Инҳироф аз қибла

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯ гардондан аз қибла)

Мақолаи Инҳироф аз қибла бо мақолоти Истиқболи қибла, Қибла, Тағйири қибла ва Қиблаи мусулмонон иртибот дорад.

Ин мақолаи як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Инҳироф аз қибла (форсӣ: انحراف از قبله) истилоҳе фиқҳист, ба ин маъно ки инсон урфан ба самти Каъба набошад. Масаълаи инҳироф аз қибла дар манобеи фиқҳӣ дар бораи аъмоле ҳамчун намоз, ҳаҷ, қурбонӣ ва аҳкоми тахаллӣ (қазои ҳоҷат) матраҳ шудааст. Фақиҳони инҳироф аз қибларо дар бархе ибодот монанди намоз муҷиби ботил шудан он ибодот медонанд. Ҳамчунин тибқи фатвои онон, инҳироф аз қиблаи ҳангоми тахаллӣ (қазои ҳоҷат) воҷиб аст.

Мафҳум ва ҷойгоҳ

Мусулмонон ба Каъба ё ҷиҳате, ки Каъба дар он қарор дорад, қибла мегӯянд.[1] Инҳироф аз қибларо чунин донистаанд, ки инсон урфан[2] (на бо диққати ақлӣ ва ҳақиқӣ)[3] рӯ ба Каъба набошад.[4]

Фақиҳон дар бисёре аз таклифҳои шаръии дини Ислом, монанди намоз, ҳаҷ, қурбонӣ, аҳкоми тахаллӣ (қазои ҳоҷат) ва аҳкоми амвот ба мавзуи рӯ ба қибла будан ва надоштани инҳироф аз он пардохта ва риоят накардани онро муҷиби ботил шудани бархе ибодот донистаанд.[5]

Ба эътиқоди бархе олимон, рӯ ба қибла будану адами инҳироф аз он ҳангоми намоз, илова бар итоат аз фармони Худо, муҷиби ваҳдати байн мусулмонон аст.[6]

Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бубинед: Қибла ва Истиқболи қибла

Аҳкоми фиқҳии инҳироф аз қибла

Фақиҳон инҳироф аз қибларо муҷиби ботил шудани баъзе аъмоли ибодӣ дониста ва дар бархе корҳо онро воҷиб ё ҳаром шумурдаанд;[7] аз ҷумла:

  • Агар намозгузор қасдан ба қадре аз қибла каҷ шавад, ки нагӯянд рӯ ба қибла аст ё ин ки сарашро ба чап ё рост бигардонад, намозаш ботил аст;[8] вале агар инҳироф аз қибла саҳван буда ва камтар аз 90 дараҷа бошад, намоз саҳеҳ аст.[9] Инҳирофи миқдори ками сар низ ишколе надорад.[10]
  • Ҳангоми забҳ, бояд пеши бадани ҳайвон рӯ ба қибла бошад,[11] дар ғайри ин сурат, ҳайвони забҳшуда наҷис мешавад ва хӯрдани он ҳаром аст;[12] албатта чунончи аз рӯй фаромӯшӣ ё надонистани қибла, ҳайвон ба тарафи қибла забҳ нашавад, забҳ саҳеҳ аст.[13] Далели ин ҳукмро бархе ривоёт[14] ва иҷмоъ[15] донистаанд.
  • Инҳироф аз қибла ҳангоми тахаллӣ (қазои ҳоҷат) воҷиб[16] ва рӯ ба қибла ё пушт ба қибла будан дар ин ҳолат ҳаром аст.[17]
  • Ҳангоми тавофи каъба, воҷиб аст шонаи чапи тавофкунанда ба тарафи Каъба бошад[18] ва упфан аз он мунҳариф нашавад.[19]

Эзоҳ

  1. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоти алфози Қуръон, 1404ҳ.қ., саҳ.392; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.320
  2. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.65; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.329; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90
  3. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.65; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57; Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.329; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90
  4. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.295; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.328; Ҳаким, Мустамсак-ул-Урва, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.176 то 179
  5. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310 - 313; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.415
  6. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415
  7. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310 - 313; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.415
  8. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.7 - 9; Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.617
  9. Барои намунаи ниг.: Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.9; Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.617; «برگشتن و انحراف بدون عذر از قبله», Сайти расмии Оятуллоҳ Систонӣ
  10. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.618
  11. Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.419; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.110; Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573, масаълаи 2594
  12. Табризӣ, Истифтооти ҷадид, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.398
  13. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.319; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.111 ва 112; Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573, масаълаи 2594
  14. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.152 - 153
  15. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.50; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.110
  16. Мирдомод, Шореъ-ун-наҷот, 1426ҳ.қ., саҳ.301
  17. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9 ва 10; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28
  18. Хумайнӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.142
  19. Маҳмудӣ, Маносики ҳаҷ (муҳашшо), 1429ҳ.қ., саҳ.298

Сарчашма

  • «برگشتن و انحراف بدون عذر از قبله», сайти расмии Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 12 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоъид-ул-аҳкоми фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидау ал-Бурҳон, Қум, интишороти исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Маҳмуд, Абдурраҳмон, мӯъҷами алмстлҳоту алалфози алфқҳия, Қоҳира, Дор-ул-фазила, 1419ҳ.қ.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадризо, Маносики ҳаҷ (муҳашшо), Теҳрон, Нашри Машъар, 1429ҳ.қ.
  • Мирдомод, Муҳаммадбоқир, Шореъ-ун-наҷоти фи аҳком-ил-ибодот, Қум, Муассисаи доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Муфид, ал-Муқниъа, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар, Қум, Муассисаи Сайид-уш-шуҳадо, 1363ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, ба кӯшиши Қучонӣ ва дигарон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, нашри ал-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Рӯҳонӣ, Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), Қум, дори ал-китоб, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (алмуҳашшо), гирдоваранда: Муҳсинии Сабзаворӣ, Аҳмад, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Табризӣ, Ҷавод, Истифтооти ҷадид, Қум, Дор-ус-Сиддиқат-иш-шаҳида, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, ба кӯшиши Хуросонӣ ва дигарон, Қум, нашри исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя, ба кӯшиши Оқобузурги Теҳронӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, Қум, нашри Машъар, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин, Масолик-ул-афҳоми ило танқеҳи шароиъ-ул-Ислом, Қум, маорифи исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсаку ал-Урват-ил-вусқо, Қум, Мактабат-ун-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Ол-ил-байт, 1412ҳ.қ.