Сайид Аббос Мӯсавӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сайид Аббос Мусави)
Сайид Аббос Мӯсавӣ
Маҳалли зиндагӣЛубнон
МазҳабШиа
Санаи таваллуд1952
ЗодгоҳНабӣ-Шис, Баълабак - Лубнон
Санаи шаҳодат1992
Маҳалли дафншаҳраки Набӣ-Шис
УстодонСайид Абулқосими Хуӣ, Сайид Муҳаммадбоқири Садр
ШогирдонСайид Ҳасан Насруллоҳ
СиёсӣДабиркулли Ҳизбуллоҳи Лубнон
Шинохташуда бароиМубориза бо истикбор ва саҳюнизми ҷаҳонӣ


Сайид Аббос Мӯсавӣ (арабӣ: السيد عباس الموسوي) (1952 - 1992) дуюмин дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон буд. Ӯ солҳои аввали фаъолияташ дар канори нерӯҳои фаластинӣ бо Исроил ҷангид ва вақте барои таҳсил ба Ироқ рафт, бо режими баъс ба муқобила бархест ва ҳангоме, ки ба Лубнон баргашт бо ташкили Ҳизбуллоҳ ба сӯрати ҷиддитар вориди набард бо Исроил шуд.

Ӯ мутаассир аз андешаҳои Сайид Муҳаммадбоқир Садр ва Имом Хумайнӣ буд ва дар соли 1979 дар сафар ба Эрон, бо Имом Хумайнӣ дидор кард. Сайид Аббос Мӯсавӣ дар соли 1991 ба унвони дабиркулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шинохта шуд ва дар 16 феврали 1992, аз сӯи нерӯҳои режими саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.

Таҳсил дар Лубнон ва Наҷаф

Сайид Аббос Мӯсавӣ дар соли 1952 дар шаҳраки Набӣ-Шис аз тавобеъи Баълбаки Лубнон ба дунё омад.[1] Ӯ дар соли 1966 дар шаҳри Сувар бо Имом Мӯсо Садр ошно шуд ва ба тавсияи вай ба ҳавзаи илмияи Сувар (Маъҳад-уд-диросот-ил-исломия) рафт ва таҳсилоти ҳавзавии худро аз он ҷо оғоз кард.[2]

Сайид Аббос Мӯсавӣ, дар соли 1967 барои идомаи таҳсилоти ҳавзавӣ вориди Наҷаф шуд ва дар дарсҳои Сайид Абулқосими Хуӣ ва Сайид Муҳаммадбоқир Садр ширкат кард.[3] Ӯ иртиботи густардае бо Сайид Муҳаммадбоқир Садр дошт ва муқаддамоти ошнои Сайид Ҳасан Насруллоҳро бо садр фароҳам кард.[4]

Фаъолият дар Лубнон

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабиркулли вақти Ҳизбуллоҳи Лубнон дар тавсифи устодаш Сайид Аббос Мӯсавӣ:

Устоде бо ихлос, пайгири умури дарию ахлоқии туллоб, улгӯи амалии тақвову ахлоқу диёнат, олиме мутаъаҳҳид, хастагинопазир, марди дуову гиряву шабзиндадорӣ, ошиқи Расӯли Худо ва хонадонаш, иртиботи амиқ бо Сайид Муҳаммадбоқир Садр, воҷиб-ул-итоъа донистани Имом Хумайнӣ, табаъияти комил аз Сайид Алии Хоманаӣ, пештоз дар хизмат ба мардум, натарсидан аз ғайрихудо ва фидокорӣ дар роҳи муқовимати исломӣ то шаҳодат.

Сайид Аббос Мӯсавӣ дар даврони иқомат дар Ироқ, ба иллати фаъолияти сиёсӣ алайҳи режими баъси Ироқ таҳти фишори ҳукӯмат буд, аз ин рӯ дар соли 1979 ба Лубнон бозгашт.[6] Ӯ дар шаҳри Баълбак мадрасае бо унвони «Имоми мунтазар» таъсис кард. Ҳамсари вай низ ҳавзае бо номи «аз-Заҳро» барои таҳсили бонувон ташкил дод.[7] Сайид Аббос Мӯсавӣ ҳамчунин таҷаммуъи уламо-ул-муслиминро барои ҳамоҳангии бештари миёни рӯҳониёни лубнонӣ эҷод кард.[8]

Дар соли 1982 дар паи ишғоли Лубнон тавассути режими сиҳюнистӣ, ба ҳамроҳи чанд тан аз ҷавонони Лубнон дар дарраи Буқоъи Лубнон ҷамъ шуда ва гурӯҳеро барои мубориза бо Исроил ташкил доданд ки баъдҳо Ҳизбуллоҳ номида шуд.[9]

