Тасаннуни дувоздаҳимомӣ

Аз wikishia
Истифода аз иборати суннии дувоздаҳимомӣ дар матни китоби Футуҳ-ул-муҷоҳидин фи радд-ил-мутадаллисин, аз нависандаи номаълум дар авохири давлати Сафавия (1090ҳ.қ.)

Тасаннуни дувоздаҳ-имомӣ (арабӣ: التسنن الاثنا عشري) як равияи мазҳабӣ байни аҳли суннат аст, ки дар он бағайр аз эътиқод ба се халифа, ба вилояти имомони шиа (а) ҳам иродат ва эътиқод доранд.

Мегӯянд, заминаҳои ин гароиш дар ҳамон садаҳои аввали исломӣ ва дар мухолифат бо он даста аз тарафдорони Усмон, ки мухолифи Имом Алӣ (а) буданд, шакл гирифтааст. Аммо аз садаи шашуми қамарӣ, ибтидо дар Эрону Ҳинд ривоҷ ёфт ва сипас ба шарқи Хуросони бузург ва сарзаминҳои хилофати усмонӣ расид.

Истилоҳи "Тасаннуни дувоздаҳ-имомӣ" дар таърихпажуҳии Эрон унвони тозае дониста мешавад, аммо баъзе муҳаққиқон, бо истинод ба як дастнавис гуфтаанд, ки ин истилоҳ дар охири давраи Сафавӣ низ истифода мешудааст.

Бархе аз омилҳои ташаккули тасаннуни дувоздаҳ-имомӣ чунин баён шудааст: суқути хилофати Аббосиён, тасомуҳи мазҳабии Илхонони муғул ва амирони Темурӣ, рушди тасаввуф ва марҷаъият ёфтани суфиҳо ва наздикшавии тасаввуф ва ташайюъ ба якдигар.

Таърихпажуҳон, тасаннуни дувоздаҳ-имомиро яке аз далелҳои аслии ривоҷи ташайюъ дар шарқи исломӣ, ба хусус Эрон ва заминаи аслии пайдоиши давлати шиъии Сафавия медонанд. Ба ақидаи онҳо вуҷуди ҳукуматҳое бо рӯйкарди тасаннуни дувоздаҳ-имомӣ дар тӯли садаҳои 9 ва 10-уми қамарӣ, замина барои табдили мазҳабии эрониён аз суннӣ ба шиаро омода кардааст.

Дар Эрон дар асрҳои нуҳ ва даҳи қамарӣ, ҳукуматҳое бо рӯйкарди тасаннуни дувоздаҳ-имомӣ шакл гирифтанд. Ҳамчунин чеҳраҳои мухталифи фарҳангии дорои гароиши тасаннуни дувоздаҳ-имомӣ қаламдод шудаанд, ки дар осорашон, дар канори ёдкард аз хулафои сегона, аз имомони шиа бо унвони ҳуҷҷатҳои маъсуми Илоҳӣ ёд кардаанд.

Таъриф ва ҷойгоҳ

Тасаннуни дувоздаҳимомӣ як гароишии мазҳабие дар аҳли суннат аст, ки дар он, зимни эътиқод ба хулафои сегона, ба мақоми вилояти имомони шиа (а) ва чаҳордаҳ маъсум (а) ҳам иродат ва эътиқод вуҷуд дорад.[1] Тасаннуни дувоздаҳимомиро яке аз далелҳои аслии ривоҷи ташайюъ дар шарқи ҷаҳони Ислом, ба хусус Эрон, аз қарни шашуми қамарӣ ба баъд медонанд.[2] Ҳамчунин густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар Эронро заминаи аслии пайдоиши давлати шиъии Сафавия қаламдод мекунанд[3] ва мегӯянд, яке аз таҳаввулоти фикрӣ ва мазҳабии муҳим дар Эрон ва аз авомили коҳиши даргириҳои мазҳабии байни шиаён ва аҳли суннат, баъд аз қарни ҳафтум будааст.[4]

Истилоҳшиносӣ

Истилоҳи тасаннуни дувоздаҳимомӣ, унвони наве дар таърихпажуҳии Эрон қаламдод шудааст.[5] Гуфта шудааст, ин унвон дар манобеи таърихӣ наёмадааст,[6] аммо бархе муҳаққиқон, дар нусхаи хаттӣ, нишоне аз вуҷуд ва ривоҷи ин истилоҳ дар авохири давраи Сафавия ( 1090ҳ.қ.) ба даст додаанд.[7]

