Саҷдаи саҳв

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Саҷдаҳои саҳв)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Саҷдаи саҳв ба арабӣ: سَجده سَهو, ду саҷдаи пас аз намози фарз барои ҷуброни бархе хатоҳои даруни намоз аст. Саҷдаи саҳв, билофосила баъд аз саломи намоз ба ҷо оварда мешавад ва баъд аз саҷдаи дувум, ташаҳҳуд ва салом лозим аст. Зикри саҷдаи саҳв бо зикри саҷдаҳои намоз фарқ дорад.

Фақеҳон дар инки чӣ чизҳое сабаби воҷиб шудани саҷдаи саҳв мешавад, ихтилофи назар доранд. Гап задани ғайриамдӣ дар намоз, фаромӯш кардани як саҷда ва гуфтани ғайриамдии саломи намоз дар ҷое, ки набояд гуфт, аз ҷумлаи мавориде аст, ки боиси воҷиб шудани саҷдаи саҳв мешавад.

Таъриф

Ба фатвои фақеҳон барои ҷуброни бархе иштибоҳоти даруни намоз бояд баъд аз он ду саҷда ба ҷо овард, ки ба онҳо саҷдаи саҳв (саҷдаи хатоҳои ғайриамдӣ) мегӯянд.[1] Фақеҳони шиа аз саҷдаи саҳв ва аҳкоми он дар аҳкоми саҳв (хатои ғайриамдӣ) ва шаккиёти намоз баҳс мекунанд.[2]

Тариқаи ба ҷо овардан

Саҷдаи саҳв ба ин сурат анҷом мешавад, ки билофосила баъд аз поёни намоз, ба нияти саҷдаи саҳв, ду саҷда ба ҷо оварда мешавад, ки зикри махсусе доранд ва баъд аз саҷдаи дувум, ташаҳҳуд ва саломи намоз дубора хонда мешавад.[3] Бештари фақеҳони шиа мӯътақиданд, саҷдаи саҳв бо такбир (гуфтани Аллоҳу Акбар) шурӯъ намешавад,[4] аммо ба фатвои Шайхи Тӯсӣ, пеш аз анҷом додани саҷдаи саҳв бояд такбир гуфт.[5] Соҳиби Ҷавоҳир дидгоҳи Шайхи Тӯсиро заиф шуморида[6] ва такбирро мустаҳаб донистааст.[7]

Зикри саҷдаи саҳв

Зикри саҷдаи саҳв бо зикри саҷдаҳои намоз фарқ дорад. Дар саҷдаи саҳв яке аз зикрҳои зер хонда мешавад:

«Бимиллаҳ ва биллаҳ, ассалому алайка айюҳаннабӣ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ/بِسْمِ اللَّـهِ وَ بِاللَّـهِ، اَلسَّلامُ عَلَیكَ اَیهَا النَّبِی وَ رَحْمَةُ اللَّـهِ وَ بَرَکاتُهُ» «Бисмиллаҳи ва биллаҳ, аллоҳумма саллӣ ала Муҳаммадин ва Оли Муҳаммад/بِسْمِ اللَّـهِ وَ بِاللَّـهِ، اَللَّـهُمَّ صَلِّ عَلَی مُحَمَّدٍ و آلِ مُحَمَّدٍ»[8] «Бисмиллаҳ ва биллаҳ ва саллаллоҳу ала Муҳаммадин ва олиҳи/بِسْمِ اللَّـهِ وَ بِاللَّـهِ وَ صَلَّی اللَّـهُ عَلَی مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ»[9]

Замони саҷдаи саҳв

Бино бар фатвои машҳури фақеҳони шиа, замони саҷдаи саҳв, баъд аз саломи намоз аст.[10] Албатта ба гуфтаи Шайхи Тӯсӣ, дар сурате, ки саҷдаи саҳв ба хотири нуқсон (кам шудани чизе аз аҷзои намоз) бошад, бархе аз фақеҳони имомия замони онро қабл аз саломи намоз медонанд.[11] Ибни Ҷунайди Аскофӣ, фақеҳи қарни чаҳоруми қамарӣ, ин дидгоҳро пазируфтааст.[12]

Мавориди вуҷуб

Фақеҳони шиа дар бораи мавориди вуҷуби саҷдаи саҳв ихтилофи назар доранд.[13] Бо таваҷҷӯҳ ба фатвоҳои мухталиф анҷом додани саҷдаи саҳв дар чаҳор, панҷ ё шаш маврид воҷиб аст.[14] Тибқи фатвои машҳур, саҷдаи саҳв дар панҷ мавриди зер воҷиб аст ё бино бар эҳтиёти воҷиб бояд анҷом шавад:

  • Ҳарф задани ғайриамдӣ дар намоз
  • Фаромӯш кардани як саҷда
  • Шакки байни ракъати чаҳоруму панҷум, дар намози чаҳор ракъатӣ
  • Гуфтани ғайриамдии саломи намоз дар ҷое, ки набояд гуфт. Барои мисол дар ракъати дувуми намозҳои чаҳор ракъатӣ пас аз ташаҳҳуд, иштибоҳан саломи намозро ҳам бихонем.
  • Фаромӯш кардани ташаҳҳуд[15]

Бархе аз фақеҳон, нишастани ғайриамдӣ дар ҷое, ки намозгузор бояд беистад ва истодани ғайриамдӣ дар ҷое, ки бояд биншинадро ба мавориди мазкур афзудаанд.[16] Ба гуфтаи Шайхи Тӯсӣ бархе аз фақеҳони имомия саҷдаи саҳвро дар ҳар зиёдату нуқсоне (ғайр аз аркон) дар намоз лозим медонанд.[17] Аллома Ҳиллӣ ин дидгоҳро пазируфтааст.[18] Бархе аз мароҷеъи тақлид саҷдаи саҳвро дар ин сурат мустаҳаб донистаанд.[19]

Аҳком

  • Дар саҷдаи саҳв, бояд аъзои ҳафтгона (мавозиъи суҷуд) рӯи замин қарор бигирад.[20]
  • Дар шарт будани таҳорат ва рӯ ба қибла будан дар саҷдаи саҳв байни фақеҳон ихтилофи назар аст.[21]
  • Саҷдаи саҳв, фаромӯш кардани рукни намозро ҷуброн намекунад.[22]
  • Вуҷуби саҷдаи саҳв, фаврӣ аст; яъне билофосила баъд аз намоз бояд анҷом шавад,[23] аммо барои касе, ки саҷдаи саҳвро ба ҷой наёвардааст, лозим нест намозро дубора бихонад, балки танҳо бояд саҷдаи саҳвро ба ҷо оварад ва бо тӯлонӣ шудани замон, вуҷуби саҷдаи саҳв аз байн намеравад.[24]

Ҷусторҳои вобаста

Саҷдаи воҷиби Қуръон

Саҷдаи шукр

Намози эҳтиёт

Эзоҳ

  1. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.257.
  3. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., саҳ.307 - 308; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.674; Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1395ҳ.ш., саҳ.209; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.447.
  5. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125.
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.448.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.442.
  8. Ибни Идрис, Аҷвибату масоил ва расоил фи мухталифи фунун-ил-маърифат, 1429ҳ.қ., саҳ.174.
  9. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., саҳ.308; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.675 - 674.
  10. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.308; Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.441.
  11. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125.
  12. Ибни Ҷунайд, Маҷмӯъаи фатовои Ибни Ҷунайд, 1416ҳ.қ., саҳ.79.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.423; Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123 - 125.
  14. Ибни Идрис, Аҷвибату масоил ва расоил фи мухталифи фунун-ил-маърифат, 1429ҳ.қ., саҳ.173.
  15. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.669 - 674.
  16. Нигоҳ кунед ба Ибни Идрис, Аҷвибату масоил ва расоил фи мухталифи фунун-ил-маърифат, 1429ҳ.қ., саҳ.173 - 174; Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1395ҳ.ш., саҳ.208.
  17. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124 - 125.
  18. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., саҳ.307 - 308.
  19. Нигоҳ кунед ба Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1395ҳ.ш., саҳ.208; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.669 - 672.
  20. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., саҳ.308.
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.449.
  22. Табарсӣ, ал-Муъталиф мин-ал-мухталиф, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
  23. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.455.
  24. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.673.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1383ҳ.ш.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатово, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, Аҷвибату масоил ва расоил фи мухталифи фунун-ил-маърифат, тасҳеҳ: Сайид Муҳаммадмаҳдии Мӯсавии Хирсон, Қум, далели мо, 1429ҳ.қ.
  • Ибни Ҷунайди Аскофӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Маҷмӯъаи фатовои Ибни Ҷунайд, тасҳеҳ: Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1416ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, интишороти Имом Алӣ ибни Абутолиб, 1395ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳусайн, ал-Мухтасар-ун-нофеъ фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, муассисаи алматбуъотиддиния, 1418ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, ал-Муъталиф мин-ал-мухталиф байни-л-аиммат-ис-салаф, тасҳеҳ: Мудиршона, Сайидмаҳдии Раҷоӣ ва дигарон, Машҳад, маҷмаъулбуҳусил-исломия, 1410ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳ: Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия ли эҳёил-осорил-Ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.