҳашон муқаррар доштаанд, амал бинамояд ва дар ин масъала, байни ибодоту муомилот фарқе нест.[14]
Вокунишҳо
Дар пайи интишори фатвои Шалтут, вокунишҳое дар ҷиҳати таъйид ё радди он анҷом шуд:
Вокунишҳо дар таъйиди фатво
- Муҳаммад Албаҳӣ – яке аз раисони Маҷмаъи тақриб бо навиштани мақолае дар таъйиди далелҳои фиқҳи шиа аз фатвои Шалтут ҳимоят кард.[15]
- Муҳаммад аш-Шарқовӣ ёддоште таҳти унвони «ал-Азҳар ва мазоҳибул-фиқҳил-исломӣ» навишт. Вай раъйи Шалтутро шуҷоъона ва аз сари эсору сидқ муаррифӣ кард.[16]
- Муҳаммадтақии Қумӣ - сардабири Дорул-тақриб байнал-мазоҳиб, баъд аз судури фатво, мақолае бо унвони «қиссат-ут-тақриб» навишт[17] ва дар он ба лузуми тақриб, ҷиҳоти он ва ҳамчунин тақриби байни шиаю суннӣ таъкид кард. Ин мақола дар маҷаллаи Рисолатул-Ислом, чоп шуд.[18]
- Муҳаммад Муҳаммад ал-Маданӣ - сардабири маҷаллаи Рисолат-ул-Ислом ва масъули донишкадаи шариъат дар донишгоҳи ал-Азҳар, мақолае бо номи «Раҷҷат-ул-баъс фи кулияти-ш-шраиъа» навишт ва дар он, бо ради ғулув аз шиаи имомияву зайдия, онҳоро мутафовит бо соири фирақи шиа донист ва бо ҷавоб ба суолоте, ки ба тадриси фиқҳи шиа дар ал-Азҳар шуд, фатвои Шалтутро таъйид кард.[19]
- Муҳаммад ал-Ғаззолӣ ёддоште бо унвони «ала авоили-т-тариқ» дар маҷаллаи Ал-Азҳар навишт ва фатвои Шалтутро ҳаракате бузург донист. Ӯ, дар ин мақола, Нодиршоҳро шахсе хоҳони тақриб ва муваффақ дар шиносондани ташайюъ ба унвони панҷумин мазҳаби расмии Ислом муаррифӣ кард ва ба сурате таънаомез, бархе уламоро сарзаниш кард.[20]
Вокунишҳо дар ҷиҳати радди фатво
- Шайх Абдуллатиф ас-Субкӣ - раиси ҳайати фатво ва шайхи ҳанбалиҳо дар ал-Азҳар, дар мақолаи шадидуллаҳне тақриби байни шиаю сунниро мавриди таҳоҷум қарор дода, онро хаёли холӣ аз ҳақиқат хонд, ки ба сурати якҷониба ва фақат аз тарафи аҳли суннат сурат мегирад.[21]
- Юсуф ал-Қарзовӣ ба таври куллӣ мункири судури ин фатво аз Шалтут шуд. Далели ӯ набудани ин фатво дар китобҳои Шалтут аст. Дар муқобил, Муҳаммад Ҳассун, ба далоиле аз ҷумла мутааххир будани фатвои Шалтут аз чопи кутуб ва низ тасреҳи муфтии Миср «Алӣ Ҷумъа» дар шабакаи ишораи ахбория, ин иддаои Қарзовиро ботил донист.[22]
- Умар Абдуллоҳ Аҳмад, дар мақолае, ба нақли ибороти бархе уламои аҳли суннат дар ради назароти шиаён пардохта ва фатвои Шалтутро ба чолиш кашид.[23]
- Абулвафо Каристонӣ, бо навиштани номае ба Шалтут ва тарҳи суолоте, ӯро ба нақд кашид. Маҳмуд Шалтут ҳам дар ҷавоби ин нома, бо шарҳе бар фатвои худ, ба тавзеҳи он пардохт.[24]
Эзоҳ
- ↑ Абулҳусайнӣ, “Шайх Маҳмуд Шалтут: ояти шуҷоат”, саҳ.135.
- ↑ Хабаргузории РАСО, “Ошноӣ бо зиндагиномаи шайхи тақриб, Шайх Шалтут ва судури фатвои таърихӣ”.
