Ояти Ризоъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 233 Бақара)
Ояти Ризоъ - ояти 233 сураи Бақара, ки ба мавзуи шир додани модар ба бача пардохтааст.

Ояти Ризоъ (арабӣ: آية الرضاع) аз оёти фиқҳии Қуръон аст, ки масоили марбут ба аҳкоми шир додан ба навзод, тарбият ва нафақаи ӯро баён мекунад. Муфассирон аз ин оят воҷиб будани шир додан ба навзодро бардошт кардаанд. Ҳамчунин муътақиданд дар шир додан, модар бар дигарон авлост, ҳатто агар аз шавҳари худ талоқ гирифта бошад.

Ба гуфта муфассирон, дар ин оят, ҳаққи ҳизонати навзод то дусолагӣ ба модар дода шудаасту падар ҳақ надорад дар сурати тамоюли модар ба нигаҳдории навзод, байни он ду ҷудоӣ бияндозад. Ҳамчунин дар муддати ширдиҳӣ ба навзод, таъмини ҳазинаҳои зиндагии модар бар ӯҳдаи падар ё варасаи ӯст.

Бархе дигар аз дастурҳои оят ба ин шарҳ аст: зарар задани волидайн ба навзод ба иллати ихтилоф бо ҳам ё истифода аз навзод барои зарар задан ба ҳамдигар мамнуъ аст. Волидайн бояд дар бораи замони гирифтани навзод аз шир, бо ҳам машварат кунанд.

Нукоти куллии оят

Ояти 233 сураи Бақараро ояти ризоъ номидаанд.[1] Ин оят дар зумраи оёт-ул-аҳком маҳсуб шудааст.[2] Сайид Абдулаълои Сабзаворӣ дар тафсири Мавоҳиб-ур-раҳмон менависад Ояти ризоъ яке аз суннатҳои ҷорӣ дар табиатро баён мекунад ки натиҷаи он ҳифзи навъи башар дар низоми хилқат аст.[3] Ба гуфта муфассирон, Ояти ризоъ дар идомаи баҳсҳои марбут ба талоқ ки дар оёти қабл ба он пардохта шуда буд, масоили муртабит бо шир додан ба навзод ва тарбияту нафақаи ӯро ба таври комил, аммо дар ибороти кӯтоҳу фишурда бозгӯ мекунад.[4] Тибқи ин оят, модар агар ҳам талоқ дода шуда бошад, ба муддати ду сол, дар шир додан ба навзодаш, бар дигарон авлавият дорад.[5] Ҳамчунин бар асоси мафоди ояти ризоъ, ҳазинаи зиндагии модар дар даврони ширдиҳӣ ба кӯдак, тибқи урф муҳосиба мешавад ва ба қадри тавоноӣ, бар ӯҳдаи падар аст; агарчи занро талоқ дода бошад. Агар падар фавтида бошад, варасаи падар бояд ин ҳазинаҳоро таъмин кунанд.[6]

Матн, тарҷума ва нукоти тафсирии оят

Вуҷуб ё истиҳбоби шир додан ба навзод

Таъмини ниёзҳои навзод ва шир додан ба ӯ тибқи фарози «...юрзиъна авлодаҳунна...» (...занҳо фарзандонашонро шир бидиҳанд...) дар ояи 233 сураи Бақара, воҷиб дониста шудааст.[7] Ба бовари Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, ин ҷумла агарчи ба сурати хабарӣ омада, далолат мекунад бар вуҷуби шир додан ба навзод. Албата ба гуфтаи ӯ ин амр бар модар воҷиб нест; балки мустаҳаб аст; яъне модарон ба шир додани фарзанди худ аз дигарон сазовортаранд. Агар барои онҳо сахт буд ё ба ҳар далеле натавонистанд ба навзоди худ шир диҳанд, воҷиб аст аз тариқи дигаре барои навзод шир таъмин шавад.[8] Муҳаммадҷаводи Муғния низ дар Тафсир-ул-кошиф ин вазифаро барои модар мустаҳаб донистааст; ба ин маъно ки модар нисбат ба дигарон сазовортар аст.[9] Муқаддаси Ардабилӣ дар китоб Зубдат-ул-баён гуфтааст агар навзод ҷуз бо шири модари худ зинда намемонад ё дояе барои ӯ пайдо намешавад ё падараш тавони пайдо кардани доя барои навзод надорад, бар модар воҷиб аст ки ба навзоди худ шир диҳад.[10]

