Усмон ибни Саиди Амрӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сафири аввали Имоми Замон)
Марқади Усмон ибни Саид

Усмон ибни Саиди Амрӣ (вафот қабл аз 267ҳ.қ.) машҳур ба Абуамр, аввалин ноиби хос аз нуввоби арбаъаи Имоми Замон (аҷ) дар давраи Ғайбати суғро аст. Ӯ аз асҳоби Имом Ҳодӣ (а), Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва Имом Маҳдӣ (аҷ) дониста шудааст, аммо дар бораи инки аз ёрони Имом Ҷавод (а) будааст, шаккҳое вуҷуд дорад.

Усмон ибни Саид баъд аз шурӯи имомати Имом Маҳдӣ (аҷ) (соли 260ҳ.қ.), то поёни умраш (ҳудуди 6 ё 7 сол) ноиби хосси Имом буд ва пас аз ӯ, писараш - Муҳаммад ибни Усмон уҳдадори ниёбат шуд. Усмон дар замони ниёбат ба Бағдод рафт ва даврони ваколати худро дар онҷо гузаронд.

Ӯ дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқ вакилоне доштааст, ки вуҷуҳот (пулҳои байтулмол, монанди закот ва...)-ро аз мардум ҷамъ мекарда барои ӯ мефиристоданд.

Ҳазрати Маҳдӣ ба ҳангоми вафоти ӯ, номаи таслиятӣ барои фарзандаш фиристод. Дар матнҳои ривоӣ, аз Усмон ибни Саид бо лақабҳои гуногуне ҳамчун Зайёт ва Амрӣ ёд шудааст.

Зиндагинома

Дар бораи таърихи таваллуди Усмон, итилои дақиқе дар даст нест ва гуфта шудааст, ки аз 11-солагӣ ходими Имом Ҷавод (а) будааст,[1] аммо бино бар нақли Шайх Тусӣ, ӯ аз 11-солагӣ ходими Имом Ҳодӣ (а) будааст.[2] Вай вакили Имом Ҳодӣ ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва Имоми замон (аҷ), ва ҳамвора мавриди эътимоди онон буд. Усмон ибни Саид ибтидо дар Сомирро зиндагӣ мекард ва баъд аз шаҳодати Имоми ёздаҳум, ба Бағдод рафт. Дар он замон Сомирро пойтахт ва мақарри лашкариёни силсилаи аббосӣ буд, ки аз оғоз бо имомони шиа миёнаи хубе надоштанд. Бархе гуфтаанд, эҳтимолан ба ҳамин далел Усмон ибни Саид ба Бағдод муҳоҷират кард ва дар онҷо минтақаи Кархро, ки маҳали сукунати шиаён буд, маркази раҳбарии имомия қарор дод.[3]

Номҳо ва лақабҳо

Номи Усмон дар манобеи риҷолӣ, «Усмон ибни Саид» омадааст, аммо дар Риҷоли Кашшӣ бо номи «Ҳафс ибни Амр» низ ёд шудааст, ки шояд номи мустаъори вай дар дидорҳои пинҳонӣ бо соири вукало бошад.[4] Куняаш дар ҳамаи китобҳо ба эътибори ҷадди падарӣ, «Абуамр» зикр шудааст, аммо дар китоби Биҳор-ул-анвор ва Сафинат-ул-биҳор, Абумуҳаммад низ гуфта шудааст, чун писаре ба номи Муҳаммад дошт.[5][6]

Муҳимтарин шӯҳрати ӯ Амрӣ аст ва гуфта шудааст, ӯро ба ду ҷиҳат ба ин лақаб мехонанд; яке инки Имом Аскарӣ иҷозат надод номи халифаи сеюм (Усмон) ва лақаби ӯ (Абуамр) дар Усмон ибни Саид ҷамъ шавад ва аз он пас ӯро Амрӣ хонданд. Дигар онки ба «Амр» ҷадди падариаш интисоб дошта ва Амрӣ хонда шудааст.[7] Муҳаддиси Қумӣ ҳам иллати Амрӣ хондани ӯро, интисобаш аз тарафи модар ба Амр ибни Атраф аъло донистааст.[8]

