Сураи Қурайш

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Саду шашумин сураи Қуръон)
Сураи Қурайш
Сураи Қурайш
Рақами сура106
Ҷузъ30
Нузул
Маккӣ/МаданӣМаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо4
Теъдоди калимаҳо17
Теъдоди ҳарфҳо76


Сураи Қурайш (форсӣ:سوره قریش) ё Илоф 106-умин сура ва яке аз сураҳои маккии Қуръон, ки дар ҷузъи 30-уми Қуръон аст.

Ин сураро аз он ҷиҳат, ки дар бораи ҳамбастагии Қурайш сухан мегӯяд, Қурайш ё Илоф номидаанд.

Дар ин сура неъматҳои Худованд ба Қурайш ва вазифаҳои онҳо дар баробари ин неъматҳои Илоҳӣ баён шудааст.

Аз Пайғамбар (с) нақ шудааст, ҳар касеки сураи Қурайшро бихонад, Худованд ба теъдоди ҳар як аз тавофкунандагону муътакифон дар Масҷидулҳаром даҳ ҳасана ба ӯ медиҳад.

Муаррифӣ

Номгузорӣ

Ин сураро Қурайш ё Илоф номидаанд; зеро дар бораи ҳамбастагии Қурайш (лиилофи Қурайш) сухан мегуяд.[1]

Макон ва тартиби нузул

Сураи Қурайши ҷузви сураҳои маккии Қуръон ва дар тартиби нузул бисту нуҳумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф яксаду шашумин сура аст[2] ва дар ҷузъи 30-уми Қуръон ҷой дорад.

Теъдоди оёту калимот

Сураи Қурайши 4 оя, 17 калима ва 76 ҳарф дорад. Ин сура аз назари ҳаҷмӣ ҷузви сураҳои қисор аст.[3]

Мазмун ва муҳтаво

Сураи Қурайш аз оғоз то поён дар бораи Қурайш сухан мегӯяд ва неъматҳои Худоро дар мавриди Қурайш ва вазифаҳи ононро дар баробари ин неъматҳои Илоҳӣ ингуна баён мекунад, ки Худованд тавсия кардааст, асос ва меҳвари ин ҳамбастагӣ, парастиши Худованд ва соҳибхонаи Каъба аст, ки гуруснагии ононро ба серӣ ва рифоҳу ноамнии ононро ба амну оромиш табдил кардааст.[4] Манзур аз ду сафари тиҷории Қурайш, сафари тиҷорӣ дар тобистон ба сӯи Шом ва дар зимистон ба сӯи Яман аст. Ва мардум ба сабаби хонаи Худо (Каъба) ҳурмати қурайшиёнро нигаҳ медоштанду ба корвонҳояшон ва ба шаҳри Макка ҳамла намекарданд[5]

Муҳтавои сураи Қурайш[6]

Даъват ба бандагии Худо ба шукронаи неъматҳои иҷтимоӣ

Нуктаи сеюм: ояти 4

Паёмадҳои неъмати Худо ба Қурайш

Нуктаи дувум: ояти 3

Нуктаи Қурайш дар баробари неъмати Худо

Нуктаи аввал: ояти 1 - 2

Неъмати иҷтимои Худо ба Қурайш

Паёмади аввал: ояти 4

Раҳоӣ аз фишори иқтисодӣ

Ибодат ва бандагии Худои Каъба, на худоёни ботил

Якпорчагӣ ва бақои қабилаи Қурайш

Ба вижа дар сафарҳои тиҷоратӣ

Паёмади дувум: ояти 4

Эминӣ аз ҳамлаи душманон

Сураи Фил ва Қурайш дар ҳукми як сура

Муфассирон муътақиданд, сураи Филу Қурайш, ҳар ду як сура ҳастанд, ба далели инки матолиби онҳо бисёр ба якдигар пайванд дорад. Ба ҳамин сабаб барои хондани як сураи комил дар ҳар ракъати намоз, агар касе сураи Қурайшро интихоб кунад, бояд ҳардуро бо якдигар бихонад.[7] Дар Мусҳафи Убай ибни Каъб низ ин ду сура ба сурати як сура навишта шуда буд, бо ин фарқ, ки байни он ду «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» вуҷуд надошт.[8]

Аллома Таботабоӣ як будани ин ду сураро ба сабаби иртиботи байнашон ба бархе аз аҳли суннат ва машҳури байни шиа нисбат додааст, вале далелҳо ва мустанадоти як буданро заъифу махдуш баршумурдааст ва бар ин бовар аст, ки аз ривоёт метавон ҷоиз будани хондани ду сураи Зуҳо ва Иншироҳ ва ё ду сураи Филу Қурайшро бо ҳам фақат дар як ракъати намозҳои фарз истифода кард.[9]

Фазоил ва хавос

Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо

Аз Пайғамбар (с) нақл аст, ҳар касе сураи Қурайшро бихонад, Худованд ба теъдоди ҳар як аз тавофкунандагон ва муътакифони Масҷидул-ҳаром, даҳ ҳасана ба ӯ медиҳад.[10]

Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) зиёд хондани сураи Қурайш сабаб мешавад, Худованд дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле шахсро маҳшур кунад, ки савор бар маркабе аз маркабҳои биҳиштӣ аст то инки бар суфраҳои нур бинишинад.[11]

Дар бархе ривоёт барои хондани ин сура ба як шеваи махсус хосиятҳое зикр шудааст: дафъи заҳролудшавӣ аз ғизоӣ ва табобати бемориҳои дил.[12]

Матн ва тарҷума

Матн

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ لِإِيلَافِ قُرَيْشٍ «۱» إِيلَافِهِمْ رِحْلَةَ الشِّتَاءِ وَالصَّيْفِ «۲» فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَٰذَا الْبَيْتِ «۳» الَّذِي أَطْعَمَهُمْ مِنْ جُوعٍ وَآمَنَهُمْ مِنْ خَوْفٍ «۴»

Тарҷума

Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон, барои улфат додани Қурайш «1» улфаташон ҳангоми кӯчи зимистону тобистон [Худо пилдоронро нобуд кард] «2» пас бояд Худованди ин хонаро бипарастанд «3» ҳамон [Худое] ки дар гуруснагӣ ғизояшон дод ва аз бими [душман] осудахотирашон кард «4».

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1268.
  2. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.166.
  3. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1268.
  4. Ниг.: Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, ҷ.2, саҳ.1296 - 1268
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, ал-Ношир маншуроти Исмоилиён, ҷ.20, саҳ.366.
  6. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва Итрати Нур-ус-сақалайн, Қум, нашри Нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш..
  7. Алӣ Бобоӣ, Баргузидаи Тафсири Намуна, 1382ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.599.
  8. Маърифат, ат-Тамҳид, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.365.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.827.
  11. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1382ҳ.ш., саҳ.126
  12. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.759

Сарчашма

  • Алӣ Бобоӣ, Аҳмад, Баргузидаи Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1382ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Дӯстон - ноҳид, 1377.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорул-Қуръонил-Карим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми қуръонӣ, тарҷумаи Абумуҳаммади Вакилӣ, Маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, [ бе то ].
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Маншуроти Исмоилиён, бе то, беҷо.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, таҳқиқ: Содиқ Ҳасанзода, Теҳрон, Армағони тубо, 1382ҳ.ш.