Озар
Маҳалли зиндагӣ | Рустои Кавсо дар Савод (Кӯфа) |
---|---|
Мазҳаб | Бутпараст |
Сиёсӣ | Ситорашинос дар дастгоҳи Намруд |
Шинохташуда барои | Сарпарастии ҳазрати Иброҳим ва қабул накардани даъвати ӯ |
Озар (арабӣ:آزَر), номе аст, ки Қуръони Карим барои падар ё сарпарасти Иброҳим зикр намудааст. Қуръон дар ин маврид калимаи «аб/اب»-ро ба кор бурдааст. Муфассирон ва олимон шиа муътақиданд, аз он ҷо ки бар асоси ривояте аз Пайғамбари Акрам (с), ягон ҷадди Пайғамбар то ҳазрати Одам набояд мушрик бошад, пас, Озар, ки мушрик будааст, наметавонад падари ҳазрат Иброҳим бошад, ва бинобар ин «аб» дар оят маънои дигаре ғайри падар, ҳамчун амак ё ҷадди модариро дорад.
Озар, бинобар ривояте аз Имом Содиқ (а) ситорашиноси Намруд буда ва пешбинӣ кард, ки тифле ба дунё хоҳад омад ва мардумро ба дини дигаре фаро мехонад. Намруд бар ин асос фармон дод занону мардон аз якдигар ҷудо шаванд ва навзодонро бикушанд. Озар ҳамчунин писарамаки Намруд муаррифӣ шудааст.
Шахсиятшиносӣ
Озар, аз аҳолии деҳи Кавсӣ дар Савод (Кӯфаи кунунӣ)[1] ва писарамаки Намруд муаррифӣ шудааст.[2] Бинобар ривояте аз Имом Содиқ (а), Озар мунаҷҷими Намруд буда[3] ва қабл аз таваллуди ҳазрати Иброҳим (а), пешбинӣ кардааст, ки марде ба дунё меояд ва мардумро ба дини дигаре даъват мекунад; ба ҳамин ҷиҳат Намруд дастур дод занон аз мардон ҷудо шаванд ва тифлоне, ки ба дунё меомадандро бикушанд.[4]
Озар бутпараст буда[5] ва дар бархе аз ашъори форсӣ ба бутпараст будани ӯ ишора шудааст,[6] аз ҷумла:
Халили ман ҳама бутҳои Озарӣ бишикаст,
Маҷоли хоб намебошадам зи дасти хиёл,[7]
Падар ё амаки Иброҳим
Дар ояти 74 сураи Анъом омадааст:
«وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لِأَبِيهِ آزَرَ أَتَتَّخِذُ أَصْنَامًا آلِهَةً إِنِّي أَرَاكَ وَقَوْمَكَ فِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ»
«Ва Иброҳим падараш Озарро гуфт: оё бутонро ба худоӣ мегирӣ? Ту ва қавматро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинам!»
Бархе аз муфассирони Қуръон аз ҷумла, Фахри Розӣ бар асоси ин оят, Озарро падари Иброҳим донистаанд.[8] Аммо дар Тафсири Намуна, навиштаи Носир Макорими Шерозӣ омадааст, тамоми муфассирон ва донишмандон шиа муътақиданд, ки Озар падари Иброҳим набудааст.[9]
Шайх Тусӣ (ваф. 460ҳ.қ.), Озарро амак ё ҷадди модарии Иброҳим (а) дониста ва аз Абуисҳоқ Зуҷоҷ нақл кардааст, ки насабшиносон дар инки номи падари Иброҳим, Торух буда, ихтилофе надоранд.[10] Ӯ ҳамчунин ба ривояте аз Пайғамбар (с) истинод кардааст, ки бар асоси он ҳеҷ як аз аҷдоди Пайғамбар то ҳазрати Одам мушрик набудаанд;[11] дар ҳоле ки Озар бутпараст буда ва бинобарин имкон надорад, ки падари ҳазрати Иброҳим (а) бошад.[12]
Аллома Таботабоӣ, файласуф ва муфассири муосир, бо ироаи шавоҳиде муътақид аст, ки дар забони арабӣ «аб» ба касе гуфта мешавад, ки умури фардро бар ӯҳда дорад; аз ин рӯ ба падар, амак, ҷад, падарзан, ва ҳатто ба раис ва бузурги қабила низ «аб» гуфта мешавад.[13] Дар Таврот, китоби муқаддаси яҳудиён, падари ҳазрати Иброҳим, Торух зикр шудааст.[14] Бархе аз уламои ахлоқ низ ҳадисеро ба сурати ҳадиси мақтуъ нақл кардаанд, ки мазмунаш ин аст, ки падарон се гунаанд. Падаре, ки воситаи вилодати инсон ҳаст, ва падаре, ки ба инсон ҳамсар медиҳад (падари ҳамсар) ва падаре, ки уҳдадори таълими ӯст (муаллим).[15] [Ёддошт 1]
Ҳамчунин бархе аз муфассирон аз ҷумла Аллома Таботабоӣ ва Макорими Шерозӣ, худдории ҳазрати Иброҳим аз истиғфор барои «аб»-и худ дар ояти 114 сураи Тавба[16] ва дар муқобил, дархости бахшиши гуноҳон барои «волид»-и худ дар ояти 41 сураи Иброҳим,[17] натиҷа гирифтаанд, ки падари Иброҳим, касе ғайр аз Озар буда ва «аб» дар ояти мазкур ба маънои амак ё ҷадди модарӣ аст.[18]
Мағфиратталабии Иброҳим барои Озар
Бар асоси ояти 48 сураи Марям[Ёддошт 2][19] ҳазрати Иброҳим (а) барои Озар, талаби мағфират кардааст,[20] аммо ояти 113 сураи Тавба[21] мусулмононро аз истиғфор барои мушрикон барҳазар медорад. Қуръон барои рафъи таъорузи зеҳние, ки дар ин маврид пеш меояд, дар ояти баъдии сура меоварад:
Омурзишхоҳии Иброҳим барои падараш ҷуз ба сабаби ваъдае, ки ба ӯ дода буд, набуд ва чун барои ӯ равшан шуд, ки вай душмани Худост аз ӯ безорӣ ҷуст.[22]
