Сайф ибни Ҳорис ибни Сариъи Ҳамдонӣ

Аз wikishia
Хато дар эҷоди ангуштдона:
Оромгоҳи шаҳидони Карбало дар Ҳарами Имом Ҳусайн(а)

Сайф ибни Ҳорис ибни Сариъи Ҳамдонӣ (шаҳодат:61ҳ.қ.) - шаҳиди Карбало аст, ки ҳамроҳи Молик ибни Абдуллоҳ ибни Сариъ - писарамак ва бародари модариаш, дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.

Сайф аз қабилаи Ҳамдон ва аз тираи Банӣ Ҷобир буд; аз ин рӯ, аз ӯ ва писарамакаш ба шаҳидони Ҷобирӣ ёд шудааст.

Дар манобеъ, гуфтугӯе аз ӯ ва Молик бо Имом Ҳусайн (а) гузориш шудааст. Дар ин гузориш омадааст, он ду нафар, рӯзи Ошуро гирякунон назди Имом омаданд ва дар ҷавоби Имом, сабаби гиряи худро чунин баён карданд: наметавонанд дар баробари душман барои Имом коре анҷом диҳанд.

Ном ва табор

Сайф ибни Ҳорис ибни Сариъ яке аз шуҳадои Карбало аст,[1] ки бархе муътақиданд, номи ӯ дар манобеъ ба шаклҳои дигаре ҳамчун «Шабиб ибни Ҳорис ибни Сариъ»[2] ва «Суфён ибни Сариъ»

низ омадааст.[3] Баъзе эҳтимол додаанд, ки Сайф ибни Ҳарс, ки дар бархе маъхазҳо аз шуҳадои Карбало шуморида шудааст,[4] ҳамон Сайф ибни Ҳорис бошад.[5]

Дар Зиёрати раҷабияи Имом Ҳусайн (а) аз Сайф ибни Ҳорис ёд шудааст,[6] аммо дар Зиёрат-уш-шуҳадо (зиёрати ноҳияи ғайримашҳур) ба Шабиб ибни Ҳорис ибни Сариъ салом дода шудааст.[7] Бархе ин ду нафарро як медонанд.[8]

Баъзе Сайфро аз зумраи шуҳадои ҷавони Карбало шуморидаанд.[9] Дар манобеи таърихӣ низ аз Сайф ибни Ҳорис бо унвони ҷавон ёд шудааст.[10]

Табор

Сайф ибни Ҳорис аз қабилаи Ҳамдон[11] ва аз тираи Банӣ Ҷобир[12] буд. Бархе ӯро аз тираи Банӣ Фоиш донистаанд.[13] Аз ӯ ва писарамакаш - Молик ибни Абдуллоҳ ибни Сариъ, ки аз тарафи модар бо якдигар бародар буданд,[14] бо унвони «шаҳидони Ҷобирӣ» ёд шудааст.[15]

Шаҳодат

Сайф ва писарамакаш - Молик ба ҳамроҳи ғуломашон Шабиб ибни Абдуллоҳи Наҳшалӣ ба Имом Ҳусайн (а) мулҳақ шуданд.[16] Гуфта шудааст, ки ин се нафар аз Куфа ба назди Имом омаданд.[17] Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (ваф.310ҳ.қ.) - таърихнигори аҳли суннат, шаҳодати Сайфу Моликро дар нимарӯзи Ошуро медонад. Ба гуфтаи Табарӣ, замоне ки асҳоби Имом Ҳусайн (а) фаҳмиданд, ба далели зиёд будани ёрони душман, имкони пирӯзӣ нест, тасмим гирифтанд, дар фидо кардани ҷони худ барои Имом бо якдигар рақобат кунанд.[18]

Гуфтугуи ду ҷавони шаҳиди Ҷобирӣ бо Имом Ҳусайн (а)

«(Имом Ҳусайн) ба онҳо гуфт: бародарзодагон чаро гиря мекунед? Ба Худо қасам, умедворам ба ҳамин зудӣ хушдил шавед. Онҳо гуфтанд: Худо моро фидоятон кунад, ба Худо бар хештан гиря намекунем, бар ту гиря мекунем, ки мебенем дар миёнат гирифтаанд ва тавони дифоъ аз туро надорем. (Имом) гуфт: бародарзодагон, дар ин ғам ва пуштибоние, ки бо ҷонатон аз ман мекунед, Худо беҳтарин подоши парҳезкоронро ба шумо ато кунад!».[19]

Гуфта шудааст, Сайф ибни Ҳорис ва Молик бо мушоҳидаи наздик шудани душман ба хаймагоҳи Имом Ҳусайн (а), бо чашми гирён ба назди Имом омаданд.[20] Имом аз онҳо сабаби гиряро пурсид, онҳо мушоҳидаи вазъияти Имом ва нотавонӣ дар ёрии эшонро матраҳ карданд, ки Имом барои чунин ғамхорие аз онон ташаккур ва барояшон дуо кард.[21] Ба гуфтаи манобеъ, Сайф ва Молик баъд аз гуфтугӯ бо Имом ба самти майдон шитофтанд, дар ҳоле ки аз якдигар сабқат мегирифтанд.[22] Ва аз ҳамдигар дар ҷанг ҳимоят мекарданд.[23] Сайфу Молики баъд аз андак замоне ба Имом Ҳусайн (а) салом доданд ва Имом низ ба саломи онон ҷавоб дод.[24]

