Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Катмони ҳақ

Аз wikishia
Бо катмони шаҳодат иштибоҳ нашавад.

Катмони ҳақ пинҳон сохтани чизе аст, ки инсонро ба воқеият мерасонад.[1]

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, дар Қуръон, бист оят ба масъалаи катмон пардохтааст.[2] Ин оёт ба мисдоқҳое аз катмони ҳақ ҳамчун катмони маорифи динӣ, катмони шаҳодат, катмони имон, катмони асрор ва катмони неъматҳои Худо ишора мекунанд.[3]

Ҳасан Мустафавӣ, дар китоби Тафсири Равшан, катмони ҳақро дар истилоҳи қуръонӣ ба катмони маориф ва ақоиди динӣ тафсир мекунад.[4] Қуръон дар ояти катмон ва оёти дигаре чун 146 ва 42-и сураи Бақара ва 71 сураи Оли Имрон ба баёни ин мисдоқ аз катмони ҳақ пардохтааст.[5]

Бинобар тафосири шиа, катмонкунандагони ҳақоиқ ва маорифи динӣ, олимони аҳли китоб[6] будаанд, ки Қуръон ҷойгоҳашонро паст муаррифӣ карда, ононро мавриди тавбих, тақбеҳ ва лаън қарор додааст.[7] Ҳамчунин бархе муфассирон муътақиданд, дар мавориде, ки мардум ниёзи шадид ба огоҳӣ аз ҳақоиқ доранд, сукут низ мисдоқи катмони ҳақ аст.[8]

Қуръони Карим дар оёте монанди 106-и сураи Моида ва 283-и сураи Бақара ба катмони шаҳодат,[9] дар ояти 28-и сураи Ғофир ба катмони имон,[10] дар ояти 228-и сураи Бақара ба катмони ончӣ дар арҳом аст[11] ва дар ояти 37-и сураи Нисо ба катмони неъматҳои Худо ишора кардааст.[12]

Ба бовари пажӯҳишгарон, катмон ба худии худ дорои ҳукми шаръӣ ё ахлоқӣ нест ва ба эътибори масодиқи он, дорои аҳкоми мутафовите аст.[13] Ба унвони намуна, катмони асрор ва айбҳои мардум ва катмони имон дар мавориди тарс аз зарар (тақия), аз нигоҳи ахлоқӣ мамдуҳ[14] ва аз нигоҳи фиқҳӣ воҷиб ё мустаҳаб аст[15] ва катмони ҳақоиқи динӣ ва ҳамчунин катмони шаҳодат, аз назари ахлоқӣ, мазмум[16] ва дар шариъат, ҳаром дониста шудааст.[17]

Эзоҳ

  1. ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.59.
  2. ↑ Муаззинӣ, “Катмони ҳақ”.
  3. ↑ Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.126; Бегӣ, Ҷамол, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, саҳ.151 - 152.
  4. ↑ Мустафавӣ, Тафсири Равшан, 1380ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.268.
  5. ↑ Бегӣ, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, саҳ.150.
  6. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.442.
  7. ↑ Муаззинӣ, “Катмони ҳақ”.
  8. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.550.
  9. ↑ Бегӣ, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, саҳ.151.
  10. ↑ Муаззинӣ, “Катмони ҳақ”.
  11. ↑ Решаёбии модаи катм, «сайти Танзил».
  12. ↑ Решаёбии модаи катм, “сайти Танзил”.
  13. ↑ Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.124.
  14. ↑ Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.126.
  15. ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.266; Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.591.
  16. ↑ Ҳодӣ, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, саҳ.138.
  17. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.263.

Сарчашма

  • Бегӣ, Ҷамол, “Ҷурмингории катмони шаҳодат ва чолишҳои он дар ҳуқуқи Эрон”, дуфаслномаи Омӯзаҳои ҳуқуқи кайфарӣ, № 14, 1396ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Муаззинӣ, Муҳаммад, “Катмони ҳақ”, банки мақолоти улуми инсонипажӯҳа, 1393ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, Тафсири Равшан, Теҳрон, Маркази нашри китоб, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Решаёбии модаи катм, “сайти Танзил”, таърихи боздид: 9 обони 1402ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, нашри Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, нашри Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
  • Ҳодӣ, Асғар, “Катмони мамдуҳ ва мазмум (меъёрҳо ва чолишҳо)”, фаслномаи Ахлоқ, соли ҳаштум, № 30, тобистони 1397ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, Қум, мактабатул-Муфид, чопи аввал, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, Қум, чопи аввал, 1413ҳ.қ.