Эзоҳ
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.159.
- ↑ Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.882.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.366 ва 367; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.206 ва 207.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.366 ва 367; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.206 ва 207.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.4, саҳ.175; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.303 - 307.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ансорӣ, Муноҷотнома, 1382ҳ.ш., саҳ.26.
- ↑ Саъдии Шерозӣ, Девони ашъор, ғазалиёт, ғазали шумораи 40.
- ↑ Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1360ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.76; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.31.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.303.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.4, саҳ.175 - 176.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.4, саҳ.175.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.4, саҳ.175: ҳамчунин нигоҳ кунед ба: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.303 - 307.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.164 - 165.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.162; Таврот, сифри офариниш, 11: 26.
- ↑ Нароқӣ, Мулломаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, ҷ.37, саҳ.141.
- ↑ «وَمَا كَانَ اسْتِغْفَارُ إِبْرَاهِيمَ لِأَبِيهِ إِلَّا عَن مَّوْعِدَةٍ وَعَدَهَا إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِّلَّـهِ تَبَرَّأَ مِنْهُ ۚ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَأَوَّاهٌ حَلِيمٌ» мағфират хостани Иброҳим барои падараш, набуд магар ба хотири ваъдае ки ба ӯ дода буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст. Зеро Иброҳим бисёр Худотарсу бурдбор буд!».
- ↑ «رَبَّنَا اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ»; эй Парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барподорандагони намоз гардон! Эй Парвардигори мо, дуои маро бипазир!».
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.164 - 165; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.304 - 305.
- ↑ «قَالَ سَلَامٌ عَلَيْكَ ۖ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ رَبِّي ۖ إِنَّهُ كَانَ بِي حَفِيًّا» гуфт: туро саломат бод. Аз Парвардигорам бароят омурзиш хоҳам хост. Зеро Ӯ бар ман меҳрубон аст!».
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.304.
- ↑ «مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَن يَسْتَغْفِرُوا لِلْمُشْرِكِينَ وَلَوْ كَانُوا أُولِي قُرْبَىٰ مِن بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُمْ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ», набояд Пайғамбар ва касоне ки имон овардаанд, барои мушрикон ҳарчанд аз хешовандон бошанд - пас аз онки донистанд, ки ба ҷаҳаннам мераванд – талаби мағфират кунанд!».
- ↑ Сураи Тавба, ояти 114
Ёддошт
Сарчашма
- Ансорӣ, Хоҷа Абдуллоҳ, Муноҷотнома, тасҳеҳ ва муқобила Муҳаммад Ҳамосиён, Кирмон, интишороти хадамоти фарҳангии Кирмон, 1382ҳ.ш.
- Балъамӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таърихномаи Табарӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Равшан, Теҳрон, Сурӯш, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, таҳқиқи Сайид Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи чаҳорум, 1367ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Мустафавӣ, Сайидҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1360ҳ.ш.
- Саъдӣ, Девони ашъор, пойгоҳи интерентии Ганҷур.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари нашри исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, Китобфурушии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофа, чопи аввал, 1414қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Шайх Оқобузурги Теҳронӣ ва таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-исломӣ, бе то.
- Фахри Розӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.