Сураи Наср

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Саду даҳумин сураи Қуръон)
Сураи Наср
Сураи Наср
Рақами сура110
Ҷузъ30
Нузул
Тартиби нузул102
Маккӣ/Маданӣмаданӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо3
Теъдоди калимаҳо19
Теъдоди ҳарфҳо80


Сураи Наср яксаду даҳумин сура ва аз сураҳои мадании Қуръон аст, ки дар пораи сиюм ҷой дорад. Номи сура аз ояи аввали он гирифта шуда ва ба маъноӣ пирӯзӣаст. Аз дигар номҳои он Изо ҷоа аст. Дар ин сура се пешгӯӣ ва хабари ғайбии муҳим вуҷуд дорад: 1-«фатҳи Макка бо пирӯзии бузург ва ғалабаи ниҳоии Ислом», 2- «имон овардани мардуми Макка ва атрофи он ба Ислом ва байъат бо Расули Худо (с)» 3- «реҳлати Пайғамбар (с)». Истиҷобати дуо ва пирӯзӣ дар баробари душманонро аз хавоси тиловати ин сура баршумурдаанд.

Муаррифӣ

Таблуи муаррақи сураи Наср

Номгузорӣ

Номи машҳури сура, Наср аст. Сабаби ин номгузорӣ он аст, ки калимаи наср дар аввалин ояти ин сура ба кор рафта ва аз пирӯзии Илоҳӣ сухан гуфтааст. Номи дигари ин сура «Изо ҷо» аст; зеро ин сура бо ҳамин калима оғоз мешавад. Сеюмин номи ин сура, Тавдиъ аст. Нузули ин сура дар авохири умри Расули Худо (с) ва видоъи Худованд ва Ҷабраил бо эшон, далели ин номгузорӣ аст.[1]

Тартиб ва маҳали нузул

Сураи Наср ҷузви сураҳои маданӣ ва дар тартиби нузул яксаду дуюмин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф яксаду даҳумин сураи Қуръон аст.[2] Баъзе аз муфассирон ин сураро саду даҳумин[3] ё саду ёздаҳумин ё саду дувоздаҳумин сураи нозилшуда медонанд. Сураи Наср, яке аз 14 то 16 сурае аст, ки тамоми оёти он якҷо нозил шудааст ва ба номи сураҳои ҷамъиюлнузул шинохта мешавад.[4] Дар ривояте Имом Ризо (а) аз падараш ва ӯ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки сураи Иқраъ бисми Раббик нахустин сура ва сураи Изо ҷоа насурллоҳ охирин сурае аст, ки бар Пайғамбар нозил шуд. Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ нависандаи ал-Мизон эҳтимол додааст, ки шояд манзур охирин сурае бошад, ки тамоми оятҳояш якҷоя ва комил бар Пайғамбар нозил шудааст.[5]

Теъдоди оятҳо ва калимаҳо

Сураи Наср 3 оят, 19 калима ва 80 ҳарф дорад ва ҷузви сураҳои Муфассалот (дорои оятҳои кӯтоҳ) аст.[6]

Мазмун

Худованд дар сураи Наср, ба Расулаш ваъдаи пирӯзӣ ва ёрӣ медиҳад ва эълом мекунад хеле зуд мардуми гурӯҳ-гурӯҳ ба Ислом медароянд. Пас ба Пайғамбар (с) дастур медиҳад, ба шукронаи ин ёрию пирӯзӣ, Худоро тасбеҳ кунад ва ҳамд бигӯяд ва истиғфор кунад. Бинобар назари бархе муфассирон ҳамчун Аллома Таботабоӣ ин сура дар Мадина баъд аз сулҳи Ҳудайбия ва қабл аз Фатҳи Макка нозил шудааст; пас мурод аз фатҳе, ки Худованд ба он ваъда медиҳад, Фатҳи Макка аст.[7]

Муҳтавои сураи Наср[8]


