Солим ибни Амр
Солим ибни Амр ибни Абдуллоҳ (шаҳодат:61ҳ.қ.) шаҳиди воқеаи Карбало аст.
Ӯ дар қиёми Муслим ибни Ақил иштирок кард ва пас аз шаҳодати Муслим, ба Имом Ҳусайн (а) пайваст ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.
Ҳамроҳӣ бо Муслим
Солим ибни Амр ибни Абдуллоҳ, ғуломи тоифаи Банӣ Мадинаи КАлбӣ ва аз шиаёни Кӯфа буд.[1] Ӯ дар қиёми Муслим ибни Ақил ӯро ҳамроҳӣ кард ва пас аз шаҳодати Муслим ба дасти Касир ибни Шаҳоб, дастгир шуд. Пас аз муддате аз зиндони Ибни Зиёд гурехт ва дар қабилааш пинҳон шуд.[2]
Шаҳодат дар Карбало
Баъд аз омадани Имом Ҳусайн (а) ба Карбало, Солим ҳамроҳи чанд нафар аз Банӣ Калб ба ӯ пайвастанд ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.[3]
Дар китоби Ибсор-ул-айни Муҳаммади Самовӣ (ваф.1370ҳ.қ.), ба нақл аз Ибни Шаҳрошуб, Солим аз шаҳидони ҳамлаи аввали рӯзи Ошуро муаррифӣ шудааст[4] ҳарчанд ки муҳаққиқи китоб, ба ин матлаб даст наёфтааст.[5] Ҳамчунин дар бархе нусхаҳои Маноқиби Ибни Шаҳрошуб низ номи вай дар шумори шуҳадои ҳамлаи нахуст ва ғайри он наёмадааст.[6]
Шакку тардид
Муҳаммадтақии Шуштарӣ (1281 - 1374ҳ.ш.) - олими риҷолии шиъӣ, дар китоби Қомус-ур-риҷол, дар вуҷуди Солим ибни Амр тардид кардааст;[7] чароки дар манобеи таърихӣ ва риҷолии мутақаддими шиа номаш ба унвони яке аз шуҳадои Карбало наёмадааст.[8]
Бо ин ҳол, дар Зиёрат-уш-шуҳадо бо иборати «ас-Салому ала Солим мавло Банӣ-л-Маданийятил-Калбӣ/ السَّلَامُ عَلَى سَالِمٍ مَوْلَى بَنِي الْمَدَنِيَّةِ الْكَلْبِی» ба унвони яке аз шуҳадои Карбало аз ӯ ёд шудааст.[9]
Ҷусторҳои вобаста
Ҷавн ибни Ҳаво, ғуломи Абузари Ғифорӣ
Солим (ғуломи Омир ибни Муслим)
Эзоҳ
- ↑ Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, Наҷаф, ҷ.2, саҳ.5.
- ↑ Ҳусайнӣ Ҳоирии Шерозӣ, Захират-уд-дорайн, Замзами ҳидоят, саҳ.431.
- ↑ Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, Наҷаф, ҷ.2, саҳ.5; Тустарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.612; Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.159 - 160.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.160.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.160, понависи 2.
- ↑ Ниг.: Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113.
- ↑ Тустарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.613.
- ↑ Тустарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.613.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.72.
Сарчашма
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимус-салом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, чопи сангии Наҷаф, 1349 - 1352ҳ.қ.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, таҳқиқ, Муҳаммадҷаъфар Табасӣ, Қум, Замзами ҳидоят, 1384ҳ.ш.
- Тустарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, чопи дувум, 1412ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ Ҳоирии Шерозӣ, Абдулмаҷид ибни Муҳаммадризо, Захират-уд-дорайн фимо ятаъаллақу би масоиб-ил-Ҳусайн алайҳис-салом ва асҳобиҳ, таҳқиқи Боқир Дарёб Наҷафӣ, Қум, Замзами ҳидоят, бе то.