Раҳматун лилъоламин (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Пайғамбари раҳмат)
Масҷидун-Набӣ (Мадина)

Раҳматун лилъоламин (арабӣ: رَحمةٌ لِلعالَمین) ба маънои раҳмат барои ҳамаи ҷаҳониён аст, ки яке аз лақабҳои ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с), Пайғамбари Ислом аст, ки дар ояти 107-и сураи Анбиё ба кор рафтааст.

Вожаи раҳмат барои ҳазрати Муҳаммад (с) дар оёти дигар, монанди ояти 128-и Тавба ва 159-и Оли Имрон низ ба кор рафтааст. Набиюр-раҳмат ё Пайғамбари Раҳмат аз дигар лақабҳои Пайғамбар, баргирифта аз ҳамин таъбири қуръонӣ аст.[1]

Таъбири раҳматун лилъоламин дар ривоёти расида аз имомони шиа низ дар бораи Расули Худо ба кор рафтааст; монанди ривоёте, ки дар Басоир-уд-дараҷот[2] омадааст ва ё дар тафсири Фуроти Куфӣ аз Имом Ҳасани Муҷтабо (а),[3] нақл шудааст ва ё ривояте аз Имом Боқир (а) ки дар хутбаи намози ҷумъа аз ин таъбир истифода кардааст.[4] Ҳамчунин ҳадисе аз Имом Козим (а)[5] ва ҳадиси дигаре, ки аз худи Пайғамбари Ислом[6] нақл шудааст.

Муфассирони шиа ва аҳли суннат се маъно барои раҳмат будани Пайғамбар баён кардаанд, ки иборатанд аз:

  1. ҷаҳонӣ ва ҷовидона будани рисолати эшон,
  2. саодат ва оқибат ба хайрӣ барои ҳама,
  3. монеъ будан аз азоби Илоҳӣ.[7]

Ба гуфтаи муфассирон, манзур аз азоб дар инҷо азоби истисол аст, ки як қавмро решакан мекунад.[8] Муллофатҳуллоҳи Кошонӣ ин маъноро аз ояти 33-и сураи Анфол истифода кардааст, ки хитоб ба Пайғамбар мегӯяд, то вақте ту дар байни мардум ҳастӣ, Худованд онҳоро азоб намекунад.[9] Файзи Кошонӣ дар Тафсири Софӣ дар амон будан аз хасф (фурӯ рафтан дар замин), масх шудан ва нобуд шудан бо азоби истисолро ҳам аз намунаҳои ин раҳмат медонад.[10]

Ҷусторҳои вобаста

Хотамун-набиин (лақаб)

Эзоҳ

  1. Ҳошимии Шоҳ Қубодӣ, “Баррасии мафҳуми раҳматун лилъоламин дар сираи набавӣ”, саҳ.39.
  2. Саффори Қумӣ, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381.
  3. Куфӣ, тафсири Фуроти Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.197.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.422.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1364ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.148.
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1364ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.395.
  7. Ғазанфарӣ ва Зореъӣ, “Раҳматун лилъоламин будани Паёмбар (а) дар Қуръон аз нигоҳи тафосири фариқайн”, саҳ.70.
  8. Барои намуна ниг.: Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.13, саҳ.289; Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.117.
  9. Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.117.
  10. Файзи Кошонӣ, ас-Софӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.358.

Сарчашма

  • Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Ғазанфарӣ, Алӣ ва Мустафо Зореъии Балутбунагон, “Раҳматун ли-л-оламин будани Паёмбар (а) дар Қуръон аз нигоҳи тафосири фариқайн”, фаслномаи Мутолиъоти тақрибии мазоҳиби исломӣ, № 41, поизи 1394ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Исломия, 1378ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1364ҳ.ш.
  • Куфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фурот ал-Куфӣ, таҳқиқ: Муҳаммад ал-Козим, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Саффори Қумӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад, таҳқиқ: Муҳсин Кучабоғӣ, Қум, Мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ, 1404ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, ас-Софӣ, Теҳрон, Мактабатул-Садр, 1373ҳ.ш.
  • Ҳошимии Шоҳ Қубодӣ, Сайидризо, “Баррасии мафҳуми раҳматун лилъоламин дар сираи набавӣ”, мутолиъоти Аҳли Байтшиносӣ, № 1, поиз ва зимистони 1393ҳ.ш.