- ↑ Каримӣ, “Шахсияти илмии Шайх Шалтут ва равиши тафсирии ӯ”, саҳ.38; Абдуллоҳ Аҳмад, “Аш-Шайх Маҳмуд Шалтут шайхул-аз-Азҳар, ҳаётуҳу-д-даъвийя ва мавқифуҳу мин масъалат-ит-тақриб байна-с-суннати ва-ш-шиъа”, саҳ.1596.
- ↑ Рустамнажод, “Фиқҳи шиа ва ҷойгоҳи он назди мазоҳиби исломӣ”, саҳ.200.
- ↑ Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва Шайх Шалтут мунодиёни ваҳдати исломӣ, «хабаргузории ЭРНО».
- ↑ Абулҳусайнӣ, “Пешгомони тақриб: Оятуллоҳ Буруҷердӣ: ояти ихлос”.
- ↑ Абулҳусайнӣ, “Шайх Маҳмуд Шалтут: ояти шуҷоат”, саҳ.136; Совар, “Ошноӣ бо пешгомони бедории исломӣ (1) аллома Шайх Маҳмуд Шалтут”, саҳ.173.
- ↑ Абулҳусайнӣ, “Шайх Маҳмуд Шалтут: ояти шуҷоат”, саҳ.136; Абулҳусайнӣ, “Пешгомони тақриб: Оятуллоҳ Буруҷердӣ: ояти ихлос”.
- ↑ Хабаргузории ЭРНО, “Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва Шайх Шалтут мунодиёни ваҳдати исломӣ”.
- ↑ Беозори Шерозӣ, “Тарҷумаи мақолоти Дорул-тақриб: ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ”, саҳ.344 - 345.
- ↑ Беозори Шерозӣ, “Тарҷумаи мақолоти Дорул-тақриб: ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ”, саҳ.345 ва 344.
- ↑ Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, “Сухане дар боби инкори судури фатвои Шайх Маҳмуд Шалтут аз сӯи Қарзовӣ”.
- ↑ “Фатвои таърихии Шайх Шалтут”, сайти Росихун.
- ↑ Беозори Шерозӣ, “Тарҷумаи мақолоти Дорул-тақриб: ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ”, саҳ.344 - 345.
- ↑ Ҳасун, “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, сайти доктор Муҳаммад Ҳасун; Албаҳӣ, Маъа-л-мазоҳибил-исломия, саҳ.139 - 141.
- ↑ Ҳасун, “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, сайти доктор Муҳаммад Ҳасун; аш-Шарқовӣ, “ал-Азҳар ва мазоҳиб-ул-фиқҳ-ил-исломӣ”, саҳ.143.
- ↑ Ҳасун, “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, Сайид доктор Муҳаммад Ҳасун.
- ↑ Ниг.: ал-Қумӣ, “Қиссат-ут-тақриб”, саҳ.348.
- ↑ Ҳасун, “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, сайти доктор Муҳаммад Ҳасун; Муҳаммад ал-Маданӣ, “Раҷҳат-ул-баъс фи кулият-иш-шариъат”, саҳ.373.
- ↑ Ҳасун, “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, сайти доктор Муҳаммад Ҳасун, ал-Ғаззолӣ ас-Саққо, “ала авоил-ит-тариқ”, саҳ.412.
- ↑ “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, сайти доктор Муҳаммад Ҳасун; ас-Субкӣ, “Тавоиф баҳоийя ва бектошийя сумма ҷамоъат-ут-тақриб”, саҳ.283.
- ↑ Хабаргузории РАСО, “Ошноӣ бо зиндагиномаи шайхи тақриб; Шайх Шалтут ва судури фатвои таърихӣ”; Ҳасун, “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, сайти доктор Муҳаммад Ҳасун.
- ↑ Абдуллоҳ Аҳмад, “Аш-Шайх Маҳмуд Шалтут шайхул-аз-Азҳар, ҳаётуҳу-д-даъвийя ва мавқифуҳу мин масъалат-ит-тақриб байна-с-суннати ва-ш-шиъа”, саҳ.1621.
- ↑ Шариатӣ, “Шалтут посух медиҳад”, саҳ.26.
Сарчашма
- Абдуллоҳ Аҳмад, Умар, “Аш-Шайх Маҳмуд Шалтут шайхул-аз-Азҳар, ҳаётуҳу-д-даъвийя ва мавқифуҳу мин масъалат-ит-тақриб байна-с-суннати ва-ш-шиъа”, маҷаллаи ал-Фароид фи-л-буҳусил-исломийяти вал-арабийя, ал-муҷаллад 33, № 2, 2016м.
