Мусоҳақа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Табақзанӣ)

Мусоҳақа (арабӣ: المساحقة) ё табақзанӣ молидани олати таносулии зане ба олати таносулии зане дигар ва шевае барои лаззатҷӯӣ дар бархе занон аст, ки дар ривоёт барои он азоби шадиди ухравӣ баён шудааст. Дар ривоёти шиа, мусоҳақа «зинои бузургтар» шуморида шуда ва мусоҳақакунандагон лаън шудаанд.

Фақеҳони шиа, бар асоси ривоёти маъсумон, мусоҳақаро ҳаром ва ҷазои онро сад зарба тозиёна эълом намудаанд.

Ба фатвои бештари онон, шеваи исботи мусоҳақа шаҳодат додани чаҳор марди одил ё чаҳор бор иқрори зане аст, ки мусоҳақа кардааст. Албатта агар зан қабл аз исбот тавба кунад, ҷазо намешавад.

Ба фатвои бештари фақеҳон, агар зане се бор ҷазо дода шуд, бори чаҳорум сангсор хоҳад шуд.

Мафҳум ва ҷойгоҳи мусоҳақа дар шариат

Фақеҳони шиа мусоҳақаро молидани олати таносулии зане ба олати таносулии зани дигаре таъриф кардаанд.[1] Мусоҳақа яке аз шеваҳое аст, ки бархе занони ҳамҷинсгарою лезбиян (Lesbian) барои лаззатҷӯӣ ба кор мебаранд.[2] Дар забони форсӣ, ба амали мусоҳақа, «табақзанӣ» ҳам гуфта шудааст.[3]

Ҷойгоҳ ва пешина

Дар бархе ривоёти шиа, мусоҳақа «зинои бузургтар» шуморида шуда[4] ва мусоҳақакунанда лаън шуда[5] ва барои ӯ, азобҳои шадиди охиратӣ баён шудааст.[6] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), аввалин заноне ки ба мусоҳақа пардохтанд, занони қавми Лут буданд; зеро дар ин қавм, мардҳо бо мардҳо алоқаи ҷинсӣ мекарданд ва занҳо бидуни мард боқӣ монда буданд. Бинобар ин, занон ҳамон кореро анҷом доданд, ки мардонашон анҷом медоданд.[7] Дар ривояти дигаре манзур аз асҳоби Рас дар ояти 12-уми сураи Қоф мусоҳақакунандагон шуморида шудаанд.[8]

Мусоҳақа дар фиқҳ

Дар фиқҳи шиа, ҳукми таклифии мусоҳақа ҳаром баён шуда ва роҳҳои исбот ва низ муҷозоти он зикр шудааст.

Ҳаром будан

Ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ, фақеҳи шиаи қарни ҳаштуми қамарӣ, ҳамаи фақеҳони шиа мусоҳақаро ҳаром донистаанд.[9] Дар ривояте аз Имом Ризо (а), иллати ҳаром шудани алоқаи ҷинсӣ бо ҳамҷинс, ки шомили мусоҳақа дар занон низ мешавад, сохтори вуҷудии занон ва майли фитрии мардон ба занон дониста шудааст.[10] Ҳамчунин дар ин ривоят, алоқа бо ҳамҷинс сабаби аз байн рафтани насли башар, барҳам хурдани назм ва тадбири ҷомеъа ва нобудии дунё шумурда шудааст.[11]

Шеваи собит шудан

Бар асоси фатвои бештари фақеҳони шиа, мусоҳақа, бо шаҳодат додан чаҳор марди одил ё чаҳор бор иқрори зане, ки мусоҳақа карда, собит мешавад.[12] Дар муқобил, Муқаддаси Ардабилӣ - фақеҳи қарни даҳуми қамарӣ, шаҳодати ду марди одил ё ду бор иқрори занро кофӣ донистааст.[13]

Ҷазои мусоҳақа

Ҳамаи фақеҳони шиа мусоҳақаро дорои ҳадди шаръӣ донистаанд.[14] Ба фатвои онон, ҷазои ҳар кадом аз ду зани мусоҳақакунанда сад зарба тозиёна аст ва фарқе байни мусулмону кофир нест.[15] Ҳамчунин ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир - фақеҳи шиаи қарни сездаҳуми қамарӣ, бештари фақеҳон дар ин ҳукм, фарқе байни муҳсина (зани шавҳардор) ва ғайримуҳсина (зани муҷаррад) нагузоштаанд.[16] Дар муқобил, Шайхи Тусӣ,[17] Ибни Барроҷ[18] ва Ибни Ҳамзаи Тусӣ,[19] аз фуқаҳои қарни панҷуми қамарӣ, ҷазои мусоҳақакунандаи муҳсинаро сангсор донистаанд.

