Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ
- Бо Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ иштибоҳ нашавад.
Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ (1883 - 1974) - марҷаъи тақлиди шиаи сокини Наҷаф ва падари Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Шоҳрудӣ. Вай аз шогирдони Мирзои Ноинӣ ва Оқозиё Ироқӣ буд ва пас аз Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ марҷаъ шуд.
Мирзои Ноинӣ ӯро зулшаҳодатайн мехонд ва назарашро дар додани гувоҳии иҷозати иҷтиҳод ба шогирдонаш мепурсид. Ҳамчунин Оқозиё Ироқӣ ва Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ шогирдони худро барои санҷидани иҷтиҳод назди ӯ мефиристоданд.
Сохти масҷид, Ҳусайния ва мадрасаи илмия дар Кобул ва бархе шаҳрҳои Эрон, бозсозии мадрасаҳои илмияи Бухороӣ ва Қазвинӣ дар Наҷаф, таъсиси Беъсаи ҳаҷ ва эътироз ба ҳукумати Паҳлавӣ дар вокуниш ба воқеаи Файзия, аз иқдомоти Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ дар давраи марҷаъияташ буд. Ҳамчунин дар давраи марҷаъияти ӯ пиёдаравӣ аз Наҷаф ба Карбало равнақ гирифт.
Рисолаҳое дар мавзӯъҳои фиқҳию усулӣ ва низ маърӯзаи дарсҳои Оқозиё Ироқӣ ва Мирзои Ноинӣ аз ҷумлаи таълифоти Сайид Маҳмуди Шоҳрудӣ мебошад. Ҳамчунин китоби Янобиъ-ул-фиқҳ, тақрироти дарси хориҷи салоти (намоз) эшон аст, ки дар чаҳор ҷилд тавассути Сайид Муҳаммадҷаъфар Ҷазоирии Мураввиҷ тақрир шуд.
Китоби «ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ» асари Сайид Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ (тав.1350ҳ.қ.) дар бораи зиндагии ӯ аст, ки ба забони арабӣ навишта шудааст.
Дар июни 2021, конгресси бузургдошти Ҳусайнии Шоҳрудӣ бо унвони Олими зул-шаҳодатайн, дар Машҳад, Қум ва Наҷаф баргузор шуд.
Зиндагинома
Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ фарзанди СайидАлӣ, дар соли 1301 ҳиҷрии қақмарӣ баробар бо 1883 дар қалъаи Оқоабдуллоҳ аз ноҳияи тобеи шаҳри Бастом дар наздикии Шоҳруд ба дунё омад.[1] Ба гуфтаи Сайид Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ (тав.1350ҳ.қ.) – нусхашинос ва феҳристнигори шиа, насаби ӯ ба Зайд ибни Алӣ мерасад.[2] Падараш деҳқон ва ҷаҷдаш - Сайид Абдуллоҳ, олим ва зоҳид буд.[3] Аз Сайид Абдуллоҳ каромоте нақл шудааст.[4]
Фарзандон
Сайид Маҳмуди Шоҳрудӣ се писар дошт:
- Сайид Муҳаммад: (тав.1344ҳ.қ.) ӯ дар соли 1375ҳ.қ., аз падараш иҷозати иҷтиҳод дарёфт кард. Ҳамчунин дар ғиёби падараш шабҳо дар масҷиди Ҳиндӣ ва зуҳрҳо дар масҷиди Ҷавҳарчӣ имоми ҷамоат буд. Тақрирот-ул-усул, дарси падараш ва низ Салот-ул-ҷумъа аз осори ӯст.[5]
- Сайид Алӣ: (тав.1347ҳ.қ.) ӯ дар дарси хориҷи падараш ҳозир мешуд ва идораи умури дафтари ӯро бар уҳда дошт.[6]
- Сайид Ҳусайн: (тав.1360ҳ.қ.) ӯ дар дарси хориҷи бародараш - Сайид Муҳаммад ширкат мекард ва тақрироти ӯро менавишт.[7]
- Сайид Маҳмуд Шоҳрудӣ дар 18 шаъбони соли 1394ҳ.қ., дар 94 - солагӣ баробар бо 5-уми сентябри 1974 вафот кард.[8] Ва дар Ҳарами Имом Алӣ (а) дафн шуд.[9]
