Сардоби муқаддас

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сардоби Имоми Замон)
Сардоби ғайбат

Сардоби муқаддас ё сардоби ғайбат, таҳхонаи хонаи Имом Ҳасани Аскарӣ (а), дар шимоли ғарбии Ҳарами Аскарияйн дар Сомирро аст.

Қидосати ин макон назди шиаён ба ин далел аст, ки макони зиндагии Имом Ҳодӣ (а), Имом Аскарӣ (а) ва Имоми Замон (аҷ) будааст.

Баъзе аз нависандагони аҳли суннат ба шиаён нисбат медиҳанд, ки онон муътақиданд, сардоби ғайбат макони зиндагии Имом Маҳдӣ (а) дар даврони Ғайбат ва низ макони зуҳураш хоҳад буд, бо ин ҳол дар манобеи шиа чунин чизе вуҷуд надорад, балки ба ақидаи шиаён, Имоми Замон (аҷ) дар Макка зуҳур хоҳад кард.

Бинои нахустини сардоб ба давраи хилофати аббосиён бармегардад ва баъд аз он дар давраҳои мухталиф ба ҳамроҳи Ҳарами Аскарияйн бозсозӣ ва таъмир шудааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Сардоб, зерзамини хонаи Имом Аскарӣ (а) дар Сомирро будааст.[1] Қидосати ин макон ба далели интисобаш ба имомони маъсум аст;[2] чароки макони зиндагии Имом Ҳодӣ (а), Имом Аскарӣ (а) ва Имоми Замон (аҷ) будааст.[3] Сардоб бо марқади Имомайни Аскарияйн ҳудуди 15 метр фосила дорад[4] ва дар шимоли ғарбии марқади Аскарияйн воқеъ шудааст.[5]

Ба гуфтаи Шайх Аббоси Қумӣ, муаррихи шиа (ваф.1359ҳ.қ.), номгузории ин макон ба сардоби ғайбат марбут ба даврони мутааххир аст ва далели он дар китобҳое, ки дар бораи Имоми Замон (аҷ) навишта шудааст мушаххас нашудааст.[6]

Оё Имоми Замон аз сардоб зуҳур мекунад?

Гунбади масҷиди Соҳиб (аҷ) ки бар рӯи сардоби муқаддас сохта шудааст.

Бархе аз нависандагони аҳли суннат аз ҷумла: Ёқути Ҳамавӣ дар «Муъҷам-ул-булдон» ва Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар китоби «ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа» иддао кардаанд, ки шиаён муътақиданд, Имоми Замон (аҷ) дар сардоб пинҳон шуда ва аз онҷо зуҳур хоҳад кард.[7] Инҳо ҳамчунин дар бораи гуруҳе аз шиаён сухан гуфтаанд, ки бо аспҳое дар канори сардоби истода ва хостори берун омадани Имоми Замон (а) ҳастанд.[8]

Ба гуфтаи Забеҳуллоҳ Маҳаллотӣ, нависандаи шиаи қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ дар «Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро», иддаои мазкур нодуруст аст; чароки уламои шиа иттифоқи назар доранд, ки ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар Макка зуҳур хоҳад кард.[9] Ҳамчунин ба гуфтаи Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа, ин матолиб бо ангезаи душманӣ бо шиа, инҳироф аз Аҳли Байт ва тамоюл ба Банӣ Умайя ва душманони хонадони рисолат сохта шудааст.[10] Ба гуфтаи Софии Гулпойгонӣ, ҳеҷкасе аз шиаён нагуфтааст, ки Имом дар сардоби Сомирро махфӣ аст, балки кутуб ва ривоёти шиа чунин суханеро такзиб мекунанд.[11]

Сайидсадриддини Садр аз мароҷеъи тақлиди шиа (ваф.1373ҳ.қ.) баёни чунин суханоне аз сӯи Ибни Ҳаҷари Ҳайтамиро ношӣ аз ошно набуданаш бо Ироқ ва шиаёни он донистааст; чароки ба гуфтаи вай, Ибни Ҳаҷар аз Ҳиҷоз хориҷ нашуда ва Сомирроро ҳатто надидааст.[12] Дар ҳамин замина Муҳаддиси Нурӣ[13] Сайидмуҳсини Амин,[14] Сайид Муртазо Аскарӣ,[15] Сайидҳодии Хисравшоҳӣ[16] ва Иброҳими Аминӣ[17] низ пинҳон шудани Имоми Замон дар сардоби муқаддас ва зуҳураш аз ҳамон маконро рад кардаанд.

