Абдулмалик ал-Ҳусӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ)
Абдулмалик ал-Ҳусӣ

Абдулмалик Ҳусӣ сеюмин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст. Ӯ тарафдори ваҳдати исломӣ ва аз мудофеъони Фаластин аст.

Дар замони раҳбарии ӯ бар ҷунбиши Ансоруллоҳ, Яман бо ҳуҷуми низомии эътилофи арабии муташаккил аз чанд кишвари арабӣ аз ҷумла Арабистон рӯбарӯ шуд. Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба раҳбарии Абдулмалик тавонист аҳдофе дар Арабистонро мавриди исобат қарор диҳад.

Аз ҷумлаи иқдомоти ҷунбиши Ансоруллоҳ дар давраи раҳбарии Абдулмалик, ҳамлаи мушакӣ ба Исроил ва ҳадаф қарор додани киштиҳои муртабит бо ин режим дар дарёи сурх ва Бобулмандаб, дар ҳимоят аз мардуми Ғазза аст.

Иқдмоти низомии Абдулмалик Ҳусӣ мунҷар ба таҳрими вай аз ҷониби шӯрои амнияти Созмони Милал ва давлати Амрико гардид.

Зиндагинома

Абдулмалик Ҳусӣ, сеюмин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, пас аз бародараш - Ҳусайн ва падараш - Бадруддин, қаламдод мешавад.[1] Тибқи гузоришҳо, интисоби вай ба ин симат, тавассути падараш - Бадриддин сурат гирифт.[2] Бархе, оғози раҳбарии вай бар ҷунбиши Ансоруллоҳро соли 2010 (соли вафоти Бадриддин Ҳусӣ) дониста[3] ва иддае соли 2004 (соли кушта шудани Ҳусайн Ҳусӣ)[4] ва бархе 2006 унвон кардаанд.[5]

Абдулмаликро бо доштани ҳушмандӣ ва салобат[6] аз муҳимтарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон қаламдод кардаанд.[7] Аз ҷумлаи вижагиҳои ӯ, эроди суханрониҳои тӯлонии нонавишта ва пардохтан ба масъалаи Фаластин, баён шудааст.[8]

Абдулмалик дар вилояти Саъда ба дунё омад. Падараш - Бадриддин, аз мароҷеъи динии зайдия ва падарбузургаш - Амируддин аз уламои маъруфи минтақа буданд.[9] Таърихи вилодати ӯ солҳои 1979 ва соли 1982 эълом шудааст.[10] Куняашро Абуҷабраил гуфтаанд.[11] Ба хотири интисобаш ба Пайғамбар (с) ба ӯ лақаби Сайид додаанд.[12] Абдулмалик улуми динӣ[13] ва адабиёти арабро назди падараш фаро гирифт. Вай мадраки илмии академия надорад.[14]

Хусусиятҳо ва дидгоҳҳо

Ба ақидаи коршиносон, Абдулмалик Ҳусӣ пас аз кушта шудани бародараш - Ҳусайн, тавонист ба унвони як фармондеҳ, монеъи пешравии неруҳои низомии давлати Яман шавад.[15] Раҳбарии Абдулмалик, муҳимтарин омили муваффақияти Ансоруллоҳи Яман дар муқобили Арабистон қаламдод шудааст.[16] Қудрати Абдулмаликро ношӣ аз виҷҳаи мардумии густардаи ӯ донистаанд.[17] Гуфта мешавад, ӯ бо илҳом гирифтан аз Сайидҳасан Насруллоҳ - раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон, тавонист садҳо ҳазор нафар аз мардуми Яманро ҷазб кунад.[18]

Пас аз ҳамлаи мушакии Ансоруллоҳи Яман ба пойтахти Арабистон дар ҷавоб ба ҳамалоти эътилофи арабӣ, дар соли 2017, ин кишвар маблағи 30 милион доллар бобати дарёфти иттилоотӣ аз Абдулмалик Ҳусӣ, ки мунҷар ба дастгирии ӯ шавад, таъйин кард.[19]