Фаъолияти илмӣ
Шоҳрудӣ муқаддимоти таҳсили худро дар Бастом омухт, сипас барои идомаи таҳсил ба Машҳад рафт. Ӯ дарсҳои сатҳро дар Машҳад фаро гирифт ва ҳамзамон Кифоят-ул-усулро дар ҳавзаи илмияи онҷо тадрис мекард.[10]
Шоҳрудӣ дар соли 1328ҳ.қ., ба Наҷаф рафт ва дар дарсҳои фиқҳ ва усули Охунди Хуросонӣ ҳозир шуд. Ҳамзамон Расоил ва Макосиби шайхи Ансориро тадрис мекард.[11] Ӯ ҳудуди ҳаждаҳ моҳ дар дарси Охунди Хуросонӣ ширкат кард. Бо вафоти Охунд дар 20 зилҳаҷҷаи 1329ҳ.қ. ба Сомирро рафт, аммо туле накашид, ки ба Наҷаф баргашт ва як давра усули фиқҳро назди Оқозиё Ироқӣ фаро гирифт. Ӯ ҳамчунин дар дарси Мирзои Ноинӣ ҳозир мешуд ва аз шогирдони хосси ӯ буд. Мирзои Ноинӣ ӯро бар дигар шогирдонаш муқаддам медошт ва ҳангоме, ки барои шогирдонаш гувоҳии илмӣ содир мекард, назари вайро низ мепурсид.[12] Гуфта шудааст, Ноинӣ гувоҳии ӯро гувоҳии ду одил ба шумор меовард.[13] Аз ин рӯ, Оқозиёуддини Ироқӣ ва Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ ӯро зулшаҳодатайн (соҳиби ду шаҳодат) мехонданд ва шогирдонашонро барои санҷидани иҷтиҳод назди ӯ мефиристоданд.[14]
Олимони зиёде дар ҷаласаи дарси Сайид Маҳмуд Шоҳрудӣ ширкат мекарданд. Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Шоҳрудӣ, Сайидҷавод Оли Алии Шоҳрудӣ, Сайид Муҳаммадҷаъфар Мураввиҷи Ҷазоирӣ, Муҳаммади Раҳматии Сирҷонӣ, Алӣ Озоди Қазвинӣ[15] Муҳаммадиброҳими Ҷаннотӣ, Муслим Малакутӣ, Ҷаводи Табрезӣ[16] ва Сайидкозими Ҳоирӣ[17] аз шогирдони ӯ буданд.
Марҷаъият
Шоҳрудӣ дар давраи Мирзои Ноинӣ ва Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ дар 35-солагӣ ба иҷтиҳод расид.[18] Вай то замоне, ки он ду зинда буданд, аз интишори рисолаи амалия худдорӣ кард ва мардумро ба онҳо ирҷоъ медод. Пас аз вафоти Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ дар соли 1365ҳ.қ., марҷаъияти шиаёнро уҳдадор шуд ва дар соли 1366ҳ.қ., рисолаи амалияаш дар Наҷаф ва Теҳрон мунташир шуд.[19] Марҷаъияти ӯ пас аз вафоти Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва Сайид Муҳсини Ҳаким фарогиртар шуд.[20]
Фаъолият
- Сохти масҷид ва Ҳусайния дар Кобули Афғонистон
- Таъсиси мадориси илмия дар шаҳрҳои Форуҷ (мадрасаи Маҳмудия), Зоҳидӣ ва Фуман
- Бозсозии мадрасаи Бухороӣ ва мадрасаи Қазвинӣ дар Наҷаф
- Сохти масоҷид дар шаҳрҳои мухталифи Эрон монанди Буҷнурд, Тайибот, Кулола, Ромиён ва Ҷоҷарм
- Таъсиси омӯзишгоҳ: ин омӯзишгоҳ аз марҳалаи ибтидоӣ то поёни мутавасситаро дар ду барномаи форсӣ ва арабӣ пӯшиш медод. Дар он замон омӯзишгоҳҳои Наҷаф аз сӯи давлатҳои Эрону Ироқ ҳимоят мешуданд. Аз ин рӯ бештари туллоб аз сабти номи фарзандонашон дар онҳо худдорӣ мекарданд.[21]
- Сохти шаҳраки маскунии туллоб: ин шаҳрак дар масоҳате ҳудуди 124000 метр дар наздикии марқади Кумайл ибни Зиёд дар фосилаи байни Наҷафу Куфа қарор дорад. Ӯ тасмим дошт дар он, сад воҳиди маскунӣ, як дармонгоҳ ва як омӯзишгоҳ барои туллоб бино кунад. Чандин сохтмон дар замони ҳаёти ӯ ва чанд сохтмон баъд аз вафоташ тавассути фарзандонаш бино шуд, то инки дар 1980, ҳукумати вақти Ироқ фарзандони ӯро аз Ироқ ихроҷ кард.[22]