Чоҳи ғайбат

Дар сардоб, чоҳе маъруф ба «чоҳи ғайбат» аст,[18] ки ба гуфтаи Шайх Аббоси Қумӣ, иддае аз зоирон дар дохили сардоб, аз ҳавзе, ки макони вузӯи Имомайни Аскарияйн буда ба унвони табаррук хок мебардошта ва кам-кам ин макон ба чоҳи ғайбат маъруф шудааст.[19]

Шайх Аббоси Қумӣ ҳамчунин аз Муҳаддиси Нурӣ нақл кардааст, ки иддае аз ходимони сардоб барои касби манофеи моддӣ ва дунявӣ, ин маконро чоҳи Соҳибаз-замон муаррифӣ кардаанд ва аз он макон, хоке барои табаррук дар ивази дарёфти пул ба зоирон медодаанд ва Шайх-ул-Ироқийин барои пешгирӣ аз ин иқдом, чоҳи мазкурро пур карда, дари онро баста, аммо баъдҳо ходимон дубора онро боз кардаанд.[20]

Бино ва таърихчаи он

Вурудии сардоб қабл аз тахриби Ҳарами Аскарияйн
Вазъияти сардоби муқаддас баъд аз бозсозӣ

Сардоб аз як айвони шашкунҷа ва ду айвони хурду калони росткунҷа, ки бо як долони дароз ба ҳам мепайвандад.[21] Айвони росткунҷаи калон ба мусаллои мардон ва айвони росткунҷаи хурд ба мусаллои занон маъруф будааст.[22] Роҳи даромаду баромади сардоб ба шакли зинапояӣ аст, ки ба айвони шашкунҷа мерасонад.[23] Ҳамчунин бар рӯи сардоб масҷиде сохта шудааст, ки ба Масҷиди Соҳиб (аҷ) машҳур аст, ки дорои гунбази сафолӣ дорад.[24]

Ба гуфтаи Муҳаддиси Нурӣ (ваф.1320ҳ.қ.), ан-Носиру лидиниллоҳ, аз хулафои аббосӣ, сардобро дар соли 606ҳ.қ., бино кард ва дар катибаи он номи чаҳордаҳ маъсум навишта шуд.[25] Бо ин ҳол гуфта шудааст, ки пеш аз он Носируддавла Оли Ҳамдон нахустин бинои хонаи Имом Ҳодӣ (а)-ро дар сол 333ҳ.қ., гузошта буд ва дар соли 337ҳ.қ., Муъидуддавла Оли Буя онро сохта тамом кард.[26]

Сардоб ба ҳамроҳи Ҳарами Аскарияйн дар давраҳои мухталиф таъмир ва бозсозӣ шудааст;[27] аз ҷумла дар соли 1202ҳ.қ., ки Аҳмадхон Денбелӣ дар Ҳарами Аскарияйн таъмироте анҷом дод, саҳне барои сардоб сохт ва роҳи ҷадиде барои он эҷод кард.[28] Дар сардоб осоре аз кандакорӣ, сафолкашӣ ва дигар ҳунарҳои меъморӣ истифода шудааст.[29]

Дар тахриби Ҳарами Аскарияйн дар таркишҳои террористони такфирӣ дар соли 2004 (3 исфанди 1384) ва 2006 (23 хурдоди 1386) ба сардоб низ хисорот ворид шудааст.[30]

Ҷусторҳои вобаста

Ғайбати Имоми Замон (аҷ)