Абдулмалик Ҳусӣ аз тарафдорони ваҳдати исломӣ ва мухолифи даргириҳои мазҳабӣ маҳсуб мешавад.[20] Ӯ аз мудофеъони ҳуқуқи Фаластин ва аз ҳомиёни дифои неруҳои фаластинӣ дар баробари Исроил ба шумор рафтааст. Ӯ амалиёти Тӯфони ал-Ақсоро пирӯзии таърихӣ ва бузург барои Фаластин ва уммати исломӣ медонад.[21]

Иртибот бо Эрон

Иртибот бо Эрон Оғози робитаи Абдулмалик Ҳусӣ бо Эронро ибтидои даҳаи ҳаштоди мелодӣ донистаанд, ки тавассути падараш - Бадриддин Ҳусӣ поягузорӣ шуд.[22] Бархе муътақиданд, шахсияти фикрӣ ва эътиқодии ӯ дар Эрони шакл гирифтааст.[23]

Коршиносон, тасаллути Ансоруллоҳ бар бахше аз соҳили ғарбии Яман дар дарёи сурхро ба унвони як дастоварди стратегӣ барои Эрон, қаламдод кардаанд.[24]

Иқдомот ва фаъолиятҳо

Абдулмалик Ҳусӣ дар замони ҳузури бародараш - Ҳусайн дар Санъо ба унвони намояндаи маҷлиси Яман, вазифаи муҳофизат аз вайро бар уҳда дошт.[25] Абдулмаликро мутаъассир аз бародараш - Ҳусайн донистаанд, то ҷое ки ӯро падари маънавӣ ва улгуи Абдулмалик талаққӣ кардаанд.[26] Бахше аз иқдомоти вай дар замони раҳбарӣ бар Ансоруллоҳ:

  • Муаррифии ҷунбиши Ансоруллоҳ аз тариқи эҷоди сайти ал-Минбар (2007) ва таъсиси шабакаи ал-Масира (2012) ки мӯҷиби афзоиши теъдоди ҳомиёни ин ҷунбиш гардид.[27]
  • Барпоии наҳзате бо ҳадафи барандозии ҳукумати фосид, ислоҳи иқтисод ва иҷроӣ кардани тасмимоти гуфтугӯи миллӣ (2014).[28]
  • Муқовимат дар баробари эътилофи низомии Арабистони Саудӣ алайҳи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман[29]
  • Мубориза бо мафосиди иқтисодӣ[30]
  • Ҳамла ба Исроил ва киштиҳои мутааллиқ ба он дар ҳимоят аз Ғазза дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо (2023 - 2024)[31]

Таҳримҳо

Шӯрои амнияти Созмони Милал дар соли 2015 Абдулмалик Ҳусиро таҳти унвони шӯриш алайҳи давлати қонунӣ, мавриди таҳрим қарор дод.[32] Давлати Амрико дар авохири соли 2020 ҳамзамон бо қарор додани Ансоруллоҳи Яман дар листи гуруҳҳои террористӣ, Абдулмалик Ҳусиро таҳрим кард. Давлати ҷадиди ин кишвар дар соли 2021, ин тасмимро лағв кард.[33]

Вақоеъи давраи раҳбарии Абдулмалик бар Ансоруллоҳ

Дар давраи раҳбарии Абдулмалик Ҳусӣ бар ҷунбиши Ансоруллоҳ, иттифоқоте ба вуқуъ пайвастааст, ки дар идома ба порае аз онҳо ишора мешавад:

  • Вуқуъи ҷангҳои мутааддид бо давлати Яман аз ибтидои раҳбарӣ то соли 2010
  • Даргирӣ бо артиши Арабистон дар хоки ин кишвар (2010)
  • Оғози интифоза ва инқилоби 11 феврали 2011 алайҳи давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
  • Баргузории гуфтугӯи миллӣ ва маҳкумияти ҳамалоти давлат алайҳи Ҳусиҳо (2013)[34]
  • Сайтара бар Санъо ва соқит кардани давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ (2014)[35]
  • Ҳуҷуми эътилофи арабӣ ба Яман ба раҳбарии Арабистони Саудӣ (2015)[36]
  • Қатли Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба дасти неруҳои Ансоруллоҳ (2017)[37]
  • Ҳамлаи Амрико ва Англис ба ҷойҳои низомии Ансоруллоҳи Яман дар ҷавоб ба ҳамалоти ин ҷунбиш алайҳи киштиҳои исроилӣ (2024)[38]