Лақаби Усмонро «Саммон» ва «Зайёт» гуфтаанд.[9] Ҳамчунин ӯро ба далели интисоб ба қабилаи Банӣ Асад, Асадӣ низ хондаанд ва Аскарӣ ҳам гуфтаанд; чун сокини маҳаллаи «Аскар» дар Сомирро будааст.[10]

Фарзандон

Барои Усмон ибни Саид ду фарзанди писар ном бурдаанд:

  1. Муҳаммад ибни Усмон, ки пас аз вафоти падар дуюмин ноиби Имоми Замон шуд.
  2. Аҳмад ибни Усмон, ки номе аз ӯ дар кутуб ва манобеъ наёмадааст. Аммо дар зумраи муддаиёни дуруғини ниёбат, номи шахсе ба номи «Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмон» омадааст, ки тасреҳ шудааст, бародарзодаи Муҳаммад ибни Усмон аст.[11]

Вафот

Замони вафоти Амрӣ, монанди вилодаташ маълум нест, аммо ду қавл дар ин бора нақл шудааст:

  1. Қабл аз соли 267ҳ.қ.: мавриди иттифоқи аксари муаррихон ва олимони риҷол аст.
  2. Пас аз соли 280ҳ.қ.: истиноди ин қавл ба тавқиъе аст, ки дар соли 280ҳ.қ., нақл шудааст. Ба тасреҳи Шайхи Тусӣ, ровии ин ҳадис, ривоятро дар сол 280 қамарӣ шунида ва ин, наметавонад замони вафоти Усмонро равшан кунад.[12]

Пас аз вафоти Усмон ибни Саид, фарзандаш - Муҳаммад ӯро ғусл дод ва дар ғарби Мадинатус-салом, дар маҳаллаи маъруфе ба номи Алдарби Бағдод дафн намуд. Шайх Тусӣ гуфтааст, ки аз замони вурудаш ба Бағдод дар соли 408ҳ.қ. то пас аз 430ҳ.қ., қабри Усмон ибни Саидро дар маҳалли мазкур зиёрат мекардааст.[13] Имрӯза оромгоҳи ӯ дар маҳаллаи «Рассофа» воқеъ дар шарқи Бағдод ва дар минтақае ба номи «Бозори шурҷа» маъруф аст.[14]

Ваколати имомон

Мақолаи аслӣ: Созмони ваколат

Бино бар чизе ки дар кутуб ва манобеи риҷолӣ омадааст, Усмон ибни Саид, вакили се имоми маъсум (Имом Ҳодӣ (а), Имом Аскарӣ (а) ва Имоми Замон (аҷ) ) будааст. Бо ин ҳол, бархе аз матнҳои дигар ӯро дар 11-солагӣ хидматгузори Имом Ҷавод ҳам донистаанд, ки аз эътимоди Имом бархӯрдор буд ва бархе маъмуриятҳои муҳим ба ӯ супорида мешуд.[15] Ибни Шаҳрошуб низ ӯро Боби Имоми Ҷавод донистааст.[16] Баъзе аз олимони шиа, қавли ахирро напазируфта ва бо такя бар сини Усмон, ғайриқобили қабул донистаанд, ки аз асҳоби Имом Ҷавод буда бошад ва ин назарро иштибоҳ унвон кардаанд.[17]

Ваколати Имом Ҳодӣ

Усмон ибни Саид дар шумори асҳоби Имом Ҳодӣ буда ва ба ваколати ӯ аз сӯи имом ҳам тасреҳ шудааст.[18] Дар ривояте, ки Аҳмад ибни Исҳоқи Қумӣ аз Имом Ҳодӣ нақл кардааст, Усмон ибни Саид марде, мувассақу амин муаррифӣ шудааст, ки ҳар чизе ба Имом нисбат медиҳад ва ба мардум мерасонад, ҳамагӣ аз ҷониби Имом Ҳодӣ (а) аст.[19]