Истифода ва табйини ин истилоҳ ба мақолае аз Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ (1290 - 1375ҳ.ш.), муҳаққиқ ва нусхашиноси эронӣ, дар соли 1344 шамсӣ нисбат дода шудааст.[8] Аммо мегӯянд, тарвиҷ ва табйини густардаи ин унвон, дар осори Расули Ҷаъфариён анҷом гирифтааст.[9]

Таърихча

Китоби Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қисас, яке аз аввалин осоре, ки дар он гароиши сунни дувоздаҳимомӣ дида шудааст.

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар ҳудуди қарни шашуми қамарӣ шакл гирифт.[10] Бистари он дар ҳамон асрҳои нахустини исломӣ ва дар тақобул бо аҳли суннати усмонимазҳаб фароҳам шуд, ки қоил ба машруъ набудани хилофати Имом Алӣ (а) буданд;[11] ба ин сурат, ки дар муқобили усмония, афроде аз аҳли суннат талош мекарданд, фазоили Имом Алӣ (а) ва бақияи Аҳли Байт (а)-ро мунташир кунанд.[12] Дар китобҳои риҷолии мутақаддими аҳли суннат, аз ин афрод, бо унвони «суниёни муташайиъ» ё «суниёни муттаҳам ба ташайюъ» ёд шудааст.[13]

Ба ақидаи Ҷаъфариён, талоши ақидатии ин гуруҳ аз аҳли суннат сабаб шуд дар қарни шашуми қамарӣ, таъдиле дар мазҳаби тасаннун эҷод шавад.[14] Ин таъдил, бо меҳварияти муҳаббати Аҳли Байт (а), сабаби нигориши китобҳое дар бораи фазоили Аҳли Байт (а) дар миёни аҳли суннат шуд.[15] Аз ҷумлаи афроде ки дар ин замина нақш доштанд, чеҳраҳои мазҳабӣ ва илмии муассире чун Аҳмад ибни Ҳанбал (164 - 241ҳ.қ.) – яке аз фақеҳони чаҳоргонаи аҳли суннат ва Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (ваф.: 310ҳ.қ.) буданд.[16]

Бархе дигар аз заминаҳои пайдоиши тасаннуни дувоздаҳ-имомӣ чунин баён шудааст: суқути хилофати аббосӣ,[17] тасомуҳи мазҳабии илхонони муғул[18] ва амирони Темурӣ,[19] рушди тасаввуф ва марҷаъият ёфтан суфиён,[20] ва наздик шудани тасаввуф ва ташайюъ ба ҳамдигар.[21]

Мегӯянд, ин гароиш ибтидо дар Эрону Ҳинд ва пас аз он, дар қисмати шарқии Хуросони бузург ва сарзаминҳои хилофати усмонӣ ривоҷ ёфтааст.[22] Ҳамчунин гузориш медиҳанд, ки ташкили давлати Сафавия, мӯҷиби заволи ин рӯйкард дар Эрон шудааст.[23]

Тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар қаламрави сиёсат

Ҳамдуллоҳ Мустувфӣ - муаррихе бо гароиши тасаннуни дувоздаҳимомӣ, дар таърихи гузида: Фасли сиюми боби сиюм дар зикри тамомии аиммаи маъсумин, ризвонуллоҳ алайҳим аҷмаъин, ки ҳуҷҷатул-ҳақ алал-халқ буданд... имомони маъсум агарчӣ хилофат накарданд, аммо чун мустаҳақ, эшон буданд, табаррукро аз аҳволи эшон шаммае бар сабили эҷоз эрод меравад.[24] Ба гуфтаи бархе таърихнависон, таҳаввули мазҳабии эрониён аз тасаннун ба ташайюъ, бо воситаи қарор гирифтани тасаннуни дувоздаҳимомӣ, дар қаламрави сиёсату қудрат иттифоқ афтодааст.[25] Инҳо гузориш медиҳанд, ки ҳукуматҳое бо рӯйкарди тасаннуни дувоздаҳимомӣ, дар сартосари қарнҳои нуҳум ва даҳуми қамарӣ вуҷуд доштаанд.[26]