Эзоҳ

  1. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. мин мутамаррид мин-ал-ақолим ило заъим ватанӣ”, вебгоҳи хабаргузории Ройтерс.
  2. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  3. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Нашра.
  4. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. ал-муршидул-аъло фи-л-Яман”, вебгоҳи Баввобатул-ҳаракотил-исломия.
  5. “Ҳақоиқу ло таърифуҳо ан Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  6. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.194.
  7. “Ҳақоиқу ло таърифуҳо ан Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  8. “Ал-Яман: ман ҳува қоиду Ансоруллоҳ Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Фаронса 24.
  9. “Қоид Ансоруллоҳ ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  10. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  11. “Қоид Ансоруллоҳ ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  12. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. ал-имом-ус-солис”, вебгоҳи рӯзномаи аш-Шарқул-авсат.
  13. “Қоид Ансоруллоҳ ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  14. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.105.
  15. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ мин заъимил-мутамарридин ило сонеъил-мулук”, вебгоҳ хабарии Навенпаст.
  16. “Рози муқовимат ва шикастнопазирии раҳбари Ансоруллоҳи Яман чист?”, вебгоҳи хабаргузории Форс.
  17. “Мин айна ястамиду Абдулмалик ал-Ҳусӣ қувватаҳ”, вебгоҳи хабаргузории Дойчавела.
  18. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. ал-муршидул-аъло фи-л-Яман”, вебгоҳи Баввобатул-ҳаракотил-исломия.
  19. Аҳмадӣ, “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. заъимун хафий тулоҳиқуҳу қоимат ирҳобу Трамб”, вебгоҳи хабаргузории Анатолия.
  20. “Ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ ядъу ило ваҳдатил-уммат ва набзил-хилофот”, хабаргузории Тақриб.
  21. “Ан-Нассул-комил ли калимати Абдулмалик ал-Ҳусӣ ҳавла Туфон ал-Ақсо вар-раддул-исроилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии CNN.
  22. “Ҳозо Абдулмалик ал-Ҳусӣ зироъ Эрон фи-л-Яман”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алъарабия.
  23. Барои намуна ниг.: “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. ал-имом-ус-солис”, вебгоҳи рӯзномаи аш-Шарқул-авсат; “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. ал-муршидул-аъло фи-л-Яман”, вебгоҳи Баввобатул-ҳаракотил-исломия.
  24. “Ман ҳува заъимул-Ҳўсиин Абдулмалик ал-Ҳусӣ?”, вебгоҳи Мисровӣ.
  25. “Қоид Ансоруллоҳ ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  26. “Қоид Ансоруллоҳ ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  27. “Ҳақоиқу ло таърифуҳо ан Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  28. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, си 252 - 253.
  29. “Ҳақоиқу ло таърифуҳо ан Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  30. “Ҳақоиқу ло таърифуҳо ан Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак.
  31. “Ас-Сайии ал-Ҳусӣ: нарсуду ассуфунал-исроилия фил-баҳрил-аҳмар.. саназфару биҳо ва санастаҳдифуҳо”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин; “Рози муқовимат ва шикастнопазирии раҳбари Ансоруллоҳи Яман чист?”, вебгоҳи хабаргузории Форс.
  32. “Ҷамоъатул-Ҳусийин.. ҳаракаҳтул-яманияи ҷамъат байнал-зайдийяти вал-наҳҷул-иронӣ вал-ҳукмул-оилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  33. “Ҷамоъатул-Ҳусийин.. ҳаракаҳтул-яманияи ҷамъат байнал-зайдийяти вал-наҳҷул-иронӣ вал-ҳукмул-оилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  34. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.. ал-муршидул-аъло фи-л-Яман”, вебгоҳи Баввобатул-ҳаракотил-исломия.
  35. “Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  36. “Ал-Хуруҷ мин ҳарбил-Яман юаззизу амнал-Саъудия ва руъятуҳол-истисмория”, вебгоҳи рӯзномаи Алъараб.
  37. “Мақтал Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ би расосил-Ҳусийин”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  38. “Заработ амрикия ва бритония ала аҳдоф фи Санъо вал-Ҳадида вал-Ҳусӣ ятавъадуҳу биррад”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.