Ваколати Имом Аскарӣ

Усмон, илова бар Имом Ҳодӣ, аз эътимоди Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ҳам бархӯрдор буд.[20] Шайхи Тусӣ дар риҷоли худ, Усмон ибни Саидро вакили Имом Аскарӣ муаррифӣ кардааст.[21] Дар ривоёти мухталифе нақл шудааст, ки Имом Аскарӣ Усмонро хитоб қарор дода ва вакили худ дониста, ва дар ҷои дигар, атрофиёнро шоҳид мегирад, ки Усмон ибни Саид вакили ман аст. Имом ӯро ба унвони раиси вукало муаррифӣ кард; ба ин маъно ки тамоми вуҷуҳоте ки шиаён, тавассути вукало мефиристоданд, ба Усмон мерасид ва ӯ онҳоро ба Имом мерасонд.[22]

Пас аз шаҳодати Имом Аскарӣ (а), Усмон ибни Саид, уҳдадори маросими кафну дафни Имом шуд. Ба эътиқоди имомия, ин нишонаҳо бар намояндагии ӯ аз Имоми Замон (аҷ) гувоҳӣ медиҳад.[23]

Ниёбати Имоми Замон

Имом Аскарӣ (а) ба ниёбати Усмон ибни Саид тасреҳ кардааст. Ӯ фарзандашро ба чиҳил нафар аз асҳоби худ нишон дода, ба онҳо иблоғ кард, ки дар тӯли ғайбати имоми дувоздаҳум, аз Усмон, итоат кунанд.[24] Бино бар ривояти дигаре ҳазрати Маҳдӣ дар дидор бо аҳли Қум, ба ниёбати Усмон ибни Саид ишора кард ва ононро ба ӯ ирҷоъ дод.[25]

Бахше аз номаи таслияти Имом

«Падари ту ба саодату хушбахтӣ зиндагӣ кард ва вафот намуд дар ҳолате, ки маҳмуду писандида буд. Худо ӯро раҳмат кунад ва ӯро ба авлиёву содоту муволиёни ӯ... мулҳақ намояд! Худованд рӯи ӯро тару тоза намояд ва лағзишҳои ӯро бибахшад ва ҷазову аҷри туро зиёд кунад ва сабри некӯ дар мусибати ӯ ба ту ато фармояд, ту мусибатзада шудӣ ва мо низ мусибатзада шудем, ва муфориқати падарат, туро ва моро ба ваҳшат андохт. Пас Худованд ӯро ба раҳмати худ масрур фармояд, дар мунқалиб ва масвои ӯ ки оромгоҳи ӯст!». Таърихи бойгонӣ

Усмон ибни Саид, ба иллати сахтгириҳои маъмурони давлатӣ дар Сомирро ва вуҷуди душманони фаровон, ба дастури ҳазрати Маҳдӣ ба Бағдод рафт. Ба гуфтаи Ҷосим Ҳусайн дар китоби Таърихи сиёсии Ғайбати Имоми дувоздаҳум, бо онки Сомирро пойтахт буд, аммо ба далели вуҷуди лашкариёни силсилаи Аббосӣ, ки ҳамвора мухолифи аимма буданд ва ӯ мехост Созмони ваколатро ба дур аз чашми онон раҳбарӣ кунад, аз ин рӯ ба Бағдод рафт ва маҳаллаи шианишини Кархро ҷои созмондеҳии имомия қарор дод.[26]

Усмон дар муддати ниёбат, раҳбарии вукалои навоҳии мухталифро бар уҳда дошт ва амонот, вуҷуҳот ва ҳадоёи мардумро мегирифту барои Имом мефиристод. Ӯ ҳамчунин номаҳои шиаён ба Имом, дастнавиштаҳо ва тавқиъоти ҳазрати Маҳдӣ дар посух ба шиаёнро ба соҳибони аслӣ мерасонд.[27] Вақте Ҷаъфар - бародари Имом Аскарӣ (а) иддаои ниёбат кард, Аҳмад ибни Исҳоқ -яке аз асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ барои итилоъ аз дурустӣ ё нодурустии иддаои Ҷаъфар, номае навишт ва ба василаи Усмон ибни Саид барои ҳазрати Маҳдӣ фиристод. Имом дар посухи нома, имомати Ҷаъфарро рад карда, ӯро муфсид ва тарккунандаи намоз хонд.[28]