Ҳаққи ҳизонати навзод

Муфассирон, бар асоси ин оят, ҳаққи ҳизонати кӯдакро то дусолагӣ бар ӯҳда модар медонанд.[11] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ ҷумлаи «...ли ман арода ан ютимм-ур-ризоа...» (...барои касе ки бихоҳад ширдиҳиро комил кунад...) дар ин оят ба ҳаққи ҳизонати модари талоқ дода шуда бар кӯдаки худ то ду сол ишора мекунад. Шавҳари ӯ ҳам дар ин муддат, ҳаққи гирифтани фарзанд аз модарашро надорад; чун мисдоқи боризи зарар задан ба модар аст, ки оят онро нафй кардааст. Албата дар сурати тавофуқи зану шавҳар ё сарфи назар кардани модар аз ҳаққи худ, ҳаққи ҳизонат аз модар бардошта хоҳад шуд.[12] Ҳамчунин Макорими Шерозӣ – аз муфассирони шиа, бо истинод ба ин бахш аз оят муътақид аст ҳаққи шир додан ва нигаҳдорӣ аз навзод, то дусолагӣ, ба модар дода шуда ки аз он ба ҳаққи ҳизонат таъбир мешавад; ҳарчанд вилоят бар бачаҳои кучак бар ӯҳдаи падар аст.[13] Ӯ менависад аз он ҷо ки тағзияи ҷисму ҷони навзод дар ин муддат бо ширу отифаи модар пайванди ногусастанӣ дорад, ин ҳақ ба модар дода шудааст. Илова бар ин, отифаи модар низ бояд риоят шавад. Бинобар ин қарор додани ҳаққи ҳизонату нигаҳдорӣ ва шир додан барои модар, навъе ҳаққи дуҷониба аст, ки ҳам барои риояти ҳоли фарзанд аст ва ҳам модар.[14]

Таъмини хароҷоти зиндагии модари ширдеҳ

Муфассирон, бар асоси ин оят, таъмини хароҷоти зиндагии модари ширдеҳро бар падари навзод ё варасаи падар воҷиб донистаанд.[15] Бархе аз муфассирон, бо истинод ба оят, гуфтаанд таъмини ҳазинаҳои зиндагии модар ки шомили хӯроку пӯшоки ӯ дар даврони шир додан ба навзод аст, ба миқдори матаораф ва ба андозаи тавони падар воҷиб аст.[16] Муғния риояти шаъни иҷтимоии занро низ шарт донистааст ки мумкин аст мавориде ғайр аз хӯроку пӯшокро низ шомил шавад.[17]

Ҳамчунин гуфта шуда ин таъмини хароҷоти баёншуда дар оят ба заноне дахл дорад, ки талоқ дода шудаанду навзодони шавҳарони худро шир медиҳанд; чироки нафақаи заноне ки талоқ дода нашудаанд, бо издивоҷ, бар шавҳар воҷиб мешавад; чи навзод дошта бошанд чи надошта бошанд.[18] Ба гуфта Макорими Шерозӣ, ин таъкиди Қуръон бар таъмини хароҷоти зиндагии модар тавассути падар дар даврони ширдиҳӣ, ба он иллат аст ки модар бо хотирӣ осӯда битавонад ба фарзандаш шир диҳаду хотираш ҷамъ бошаду дилаш беғам.[19]

Зиён надидани навзод ва падару модар

Гуфтаанд яке аз нукоте ки ояти ризоъ ба шиддат аз он наҳй карда ин аст, ки навзод ба ҷиҳати ихтилофи волидайн зиён бубинад ё волидайн навзодро василаи зарар задан ба ҳамдигар қарор диҳанд.[20] Ба эътиқоди Аллома Таботабоӣ, чун ҳауқи ҳизонату ширдодни навзод барои модар аст, шавҳар наметавонад ба зӯр, миёни модару тифл ҷудоӣ андозад ё ин ки масалан зан, падарро аз дидани фарзандаш боз дорад; зеро ин корҳо мисдоқи боризи зарар задани зану шавҳар ба ҳамдигар бо суистифода аз кӯдак аст.[21] Ҳамчунин ба бовари Табарсӣ ва Макорими Шерозӣ, падар ва модар набояд ба хотири ихтилоф бо ҳамдигар, навзодро «ваҷҳ-ул-мусолиҳа» қарор диҳанд ва бар ҷисму ҷони ӯ зарба ворид кунанд; Маслан модар ба хотири ғазаб ба шавҳари худ, аз шир додан ба тифл сар боз занад ё шавҳар ба манзури зарар задан ба модар, байни навзоду модараш ҷудоӣ андозад.[22]

