Сарҷун ибни Мансури Румӣ
Номи комил | Сарҷун ибни Мансури Румӣ |
---|---|
Маҳалли зиндагӣ | Шом |
Санаи вафот | 86ҳ.қ. |
Сиёсӣ | Таҳрики Язид ибни Муовия ба гумоштани Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба вилояти Кӯфа |
Фаолиятҳо | Котиби Муовия |
Сарҷун ибни Мансури Румӣ (ваф. 86ҳ.қ.) аз мушовирони Муовия ибни Абусуфён ва Язид ибни Муовия.
Замоне, ки кӯфиён бо Муслим ибни Ақил байъат карданд, Язид бо назари ӯ Убайдуллоҳ ибни Зиёдро барои саркӯби онон ба ҳукумати Кӯфа гумошт.
Сарҷун ибни Мансур, аз масеҳиёни Шом[1] ва ғуломи Муовия[2] буд. Ӯ дар ҳукумати Муовия, котиб[3] ва мушовири ӯ дар амри ҳукумат[4] буд ва масъулияти девони хароҷи ӯро бар ӯҳда дошт.[5]
Сарҷун пас аз ҳалокати Муовия, дар дарбори Язид ибни Муовия низ нақш дошт.[6]
Бархе муътақиданд, ки ӯ ва Охтали Насронӣ аз надимони Язид ҳангоми шурби хамр будаанд.[7]
Ҳангоме, ки шиаёни Кӯфа бо Муслим ибни Ақил байъат карданд, Язид бо Сарҷун машварат кард ва бо назари ӯ Ибни Зиёдро барои саркуби наҳзати кӯфиён, ба ҳукумати Кӯфа гумошт.[8] Сарҷун, аҳдномае аз Муовия ба Язид нишон доду гуфт: «Муовия дар ҳоли марг, ин номаро навишт, ки агар дар Кӯфа шӯрише сурат гирифт, Убайдуллоҳ ибни Зиёд маъмури он ҷо шавад».[9]
Сарҷун дар давраи ҳукумати Марвон ибни Ҳакам ва фарзандаш Абдулмалик низ котиби он ду буд, аммо Абдулмалик ӯро ба хотири кӯтоҳӣ аз ин мансаб барканор кард.[10]
Гуфта шудааст ӯ дар ҳукумати Абдулмалик ба унвони котиби байтулмол машғул буд.[11]
Вай дар соли 86 қамарӣ вафот ёфт.[12]
Эзоҳ
- ↑ Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.265.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.159, 288/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.356/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.159.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1986м, ҷ.8, саҳ.146.
- ↑ Халифа ибни Хайёт, Таърих, 1995м, саҳ.141/ Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.261.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.348/ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.354, 379.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.4.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.356/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42/ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.379.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.379/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.356.
- ↑ Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.252.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.222.
- ↑ Халифа ибни Хайёт, Таърих, 1995м, саҳ.189.
Сарчашма
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1994м/1415ҳ.қ.
- Ибни Абдураббиҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Иқд-ул-фарид, таҳқиқ: Муфид Муҳаммад Қумайҳа, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, ат-табъат-ус-солиса, 1407ҳ.қ/ 1987м.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ/ 1986м.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, Ҷамъият-ул-мусташриқин-ал-алмонийя, 1979м/ 1400ҳ.қ.
- Халифа ибни Хайёт, Таърих, таҳқиқ: Фавоз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ.,/ 1995м.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.,/1967м.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, тасҳеҳ: Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дор-ус-совӣ, бе то (офсети Қум: Муассисату нашр-ил-манобеъ-ис-сақофат-ил-исломийя).
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, интишороти конгресси ҷаҳонии Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.