Дар муваффақиятҳои бузург, Худоро фаромӯш накунед

Нуктаи дувум: ояти 3

Вазоифи Пайғамбар ва мусулмонон баъд аз касби пирӯзӣ

Нуктаи аввал : ояти 1 - 2

Башорати пирӯзиҳои бузург барои мусулмонон

Вазифаи аввал: ояти 4

Тасбеҳи Худо бо ёдоварии неъматҳо ва камолоти ӯ

Пирӯзии аввал : ояти 1

Фатҳи Макка тавассути мусулмонон бо ёрии Худованд

Вазифаи дувум : ояти 3

Пайравӣ аз фармони Худо ва талаби омурзиши гуноҳон

Пирӯзии дувум : ояти 2

Истиқболи густардаи мардум аз дини Ислом дар пайи Фатҳи Макка

Замони нузули сура ва пешгӯиҳои он

Назарҳо дар бораи замони нузули сураи Наср мухталиф аст; барои мисол Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ мегӯяд, ин сура дар Мино ва дар ҳаҷҷатулвадоъ нозил шуд[9] ё Воҳидӣ Нишобурӣ мегӯяд, ин сура дар бозгашти Пайғамбар (с) аз ҷанги Ҳунайн нозил шуд ва Пайғамбар (с) пас аз он беш аз ду сол назист,[10] аммо бархе аз муфассирон ҳамчун Шайхи Табарсӣ ва Аллома Таботабоӣ бар ин боваранд, ки ин сура баъд аз сулҳи Ҳудайбия ва қабл аз Фатҳи Макка нозил шуд;[11] бинобарин манзур аз фатҳу пирӯзӣ ва пайвастани бисёре аз мардум ба Ислом, ки Худованд дар ояти аввал ва дувуми он сухан гуфтааст, Фатҳи Макка аст; чароки баъд аз ин пирӯзӣ буд, ки мардум даста-даста ба Ислом пайвастанд.[12]

Ин сура, ҳомили се пешгӯӣ ва хабари ғайбӣ аст:

  • Фатҳи Макка бо пирӯзии бузург ва ғалабаи ниҳои Ислом;
  • Имон овардани мардуми Макка ва атрофи он ба Ислом ва байъат бо Расули Худо (с);
  • Реҳлати Пайғамбар (с).[13] Дар Маҷмаъ-ул-баён, ки вақте ин сура нозил шуд, Расули Худо (с) онро бар асҳобаш қироат кард, асҳоб ҳама хушҳол гашта, ба якдигар мужда медоданд, вале вақте Аббос онро шунид гиря кард, Расули Худо (с) пурсид: чаро гиря дорӣ амак? Аббос гуфт: Ё Расулаллоҳ! Ман хиёл мекунам ин сура хабари марги туро ба ту медиҳад. Ҳазрат фармуд: бале, ин сура ҳамонро мегӯяд, ки ту фаҳмидӣ ва Расули Худо (с) баъд аз нузули ин сура беш аз ду сол зиндагӣ накард, ва аз он ба баъд ҳам дигар касе ӯро хандону хушҳол надид. Ин мазмун дар теъдоде аз ривоёт бо ибороти мухталиф омадааст.[14]

Баъзе дар ваҷҳи далолати сура бар хабари марги Пайғамбар (с) (бо ин ки дар зоҳири сура хабаре аз марг нест) гуфтаанд, ки ин сура далолат дорад, бар инки Расули Худо (с) аз анҷоми рисолоти худ фориғ шуда, ончи бино буд анҷом диҳад, анҷом додааст ва даврони талошу муҷоҳидаташ ба сар расида, ва маълум аст, ки тибқи масали маъруф «индал-камол юраққабул-завол/عند الکمال یُرقَّب الزوال », ҳар чизе ки ба ҳадди камолаш расид, бояд мунтазири заволаш буд.[15]

Ҷойгоҳи тасбеҳ ва истиғфор дар сураи Наср

Аз онҷо ки Фатҳи Макка хории ширк, иззату сарбаландии тавҳид, нобудии ботил ва ҳокимияти ҳақ аст ба ҷиҳати нобудии ботил Пайғамбар маъмури танзиҳ ва тасбеҳи Худованд аст ва ба ҷиҳати ҳокимияти ҳақ, ки неъмате Илоҳӣ аст маъмур аст, ки Худовандро ҳамду ситоиш кунад. Тавҷеҳи дигар барои тасбеҳ, ҳамд ва истиғфор баъд аз Фатҳи Макка ин аст, ки чун бо Фатҳи Макка Пайғамбар аз умдаи вазоифаш дар роҳи нобудии ботилу фасод фориғ шуда ба Пайғамбар фармон дода шуда, ки бо тасбеҳ сифоти ҷалолаи Парвардигорашро ва бо ҳамд сифоти ҷамолии ӯро ёд кунад ва бо истиғфор нақс ва ниёзашро ба пешгоҳи Парвардигораш арза кунад ва бо ин кор шукр аз Худовандро комил кунад. Албатта талаби омурзишу мағфирати Пайғамбар ба маънои омурзида набудани ӯ нест, балки ба маънои тадовуми ғуфрон ва омурзиши Илоҳӣ аст; зеро инсон ҳамонгуна, ки ба асли мағфирати Илоҳӣ ниёзманд аст, дар тадовумаш низ ниёзманд аст.[16]