Номаи таслияти Имом

Имоми Замон ҳангоми вафоти Усмон ибни Саид ба фарзандаш - Муҳаммад ибни Усмон номае навишта, ба ӯ таслият гуфт. Имоми дувоздаҳум дар ин нома, ризояти комили хешро аз Усмон ибни Саид эълом дошта, барои ӯ талаби мағфират кардааст. Имоми Замон ҳамчунин аз эҳсоси ғурбати худ дар набуди Усмон ибни Саид сухан гуфта ва фарзандаш - Муҳаммад ибни Усмонро ба ҷои ӯ мансуб кардааст.[29]

Шеваи фаъолият

Ӯ ба хариду фурӯши равғану зайтун мепардохт ва ин тиҷорат, пӯшише барои кори аслиаш буд; чароки вай масъулиятҳои ваколат ва ниёбат аз ҷониби Имомро махфӣ мекард, то аз газанди ҳукумат маҳфуз бимонад. Усмон, амвол ва номаҳои шиаёнро дар зарфҳои равған мегузошта, назди Имом мебурд, то касе аз вуҷуд ва муҳтавои он бохабар нашавад. Аз ин рӯ, лақаби ӯро «Саммон» ва «Зайёт» низ гуфтаанд.[30]

Дастёрон

Дар давраи ниёбати хосси Усмон ибни Саид, се тан аз вукалои саршинос ба номҳои Аҳмад ибни Исҳоқ, Муҳаммади Қатон ва Ҳоҷиз ибни Язиди Вашшоъ, аз дастёрони Усмон ба шумор меомаданд ва кори иртиботу назорат бар соири вукалои билод, аз ҷумлаи вукалои Кӯфаро бар уҳда доштанд.[31]

Зиёратнома

Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор, зиёратномае барои Усмон ибни Саид нақл ва тасреҳ кардааст, ки онро дар як нусхаи қадимие аз як олими шиа дидааст. Маҷлисӣ ҳеҷ ишорае ба номи китоб ва нависандаи он накардааст.[32] [Ёддошт 1]

Ҷусторҳои вобаста

Ҳусайн ибни Руҳи Навбахтӣ

Маҳдавият

Алӣ ибни Муҳаммади Самурӣ

Ниёбати хосса

Зуҳур

Эзоҳ

  1. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии Ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.142.
  2. Тусӣ, Риҷол, 1415ҳ.қ., саҳ.389.
  3. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии Ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.149.
  4. Тусӣ, Ихтиёри маърифат-ир-риҷол, саҳ.813.
  5. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.293.
  6. Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.145.
  7. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.354.
  8. Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.145.
  9. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.354.
  10. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.354.
  11. Садр, Таърих-ул-Ғайба, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.379.
  12. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.232.
  13. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.232.
  14. Раҳтӯшаи Атаботи олиёт, саҳ.367.
  15. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии Ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.142.
  16. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.380.
  17. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249.
  18. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.389.
  19. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.344.
  20. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.231 - 229.
  21. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.401.
  22. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.50, саҳ.323.
  23. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.231 ва 356.
  24. Тусӣ, ал-Ғайба, саҳ.232 - 231, Садуқ, Камол-уд-дин, саҳ.435.
  25. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476.
  26. Ҷосим Ҳусайн, Таърихи сиёсии Ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.149.
  27. Раҳтӯшаи Атаботи олиёт, саҳ.364.
  28. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.468.
  29. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.361.
  30. Тусӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.354.
  31. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.82.
  32. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.293.

Ёддошт

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Сафинат-ул-биҳор ва мадинат-ул-ҳиками ва-л-осор, Қум, Усва, 1414ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Садр, Сайидмуҳаммад, Таърих-ул-Ғайба, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1412ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, Машҳад, Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, таҳқиқ: Сайидмаҳдии Раҷоӣ, муассисаи Олулбайт, бе то.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1415ҳ.қ.
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат ва нақши он дар асри аимма алайҳимус-салом, Қум, муассисаи омӯзиши пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Раҳтӯшаи Атаботи олиёт, Теҳрон, Машъар, 1388ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Раҳтӯшаи Атаботи олиёт, Теҳрон, нашри Машъар, 1391ҳ.ш.
  • Ҷосим Муҳаммадҳусайн, Таърихи сиёсии Ғайбати Имоми дувоздаҳум, тарҷумаи Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амир Кабир, 1385ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1419ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found