- Абулҳусайнӣ, Раҳим, “Пешгомони тақриб: Оятуллоҳ Буруҷердӣ: ояти ихлос”, Андешаи тақриб, № 5, 1384ҳ.ш.
- Абулҳусайнӣ, Раҳим, “Шайх Маҳмуд Шалтут: ояти шуҷоат”, Андешаи тақриб, № 5, 1384ҳ.ш.
- Албаҳӣ, Муҳаммад, “Маъа-л-мазоҳибил-исломия”, маҷаллаи ал-Азҳар, алмуҷаллад 31, сафари 1379ҳ.қ.
- Ал-Ғаззолӣ ас-Саққо, Муҳаммад, “ала авоил-ит-тариқ”, маҷаллаи Рисолатул-Ислом, соли 11, № 4, рабиъулаввали 1379ҳ.қ.
- Ал-Қумӣ, Муҳаммадтақӣ, “Қиссат-ут-тақриб”, маҷаллаи Рисолат-ул-Ислом, соли 11, № 4, 1379ҳ.қ.
- Ас-Субкӣ, Абдуллатиф Муҳаммад, “Тавоиф баҳоийя ва бектошийя сумма ҷамоъат-ут-тақриб”, маҷаллаи ал-Азҳар, ал-муҷаллад 24, № 3, рабиъулаввали 1372ҳ.қ.
- Аш-Шарқовӣ, Маҳмуд, “ал-Азҳар ва мазоҳиб-ул-фиқҳ-ил-исломӣ”, ал-Азҳар, ал-муҷаллад 31, сафари 1379ҳ.қ.
- Беозори Шерозӣ, Абдукарим, “Тарҷумаи мақолоти Дорул-тақриб: ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ”, Теҳрон, Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Каримӣ, Маҳмуд, “Шахсияти илмии Шайх Шалтут ва равиши тафсирии ӯ”, дар маҷаллаи Мутолиъоти Қуръон ва ҳадис, Теҳрон, донишгоҳи Имом Содиқ (а), соли аввал, шумораи дувум, 1387ҳ.ш.
- Муҳаммад ал-Маданӣ, Муҳаммад, “Раҷҳат-ул-баъс фи кулият-иш-шариъат”, маҷаллаи Рисолат-ул-Ислом, соли 11, № 4, 1379ҳ.қ.
- "Ошноӣ бо зиндагиномаи шайхи тақриб, Шайх Шалтут ва судури фатвои таърихӣ”, хабаргузории РАСО, таърихи дарҷи матлаб: 23 исфанди 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 8 озари 1402ҳ.ш.
- "Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва Шайх Шалтут мунодиёни ваҳдати исломӣ”, хабаргузории ЭРНО, таърихи дарҷи матлаб: 22 озармоҳи 1395, таърихи боздид: 5 озармоҳи 1402.
- Рустамнажод, Маҳдӣ, “Фиқҳи шиа ва ҷойгоҳи он назди мазоҳиби исломӣ”, фаслномаи Шиашиносӣ, соли 10, № 39, 1391ҳ.ш.
- Совар, Муҳаммадиброҳим, “Ошноӣ бо пешгомони бедории исломӣ (1) аллома Шайх Маҳмуд Шалтут”, Ҳабл-ул-матин, соли аввал, пешшумораи аввал, баҳори 1391ҳ.ш.
- "Сухане дар боби инкори судури фатвои Шайх Маҳмуд Шалтут аз сӯи Қарзовӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷ: 23 урдибиҳишти 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 5 озармоҳи 1402ҳ.ш.
- "Фатвои таърихии Шайх Шалтут”, сайти Росихун, таърихи дарҷи матлаб: 8 меҳрмоҳи 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 5 озармоҳи 1402ҳ.ш.
- Ҳасун, Муҳаммад, “Инкор-уш-шайх ал-Қарзовӣ ли фатво шайх-ил-Азҳар Маҳмуд Шалтут”, сайти доктор Муҳаммад Ҳасун, таърихи боздид: 7деймоҳи 1402ҳ.ш.
- Шариатӣ, Муҳаммадтақӣ, “Шалтут посух медиҳад”, номаи Остони Қудс, № 9, озари 1340ҳ.ш.