Умми Довуд

Аз wikishia

Умми Довуд ҳамсари Ҳасани Мусанно ва модари разоъии Имом Содиқ (а) аст.

Лақаби ӯ аз номи писараш - Довуд ибни Ҳасан гирифта шудааст. Номи ӯ Ҳабиба ё Фотима будааст. Аъмоли Умми Довуд ва дуои Истифтоҳ (дуои Умми Довуд)-ро ӯ аз Имом Содиқ (а) ривоят кардааст.

Умми Довуд ин аъмол ва дуоро барои озодии фарзандаш аз зиндон, аз Имом Содиқ (а) омухт ва ривоят кард. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми аъмоли Умми Довуд, Довуд аз зиндон озод шуд ва ба хона баргашт.

Ном ва куня

Ҳабиба ё ба назари бархе Фотима, маъруф ба Умми Довуд духтари Абдуллоҳ ибни Иброҳим ва ҳамсари Ҳасани Мусанно будааст.[1] Ӯ ба хотири номи фарзандаш, Довуд ибни Ҳасан, ба Умми Довуд шӯҳрат ёфтааст.[2] Дар Аъён-уш-шиъа, куняи дигари ӯ, Умми Холиди Барбария муаррифӣ шудааст.[3]

Умми Довуд модари разоъии Имом Содиқ (а) (83 - 148ҳ.қ.) будааст.[4] Довуд фарзанди ӯро ҳам аз асҳоби Имом Боқир (а) ё Имом Содиқ (а) донистаанд.[5]

Аъмол ва дуои Умми Довуд

Мақолаҳои аслӣ: Аъмоли Умми Довуд ва дуои Умми Довуд

Дар манобеи ривоӣ, ҳадисе аз Имом Содиқ (а) вуҷуд дорад, ки дар он Умми Довудро ба анҷом додани аъмоле дар айёмул-байз супориш мекунад. Ин аъмол ба аъмоли Умми Довуд шӯҳрат ёфтааст. Ҳамчунин дуое ба номи дуои Истифтоҳ ё дуои Умми Довуд нақл шудааст, ки дар поёни аъмоли Умми Довуд хонда мешавад.[6] Ровии ин ҳадис худи Умми Довуд аст.[7]

Дуои Умми Довуд дар китоби Фазоилу шаҳри раҷаб, навиштаи Ҳокими Ҳасконӣ - олими қарни панҷуми аҳли суннат ҳам омадааст.[8]

Аъмоли Умми Довуд, ба ин шакл анҷом мешавад, ки нахуст айёмул-байз (рӯзҳои сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми раҷаб)-ро рӯза мегиранд; дар рӯзи понздаҳум ҳангоми зуҳр, ғусл мекунанд; баъд аз хондани намозҳои зуҳру аср, бархе аз сураҳои Қуръонро мехонанд ва дар охир дуои Умми Довуд ё Истифтоҳро мехонанд.[9]

Ба гуфтаи уламои шиа, чун Шайх Тусӣ, Сайид ибни Товус ва Аллома Маҷлисӣ, дуои Умми Довуд дар рафъи гирифториҳо ва бароварда шудани ҳоҷатҳо таъсиргузор аст.[10]

Моҷарои аъмоли Умми Довуд

Моҷарои баёни аъмоли Умми Довуд аз сӯи Имом Содиқ (а), дар қолаби достони муфассале, дар китобҳои Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса (фазоили моҳҳои сегона) навиштаи Шайх Садуқ ва Иқбол-ул-аъмол, навиштаи Сайид ибни Товус омадааст.[11]

Ба гузориши ин ду китоб, Довуд писари Умми Довуд дар замони хилофати Мансури Давониқӣ асир шуда, ба Ироқ мунтақил мешавад ва Умми Довуд муддатҳо аз ӯ бехабар мемонад. Ӯ барои озодии писараш бисёр дуо ва розу ниёз мекунад, аммо хабаре аз ӯ ба даст намеоварад. Ба обидон ҳам мутавассил мешавад, аммо дуоҳои онҳо низ мушкилро ҳал намекунад;[12] ба гунае ки аз дидани фарзандаш ноумед мешавад.[13] То инки рӯзе барои иёдати Имом Содиқ (а) ки бемор будааст, ба хонааш меравад. Ӯ суроғи Довудро мегирад ва Умми Довуд достонро барояш нақл мекунад. Имом Содиқ ба ӯ мегӯяд: чаро дуои Истифтоҳ (дуои Умми Довуд)-ро намехонӣ? Сипас аз ӯ мехоҳад, ки айёмул-байзро рӯза бигирад ва дар рӯзи охир (рӯзи понздаҳуми раҷаб), аъмоли Умми Довудро анҷом диҳад ва он дуоро бихонад.[14]

Ба гуфтаи Умми Довуд, пас аз онки ӯ аъмолро анҷом медиҳад, шаб дар хоб мебинад, ки Паёмбари Акрам (с) муждаи озодии Довудро ба ӯ медиҳад. Пас аз муддате, Довуд ба хона меояду мегӯяд, ки ҳамон шаб озод шудааст.[15]

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.476.
  2. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.476.
  3. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.476.
  4. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.368.
  5. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.368.
  6. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.530 - 535; Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., 180 - 183; Шайх Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.807 - 812; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.242 - 248.
  7. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.530 - 535; Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., 180 - 183; Шайх Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.807 - 812; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.242 - 248.
  8. Акбарӣ ва Рабиъ Натоҷ, “Ковише дар дуои Умми Довуд”, саҳ.88 - 91.
  9. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, зайли «аъмоли Умми Довуд».
  10. Акбарӣ ва Рабиъ Натоҷ, “Ковише дар дуои Умми Довуд”, саҳ.82.
  11. Ниг.: Садуқ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, 1396ҳ.қ., саҳ.33 ва 34; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.241 ва 242.
  12. Ниг.: Садуқ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, 1396ҳ.қ., саҳ.33 ва 34; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.241 ва 242.
  13. Ниг.: Садуқ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, 1396ҳ.қ., саҳ.34.
  14. Ниг.: Садуқ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, 1396ҳ.қ., саҳ.33 ва 34; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.241 ва 242.
  15. Ниг.: Садуқ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, 1396ҳ.қ., саҳ.33 ва 34; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.250 ва 251.

Сарчашма

  • Акбарӣ, Заҳро, ва Сайид Алиакбар Рабиъ Натоҷ, “Ковише дар дуои Умми Довуд”, дар маҷаллаи Сафина, Теҳрон: муассисаи фарҳангии Набаи мубин, № 36, поизи 1391ҳ.ш.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқ: Ҳасан ал-Амин, Бейрут: Дорул-таъоруф, 1406ҳ.қ.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алии Омилӣ, ал-Балад-ул-амин ва ад-диръ-ул-ҳасин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алии Омилӣ, Мисбоҳ-ул-Кафъамӣ, Қум, Дорул-Разӣ, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Усва, [бе то].
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, таҳқиқ: ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум: Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут: муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, 1411ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Ғуломризо Ирфониёни Яздӣ, Қум, Китобфурушии Доварӣ, чопи аввал, 1396ҳ.қ.