Уҷб
Уҷб ба арабӣ: عُجْبْ аз разоили ахлоқӣ, ба маънои розӣ будан аз аъмоли неки худ ва бузург шуморидани онҳо, дар сурате, ки онҳоро аз ҷониби худ бидонад на, аз ҷониби Худо. Дар илми ахлоқ аз умуре ҳамчун қудрат, зебоӣ, насаб ва касрати фарзанд ба унвони асбоби уҷб ёд шуда ва табоҳ шудани аъмоли нек, такаббур ва фасоди ақл аз паёмадҳои он шуморида шудааст.
Олимони ахлоқ, уҷбро ношӣ аз ҷаҳл медонанд ва мӯътақиданд, бо огоҳию маърифат дармон мешавад. Ҳамчунин бар ин бораванд, ки ин разилаи ахлоқиро бояд аз тариқи асбоб ва решаҳои он дармон кард.
Мафҳум
Уҷб ба маънои бузург шуморидан ва хушнуд шудан аз аъмоли неки худ аст, ба шарти онки нисбаташонро ба Худо фаромӯш кунад, онҳоро аз ҷониби худ бидонад ва аз табоҳ шудани онҳо натарсад.[1][Ёддошт 1] Албатта Муллоаҳмади Нароқӣ уҷбро худбузургбинӣ ва ношӣ аз пиндоштани камоле дар худ медонад.[2]
Нисбат бо такаббур ва идлол
Уҷб маънои наздик бо такаббур дорад бо ин фарқ ки дар шаклгирии уҷб, инсон худро бо дигарон муқоиса намекунад, вале дар такаббур, инсон худро аз дигарон бартару болотар медонад.[3]
Дар фарқи байни уҷб ва идлол гуфта шудааст, ки уҷб бузург шуморидани амал ва миннат гузоштан бар Худо бо анҷоми бархе аъмолу ибодот аст, аммо дар идлол илова бар онҳо, инсон худро мустаҳаққи ҳаққе ҳам медонад, ки бо вуҷуди он, хавф ва тарсе надорад.[4]
Асбоб
Олимони ахлоқ асбоб ва ангезаҳои мухталифе барои уҷб баён кардаанд. Файзи Кошонӣ дар ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, ҷамолу зебоӣ, қудрату тавоноӣ, зиракию ақл, насабу хонадон, интисоб ба салотину қудратмандон, касрати фарзандон, молу сарват ва фикру андешаро аз асбоби уҷб шуморидааст.[5] Онон ҳамчунин оёти «Ва явм Ҳунайнин из аъҷабаткум касратукум»,[6] ояти 2 сураи Ҳашр ва ояти 104 сураи Каҳфро бо уҷб муртабит донистаанд.[7] Нароқӣ гуфтааст, ки уҷб дар ибодот бо фалсафаи онҳо, ки изҳори зиллату хорӣ дар баробари Худост, мунофот дорад.[8]
Паёмадҳо
Дар ривоёт осор ва паёмадҳое барои уҷб баён шудааст;
- Табоҳ кардани аъмоли нек; аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки уҷб аъмоли 70 солаи инсонро аз байн мебарад.[9] Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки аз Имом Содиқ нақл шудааст ду нафар фосиқ ва обид вориди масҷид шуданд, аммо ҳангоме, ки аз масҷид берун меомаданд, фарди фосиқ, обид ва обид фосиқ шуда буд; зеро обид дар масҷид дучори уҷб шуда буду ба ибодати худ менозид, аммо фосиқ дар фикри тавба буду истиғфор мекард.[10]
- Такаббур; уҷбро аз асбоб ва маншаи такаббур донистаанд.[11]
- Аз ёд бурдан ва ё хурд шуморидани гуноҳон.
- Бузург шуморидани аъмол, ибодот ва миннат гузоштан бар Худо.[12]
Дар ривоёт, фасоди ақл[13] ва хирад[14], ҳалокат[15] ва танҳоӣ[16] аз паёмадҳои уҷб дониста шуда, ҳамчунин уҷб, монеъе барои донишафзоӣ[17] ва расидан ба камолот[18] муаррифӣ шудааст.
