Ояти Узун

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 61 Тавба)
Ояти Узун

Ояти Узун (арабӣ: آية الأذن) ё ояти Тасдиқ (сураи Тавба, ояти 61) дар бораи баъзе мунофиқоне нозил шуд, ки бо суханонашон Пайғамбар (с)-ро озор медоданд ва ӯро зудбовар муаррифӣ мекарданд. Ин оят аҳамият ва таваҷҷуҳи Пайғамбар (с) ба суханони мардумро як хислати мусбати пешвои ҷомеа медонад, ки боиси хайре барои ҳама аст ва сабаби ҳурмату эҳтирому обурӯи дигарон мешавад.

Дар усули фиқҳ ба ин оят барои ҳуҷҷияти хабари воҳид истиниод шудааст.


Муаррифӣ, матн ва тарҷумаи оят

Ояти 61 сураи Тавба ба ояти Узун ё ояти Тасдиқ маъруф шудааст.[1] Калимаи узун дар ин оя дар асл ба маънои гӯш ва киноя аз шахсе аст, ки ҳар суханеро бишнаваду қабул кунад.[2] Бар асоси мафоди ин оят мунофиқин, Расули Худо (с)-ро гӯш меномиданд ва манзурашон ин буд, ки ӯ зудбовару узрпазир аст.[3]

Шаъни нузул

Ояти Узун дар бораи иддае аз мунофиқон нозил шуд, ки бо суханони худ Пайғамбари Ислом (с)-ро озор медоданд ва ҳангоме ки бархе аз онон аз тарси расидани хабар ба Пайғамбар (с) ва муҷозот ононро наҳй мекарданд, шахсе ба номи Ҷалос бен Сувайд ва бинобар баъзе ривоёт Набтал ибни Ҳарс гуфт, ҳарчи хостем дар бораи Муҳаммад (с) мегӯем ва баъд назди ӯ рафта қасам мехӯрем ва ӯ узри моро мепазирад; чароки Пайғамбар (с) узун (зудбовар) аст.[4] Дар бораи ин оят шаъни нузулҳои дигаре низ ворид шудааст.[5]

Хайрхоҳ будани Пайғамбар (с) нисбат ба ашхоси ҷомеа

Худованд дар ин оят хитоб ба мунофиқон мегӯяд: «гӯш будани Пайғамбар (с) барои шумо хайр аст!». Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, изофаи калимаи «узун» ба «хайр», изофаи ҳақиқӣ ва ба маънои бисёр шунаво будани Пайғамбар (с) аст, вале он чиро ки барои шумо хайр аст, мешунавад; аз як сӯй ваҳйи Худоро мешунавад, ки хайр барои мардум аст ва аз сӯи дигар, хайрхоҳии мусулмононро мешунавад, ки боз хайри шумо дар он аст. Албатта мумкин аст изофаи гӯш ба хайр, изофаи мавсуф ба сифат бошад. Дар ин сурат ба ин маъност, ки Пайғамбар гӯш ҳаст, гӯше бо ин сифат, ки барои шумо хайр аст; чун танҳо чизеро мешунавад, ки ба шумо фоида мерасонад ва барои шумо хайр аст. Аз назари вай, фарқи ин ду тафсир дар ин аст, ки лозимаи аввалӣ ин аст, ки шуниданиҳои Пайғамбар хайр аст; чун ваҳйро аз сӯи Худо ва насиҳату хайрхоҳиро аз сӯи муъминон мешунавад, аммо лозимаи эҳтимоли дувум ин аст, ки шунидани Пайғамбар хайр аст гарчи муҳтавои он хайр набошад; яъне Пайғамбар (с) бархе аз суханоне ки барои мусулмонон хайр нест, сирфан ба манзури эҳтиром ба гӯянда гӯш медиҳад.[6] Ба бовари Аллома Таботабоӣ, ваҷҳи дувум бо мазмуни оят муносибтар аст; зеро дар идомаи оят «ва юъмину лилмуъминин/ وَ يُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِين‏» ба ин маъност, ки ба нафъи муъминон тасдиқ мекунад; тасдиқ ва боваре, ки ҳатто дар хабарҳои зиёновар, ба нафъи муъминон бошад, ин аст ки шунаванда, хабароварандаро тасдиқ мекунад, на хабарашро.[7]