Шабеҳ ба ин гуфтугӯ дар мавриди ду ҷавони Ғифорӣ: яъне Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ибни Урваи Ғифорӣ низ нақл шудааст.[25] Албатта бархе муътақиданд, ки дар бархе манобеъ ҳамчун Мақтал-ул-Ҳусайни Хоразмӣ, байни ду ҷавони Ҷобирӣ ва ду ҷавони Ғифорӣ халт шудааст.[26] Дар Мақтали Хоразмӣ, гуфтугӯи мазкур ба ду ҷавони Ғифорӣ нисбат дода шуда ва дар мавриди ду ҷавони Ҷобирӣ танҳо ба саломи онон ба Имом Ҳусайн (а) ва ҷавоби Имом басанда шудааст.[27]

Ихлос ва иродати бисёри Сайф ва Молик мавриди тавваҷуҳи бархе сиранависон қарор гирифтааст.[28] Ин ду баъд аз муборизае ҷонона ва аз по андохтани саворону пиёдагоне[29] дар асари заработи шамшеру найза дар наздикии Имом[30] ва дар як макон[31] ба шаҳодат расиданд. Имом бо дидани пайкари онон гирист ва барои онҳо талаби мағфират кард ва зимни ишора ба ногузирӣ дар таслим дар баробари тақдир, бозгашти ҳамаро ба сӯи Худо донист.[32]

Замони шаҳодати Сайфу Моликро мухталиф навиштаанд; бархе шаҳодати онҳоро пас аз Ҳаҷҷоҷ ибни Масруқ[33] ва баъзе пас аз шаҳодати Ҳанзала ибни Қайс[34] ва ё Ҳанзала ибни Асъад[35] гуфтаанд. Иддае низ шаҳодати онҳоро пас аз Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ибни Урваи Ғифорӣ донистаанд.[36]

Эзоҳ

  1. Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.234; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.5, саҳ.442.
  2. Ҷазоирӣ, Риёз-ул-аброр, 1427, ҷ.1, саҳ.319.
  3. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.219.
  4. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.198.
  5. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.237.
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.98, саҳ.340.
  7. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.495.
  8. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.236; ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракби-л-Ҳусайнӣ, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.327.
  9. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.52.
  10. Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.234; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.5, саҳ.442.
  11. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.273; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.375.
  12. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.325.
  13. Саҳорӣ, ал-Ансоб, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.491.
  14. Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.234; Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.4, саҳ.72.
  15. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.235.
  16. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132.
  17. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.273; Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.236 - 237, 243.
  18. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.5, саҳ.442.
  19. Поянда, Тарҷумаи Таърихи Табарӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.3047.
  20. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.236 - 237, 397.
  21. Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.235; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.5, саҳ.443.
  22. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
  23. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.273 - 274.
  24. Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.235; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.5, саҳ.443.
  25. Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъату калимот-ил-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1416ҳ.қ., саҳ.448 - 449.
  26. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.223.
  27. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27 - 28.
  28. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.235.
  29. Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.384.
  30. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.236.
  31. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.274.
  32. Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.384.
  33. Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.383 - 384.
  34. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.237.
  35. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.5, саҳ.443.
  36. Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.234.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-Таф, тасҳеҳи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи сеюм, 1417ҳ.қ.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комилу фи-т-тарих, Бейрут, Дорусодир, 1965м.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Кошифӣ, Муллоҳусайн, Равзат-уш-шуҳадо, таҳқиқи Ақиқии Бахшоишӣ, Қум, Навиди Ислом, чопи сеюм, 1382ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), Қум, мадрасаи илмияи Иравонӣ, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1363ҳ.ш.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, таҳқиқи Муҳиддин ва Муҳаммадризо Момақонӣ, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1431ҳ.қ.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, Қум, нашри Маъруф, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, бо ҳамкории Маҳмуд Таботабоинажод ва Руҳуллоҳ Сайидтабоӣ, тарҷумаи Абдулҳодии Масъудӣ, Қум, муассисаи Дорул-ҳадис, 1388ҳ.ш.
  • Поянда, Абулқосим, Тарҷумаи Таърихи Табарӣ, Теҳрон, Асотир, чопи панҷум, 1375ҳ.ш.
  • Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн (а), таҳқиқи Муҳаммадҷаъфар Табасӣ, Қум, донишгоҳи Шаҳид Маҳаллотӣ, 1419ҳ.қ.
  • Саҳорӣ, Салама ибни Муслим Автабӣ, ал-Ансоб, таҳқиқи Муҳаммадэҳсон Нас, Масқат, салтанат Аммон/ Вазоратул-туросил-қавмӣ вас-сақофа, чопи чаҳорум, 1427ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1967м.
  • Ҷазоирӣ, Сайиднеъматуллоҳ, Риёз-ул-аброр фи маноқиб-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, муассисаи ал-Таърихул-арабӣ, 1427.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъату калимот-ил-Имом-ил-Ҳусайн (а), Қум, нашри Маъруф, чопи сеюм, 1416ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракби-л-Ҳусайнӣ мин-ал-мадина ила-л-мадина, Қум, Таҳсин, чопи дувум, 1428ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.