Пеш аз ин ҳам, дар қарни ҳаштум ва дар миёни ҳукуматҳои пуршумори маҳаллӣ дар Эрон ва Ироқ, нишонаҳое аз вуҷуди ин гароиш баршумурда шудааст; аз ҷумла, ҳокимони нахустин ҳукумати Сарбадорон чунин гароише доштанд.[27]

Дар қарни нуҳуми қамарӣ, Султон Ҳусайн Боиқро - ҳокими Темурӣ гароиши тасаннуни дувоздаҳимомӣ дошт ва мехост ба номи дувоздаҳ Имом (а) хутба бихонад, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ[28] ва Амир Алишер Навоӣ ӯро аз ин кор манъ карданд.[29] Дар ҳамон даврон, Ҷаҳоншоҳ Қароқуюнлӯ сиккаҳое зарб кард, ки дар як рӯяшон, иборати «Алӣ валиюллоҳ» ва дар рӯи дигарашон номи хулафои рошидин ҳак шуда буд.[30] Ин корро нишонаи гароиши ҳукумати ӯ ба тасаннуни дувоздаҳимомӣ қаламдод кардаанд.[31]

Сайри мазҳабии сафавиён низ ин гуна тарсим шудааст, ки онҳо ибтидо аҳли суннат буданд, сипас тасаннуни дувоздаҳимомӣ доштанд ва пас аз он ба мазҳаби шиа даромаданд.[32] Бархе муаррихон нишонаҳое аз вуҷуди чунин гароишеро ҳатто дар ҳукуматҳое, ки намоди тасаннун будаанд, монанди ҳукумати усмонӣ ироа додаанд.[33]

Тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар қаламрави фарҳанг

Китоби Василат-ул-ходим ила-л-махдум дар шарҳи салавоти чаҳордаҳ маъсум (а), навиштаи Фазлуллоҳ ибни Рӯзбаҳони Хунҷии Шофеӣ (ваф.: 930ҳ.қ.)

Чеҳраҳои мухталифи фарҳангӣ, аз қарни шашум то заволи сафавиён, дорои гароиши тасаннуни дувоздаҳимомӣ қаламдод шудаанд.[34] Расули Ҷаъфариён муътақид аст, байни қарни ҳаштум то даҳуми қамарӣ осори бисёре бо ин гароиш тавассути аҳли суннат тавлид шудааст;[35] осори мухталифи динӣ, таърихӣ ва адабӣ (шеър ва ғайри он) ки дар онҳо, дар канори ёдкард аз хулафои рошидин, аз имомони шиа бо унвони ҳуҷҷатҳои маъсуми Илоҳӣ ёд шудааст.[36]

Бархе аз шахсиятҳои дорои гароиши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва осоре, ки бо ин гароиш навишта шудаанд, ба шарҳи зеранд:

  • Нависандаи номаълуми китоби Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қисас (соли таълиф: 520ҳ.қ.) дорои гароиши тасаннуни дувоздаҳимомӣ қаламдод шудааст.[37] Дар ин китоб, пас аз ривояти таърихи хулафо ба зикри таърихи чаҳордаҳ маъсум (а) пардохта шудааст.[38]
  • Абумуҳаммад Абдулазиз ибни Муҳаммади Ҳанбалии Ҷунобзӣ (ваф. 611ҳ.қ.) китоби Маъолим-ул-Итрат-ин-набавийя ва маорифу аҳли-л-байти-л-Фотимийят-ил-алавийяро дар шарҳи ҳоли имомони шиа (а) то Имоми ёздаҳум (а) навиштааст.[39]
  • Муҳаммад ибни Юсуф Ганҷии Шофеӣ (ваф. 658ҳ.қ.) Кифоят-ут-толибро дар бораи фазоили Имом Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) нигоштааст.[40]
  • Ҳамдуллоҳ Мустувфӣ (вафот баъд аз 750ҳ.қ.) дар таърихи гузида, шарҳи ҳоли хулафоро бо аимма (а) дар пайи ҳам оварда ва аз имомони шиа бо унвони «аиммаи маъсумин»[41] ва «ҳуҷҷатул-ҳақ алал-халқ»[42] ёд кардааст.[43]
  • Шамсиддин Муҳаммад Зарандии Ҳанафӣ (вафот, ҳудуди 750ҳ.қ.) дар Назму дурар-ис-симтайн ва Маъориҷ-ул-вусул ило маърифати фазли Оли-р-Расул.[44]
  • Хоҷуии Кирмонӣ (ваф. 753ҳ.қ.) дар шеърҳояш, дар айни изҳори бароату безорӣ аз ташайюъ, дувоздаҳ Имом (а)-ро мадҳ кардааст.[45]
  • Абдурраҳмони Ҷомӣ (817 - 898ҳ.қ.), шоири ҳанафӣ ва суфии нақшбандӣ, ки дар осораш ба шиаён хушбин нест, ба аиммаи шиа (а) изҳори алоқа мекунад.[46]
  • Муллоҳусайн Воъизи Кошифӣ (ваф. 910ҳ.қ.) дар аксари осораш[47] аз ҷумла Равзат-уш-шуҳадо, ки нишонае аз ривоҷи азодории Имом Ҳусайн (а) дар байни суниёни дувоздаҳимомӣ қаламдод шудааст.[48]
  • Фазлуллоҳ ибни Рӯзбаҳон Хунҷии Шофеӣ (ваф. 930ҳ.қ.) дар Василат-ул-ходим ила-л-махдум, ки дар шарҳи Салавоти чаҳордаҳ маъсум (а) нигоштааст.[49]
  • Шамсиддин Муҳаммад ибни Тулун (ваф.953ҳ.қ.), дар аш-Шазарот-уз-заҳабийя фи тароҷим-ил-аиммат-ил-исноъашар инда-л-имомийя.[50]
  • Шаҳобиддин Аҳмад ибни Ҳаҷар Ҳайтамии Шофеӣ (909 - 974ҳ.қ.) дар ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа, ки дар радди шиа нигошта шудааст, ба фазоили Аҳли Байт (а) пардохтааст.[51]
  • Ҷамолиддин Абдуллоҳ ибни Муҳаммад Шабровии Шофеӣ (1092 - 1172ҳ.қ.) дар ал-Итҳоф би ҳубб-ил-ашроф.[52]
  • Сулаймон ибни Иброҳим Қундузии Ҳанафӣ (1220 - 1294ҳ.қ.) дар Янобиъ-ул-маваддат.[53]
  • Муъмин ибни Ҳасан Шабланҷии Шофеӣ (1250 - 1308ҳ.қ.) дар Нур-ул-абсор.[54]