Ҳифзи асрори мардум барои ваҳдати ҷомеа

Дар Тафсири Намуна, узун будан, яке аз сифоти мусбати раҳбарони ҷомеъа аз ҷумла, Пайғамбари Ислом муаррифӣ шудааст, ки нишондиҳандаи ниҳояти лутф ва раҳмати як раҳбар нисбат ба ашхоси ҷомеа аст, то асрори мардуми ҳифз ва пардаҳо дарида нашавад ва мӯҷиби ҳифзи ваҳдати ҷомеъа гардад; агарчи мунофиқон ин нуқтаи қуввати Пайғамбарро нуқтаи заъф талаққӣ мекарданд.[8]

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, барои ин ки айбҷӯён аз узуну хайр будани Пайғамбар (с) сӯистифода накунанд, Худованд чунин изофа мекунад: «юъмину биллоҳ ва юъмину лилмуъминин/ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَ يُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِينَ»; Пайғамбар (с) ба Худо ва фармонҳои Ӯ имон дорад ва ба суханони муъминони ростин гӯш медиҳад ва онро мепазирад ва тартиби асар медиҳад. Ба назари ӯ, Пайғамбар ду гуна барнома дорад: яке барномаи ҳифзи зоҳир ва пешгирӣ аз пардадарӣ ва дигаре дар барнома дар марҳалаи амал. Дар марҳалаи аввал ба суханони ҳама гӯш фаромедиҳад ва зоҳиран инкор намекунад; дар марҳалаи дувум ва мақоми амал, танҳо тавваҷуҳи ӯ ба дастуроти Худо ва суханони муъминони ростин аст.[9]

Азоби хоркунанда барои мунофиқон

Дар фарози охири оят ба ин нукта ишора мекунад, ки агарчи мунофиқон бо суханони худ Расули Ислом (с)-ро озор доданд ва ӯ бо шарҳи садр аз расво сохтани онон худдорӣ кард, вале ба маънои ин нест ки дар муқобили амали ношоисти худ ҷазо намебинанд, балки дар қиёмат азоби хоркунандае хоҳанд чашид.[10]

Корбурди оят дар усули фиқҳ

Ояти Узун, дар илми усули фиқҳ аз оёте аст, ки барои ҳуҷҷияти хабари воҳид ба он истинод шудааст.[11] Дар чигунагии истидлол ба ин оят барои ҳуҷҷияти хабар воҳид гуфта шудааст, бар асоси ин фарози оят «юъмину биллоҳ ва юъмину лилмуъминин/ یؤْمِنُ بِاللهِ وَ یؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِینَ», Худованд, тасдиқи муъминонро ҳамрадифи тасдиқи худ, тавассути Пайғамбар (с) қарор дода ва ин амалро ситоиш кардааст. Лозимаи тасдиқи муъмин, ҳуҷҷияти хабари ӯ низ ҳаст. Бинобар ин, агар шахси одиле барои инсон хабар оварад, бояд ӯро тасдиқ кард. Албатта ба ин истидлол ишколоти бешуморе шудааст ва аз маҷмӯи онҳо натиҷа гирифта шудааст, ки ҳуҷҷияти хабари воҳид аз ин ояти шарифа истифода намешавад.[12]

Эзоҳ

  1. Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.301.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.15; Шоҳ Абдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.130.
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.314.
  4. Воҳидӣ, Асбоб-ун-нузул, 1411ҳ.қ., саҳ.254; Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.236.
  5. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.300; Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.89 - 90.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.314.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.314.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.15 - 16.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.16.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.17.
  11. Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.301.
  12. Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.301; Шайхи Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291 - 292.

Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, 1411ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорулкитоб, 1363ҳ.ш.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом лиэҳёилтурос, 1409ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, мусаҳҳеҳ Ҳошими Расулӣ, Қум, Исмоилиён, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, маҷмаъулфикрил-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Шоҳ Абдулъазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, Миқот, 1363ҳ.ш.