Риҷоли Ибни Ғазоирӣ (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Риҷоли Ибни ал-Ғазоирӣ)
Китоби Риҷоли Ибни Ғазоирӣ
НависандаАҳмад ибни Ҳусайни Ғазоирӣ
МавзуъИлми риҷол
Забонарабӣ
Маҷмуа1 ҷилд
НоширДор-ул-ҳадис
Санаи нашр1422ҳ.қ.
Тарҷумаи форсӣ


Риҷоли Ибни Ғазоирӣ (форсӣ: رجال ابن غضائری) ё аз-Зуафо (арабӣ: الضعفا), китобе дар илми риҷол мансубшуда ба Ибни Ғазоирӣ, риҷолӣ ва муҳаддиси шиаи қарни чоруму панҷуми қамарӣ. Ин китоб аз манобеи аввалияи риҷоли шиа маҳсуб мешавад. Дар ин китоб, шарҳи ҳоли 225 ровӣ омадааст, ки 165 тан аз онҳо тазъиф шудаанд. Бархе аз олимони шиа, дидгоҳҳои Ибни Ғазоириро дар риҷол, аз Шайхи Тӯсӣ ва Аҳмад ибни Алии Наҷҷошӣ мутмаинтар медонанд. Дар ин китоб, ровиёне ки каромотӣ аз имомон нақл кардаанд, дорои эътибори заиф дониста шудаанд. Аллома Маҷлисӣ ва чанд олими дигар, ба ин доварии Ибни Ғазоирӣ ашкол карданд.

Ном ва муҳтаво

Ҳамчунин бибинед: Аҳмад ибни Ҳусайни Ғазоирӣ

Китоби риҷоли Ибни Ғазоирӣ, ба Аҳмад ибни Ҳусайни Ғазоирӣ, машҳур ба Ибни Ғазоирӣ, риҷолӣ ва муҳаддиси шиаи қарнҳои чоруму панҷуми қамарӣ, мансуб аст.[1] Китоб-уз-зуафо ва Китоб-ул-ҷарҳ номҳои дигари ин китобанд.[2] Гуфтаанд нахустин касе ки аз ин китоб ва интисоби он ба Ибни Ғазоирӣ сухан гуфта, Аҳмад Ибни Товуси Ҳиллӣ (ваф. 673ҳ.қ.) будааст.[3]

Бархе, китобҳои ал-Мамдуҳин ва ал-Мазмуминро ки Муҳаммадтақии Шуштарӣ ба Ибни Ғазоирӣ нисбат дода,[4] ду фасли ҳамин китоб донистаанд.[5] Бахши аввали китоб бо ҳарфи алиф ва муаррифии 18 нафар шурӯ шудааст. Нахустин нафар Абон ибни Айёш ё ҳамон Фирӯз аз тобеин аст, ки аз Анас ибни Молик ва Алӣ ибни Ҳусайн (а) ривоят кардааст. Ибни Ғазоирӣ ӯро заиф ва ғайри қобили эътимод муаррифӣ карда ва гуфта ки асҳоби мо Китоби Салим ибни Қайси Ҳилолиро ба ӯ нисбат додаанд.[6] Нависанда дар охирин ҳарфи китоб (ҳарфи ё ی) номи 7 нафарро зикр карда ки нахустин онҳо Юнус ибни Зибёни Кӯфӣ аст ва ӯро аҳли ғулув ва бисёр дурӯғгӯ ва ваззоъ (бисёр ҷаълкунандаи ҳадис) муаррифӣ кардааст ки аз Имом Содиқ (а) ривоят нақл карда вале ба аҳодисаш эътимоде нест. Охирин нафар дар ин бахши Яҳё ибни Закариёи Тармошизӣ аст, ки ваззоъ (бисёр ҷаълкунандаи ҳадис) муаррифӣ шудааст.[7] Поёнбахши китоб марбут ба кунияҳо аст, яъне ровиёне ки бо куния машҳуранд. Дар ин бахш танҳо як нафарро бо номи Абутолиб Басрии Аздии Шаъронӣ овардааст. Ин фард китобе дорад, ки Муҳаммад ибни Холиди Барқӣ аз он нақл кардааст ва танҳо бо ҳамин шинохта мешавад.[8]

Ихтилофи назар дар бораи нависанда

Дар бораи нависандаи китоб, ихтилофи назар вуҷуд дорад: бар пояи дидгоҳи машҳури уламои шиа, нависандаи китоб, Ибни Ғазоирӣ аст; аммо гурӯҳе бар ин боваранд ки навиштаи падари ӯат; ҷамъе ҳам мегӯянд таълифи мухолифони шиа аст:

Муҳаммадтақии Шуштарӣ ин иборатро тавҷеҳ карда ва тавзеҳ додааст ки наметавон аз он чунин бардоште дошт.[16] Ҳамчунин дар ишкол ба он гуфтаанд дар манобеи мавҷуд, китобе дар мавзуи риҷол, ба Ҳусайн ибни Убайдуллоҳ мансуб нашудааст.[17]

  • Мухолифони шиа: Оятуллоҳ Хуӣ[18] ва Оқобузурги Теҳронӣ[19] ин китобро навиштаи мухолифон шиа медонанд ки бо омехтани матолиби дуруғ, саъй дар махдуш кардани чеҳраи бузургони шиа доштаанд. Ба бовари инон, аз он ҷо ки Ибни Ғазоирӣ дӯст ва ҳамсуҳбати Аҳмад ибни Алии Наҷҷошӣ будааст, агар ӯ китоби риҷолӣ дошт, Наҷҷошӣ аз он ёд мекард.[20] Ҳамчунин назари Аҳмад Ибни Товусро ки санади китобро муттасил ба Ибни Ғазоирӣ, надониста[21] аз далелҳои ин назария донистаанд.[22]

Эътибори китоб

Китоби Риҷоли Ибни Ғазоирӣ, аз манобеи аввалияи риҷолии шиа маҳсуб мешавад.[23] Бархе аз риҷолёни шиа монанди Аҳмад Ибни Товус, Аллома Ҳиллӣ ва Ибни Довуди Ҳиллӣ ба назароти нависандаи он эътимод кардаанд.[24]

Чунонки дар муқаддамаи мусаҳҳеҳи китоб омада, Фозили Тунӣ, Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, Абулмаолии Калбосӣ ва Муҳаммадтақии Шуштарӣ низ суханони Ибни Ғазоириро муътабар донистаанд.[25] Оятуллоҳ Систонӣ (тав.1309ҳ.ш.) аз мароҷеъи тақлид, муътақид аст, ки Ибни Ғазоирӣ дар ҷарҳу таъдил, беш аз Наҷҷошӣ ва Шайхи Тӯсӣ қобили эътимод аст.[26]

Бо вуҷуди ин, бархе аз муҳаддисони шиа монанди Аллома Маҷлисӣ[27] ва Муҳаддиси Нурӣ дидгоҳҳои нависандаро муътабар надонистаанд;[28] зеро дар ин китоб теъдоде аз ровиёни шиа, ки риҷолиёни дигар ё дигар олимони шиа аз онҳо ба некӣ ёд кардаанд, тазъиф шудаанд.[29] Дар ин китоб ровиёне, ки каромоти имомонро нақл кардаанд, тазъиф шудаанд.[30]

Гурӯҳе аз риҷолёни шиа тазъифоти Ибни Ғазоириро номуътабар ва тавсиқоти ӯро муътабар донистаанд.[31]

Вижагиҳо

Риҷоли Ибни Ғазоирӣ ба тартиби ҳуруфи алифбо танзим шудааст.[32] Зайли ҳар як аз ҳуруфи алифбо, ибтидо теъдоди ровиёне, ки дар бораи онҳо сухан мегӯяд, зикр шуда ва сипас баррасии риҷолӣ(висоқат ва адами висоқат)-и онҳо анҷом шудааст. Дар ин китоб, шарҳи ҳоли 225 ровӣ омадааст, ки 165 тан аз онҳо тазъиф шудаанд.[33]

Нусхаҳо

Гуфта мешавад нахустин бор Аҳмад Ибни Товуси Ҳиллӣ, матнеро дар китоби Ҳалл-ул-ишколи фи тароҷим-ир-риҷол овард ва онро китоб-уз-зуафо номид.[34] Пас аз ӯ шогирдонаш Аллома Ҳиллӣ ва Ибни Довуди Ҳиллӣ дар китобҳои Хулосат-ул-ақвол ва Риҷоли Ибни Довуд матолиби нақлшуда дар китоби Аҳмад Ибни Товусро нақл карданд.[35] Сипас Мулло Абдуллоҳи Шуштарӣ (ваф.1021ҳ.қ.) матолиби китоби Риҷоли Ибни Ғазоириро аз лобалои китоби «Ҳалл-ул-ишкол»-и Ибни Товус истихроҷ кард ва шогирди ӯ Иноятулоҳи Қуҳпоӣ матни устодро дар китоби Маҷмаъ-ур-риҷол оварад.[36]

