Ояти Ҷизя

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 29 Тавба)
Ояти 29 Сураи Тавба

Ояти Ҷизя (арабӣ: آية الجزية) фармоне аст ба мусалмонон, ки то вақте аҳли китоб мусалмон шаванд ё ҷизя бидиҳанд, бояд бо онҳо ба ҷанг бархост. Ҳамзамон бо нозил шудани ин оят, Пайғамбари Ислом (с) фармон дод, ки бо румиён ҷанг кунанд, ки ин ҷанг боиси ҷанги Табук шуд.

Тибқи ин оят, фақеҳони мусалмон, ҷиҳоди ибтидоӣ бо аҳли китобро то замоне, ки ҷизя пардохт накардаанд, фарз медонанд. Албатта, тибқи фатвои аксари фақеҳони шиа, шарти ҷиҳоди ибтидоӣ ин аст, ки имоми маъсум ҳузур дошта бошад.

Муфассироне чун Аллома Таботабоӣ ва Макорими Шерозӣ дар тавҷеҳи пардохти ҷизя аз сӯи аҳли китоб гуфтаанд, фоида ва манофеи ҷизя ба худи аҳли китоб низ мерасад; зеро ҳукумати исломӣ дар ивази пардохти ҷизя вазифадор аст, ки ҷону моли аҳли китобро ҳифзу ҳимоя кунад.

Матн ва тарҷумаи оят

Ояти Ҷизя, 29-умин ояти сураи Тавба аст, ки ба мусулмонон дастур медиҳад то замоне, ки аҳли китоб мусулмон нашудаанд, ё ҷизя пардохт накардаанд, бо онон биҷанганд. Ин оятро ояти Сайф (шамшер) ё ояти Қитол (ҷанг) низ хондаанд.[1] Матни оят чунин аст:

Замони нузул

Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, ба нақл аз Муҷоҳид ибни Ҷабри Махзумӣ, муфассири қарни аввали ҳиҷрӣ, нузули ояти Ҷизяро ҳамзамон бо дастури Пайғамбар (с) барои ҷанг бо румиён донистааст.[2] Ба гуфтаи вай, ғазваи Табук бар асоси ин оят ба вуқуъ пайваст.[3]

Ҷиҳод ва дарёфти ҷизя аз аҳли китоб

Муфассирон ва фақеҳони мусулмон бар асоси ояти Ҷизя, ҷиҳод бо аҳли китобро фарз медонанд, магар он ки онҳо ҷизя пардохт кунанд.[4] Ба гуфтаи фақеҳон, ин ҳукм дар бораи аҳли китобе аст, ки дар сарзаминҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд.[5]

Иллати дарёфти ҷизя

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, дарёфти ҷизя аз аҳли китоб, барои сарватандузии мусулмонон нест, балки ҷизя дар масорифе харҷ мешавад, ки манофеи он ба худи аҳли китоб ҳам мерасад ва бар ҳамин асос, ҳукумати исломӣ вазифадор аст ҷону моли аҳл китобро ҳифзу ҳимоя кунад.[6] Роғиби Исфаҳонӣ (ваф. 530ҳ.қ.) ҳам дар сабаби номгузории ҷизя онро аз решаи «иҷтизо» дониста ва ба ин нукта ишора кардааст, ки подоши ҷизяи ин ашхос ҳамон амнияти молӣ ва ҷонии онҳост.[7] Дар Тафсири Намуна ҳам омадааст: аҳли китоб бо пардохти ҷизя аз амнияти ҷонӣ ва молӣ бархӯрдор мешаванд, аммо дар муқобил, тааҳҳуде дар бораи ҳузур дар ҷангҳо надоранд ва ҳатто агар душманоне аз берун аз сарзаминҳои исломӣ қасди ҳамла ба ононро дошта бошанд, ҳукумати исломӣ бояд аз аҳли китоб дифоъ кунад.[8]

Далели қуръонии ҷиҳоди ибтидоӣ ва асолати ҷанг

Ояти Ҷизя яке аз мустанадоти қуръонии ҷиҳоди ибтидоӣ дар назари бархе фақеҳони мусулмон будааст.[9] Бар асоси ин оят ва далелҳои қуръонӣ ва ривоии дигар, бархе андешмандони мусулмон дар бораи равобити ҳуқуқӣ ва сиёсии кишварҳои исломӣ (дар истилоҳ: Дор-ул-Ислом) бо дигар кишварҳо (дар истилоҳ: Дор-ул-куфр) муътақид ба асолати ҷанг шудаанд, магар он ки паймонҳои сулҳ имзо шавад.[10] Бештари фақеҳони шиа ҳузури имоми маъсумро шарти фарз будани ҷиҳоди ибтидоӣ медонанд ва ҷиҳоди ибтидоӣ дар асри ғайбатро қабул надоранд.[11]