Масҷиди Саҳла

Масҷиди Ҷамкарон

Эзоҳ

  1. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.39.
  2. Нурӣ, Кашф-ул-астор, Мактабату Найнаво-л-ҳадиса, саҳ.14.
  3. Нурӣ, Кашф-ул-астор, Мактабату Найнаво-л-ҳадиса, саҳ.14; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.507.
  4. «Мақоми Имоми Замон аҷҷалаллоҳу Таъоло фараҷаҳуш-шариф дар Сардоби муқаддаси Сомирро», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  5. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазороту Аҳли Байт (а) ва таърихуҳо, 1415ҳ.қ., саҳ.141.
  6. Қумӣ, Ҳадят-уз-зоирин, 1383ҳ.ш., саҳ.97.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.3, саҳ.173; Ибни Ҳаҷар, ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.482; Ибни Таймийя, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.44.
  8. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.39; Ибни Ҳаҷар, ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.483.
  9. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.23.
  10. Софии Гулпойгонӣ, Навиди амну амон, 1390ҳ.ш., саҳ.116.
  11. Софии Гулпойгонӣ, Навиди амну амон, 1390ҳ.ш., саҳ.117.
  12. Садр, ал-Маҳдӣ (аҷ), 1398ҳ.қ., саҳ.164 - 165.
  13. Нурӣ, Кашф-ул-астор, Мактабату Найнаво-л-ҳадиса, саҳ.14.
  14. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.507.
  15. Муассисаи фарҳангии интизори нур, Гуфтмони Маҳдавият, 1387ҳ.ш., саҳ.95.
  16. Хисравшоҳӣ, Муслеҳи ҷаҳонӣ аз дидгоҳи шиа ва аҳли суннат, 1386ҳ.ш., муқаддима, саҳ.17.
  17. Аминӣ, Додгустари ҷаҳон, 1380ҳ.ш., саҳ.204.
  18. Қубодӣ, “Сардоби муқаддас”, саҳ.48.
  19. Қумӣ, Ҳадят-уз-зоирин, 1383ҳ.ш., саҳ.98.
  20. Қумӣ, Ҳадят-уз-зоирин, 1383ҳ.ш., саҳ.98.
  21. Сабоҳӣ, “Боби ғайбат дар Сомирро (дар чӯбе нафис дар сардоби муқаддаси Сомирро, боқимонда аз даврони хилофати аббосиён)”, саҳ.85.
  22. Сабоҳӣ, “Боби ғайбат дар Сомирро (дар чӯбе нафис дар сардоби муқаддаси Сомирро, боқимонда аз даврони хилофати аббосиён)” саҳ.85.
  23. Сабоҳӣ, “Боби ғайбат дар Сомирро (дар чӯбе нафис дар сардоби муқаддаси Сомирро, боқимонда аз даврони хилофати аббосиён)” саҳ.85.
  24. Ҷаъфарӣ, “Сардоби муқаддаси Сомирро ва одоби зиёрати он”.
  25. Нурӣ, Кашф-ул-астор, Мактабату Найнаво-л-ҳадиса, саҳ.75 - 76; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.507.
  26. Ҳусайнии Арабӣ, “Таърихчаи сардоби муқаддас”, саҳ.110.
  27. Ҳусайнии Арабӣ, “Таърихчаи сардоби муқаддас”, саҳ.110.
  28. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.588.
  29. Қубодӣ, “Сардоби муқаддас”, саҳ.48.
  30. «Ас-Сардоб-ул-муқаддас», сайти ал-Аскариён.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Аминӣ, Иброҳим, Додгустари ҷаҳон, Қум, Шафақ, 1380ҳ.ш.
  • «Ас-Сардоб-ул-муқаддас», сайти ал-Аскариён: алъатабатул-Аскриятул-муқаддаса, таърихи боздид: 27 мурдоди 1398ҳ.ш.
  • Ибни Таймийя, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадарийя, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломийя, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаӣ ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин зав-иш-шаън-ил-акбар, таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ас-Савоъиқ-ул-муҳриқа ала аҳл-ир-рафзи ва-з-залоли ва-з-зиндиқа, таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Абдуллоҳ ат-Таркӣ ва Комил Муҳаммад ал-Харот, Бейрут, муассисатур-рисолат, 1417ҳ.қ./1997м.
  • Қубодӣ, Мустафо, “Сардоби муқаддас”, маҷаллаи Мавъуд, № 93, обони 1387ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Ҳадят-уз-зоирин ва баҳҷат-ун-нозирин, Қум, муассисаи Сибтайн, 1383ҳ.ш.
  • «Мақоми Имоми Замон аҷҷалаллоҳу Таъоло фараҷаҳуш шариф дар Сардоби муқаддаси Сомирро», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 21 урдибиҳишти 1387ҳ.ш., таърихи боздид: 28 мурдоди 1399ҳ.ш.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, Қум, 1384ҳ.ш.
  • Муассисаи фарҳангии интизори Нур, Гуфтмони Маҳдавият: суханрониҳои гуфтмони аввалу дувум, Қум, Бустони китоб, 1387ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Кашф-ул-астор ан ваҷҳ-ил-ғоиби ан-ил-абсор, Теҳрон, Мактабату Найнаво-л-ҳадиса, бето.
  • Сабоҳӣ, Муслим, «Таҳқиқ ва пажӯҳиш: Боби ғайбат дар Сомирро (дар чӯбе нафис дар сардоби муқаддаси Сомирро, боқимонда аз даврони хилофати аббосиён)», дар маҷаллаи Мироси ҷовидон, № 5, баҳори 1373ҳ.ш.
  • Садр, Сайидсадриддин, ал-Маҳдӣ (аҷ), Кувайт, Мактабатул-Манҳал, 1398ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Мунтахаб-ул-асар фи-л-имом-ис-сониъашар алайҳис-салом, Қум, муассисат ас-Сайидатул-Маъсума, 1419ҳ.қ./1377ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Навиди амну амон: перомуни шахсият, зиндагонӣ, ғайбат ва зуҳури ҳазрати Валийи Аср (аҷ), Қум, масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1390ҳ.ш.
  • Хисравшоҳӣ, Сайидҳодӣ, Муслеҳи ҷаҳонӣ аз дидгоҳи шиа ва аҳли суннат, Қум, Бустони китоб, 1386ҳ.ш.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Дорусодир, Бейрут, 1995м.
  • Ҳусайнии Арабӣ, Сайидмаҳдӣ, “Таърихчаи сардоби муқаддас”, дар маҷаллаи Машриқи мавъуд, № 2, тобистони 1386ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, Мазороту Аҳли Байт (а) ва таърихуҳо, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Ҷавод, “Сардоби муқаддаси Сомирро ва одоби зиёрати он”, дар маҷаллаи Фарҳанги зиёрат, № 24 - 25, 1393ҳ.ш.