Бар пояи ривояте, ки дар Наҳҷулбалоға омадааст, гуноҳе, ки инсонро нороҳат кунад, ё ӯро водор ба узрхоҳӣ кунад, аз кори неке, ки ӯро ба уҷб дароварад, беҳтар аст.[19]
Дармон
Файзи Кошонӣ уҷбро беморие медонад, ки иллати он ҷаҳлу нодонист ва аз онҷо ки вай ҳар маразеро бо зидди он қобили дармон медонад, мӯътақид аст, ки уҷб низ бо огоҳию маърифат дармон мешавад.[20] Файз ва бархе дигар аз олимони ахлоқӣ бар ин бораванд, ки барои дармони уҷб, бояд ба асбоб ва решаҳои он тавваҷӯҳ кард; агар сабаби уҷб яке аз неъматҳои Худо монанди зебоӣ, қудрат ва касрати авлод аст, инсон ба ин нукта тавваҷӯҳ кунад, ки Худое, ки ин неъматҳоро ба ӯ додааст, дар як чашм ба ҳам задан метавонад онҳоро аз ӯ бигирад ҳамчунин аз касоне, ки дар тӯли таърих ин неъматҳоро доштаанд, ва аз онҳо дар роҳи дуруст истифода накардаанд, ибрат бигирад. Ба унвони намунаи дармони уҷбе, ки сабаби он қудрату тавоноӣ аст, тавваҷӯҳ ба бузургии қудрати илоҳӣ ва низ тавваҷӯҳ ба мароҳили офариниши инсон аст, ки аз чӣ офарида шудааст. Ҳамчунин агар уҷби ӯ ношӣ аз фикру андеша аст, илоҷи он ба ин аст, ки ҳамеша назариёти худро муттаҳам кунад, магар инки далели қатъие аз Қуръон ё ривоёт бар дурустии он гувоҳӣ диҳад, ҳамчунин онро бар афроди соҳибназар арза кунад.[21]
Бар пояи васияте аз Имом Боқир (а) ба Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ, бо шинохти нафс бояд роҳи уҷбро баст.[22]
Ҷустори вобаста
Эзоҳ
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.6, саҳ.276.
- ↑ Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, 1378ҳ.ш., сифати чаҳордаҳум уҷбу худбузургбинӣ ва мазаммати он.
- ↑ Ник: Ибни Қудомаи Мақдисӣ, Мухтасару минҳоҷ-ил-қосидин, 1398ҳ.қ., саҳ.227 - 228: ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, мадхали такаббур.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.6, саҳ.276.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 282 - 287
- ↑ Сураи Тавба, ояти 25.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.6, саҳ.236.
- ↑ Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.333.
- ↑ Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, 1382ҳ.ш., саҳ.285.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.314.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, саҳ.275; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, саҳ.275; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325.
- ↑ Тамимӣ Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1410ҳ.қ., саҳ.388.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.қ., саҳ.74; Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.397.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.қ., саҳ.6.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.199.
- ↑ Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.817.
- ↑ Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.477.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, саҳ.277.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, саҳ.282 - 289; Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.326 - 344.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.қ., саҳ.285.
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1363ҳ.қ.
- Ибни Қудомаи Мақдисӣ, Мухтасару минҳоҷ-ил-қосидин, чопи Шуайб ва Абдуқодир Арнаут, Димишқ, 1398ҳ.қ./1978м.
- Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳа, Теҳрон, Дониш, 1382ҳ.ш.
- Тамимии омадӣ, Абдулвоҳид ибни Муҳаммад, Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калим, тасҳеҳ: Маҳдии Раҷоӣ, Қум, Дорулкутубил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, ал-Муҳаҷҷат-ул-байзо фи таҳзиб-ил-аҳё, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, бе то.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Нароқӣ, Аҳмад, Меъроҷ-ус-саъодат, Қум, интишороти Ҳиҷрат, 1378ҳ.ш.
- Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Қум, муассисаи матбуотии эрониён, 1963м./1383ҳ.қ.
- Наҳҷулбалоға, тасҳеҳ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found