Саъд ибни Ҳузайфа ибни Ямон

Аз wikishia

Саъд ибни Ҳузайфа ибни Ямон (шаҳодат:37ҳ.қ.) - аз ёрони Имом Алӣ (а) ва аз шаҳидони ҷанги Сиффайн аст.[1]

Ҳузайфа падари Саъд, саҳобаи Пайғамбар ва аз ёрони Имом Алӣ (а) буд. Саъд ва бародараш - Сафвон тибқи васияти падарашон, дар ҷанги Сиффайн дар рикоби Имом Алӣ (а) ҳозир шуда, дар ҳамин ҷанг ба шаҳодат расиданд.[2] Дар бархе манобеъ, номи ӯ Саид зикр шудааст.[3] Гуфта шудааст, аз Саъд ибни Масъуд ривоят нақл кардааст.[4]

Дар Таърихи Табарӣ омадааст, ӯ ҳангоми қиёми Таввобин зинда буда ва Сулаймон ибни Суради Хузоъӣ дар номае, аз ӯ ёрӣ хостааст ва Саъд низ омодагии худро эълом кардааст.[5]

Ҳамчунин Табарӣ овардааст, ки Мухтори Сақафӣ, Саъд ибни Ҳузайфаро бар шаҳр Ҳулвон гумошт.[6] Аз ин рӯ, Сайидмуҳсини Амин ва бархе муҳаққиқони дигар, ин эҳтимолро матраҳ кардаанд, ки Ҳузайфа фарзанди дигаре ба номи Саъд доштааст, ки то замони қиёми Таввобин ва қиёми Мухтор зинда будааст.[7]

Ҷусторҳои вобаста

Сафвон ибни Ҳузайфа ибни Ямон

Эзоҳ

  1. Хуӣ, Муъҷам-ур-риҷол, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.131; Тафришӣ, Нақд-ур-риҷол, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.420
  2. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.287; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.389
  3. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.287; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.370.
  4. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.370.
  5. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.430.
  6. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.509.
  7. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.592; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.29.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқ: Ҳасан ал-Амин, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1995м./1415ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, чопи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, 1382ҳ.қ.
  • Тафришӣ, Сайид Мустафо, Нақд-ур-риҷол, таҳқиқ: муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, 1418ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ./1992м.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1414ҳ.қ.