Уммусалама нақл кардааст, ки Расули Аллоҳ дар авохири умраш намеистод ва наменишаст ва намеомаду намерафт, магар инки мегуфт: «Субҳонллоҳ ва биҳамдиҳ ва астағфируллоҳа ва атубу илайҳ» мо иллати ин корро пурсидем, фармуд: ман ба ин амал маъмур шудаам, онгоҳ сураи Насрро мехонд. Аммо Оиша дар ҳамин замина ин зикрро аз Пайғамбар (с) нақл кардааст «Субҳонака Аллоҳумма ва биҳамдик, астағфирука ва атубу илайк!».[17]

Фазоил ва хавос

Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо

Бар асоси ривояте, ки ба Пайғамбар (с) мансуб аст, касе ки ин сураро қироат кунад, савоби касе ки дар Фатҳи Макка ҳамроҳ бо Пайғамбар (с) ҷангида ва ба шаҳодат расидааст ба ӯ дода мешавад.[18] Ҳамчунин бинобар ривояти дигаре ҳар кас дар шаби нуҳуми шаъбон чаҳор ракӯат намоз ва дар ҳар ракъат баъд аз Ҳамд 10 маротиба сураи Насрро бихонад, Худованд баданашро бар оташ ҳаром мегардонад (яъне дар оташи ҷаҳаннам азоб намешавад) ва ба воситаи ҳар оят савоби даҳ шаҳид аз шуҳадои Бадр ва савоби олимони динро ба ӯ хоҳад дод.[19] Дар ракъати сеюми намози Ҷаъфари Тайёр низ сураи Наср хонда мешавад.[20] Ҳамчунин барои ин сура хавоссе монанди истиҷобати дуо ва пирӯзӣ дар баробари душманон баршумурдаанд.[21]

Матн ва тарҷума

Сураи Наср

Матни тарҷума

Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон

Чун ёрии Худо ва пирӯзӣ фаро расад, (1) ва бибинӣ, ки мардум даста- даста дар дини Худо дароянд, (2) пас ба ситоиши Парвардигорат ниёишгар бош ва аз ӯ омурзиш хоҳ, ки Ӯ ҳамвора тавбапазир аст. (3)

Эзоҳ

  1. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270.
  2. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, ҷ.2, саҳ.168.
  3. Маърифат, Таърихи Қуръон, 1384ҳ.ш., саҳ.58.
  4. Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.1, саҳ.145.
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.378.
  6. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, тарҷума, ҷ.20, саҳ.650.
  8. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва Итрати Нуруссақалайн, Қум, нашри нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  9. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.2, саҳ.446 - 447.
  10. Воҳидии Нишобурӣ, Асбоб-ул-нузул, ҷ.1, саҳ.248.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.376; низ р.к: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.10, саҳ.844.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.651.
  13. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1270.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.378.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.467.
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.377.
  17. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.467.
  18. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, воҳиди таҳқиқоти исломии бунёди Беъсат, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.783.
  19. Сайид ибни Товус, Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220.
  20. Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1390ҳ.ш., намози Ҷаъфари Тайёр.
  21. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадрику сафинат-ил-биҳор, 1378ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.480.

Сарчашма

  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорулқуръонилкарим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқ: Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, маркази аннашрултобиъ лимактабил-эъломил-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Воҳиди таҳқиқоти исломии бунёди беъсат, 1417ҳ.қ.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқ: Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, маркази аннашрултобеъ лимактабил-аъломил-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, таҳқиқ : Фавоз Аҳмад Замарлӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, бе то.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн‏, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, чопи сеюм, 1394ҳ.қ./1974м‏.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, тарҷумаи Муҳаммадбоқири Мӯсавӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1374ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Теҳрон, нашри оини дониш, чопи ҳаждаҳум, 1390ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, тафсири Қумӣ, таҳқиқ: Сайид Таййиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, 1367ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръонӣ, тарҷумаи Абумуҳаммади Вакилӣ, маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Таърихи Қуръон, Теҳрон, самт, 1384ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Намозии Шоҳрудӣ, Алӣ, Мустадраку сафинат-ил-биҳор, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Ҳасани Намозӣ, Қум, муассисаи аннашрул-исломиитобеъа лиҷамоъатилмударрисин, 1378ҳ.ш.
  • Воҳидии Нишобурӣ, Асбоб-ул-нузул, тарҷумаи Алиризо Қарогизлув Заковатӣ, Теҳрон, нашри най, 1383ҳ.ш‏.