Ба фатвои фақеҳони шиа, агар зане қабл аз исботи мусоҳақа тавба кунад, муҷозот нахоҳад шуд.[20]

Ба гуфтаи Соҳиб Риёз - фақеҳи шиаи қарни дувоздаҳуми қамарӣ, бештари фуқаҳои шиа фатво додаанд, агар мусоҳақаи зане се бор собит шуд ва ҳар бор тозиёна хӯрд, бори чорум кушта мешавад.[21] Ибни Идриси Ҳиллӣ - фақеҳи қарни шашуми қамарӣ, ҳукми кушта шуданро дар мартабаи сеюм донистааст.[22]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361; Таботабоии Ҳоирӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.5.
  2. Kimmel, Gay, Bisexual, and Transgender Aging: Research and Clinical Perspectives, pp. 73–79.
  3. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи табақзанӣ.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.274.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.267 ва саҳ.274.
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.257 ва ҷ.11, саҳ.273.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.273.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.83.
  9. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333.
  10. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароиъ, мактабатул-Доварӣ, ҷ.2, саҳ.547.
  11. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароиъ, мактабатул-Доварӣ, ҷ.2, саҳ.547.
  12. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.706; Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқийя, 1410ҳ.қ., саҳ.257.
  13. Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, Ҷомеъатул-мударрисин, ҷ.13, саҳ.127.
  14. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.706; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, Ҷомеъатул-мударрисин, ҷ.13, саҳ.120; Шайх Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.787.
  15. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.706; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, Ҷомеъатул-мударрисин, ҷ.13, саҳ.120; Шайх Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.787.
  16. Соҳиб Ҷавоҳир, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.388.
  17. Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.706.
  18. Барои намуна ниг.: Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.531; Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.706.
  19. Ибни Ҳамзаи Тусӣ, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.414.
  20. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.708; Соҳиб Ҷавоҳир, Ҷавоҳир-ул-калом, 1432ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.390.
  21. Соҳиб Риёз, Риёз-ул-масоил, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.477.
  22. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.467.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком, Қум, муассисатул-Имом ал-Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар ва гуруҳе аз нависандагон, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, Равзана, 1372 – 1373ҳ.ш.
  • Ибни Барроҷ, Абдулазиз ибни Наҳрир, ал-Муҳаззаб, Қум, Ҷомеъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя би Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Идрис, Ҳиллӣ, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ ал-тобеъа лиҷамоъатил-мударрисин, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳамзаи Тусӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Васила ило найл-ил-фазила, таҳқиқи Муҳаммад ал-Ҳасун, Қум, маншуроти мактабатул-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Дорул-ҳадис, Қум, 1429ҳ.қ.
  • Қонуни муҷозоти исломӣ”, маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, таърихи боздид: 18 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, таҳқиқи Муҷтабо Ироқӣ, Алии Иштиҳордӣ, Ҳусайни Яздӣ, Қум, Ҷомеъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя фи Қум, бе то.
  • Соҳиб Ҷавоҳир, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Соҳиби Риёз, Алӣ ибни Муҳаммадалӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоии Ҳоирӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1418ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Ҷомеъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмия би Қум, 1410ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, муқаддима ва шарҳи Муҳаммадсодиқи Баҳрулъулум, Қум, мактабатул-Доварӣ, бе то.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳи ва-л-фтаовӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқийя фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Муҳаммадтақии Марворид ва Алиасғари Марворид, Бейрут, Дорул-турос, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алии Омилӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи ал-Лумъат-уд-димишқийя, шарҳи Ҳасан ибни Муҳаммад Султонулъуламо, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1412ҳ.қ.
  • Kimmel, Gay, Bisexual, and Transgender Aging : Research and Clinical Perspectives, Editors Douglas C. Kimmel, Tara Rose, Steven David, Columbia University Press, 2006.