Омулфил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Омул-фил)
Масири ҳаракати сипоҳи Абраҳа аз Яман ба Макка

Омулфил (ба арабӣ: عام الفیل - соли фил), соли ҳамлаи Абраҳа, подшоҳи Яман, бо лашкаре маъруф ба асҳоби фил ба самти Макка барои тахриби Каъба буд. Ба хотири инки лашкари Абраҳа дар ин ҳамла бо худ фил ба ҳамроҳ дошт, ба ин сол, омулфил гуфтаанд. Қуръони Карим дар сураи фил ба ин воқеа ишора кардааст. Таърихнигорон омулфилро соли 570 милодӣ ҳадс задаанд. Бино бар қавли машҳур, Расули Акрам (с) дар ҳамин сол ба дунё омад.

Далели лашкаркашӣ

Вақте Абраҳа дар Яман қудрат гирифт, мутаваҷҷеҳи тақаддус ва марказияти Макка ва эҳтироми мардум аз нуқоти дуру наздик нисбат ба ин шаҳр ва нақши иқтисодии он шуд ва ӯ иллати онро хонаи Каъба донист, лизо калисое дар минтақаи Санъо ба номи Қилис сохт ва дар номае ба подшоҳи Ҳабаша чунин навишт: «Килисое бино ниҳодаам, ки то кунун монанди он дида нашудааст. Пас аз итмоми бинои он, зоирони Каъбаро ба тарафи он хоҳам кашид!».[1]

Ин кор мавриди истиқболи мардум воқеъ нашуд ва ҳатто марде аз қабилаи Банӣ Фақим барои ибрози инзиҷори худ, килисои Абраҳаро бо мадфуъи худ олӯда кард. Абраҳа, ки ба дунболи фурсати муносибе барои тахриби Каъба буд, дар пайи ин иқдоми таҳқиромез, бо лашкаре анбӯҳ ва ҳамроҳ бо 14 фил ба самти Макка ҳаракат кард, то ин рақибро аз байн бибарад ва тавваҷуҳи мардумро ба Яман маътуф кунад.[2]

Ҳамчунин бибинед : Абраҳа

Муқовимат дар баробари Абраҳа

Ду тан аз бузургони Яман ба номҳои Зунафар ва Нуфайл бен Ҳабиби Хасъамӣ дар баробари ӯ истодагӣ карданд, аммо шикаст хӯрданд ва ба асорати Абраҳа даромаданд.[3]

Паём барои Абдулмуталлиб

Баъд аз онки лашкари ӯ ба ҳаволии Макка расиданд, Абраҳа пайке фиристод, то бо бузурги аҳли Макка гуфтугӯ кунад ва хабари тахриби Маккаро ба ӯ бидиҳад. Ӯ барои раиси Қурайш, Абдулмуталлиб, паём фиристод, ки «ман барои куштори мардум наомадам, балки танҳо барои инҳидоми Каъба лашкаркашӣ кардаам!».[4]

Абдулмуталлиб низ ба пайки Абраҳа гуфт, бирав ба Абраҳа бигӯ мо сари ҷанг бо шумо надорем, чун тавони онро надорем, аммо дар мавриди тахриби хонаи Каъба ба Абраҳа бигӯ, ки ин хона, хонаи Худои мо ва хонаи халили Ӯ, Иброҳим (а) аст, агар худаш бихоҳад аз хонаи худ ва хонаи халили худ муҳофизат кунад, метавонад ва агар нахоҳад мо ҳеҷ натавонем кард.[5]

Дидори Абдулмуталлиб бо Абраҳа

Лашкари «Абраҳа» зимни ғоратгариҳои худ, шутурони Қурайшро низ ба ғорат бурданд. Абдулмуталлиб ба назди Абраҳа рафт ва аз ӯ дархост кард 200 шутуреро, ки тавассути лашкариёни ӯ ғорат шуда буд, бозгардонад. Абраҳа ба ӯ гуфт: гумон кардам омадаӣ, то дар бораи Макка ва ин хонае, ки мавриди таъзими шумост бо ман суҳбат кунӣ, аммо акнун хоҳишат аз ман ҷуз, он нест, ки шутуронатро пас диҳам.[6]

Абдулмуталлиб дар ҷавоб гуфт: «انا ربّ الابل و للبیت ربّ یمنعه» ман соҳиби шутурҳо ҳастам. Каъба ҳам соҳибе дорад, ки худаш аз он нигаҳдорӣ мекунад!».[7]