Дабирикулии Ҳизбуллоҳ

Мақолаи аслӣ: Ҳизбуллоҳи Лубнон

Ӯ дар моҳи майи 1991 аз сӯи шӯрои марказии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба унвони дуюмин дабири кулли ин ҳизб интихоб шуд. Пеш аз ӯ Субҳӣ Туфайлӣ дабири кулли Ҳизбуллоҳ буд.[10]

Шаҳодат

Сайид Аббос Мӯсавӣ 16 феврали 1992 пас аз ҳузур дар маросими солгарди Шайх Роғиб Ҳарб ва дар ҳоли бозгашт ба Бейрут, мавриди ҳамлаи ҳавоии Исроил қарор гирифт ва ба ҳамроҳи фарзанду ҳамсараш ба шаҳодат расид.[11] Халабони ҳамлавар ба ӯ дар соли 2008[12] ва рӯзномаи исроилии Едиот ахронот (ибрӣ: ידיעות אחרונות) дар соли 2012 ҷузъиёте аз моҷарои террори вайро фош карданд.[13]

Дар паи ин террор, Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар паёме, Сайид Аббоси Мӯсавиро олиқадару шуҷоъу боихлосу ҳӯшманд тавсиф карду вайро фарде донист, ки илмро бо амалу гуфторро бо сидқу фидокориро бо дироят тавъам карда буд.[14]

Такнигорӣ

Осори мактуб ва расонаии мутаъаддиде дар бораи Сайид Аббос Мӯсавӣ тавлид шудааст, ки бархе аз ин осор иборатанд аз:

  • Китоби Зиндагӣ ва муборизоти шаҳид Сайид Аббос Мӯсавӣ (дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон), таълифи Ғуломризо Гули Заввора. Матни ин китоб аз ин ҷо дар дастрас аст.
  • Китоб «Зубар-ал-ҳадид 2» таълифи Фотима Муслиҳзода.[15]
  • Моҳномаи «Шоҳиди ёрон» вижаи шаҳид Сайид Аббоси Мӯсавӣ бо унвони «Зайтуни сурх» ба ҳиммати гуруҳи маҳаллоти шоҳид. Нусхаи интерентии ин маҷалларо метавонед аз ин ҷо мушоҳида ва мутолиа кунед.
  • Мустанади «Зиндагии хуб, марги хуб»: тавлиди гуруҳи ҳамоса ва дифоъи шабакаи аввали телевизиони Ҷумҳурии исломии Эрон. Ин мустанадро аз ин ҷо метавонед тамошо кунед.
  • Мустанади «Зайтуни талх»: ин мустанадро ки аз шабакаи Теҳрони телевизиони Ҷумҳурии исломии Эрон пахш шудааст метавонед аз ин ҷо мушоҳида кунед.
  • Серияли «ал-Ғолибун 2»; ин сериял нахустин бор дар рамазони соли 1392ҳ.ш. аз шабакаи ал-Минор ва бо дублаи форсӣ дар рамазони соли 1393ҳ.ш. аз шабакаи iFilme-и телевизиони Ҷумҳурии исломии Эрон пахш шуд. Ин сериялро аз ин ҷо метавонед мушоҳида кунед.

Нигорхона

Эзоҳ

  1. «زندگی شهید سید عباس موسوی دبیرکل سابق حزب‌الله», Хабаргузории Тасним
  2. Гулизаввора, «قله مقاومت», Сайти Фарҳехтагони тамаддуни шиӣ
  3. «زندگی شهید سید عباس موسوی دبیرکل سابق حزب‌الله», Хабаргузории Тасним
  4. «روایت سید حسن نصر الله از شهید محمد باقر صدر», Сайти Имна
  5. «خاطرات ناب دبیر کل حزب الله از شهید سید عباس موسوی», Сайти Навиди Шоҳид
  6. Гулизаввора, «قله مقاومت», Сайти Фарҳехтагони тамаддуни шиӣ
  7. «زندگینامه شهید سید عباس موسوی», Сайти шаҳид Овинӣ
  8. السید عباس الموسوی من الولادة حتی الشهادة
  9. Гулизаввора, Зиндагӣ ва муборизоти шаҳид Сайид Аббоси Мӯсавӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.54 - 55
  10. Девсолор «تاریخچه و عملکرد حزب الله لبنان و نقش انقلاب اسلامی ایران»
  11. «تشابه شهادت رهبران شهید حزب‌الله», Хабаргузории ИРНА
  12. «شرح واقعه ترور سید عباس موسوی توسط خلبان مجری این عملیات تروریستی», Сайти Шаҳид Овинӣ
  13. «ماجرای ترور شهید سید عباس موسوی از زبان صهیونیست‌ها», Сайти Ҷаҳон-Ниюс
  14. «پیام تسلیت در پی شهادت علامه سید عباس موسوی», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ
  15. «زبر الحدید (سید عباس الموسوی)», Сайти Потуқи китоб

Сарчашма