Сарчашма

  • “Абдулмалик ал-Ҳусӣ мин заъимил-мутамарридин ило сонеъил-мулук”, вебгоҳ хабарӣ навен паст, таърихи дарҷи матлаб: 8 дейи 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 21 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Абдулмалик ал-Ҳусӣ... ал-имом-ус-солис”, вебгоҳи рӯзномаи аш-Шарқул-авсат, таърихи дарҷи матлаб: 8 баҳмани 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 25 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Абдулмалик ал-Ҳусӣ.... ал-муршидул-аъло фи-л-Яман”, вебгоҳи Баввобатул-ҳаракотил-исломия, таърихи дарҷи матлаб: 11 шаҳривари 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 20 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Нашра, таърихи дарҷи матлаб: 1 меҳри 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 24 дейи 14012ҳ.ш.
  • “Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 10 исфанди 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 20 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ал-Хуруҷ мин ҳарбил-Яман юаззизу амнал-Саъудия ва руъятуҳол-истисмория”, вебгоҳи рӯзномаи алъараб, таърихи дарҷи матлаб: 7 фарвардини 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 25 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Анбо ан мақтали Абдулмалик ал-Ҳусӣ“, вебгоҳи шабакаи хабарии BBC, таърихи боздид: 6 дейи 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 16 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ан-Нассул-комил ли калимати Абдулмалик ал-Ҳусӣ ҳавла Туфон ал-Ақсо вар-раддул-исроилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии CNN, таърихи дарҷи матлаб: 19 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 25 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ ядъу ило ваҳдатил-уммат ва набзил-хилофот”, хабаргузории тақрйв, таърихи дарҷи матлаб: 3 тири 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 3 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • “Ас-Сайии ал-Ҳусӣ: нарсуду ассуфунал-исроилия фил-баҳрил-аҳмар... саназфару биҳо ва санастаҳдифуҳо”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин, таърихи дарҷи матлаб: 23 озари 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 2 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • Аҳмадӣ, Азиз, “Абдулмалик ал-Ҳусӣ. заъимун хафий тулоҳиқуҳу қоимат ирҳобу Трамб”, вебгоҳи хабаргузории Анатолия, таърихи дарҷи матлаб: 2 баҳмани 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 24 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Заработ амрикия ва бритония ала аҳдоф фи Санъо вал-Ҳадида вал-Ҳусӣ ятавъадуҳу биррад”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 22 дейи 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 2 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • “Қоид Ансоруллоҳ ас-Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ, таърихи дарҷи матлаб: 18 баҳмани 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 16 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Мақтал Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ би расосил-Ҳусийин”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 13 озари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 25 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ман ҳува заъимул-Ҳўсиин Абдулмалик ал-Ҳусӣ?”, вебгоҳи Мисровӣ, таърихи дарҷи матлаб: 13 озари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 24 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Мин айна ястамиду Абдулмалик ал-Ҳусӣ қувватаҳ”, вебгоҳи хабаргузории Дойчаи вела, таърихи дарҷи матлаб: 17 меҳри 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 21 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Рози муқовимат ва шикастнопазирии раҳбари Ансоруллоҳи Яман чист?”, вебгоҳи хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 22 дейи 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 23 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ҳақоиқу ло таърифуҳо ан Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи маҷаллаи Восиъ садрак, таърихи дарҷи матлаб: 11 тири 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 25 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ҳозо Абдулмалик ал-Ҳусӣ зироъ Эрон фи-л-Яман”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алъарабия, таърихи дарҷи матлаб: 13 озари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 27 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ҷамоъатул-Ҳусийин.... ҳаракатул-ямания ҷамаъат байнал-зайдийяти вал-наҳҷул-иронӣ вал-ҳукмул-оилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 28 озари 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 23 дар 1402ҳ.ш.
  • Шайх Ҳусайнӣ, Мухтор, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли албит, 1393ҳ.ш.