Ба гуфта Макорими Шерозӣ, Худо дар поёни оят бо тавсия ба риояти тақво дар бораи умури навзод, ин ҳушдорро ба зану шавҳар медиҳад, ки барои интиқомҷӯӣ, сарнавишти навзодро ба хатар наяндозанд, ки Худованд мӯ ба мӯ муроқиби аъмоли онҳост.[23]

Машварати зану шавҳар дар бораи муддати ширдиҳӣ ба навзод

Зарурати машварати волидайн дар бораи замони гирифтани навзод аз шир, дастури дигаре аст, ки ояти ризоъ ба он пардохтааст.[24] Муфассирон муътақиданд ин фароз аз оят, ки мегӯяд: «...фаин ародо фисолан ан тарозин минҳумо ва ташовурин...» (Пас агар [падару модар] бихоҳанд бо ризоят ва салоҳдиди якдигар, кӯдакро [зӯдтар] аз шир боз гиранд), ризояти падару модар ва иттифоқи назару машварати онҳоро шарти бозгирии навзод аз шир медонад, ҳатто агар зӯдтар аз ду сол бошад; зеро бидуни машварату ҳамфикрии онҳо мумкин аст ба навзод зиён ворид шавад.[25]

Ба гуфтаи Муғния, лозим донистани машварати зану шавҳар дар ин оят ба хотири маслиҳати навзод аст.[26] Аллома Таботабоӣ ташреъи ин ҳукм аз сӯии Худовандро ба ин иллат донистааст ки ҳаққе аз занон зоеъ нашавад ва ин ки ду тараф, дар бораи умури навзод, маҷбур ба коре нашаванд; зеро мумкин аст натиҷаи машварат ин бошад ки падар фарзандашро ба дигарӣ бисупорад то шираш диҳад; зеро ҳамсараш ё розӣ ба шир додан нест ё тавони шир додан надорад.[27]

Камтарини муддати бордорӣ

Шайхи Муфид дар китоби ал-Иршод ривояте аз Имом Алӣ (а) нақл карда ки он ҳазрат бо истинод ба ду ояти 223 сураи Бақара (ояти ризоъ) ва ояти 15 сураи Аҳқоф (ки маҷмуи замони ширдиҳӣ ва бордориро 30 моҳ дониста), камтарини замони бордориро шаш моҳ донистааст.[28] Муҳаммадалии Бор низ дар китоб «Халқ-ул-инсони байн-ат-тибби ва-л-Қуръон», гуфтааст камтарин муддат замони бордорӣ дар тибб шаш моҳ аст ва аз назари пизишкӣ қабл аз он, эҳтимоли солим будани навзод наздик ба сифр аст.[29]

Эзоҳ

  1. Хуросонӣ, «Оёти номдор», саҳ.384
  2. Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабат-ул-муртазавия, саҳ.556 - 561
  3. Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-раҳмон, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.56
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.586; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.185 - 186
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.186; қароъатӣ, тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.365
  6. Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.365
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.587
  8. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.586
  9. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.356
  10. Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабат-ул-муртазавия, саҳ.556
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҳ2, саҳ.240; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.186
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҳ2, саҳ.240
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.186
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.186
  15. Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабат-ул-муртазавия, саҳ.556; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.587; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.240
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.587; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.240; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.187
  17. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.358
  18. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.587
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.187 - 188
  20. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.359
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.241
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.587; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.188 - 189
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.190 - 191
  24. Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабат-ул-муртазавия, саҳ.560
  25. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.588; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.189
  26. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.360
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.241
  28. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.206
  29. Бор, Халқ-ул-инсони байн-ат-тибби ва-л-Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.451

Сарчашма

  • Бор, Муҳаммадалӣ, Халқ-ул-инсони байн-ат-тибби ва-л-Қуръон, Ҷадда, ад-Дор-ус-Саудийя, 1412ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази дарсҳои Қуръон, 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Кошифу фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баёни фи аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавияти ли эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, бе то
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-раҳмони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дор-ут-тафсир, 1428ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1371ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Хуросонӣ, Ризо, «Оёти номдор», дар Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, Қум, Бӯстони китоб, 1383ҳ.ш.