- Пиёдаравӣ ба Карбало: дар давраи марҷаъияти ӯ, маросими пиёдаравӣ ба самти Карбало дар миёни туллоби Наҷаф равнақ гирифт.[23] Гуфта шудааст, ӯ 260 бор пиёда, ба Карбало рафт.[24]
Таъсиси Беъсаи ҳаҷ
Оятуллоҳ Шоҳрудӣ аз соли 1967 гуруҳеро барои посухгӯӣ ба масоили шаръӣ дар маросими ҳаҷ эъзом кард, ки ба номи ал-Беъсатуд-динийя лил-ҳаҷ шинохта мешавад. Ӯ дар соли 1966 ба ҳамроҳи аъзои ҳалқаи истифтоъ дар маросими ҳаҷ ширкат кард ва ба зарурати чунин коре пай бурд.[26] Шоҳрудӣ дар ин сафар дар шаҳрҳо ва амокини мухталиф мавриди истиқболи мардум ва шахсиятҳои сиёсию мазҳабӣ, аз ҷумла: амири Мадина - бародари ҳокими Арабистон қарор гирифт. Сайидалӣ Нақии Сомирроӣ ба муносибати бозгашти ӯ аз сафари ҳаҷ ба Ироқ дар ҳузури гуруҳи зиёде дар Козимайн қасидае дар мадҳи ӯ суруд,[27] ки бо «тиҳӣ далолан Маккатул-улё/ تیهی دلالاً مکة العُلیاء » шурӯъ мешавад.[28]
Вокуниш ба воқеаи Файзия
Ба гуфтаи Сайидҳусайн - фарзанди Сайид Маҳмуд Шоҳрудӣ, падараш ҳамлаи авомили ҳукумати Паҳлавӣ ба мадрасаи Файзия дар соли 1963 маҳкум кард ва дар ин робита телегрофҳои мутааддиде бо мардум ва уламои Эрон барқарор кард.[29] Албатта телегрофе аз имом Хумайнӣ ба таърихи 12 фарвардини 1342ҳ.ш., хитоб ба вай вуҷуд дорад, ки аз куштори рӯҳониён дар Қум ва сукути мусулмонон нисбат ба он, изҳори тааҷҷуб кардааст.[30]
Таълифот
Сайид Маҳмуд Шоҳрудӣ осори мухталифе таълиф кардааст, аз ҷумла:
- Тақрироти дарси Зиёуддини Ироқӣ
- Тақрироти дарси фиқҳ ва усули Мирзои Ноинӣ
Ӯ рисолаҳое дар мавзӯъоти таҳорат, таяммум, вузӯъ, либоси намозгузор, намози мусофир, хумс, закот, ҳаҷ, ирс, таърифи илми усул, қоидаи яд, қоидаи ло зарара ва риҷол навиштааст. Ҳамчунин бар китобҳои зиёде ҳошия задааст. Рисолаи илмияе мутобиқ бо фатвояш таълиф шудааст.[31] Китоби Янобиъ-ул-фиқҳ, дарбардорндаи мабоҳиси дарси хориҷи салот ва натоиҷ-ул-афкори фи-л-усул, мабоҳиси дарси хориҷи усули ӯст, ки тавассути Сайид Муҳаммадҷаъфари Ҷазоирии Мураввиҷ тақрир шудааст.[32]
Конгресси бузургдошт
Конгресси бузургдошти Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ бо унвони олими зулшаҳодатайн дар июли 2021 дар Машҳад, Қум ва Наҷаф баргузор шуд.[33] Дар 8-уми июли 2021 ҳамоише дар бузургдошти вай дар Шоҳруд баргузор шуд.[34] Фарохони ин конгресс ба забонҳои форсӣ, арабӣ, англисӣ ва урдӯ дар кишварҳои мухталиф мунташир шудааст.[35]
Такнигорӣ
Дар бораи Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ осоре ба забони арабӣ ва форсӣ таълиф шудааст; аз ҷумла:
- Ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, асари Сайид Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, ки дар замони ҳаёти Оятуллоҳ Шоҳрудӣ дар бораи зиндагии ӯ навишта шудааст. Ин китоб дар 122 саҳифа, ба забони арабӣ мунташир шудааст.