Эзоҳ

  1. Ҷаъфариён, Таърихи Эрони исломӣ аз юриши муғулон то заволи туркманон, 1378ҳ.ш., саҳ.255; Абавии Маҳризӣ, “Качкули Мир Ҷамолиддин Ҳусайнии Ҷомӣ ва бозтоби андешаи тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар он”, саҳ.2; Донишпажӯҳ, “Интиқоди китоб: Кашф-ул-ҳақоиқ”, саҳ.307.
  2. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.844.
  3. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.843.
  4. Рамазон Ҷамоат ва Ҷадидӣ, “Авомили муассир бар шаклгирӣ ва густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва таъсири мутақобили он бо ташайюъ дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ”, саҳ.154.
  5. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.843; Рамазон Ҷамоат ва Ҷадидӣ, “Авомили муассир бар шаклгирӣ ва густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва таъсири мутақобили он бо ташайюъ дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ”, саҳ.151.
  6. Рамазон Ҷамоат ва Ҷадидӣ, “Авомили муассир бар шаклгирӣ ва густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва таъсири мутақобили он бо ташайюъ дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ”, саҳ.151.
  7. Абавии Маҳризӣ, “Качкули Мир Ҷамолиддини Ҳусайнии Ҷомӣ ва бозтоби андешаи тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар он”, саҳ.3.
  8. Донишпажӯҳ, “Интиқоди китоб: Кашф-ул-ҳақоиқ”, саҳ.307.
  9. Рамазон Ҷамоат ва Ҷадидӣ, “Авомили муассир бар шаклгирӣ ва густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва таъсири мутақобили он бо ташайюъ дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ”, саҳ.151; Каримӣ, Шоҳ Исмоили Сафавӣ ва тағйири мазҳаб, 1398ҳ.ш., саҳ.40.
  10. Абавии Маҳризӣ, “Качкули Мир Ҷамолиддини Ҳусайнии Ҷомӣ ва бозтоби андешаи тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар он”, саҳ.2; Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.27 - 33.
  11. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.26.
  12. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.26.
  13. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.26.
  14. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.26 - 27.
  15. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.26 - 27; Ҷаъфариён, Таърихи Эрони исломӣ аз юриши муғулон то заволи туркманон, 1378ҳ.ш., саҳ.255.
  16. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.26 - 27.
  17. Рамазон Ҷамоат ва Ҷадидӣ, “Авомили муассир бар шаклгирӣ ва густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва таъсири мутақобили он бо ташайюъ дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ”, саҳ.155 - 156; Ҷаъфариён, Таърихи Эрони исломӣ аз юриши муғулон то заволи туркманон, 1378ҳ.ш., саҳ.255.
  18. Эшпулер, Таърихи муғул дар Эрон, 1351ҳ.ш., 203 - 204; Босонӣ, “Дин дар аҳди муғул”, саҳ.516.
  19. Рамазон Ҷамоат ва Ҷадидӣ, “Авомили муассир бар шаклгирӣ ва густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва таъсири мутақобили он бо ташайюъ дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ”, саҳ.159 - 161.
  20. Аминизода ва Ранҷбар, “Тасаннуни дувоздаҳимомии Хуросон дар садаҳои ҳаштум ва нуҳуми ҳиҷрӣ, заминаҳо ва илал”, саҳ.66.
  21. Аш-Шайбӣ, Ташайюъ ва тасаввуф, 1387ҳ.ш., саҳ.143 - 146; Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.760 - 767; Босонӣ, “Дин дар аҳди муғул”, саҳ.517.
  22. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.844.
  23. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.31.
  24. Муставфӣ, Таърихи гузида, 1387ҳ.ш., саҳ.201.
  25. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.840.
  26. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.844.
  27. Смит, Хуруҷ ва уруҷи Сарбадорон, 1361ҳ.ш., саҳ.82 - 92.
  28. Самарқандӣ, Матлаъи саъдайн ва маҷмаъи баҳрайн, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1021 - 1022.
  29. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.844.
  30. Музовӣ, Пайдоиши давлати Сафавӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.144.
  31. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.32.
  32. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.843.
  33. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.31.
  34. Донишпажӯҳ, “Интиқоди китоб: Кашф-ул-ҳақоиқ”, саҳ.307 - 308.
  35. Ҷаъфариён, Таърихи Эрони исломӣ аз юриши муғулон то заволи туркманон, 1378ҳ.ш., саҳ.256.
  36. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.29.
  37. Абавии Маҳризӣ, “Качкули Мир Ҷамолиддини Ҳусайнии Ҷомӣ ва бозтоби андешаи тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар он”, саҳ.2.
  38. Нависандаи маҷҳул, Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қисас, 1318ҳ.ш., саҳ.454 - 458.
  39. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.29.
  40. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.28.
  41. Муставфӣ, Таърихи гузида, 1387ҳ.ш., саҳ.201.
  42. Муставфӣ, Таърихи гузида, 1387ҳ.ш., саҳ.201.
  43. Донишпажӯҳ, “Интиқоди китоб: Кашф-ул-ҳақоиқ”, саҳ.307; Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.842 - 843.
  44. Донишпажӯҳ, “Интиқоди китоб: Кашф-ул-ҳақоиқ”, саҳ.307.
  45. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.847.
  46. Моил Ҳаравӣ, Шайх Абдурраҳмони Ҷомӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.114 - 122.
  47. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.844 - 846.
  48. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.844.
  49. Ҷаъфариён, Таърихи Эрони исломӣ аз юриши муғулон то заволи туркманон, 1378ҳ.ш., саҳ.255 - 256.
  50. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.29.
  51. Донишпажӯҳ, “Интиқоди китоб: Кашф-ул-ҳақоиқ”, саҳ.307.
  52. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.31.
  53. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.31.
  54. Ҷаъфариён, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, саҳ.31.