Абраҳа пас аз шунидани суханони Абдулмуталлиб бо ғурур гуфт: «дар ин роҳ касе қудрат надорад, маро аз ҳадафам боздорад!». Сипас дастур дод, шутурони ӯро пас диҳанд.[8]

Хуруҷи Қурайш аз Макка

Абдулмуталлиб вақте шутурони худро гирифт, ба тарафи Макка бозгашт ва ба мардуми Макка дастур дод, то ба кӯҳҳо бираванд ва амволи худро низ ҳамроҳи худ бибаранд.[9] Ӯ баъд аз онки Макка холӣ шуд, назди Каъба рафту ҳалқаи Каъбаро ба даст гирифту ба дуову тазарруъ машғул шуду гуфт:

«Бор Худоё! Бандаи Ту, асбоб ва хонаи худро нигоҳ дошт ва дасти душмани худ аз он кӯтоҳ кард, Ту низ дасти душмани худ аз хонаат кӯтоҳ кун, то чера нашаванд ва бутони эшон бар хонаи Ту зиёд нагардад ва қуввату шавкати эшон бар шавкати Ту зиёд нашавад. Пас агар фурӯгузорӣ то душманон, хонаи Ту ва қиблаи моро хароб кунанд, пас ба мо бигӯ то баъд аз ин дар куҷо Туро парастиш кунем?».[10]

Ҳуҷуми абобил ба лашкари Абраҳа

Ҳаминки лашкари Абраҳа ба самти Каъба ҳаракат кард, Худованд дастаҳое аз парандагони осмонӣ ба номи абобилро маъмур кард бо сангрезаҳое, ки ба минқор доштанд, ба лашкари Абраҳа ҳуҷум бибаранд ва ононро ҳалок кунанд.[11] Ногоҳ осмон торик шуд, тудаи азиме аз мурғон дар ҳаво ошкор шуданд. Ҳар як сангрезаҳое дар минқор доштанд, мурғон дар ҳини парвоз сангрезаҳоро бар сари муҳоҷимон фурӯ мерехтанд, ки андомҳо аз баданашон ҷудо шуда ва дар дам ҷон медоданд, маъдуде зинда монданду гурехтанд ва ба Яман бозгаштанд ва лошаҳои хунолӯду гандида дар канори роҳҳо бар ҷой монд.[12]

Қуръон, ин моҷароро дар сураи Фил бозгу кардааст. Пас аз «омулфил», Қурайш назди аъроб аз манзалат ва мақоме бисёр арҷманд бархӯрдор шуданд.[13]

Адабиёт

  1. Калбӣ, ал-Асном, 1364 ш, саҳ.142.
  2. Динурӣ, Ахбор-ут-тивол, 1371, саҳ.92.
  3. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420 қ, ҷ.4, саҳ.74.
  4. Руҷӯъ кунед ба: Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385 ш, саҳ.125.
  5. Руҷӯъ кунед ба: Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385 ш, саҳ.125.
  6. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва ат-торих, Бурсаид, ҷ.3, саҳ.187.
  7. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва ат-торих, Бурсаид, ҷ.3, саҳ.187.
  8. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385 ш, саҳ.126.
  9. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385 ш, саҳ.126.
  10. Муқаддасӣ, Офариниш ва таърих, 1374 ш, ҷ‏.1, саҳ.532.
  11. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415 қ, ҷ.10, саҳ.444.
  12. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дорулмаърифат, ҷ.1, саҳ.53.
  13. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385 ш, саҳ.134.

Сарчашма

  • Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Динурӣ, Абӯҳанифа Аҳмад бен Довуд, Ахбор-ут-тивол, тарҷумаи Маҳмуди Маҳдавии Домғонӣ, Теҳрон, нашри най, чопи чаҳорум, 1371 ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадият, Қум, бустони китоб, чопи бисту якум, 1385 ш.
  • Калбӣ, Абулманзар Ҳишом ибн Муҳаммад, китоби ал-Асном (танкис-ул-асном), таҳқиқи Аҳмад Закӣ Бошо, ал-Қоҳира, эфести Теҳрон (ҳамроҳ бо тарҷума), нашри нав, чопи дувум, 1364 ш.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, Офариниш ва таърих, тарҷумаи Муҳаммадризо Шафиъӣ Кадканӣ, Теҳрон, огаҳ, чопи аввал, 1374 ш.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва ат-торих, Бурсаид, мактабатус сақофатуд диния, бе то.
  • Мақризӣ, Тақиюддин Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул- асмоъ бимо линнабии мин ал-аҳволи ва ал-моли ва алҳафадати ва алматоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Намисӣ, Бейрут, дорулкутубил илмия, табъатул уло, 1420 қ.