- Зиндагӣ ва муборизоти Оятуллоҳилъузмо Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ ба ривояти аснод, таълифи Довуди Қосимпӯр ва Шоҳини Ризоӣ. Ин китоб тавассути интишороти маркази асноди инқилоби исломӣ дар соли 2010 352 саҳифа дар Теҳрон мунташир шудааст.[36]
Галерӣ
Маросими тарҳими Оятуллоҳ Шоҳрудӣ дар масҷиди Гавҳаршод
Оятуллоҳ Шоҳрудӣ дар либоси эҳром дар Арафот
Дидори Оятуллоҳ Шоҳрудӣ бо имом Хумайнӣ ҳангоми вуруди ӯ ба Наҷаф
Сайид Маҳмуд Шоҳрудӣ дар масири ҳаракат аз Наҷаф ба Карбало
Эзоҳ
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.13.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.20.
- ↑ Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1353ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.365.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.20.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.99.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.101.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.102.
- ↑ Шарифи розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1353ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.366.
- ↑ Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, саҳ.77.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.28 - 29.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.30.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.20.
- ↑ “Мусоҳиба бо Сайид Ҳусайн Шоҳрудӣ”, саҳ.8.
- ↑ Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, саҳ.70.
- ↑ “Мусоҳиба бо Сайид Ҳусайн Шоҳрудӣ”, саҳ.9.
- ↑ Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, саҳ.76.
- ↑ Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Сайидкозим Ҳоирӣ, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
- ↑ Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, саҳ.70.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.43.
- ↑ Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, саҳ.70.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.94 - 97.
- ↑ Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, саҳ.71 - 72.
- ↑ Ҳусайнии Шоҳрудӣ, Сайиди Маҳмӯд, пойгоҳи итилоърасонии ҳавза.
- ↑ Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, саҳ.75.
- ↑ “Муруре бар шаклгирии Беъсаи мароҷеъи изоми тақлид”, Мубоҳисот.
- ↑ “Муруре бар шаклгирии Беъсаи мароҷеъи изоми тақлид”, мубоҳисот.
- ↑ Ниг.: Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.75 - 83.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.87.
- ↑ Абирӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ”, саҳ.755.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, ҷ.21, саҳ.499.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, саҳ.47 - 48.
- ↑ “Янобиъ-ул-фиқҳ... исдору ҷадид ли Оятуллоҳ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ ал-Шоҳрудӣ раҳ”, ал-Иҷтиҳод.
- ↑ “Конгресси байналмилалии бузургдошти Оятуллоҳилъузмо Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ дар Қум баргузор мешавад”, рӯзномаи Иттилоот, 14 исфанд, 1399ҳ.ш.
- ↑ “Ҳамоиши миллии накӯдошти Оятуллоҳ Ҳусайнии Шоҳрудӣ баргузор шуд + тасовир”, хабаргузории Расо.
- ↑ “Конгресси байналмилалии бузургдошти Оятуллоҳилъузмо Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ дар Қум баргузор мешавад”, рӯзномаи Иттилоот, 14 исфанд, 1399ҳ.ш.
- ↑ “Зиндагӣ ва муборизоти Оятуллоҳилъузмо Сайидмаҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ ба ривояти аснод”, Одинабук.
Сарчашма
- Абирӣ, Аббос, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ” дар Гулшани аброр (ҷ.2), Қум, нашри Маъруф, чопи сеюм, 1385ҳ.ш.
- "Конгресси байналмилалии бузургдошти Оятуллоҳилъузмо Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрудӣ дар Қум баргузор мешавад”, рӯзномаи Иттилоот, 14 исфанд, 1399ҳ.ш.
- "Муруре бар шаклгирии Беъсаи мароҷеъи изоми тақлид”, мубоҳисот, дарҷи матлаби 1 меҳри 1394ҳ.ш., мушоҳида: 20 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
- "Мусоҳиба бо Сайид Ҳусайн Шоҳрудӣ”, маҷаллаи Ҳарими имом, № 165, урдибиҳишти 1394ҳ.ш.
- Нуҷуми уммати 20 “Зиндагонии марҳум Оятуллоҳ Шоҳрудӣ” муаррифӣ ва нақд”, Нури илм, № 23, обони 1366ҳ.ш.
- Ҳусайнӣ, Сайид Аҳмад, ал-Имом-уш-Шоҳрудӣ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ, Матбаъат-ул-Баён, Бағдод, бе то.
- Ҳусайнии Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 18 меҳри 1387, таърихи боздид: 11 хурдоди 1402.
- Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон (ҷ.5), Қум, Пирӯз, 1353ҳ.ш.
- "Янобиъ-ул-фиқҳ.. исдору ҷадид ли Оятуллоҳ ас-Сайид Маҳмуд ал-Ҳусайнӣ ал-Шоҳрудӣ раҳ”, ал-Иҷтиҳод, дарҷи матлаб: 9 октябри 2020, мушоҳида: 12 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.