Сарҷун ибни Мансури Румӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сарҷун ибни Мансур)
Сарҷун
Номи комилСарҷун ибни Мансури Румӣ
Маҳалли зиндагӣШом
Санаи вафот86ҳ.қ.
СиёсӣТаҳрики Язид ибни Муовия ба гумоштани Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба вилояти Кӯфа
ФаолиятҳоКотиби Муовия


Сарҷун ибни Мансури Румӣ (ваф. 86ҳ.қ.) аз мушовирони Муовия ибни Абусуфён ва Язид ибни Муовия.

Замоне, ки кӯфиён бо Муслим ибни Ақил байъат карданд, Язид бо назари ӯ Убайдуллоҳ ибни Зиёдро барои саркӯби онон ба ҳукумати Кӯфа гумошт.

Сарҷун ибни Мансур, аз масеҳиёни Шом[1] ва ғуломи Муовия[2] буд. Ӯ дар ҳукумати Муовия, котиб[3] ва мушовири ӯ дар амри ҳукумат[4] буд ва масъулияти девони хароҷи ӯро бар ӯҳда дошт.[5]

Сарҷун пас аз ҳалокати Муовия, дар дарбори Язид ибни Муовия низ нақш дошт.[6]

Бархе муътақиданд, ки ӯ ва Охтали Насронӣ аз надимони Язид ҳангоми шурби хамр будаанд.[7]

Ҳангоме, ки шиаёни Кӯфа бо Муслим ибни Ақил байъат карданд, Язид бо Сарҷун машварат кард ва бо назари ӯ Ибни Зиёдро барои саркуби наҳзати кӯфиён, ба ҳукумати Кӯфа гумошт.[8] Сарҷун, аҳдномае аз Муовия ба Язид нишон доду гуфт: «Муовия дар ҳоли марг, ин номаро навишт, ки агар дар Кӯфа шӯрише сурат гирифт, Убайдуллоҳ ибни Зиёд маъмури он ҷо шавад».[9]

Сарҷун дар давраи ҳукумати Марвон ибни Ҳакам ва фарзандаш Абдулмалик низ котиби он ду буд, аммо Абдулмалик ӯро ба хотири кӯтоҳӣ аз ин мансаб барканор кард.[10]

Гуфта шудааст ӯ дар ҳукумати Абдулмалик ба унвони котиби байтулмол машғул буд.[11]

Вай дар соли 86 қамарӣ вафот ёфт.[12]


Эзоҳ

  1. Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.265.
  2. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.159, 288/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.356/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42.
  3. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.159.
  4. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1986м, ҷ.8, саҳ.146.
  5. Халифа ибни Хайёт, Таърих, 1995м, саҳ.141/ Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.261.
  6. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.348/ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.354, 379.
  7. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.4.
  8. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.356/ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.42/ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.379.
  9. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.379/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.356.
  10. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.252.
  11. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.222.
  12. Халифа ибни Хайёт, Таърих, 1995м, саҳ.189.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1994м/1415ҳ.қ.
  • Ибни Абдураббиҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Иқд-ул-фарид, таҳқиқ: Муфид Муҳаммад Қумайҳа, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, ат-табъат-ус-солиса, 1407ҳ.қ/ 1987м.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ/ 1986м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, Ҷамъият-ул-мусташриқин-ал-алмонийя, 1979м/ 1400ҳ.қ.
  • Халифа ибни Хайёт, Таърих, таҳқиқ: Фавоз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ.,/ 1995м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.,/1967м.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, тасҳеҳ: Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дор-ус-совӣ, бе то (офсети Қум: Муассисату нашр-ил-манобеъ-ис-сақофат-ил-исломийя).
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, интишороти конгресси ҷаҳонии Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.