Аз Китоб-уз-зуафо чандини нусхаи хаттӣ ва чоппӣ мавҷуд аст:

Нусхаҳои хаттӣ

Нусхаҳои чопӣ

  • Яке аз панҷ китоби табъшуда дар «Ҳалл-ул-ишкол» Аҳмад Ибни Товуси Ҳиллӣ.
  • Нусхаи табъшуда бо унвони «ат-Таҳрир-ут-товусӣ».[38]
  • Яке аз панҷ китоби табъшуда дар «Маҷмаъ-ур-риҷол»-и Иноятуллоҳи Қуҳпоӣ. Сайид Муҳаммадризо Ҷалолӣ ин нусхаро таҳқиқ карда ва интишороти Дор-ул-ҳадис онро дар соли 1422ҳ.қ., бо унвони «ар-Риҷолу ли Ибни ал-Ғазоирӣ» нашр кардааст.[39] Ин нусха дар ду бахш ва мутааллиқ ба Мулло Абдуллоҳи Шуштарӣ аст. Бахши нахуст муқаддимае аз Шайх Абдуллоҳи Шуштарӣ ва 169 ровиро шомил мешавад. Бахши дувум Мустадраки Ҷалолӣ аст бар китоби Шуштарӣ, ки онро аз манқулоти Аллома Ҳиллӣ ва Ибни Довуд гирд оварда ва 66 ровиро дар бар дорад.[40]

Эзоҳ

  1. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., саҳ.17
  2. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., саҳ.17
  3. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.42; Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дор-ул-азво, ҷ.10, саҳ.89
  4. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.441
  5. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.42
  6. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.36
  7. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103
  8. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.104
  9. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41, «Зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ», сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
  10. Шайхи Тӯсӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.2
  11. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.40
  12. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.45 - 46
  13. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.45
  14. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95 ва 96
  15. Ниг.: Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.43 - 44
  16. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.45 - 46
  17. Ниг.: Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., саҳ.17
  18. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95 ва 96.
  19. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, дори алозўо, ҷ.10, саҳ.89
  20. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.10, саҳ.89; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95 ва 96
  21. Ибни Товус, ат-Таҳрир-ут-товусӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.5
  22. Ниг.: Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.43
  23. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.37
  24. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.49 - 50
  25. Ибни Ғазоирӣ, риҷоли Ибни Ғазоирӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.20; Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.47
  26. «Зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ», сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
  27. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41
  28. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.47
  29. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.38
  30. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.52
  31. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.48
  32. Ибни Товус, ат-Таҳрир-ут-товусӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.5
  33. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.51
  34. Аҳмадӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.386
  35. Аҳмадӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.386
  36. Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.10, саҳ.88 ва 89
  37. Аҳмадӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.386
  38. Сидълўӣ, Ибни Ғазоирӣ ва риҷоли ӯ, 1369ҳ.ш.
  39. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.46 (понависи 5)
  40. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.50 - 51

Сарчашма

  • «Зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Систонӣ», сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ, мушоҳида: 17 фарвардини 1397ҳ.ш.
  • Аҳмадӣ, Маҳдӣ, Таърихи ҳадиси шиа дар садаҳои чорум то ҳафтуми ҳиҷрӣ, Қум, дор-ул-ҳадис, 1389ҳ.ш.
  • Ибни Товус, Аҳмад ибни Мӯсо, ат-Таҳрир-ут-товусӣ, талхиси Ибни Шаҳиди Сонӣ, тасҳеҳи Фозили Ҷавоҳирӣ ва Сайид Маҳмуди Маръашӣ, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Ғазоирӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ар-Риҷол, Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, Муассисаи илмӣ ва фарҳангии дор-ул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, 1403ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа, таҳқиқи Аҳмад ибни Муҳамади Ҳусайнӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, бе то.
  • Раҳмони ситоиш, Муҳаммадкозим, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, Теҳрон, САМТ, 1385ҳ.ш.
  • Сайид Алавӣ, Сайид Иброҳим, Ибни Ғазоирӣ ва риҷол ӯ, Мишкот, №28, 1369ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Феҳристи кутуб-иш-шиати ва асмо-ул-мусаннифин ва асҳоб-ул-усул, тасҳеҳи Абдулазизи Таботабоӣ, Қум, 1420ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, 1410ҳ.қ.