Умраи таматтуъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Умраи таматуъ)

Умраи таматтуъ аз ақсоми умра аст, ки ҳамроҳ бо ҳаҷҷи таматтуъ анҷом мешавад. Умраи таматтуъ дар муқобили умраи муфрада қарор дорад ки ҷудо аз ҳаҷҷи таматтуъ анҷом мешавад. Умраи таматтуъ аз панҷ амал ташкил мешавад ки ба тартиб иборатанд аз: эҳром, тавоф, намози тавоф, саъй ва тақсир.

Умра

Мақолаи аслӣ: Умра

Умра маҷмуае аз аъмоли шаръӣ, ҳамчун эҳром, тавоф ва саъйи байни Сафоу Марва,[1] аст ки дар зиёрати хонаи Худо анҷом мешавад.[2] Умра ба умраи таматтуъ ва умраи муфрада тақсим мешавад.[3] Умраи таматтуъ бахше аз ҳаҷҷи таматтуъ аст ва бо он анҷом мешавад.[4] Умраи муфрада амали мустақил аз ҳаҷҷи таматтуъ аст.[5]

Ба фатвои фақиҳон, анҷом додани умра монанди ҳаҷ, дар сурати вуҷуди шароити он, як бор дар тӯли умр, воҷиб[6] ва беш аз як бор мустаҳаб аст.[7]

Аъмоли умраи таматтуъ

Умраи таматтуъ аз панҷ амал ташкил шудааст, ки ба тартиб иборатанд аз:

  1. Эҳром бастан дар яке аз миқотҳои панҷгона[8] ва дар моҳҳои ҳаҷ,[9] тавре ки то қабл аз зуҳри рӯзи Арафа аъмоли умра ба поён бирасад.[10]
  2. Тавоф
  3. Намози тавоф
  4. Саъйи Сафоу Марва
  5. Тақсир (чидани миқдоре аз мӯ ё нохун).[11]

Фарқият бо умраи муфрада

Маносики умраи таматтуъ бо умраи муфрада фарқҳое дорад, ки иборатанд аз:

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275
  2. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  3. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.479
  4. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.481
  5. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  6. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  7. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.297; Гурӯҳи пажӯҳиши Беъсаи Мақоми муаззами Раҳбарӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.59
  8. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи матбуоти дор-ул-илм, ҷ.1, саҳ.411
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.3
  10. Фаллоҳзода, Маносики ҳаҷ вижаи бонувон, 1428ҳ.қ., саҳ.32
  11. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275
  12. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275-276
  13. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.488

Сарчашма

  • Гурӯҳи пажӯҳиши Беъсаи Мақоми муаззами Раҳбарӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, Теҳрон, нашри Машъар, чопи дуввум, 1426ҳ.қ.
  • Имом Хумайн, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи матбуоти дор-ул-илм, чопи аввал, бе то.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Маҳмадалии Баққол, Қум, Исмоилён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Фаллоҳзода, Муҳаммадҳусайн, Маносики ҳаҷ вижаи бонувон, Қум, нашри Машъар, чопи дувоздаҳум, 1428ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи-л-фиқҳ-ил-имомийя, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавияту ли иҳё-ил-осор-ил-ҷаъфарийя, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.