Мурод аз соғирун

Бештари муфассирони мусулмон, калимаи «соғирун» дар ояти Ҷизяро ба хиффату зиллат тафсир кардаанд. Бар асоси ин тафсир, бахши поёнӣ дар оят ин гуна маъно мешавад, ки аҳли китоб бояд бо дасти худ ва бо зиллат ҷизя пардохт кунанд.[12]

Аллома Таботабоӣ ин дидгоҳро ки мегӯяд «соғирун» дар оят ба маънои таҳқири онон аст, намепазирад. Вай бар ин бовар аст, ки мурод аз ин вожа, он нест, ки мусулмонон ба аҳли китоб тавҳин ва ононро таҳқир кунанд; зеро ин кор бо виқор ва сакинаи исломӣ зиддият дорад. Ба бовари вай, мурод аз «соғирун» хузуъи аҳли китоб дар баробари суннати исломӣ (монанди пазириши қонуни ҷизя) ва таслим шудани онон дар баробари ҳукумати одилонаи исломист.[13]

Эзоҳ

  1. Баразнунӣ, “Ислом, асолати ҷанг ё асолати сулҳ?”, саҳ.95 ва 100.
  2. Муҷоҳид ибни Ҷабр, Тафсири Муҷоҳид, Исломобод, ҷ.1, саҳ.276.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1406ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.34.
  4. Барои намуна ниг.: Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.5, саҳ.202; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.34; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.24; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.227.
  5. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.227.
  6. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.240.
  7. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.195.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.357.
  9. Ҳиндӣ, Аҳком-ул-ҳарби ва-с-салом, 1413м., саҳ.123 - 124; Баразнунӣ, “Ислом, асолати ҷанг ё асолати сулҳ?”, саҳ.100; нигоҳ кунед ба Хуӣ, Минҳоҷ-ус-содиқин, 1410ҳ.қ., саҳ.361; Таботабоии Ҳоирӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.35.
  10. Зуҳайлӣ, Осор-ул-ҳарб фи-л-фиқҳ-ил-исломӣ, 1412ҳ.қ., саҳ.130; Ҳиндӣ, Аҳком-ул-ҳарби ва-с-салом, 1413м., саҳ.122 - 124.
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.227.
  12. Барои намуна ниг.: Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, ҷ.5, саҳ.202; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.43; Соис, Тафсиру оёт-ил-аҳком, 1423ҳ.қ., саҳ.451; Шаҳота, тафсири Қуръони Карим, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.1845; Таййиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.206; Карамӣ, Тафсир ли китобиллоҳ-ил-мунир, 1402ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.77.
  13. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.242.

Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Баразнунӣ, Муҳаммадалӣ, “Ислом, асолати ҷанг ё асолати сулҳ?”, ҳуқуқи байналмилал, №33, 1384ҳ.ш.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳба Мустафо, Осор-ул-ҳарб фи-л-фиқҳ-ил-исломӣ, Димишқ, Дорулфикр, чопи чаҳорум, 1412ҳ.қ.
  • Карамӣ, Муҳаммад, Тафсир ликтобиллоҳ-ил-мунир, Қум, илмия, чопи аввал, 1402ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1380ҳ.ш.
  • Муҷоҳид ибни Ҷабр, Тафсири Муҷоҳид, аз маҷмӯаи масодируттафсир индас-суннаҳ, таҳқиқи Абдурраҳмон ал-Тоҳир ибни Муҳаммад ал-Суртӣ, Исломобод, маҷмаъулбуҳусил-исломия, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Бейрут, нашри Дорулқалам, 1412ҳ.қ.
  • Соис, Муҳаммадалӣ, Тафсиру оёт-ил-аҳком, таҳқиқи Ноҷӣ Иброҳим Сувайдон, Бейрут, алмактабатулъасрия, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён, Теҳрон, Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Ҳабиб Қусайр, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Ҳиндӣ, Эҳсон, Аҳком-ул-ҳарби ва-с-салом фи давлат-ил-Ислом, Димишқ, Дорулмунир лилтабоъати ваннашри ваттавзиъ, чопи аввал, 1993.
  • Шаҳота, Абдуллоҳ, Тафсири Қуръони Карим, Қоҳира, Дору ғариб лилтабоъати ваннашри ваттавзиъ, 1422ҳ.қ.