Катмони ҳақ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Пинҳон кардани ҳақ)
Бо катмони шаҳодат иштибоҳ нашавад.

Катмони ҳақ пинҳон сохтани чизе аст, ки инсонро ба воқеият мерасонад.[1]

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, дар Қуръон, бист оят ба масъалаи катмон пардохтааст.[2] Ин оёт ба мисдоқҳое аз катмони ҳақ ҳамчун катмони маорифи динӣ, катмони шаҳодат, катмони имон, катмони асрор ва катмони неъматҳои Худо ишора мекунанд.[3]

Ҳасан Мустафавӣ, дар китоби Тафсири Равшан, катмони ҳақро дар истилоҳи қуръонӣ ба катмони маориф ва ақоиди динӣ тафсир мекунад.[4] Қуръон дар ояти катмон ва оёти дигаре чун 146 ва 42-и сураи Бақара ва 71 сураи Оли Имрон ба баёни ин мисдоқ аз катмони ҳақ пардохтааст.[5]

Бинобар тафосири шиа, катмонкунандагони ҳақоиқ ва маорифи динӣ, олимони аҳли китоб[6] будаанд, ки Қуръон ҷойгоҳашонро паст муаррифӣ карда, ононро мавриди тавбих, тақбеҳ ва лаън қарор додааст.[7] Ҳамчунин бархе муфассирон муътақиданд, дар мавориде, ки мардум ниёзи шадид ба огоҳӣ аз ҳақоиқ доранд, сукут низ мисдоқи катмони ҳақ аст.[8]

Қуръони Карим дар оёте монанди 106-и сураи Моида ва 283-и сураи Бақара ба катмони шаҳодат,[9] дар ояти 28-и сураи Ғофир ба катмони имон,[10] дар ояти 228-и сураи Бақара ба катмони ончӣ дар арҳом аст[11] ва дар ояти 37-и сураи Нисо ба катмони неъматҳои Худо ишора кардааст.[12]

Ба бовари пажӯҳишгарон, катмон ба худии худ дорои ҳукми шаръӣ ё ахлоқӣ нест ва ба эътибори масодиқи он, дорои аҳкоми мутафовите аст.[13] Ба унвони намуна, катмони асрор ва айбҳои мардум ва катмони имон дар мавориди тарс аз зарар (тақия), аз нигоҳи ахлоқӣ мамдуҳ[14] ва аз нигоҳи фиқҳӣ воҷиб ё мустаҳаб аст[15] ва катмони ҳақоиқи динӣ ва ҳамчунин катмони шаҳодат, аз назари ахлоқӣ, мазмум[16] ва дар шариъат, ҳаром дониста шудааст.[17]

Эзоҳ

  1. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.59.
  2. Муаззинӣ, “Катмони ҳақ”.
  3. Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.126; Бегӣ, Ҷамол, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, саҳ.151 - 152.
  4. Мустафавӣ, Тафсири Равшан, 1380ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.268.
  5. Бегӣ, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, саҳ.150.
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.442.
  7. Муаззинӣ, “Катмони ҳақ”.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.550.
  9. Бегӣ, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, саҳ.151.
  10. Муаззинӣ, “Катмони ҳақ”.
  11. Решаёбии модаи катм, «сайти Танзил».
  12. Решаёбии модаи катм, “сайти Танзил”.
  13. Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.124.
  14. Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.126.
  15. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.266; Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.591.
  16. Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.138.
  17. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.263.

Сарчашма

  • Бегӣ, Ҷамол, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, дуфаслномаи Омӯзаҳои ҳуқуқи кайфарӣ, № 14, 1396ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Муаззинӣ, Муҳаммад, “Катмони ҳақ”, банки мақолоти улуми инсонипажӯҳа, 1393ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, Тафсири Равшан, Теҳрон, Маркази нашри китоб, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Решаёбии модаи катм, “сайти Танзил”, таърихи боздид: 9 обони 1402ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, нашри Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, нашри Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
  • Ҳодӣ, Асғар, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, фаслномаи Ахлоқ, соли ҳаштум, № 30, тобистони 1397ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, Қум, мактабатул-Муфид, чопи аввал, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, Қум, чопи аввал, 1413ҳ.қ.