Сарчашма

  • Абавии Маҳризӣ, Муҳаммадризо, “Качкули Мир Ҷамолиддини Ҳусайнии Ҷомӣ ва бозтоби андешаи тасаннуни дувоздаҳимомӣ дар он”, дар фаслномаи Таърихи Эрон, № 75, зимистони 1393 ва баҳори 1394.
  • Аминизода, Алӣ ва Муҳаммадалии Ранҷбар, “Тасаннуни дувоздаҳимомии Хуросон дар садаҳои ҳаштум ва нуҳуми ҳиҷрӣ, заминаҳо ва илал”, дар фаслномаи илмӣ - пажуҳишии Шиашиносӣ, № 57, баҳори 1396ҳ.ш.
  • Аш-Шайбӣ, Комил Мустафо, Ташайюъ ва тасаввуф то оғози садаи дувоздаҳуми ҳиҷрӣ, тарҷумаи Алиризо Заковатӣ Қарогизлӯ, Теҳрон, Амир Кабир, 1387ҳ.ш.
  • Босонӣ, О, “Дин дар аҳди муғул”, дар таърихи Эрони Кимбриҷ (аз омадани салҷуқиён то фурӯпошии давлати Илхонон), ҷ.5, гирдоваранда Ҷей. О. Бойл, тарҷумаи Ҳасан Ануша, интишороти Амир Кабир, 1385ҳ.ш.
  • Донишпажӯҳ, Муҳаммадтақӣ, “Интиқоди китоб: Кашф-ул-ҳақоиқ”, дар фарҳанги Эронзамин, № 13, 1344ҳ.ш.
  • Каримӣ, Беҳзод, Шоҳ Исмоили Сафавӣ ва тағйири мазҳаб, Теҳрон, интишороти Қуқнус, 1398ҳ.ш.
  • Моил Ҳаравӣ, Наҷиб, Шайх Абдурраҳмони Ҷомӣ, Теҳрон, интишороти Тарҳи нав, 1377ҳ.ш.
  • Музовӣ, Мишел, Пайдоиши давлати Сафавӣ, тарҷумаи Яъқуби Ожанд, Теҳрон, нашри Густара, 1388ҳ.ш.
  • Муставфӣ, Ҳамдуллоҳ ибни Абубакр, Таърихи гузида, таҳқиқи Абдулҳусайн Навоӣ, Теҳрон, интишороти Амир Кабир, 1387ҳ.ш.
  • Нависандаи маҷҳул, Муҷмал-ут-таворихи ва-л-қисас, таҳқиқи Муҳаммадтақии Баҳор, Теҳрон, Кулолаи ховар, 1318ҳ.ш.
  • Рамазон Ҷамоат, Пӯрондухт ва Носири Ҷадидӣ, “Авомили муассир бар шаклгирӣ ва густариши тасаннуни дувоздаҳимомӣ ва таъсири мутақобили он бо ташайюъ дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ”, дар фаслномаи илмии пажӯҳишии Шиашиносӣ, № 70, тобистони 1399ҳ.ш.
  • Самарқандӣ, Абдурразоқ ибни Исҳоқ, Матлаъи саъдайн ва маҷмаъи баҳрайн, таҳқиқи Абдулҳусайн Навоӣ, Теҳрон, пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, 1383ҳ.ш.
  • Смит, Ҷон Мосун, Хуруҷ ва уруҷи Сарбадорон, тарҷумаи Яъқуби Ожанд, Теҳрон, воҳиди мутолиъот ва таҳқиқоти фарҳангӣ ва таърихӣ, 1361ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, “Муқаддимаи мусаҳҳеҳ”, дар Хунҷии Исфаҳонӣ, Фазлуллоҳ ибни Рӯзбаҳон, Василат-ул-ходим ила-л-махдум дар шарҳи салавоти чаҳордаҳ маъсум, ба кӯшиши Расули Ҷаъфариён, Қум, интишороти Ансориён, 1375ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то тулуъи давлати Сафавӣ), Теҳрон, нашри Илм, 1388ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи Эрони исломӣ аз юриши муғулон то заволи туркманон, Теҳрон, Конуни андешаи ҷавон, 1378ҳ.ш.
  • Эшпулер, Бертулд, Таърихи муғул дар Эрон (сиёсат, ҳукумат ва фарҳанги давраи Илхонон), тарҷумаи Маҳмуд Мирофтоб, Теҳрон, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1351ҳ.ш.