Нуъмон ибни Аҷлони Зурақӣ

Аз wikishia

Нуъмон ибни Аҷлон Зурақии Ансорӣ намояндаи Имом Алӣ (а) дар Баҳрайн ва Уммон буд, ки Имомро тарк карда, ба Муовия пайваст.

Нуъмон яке аз саҳобагон, ровиёни Ҳадиси Ғадир ва сипоҳиёни Имом Алӣ дар ҷангҳои Ҷамалу Сиффин буд ва бо шеърҳои худ аз Имом пуштибонӣ мекард.

Дар давраи зимомдориаш бар Баҳрайн, ба хотири бахшиши байтулмол ба Банӣ Зурайқ, Имом номае ба ӯ навишта, ӯро аз ин кор барҳазар дошт.

Нуъмон пас аз дарёфти номаи Имом ва ошкор кардани инҳирофаш дар истифода аз байтулмол, ба Муовия пайваст.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Номаи Имом Алӣ (а) ба Нуъмон ибни Аҷлон:

«Касе ки нисбат ба амонат кӯтоҳӣ кунад ва дар хиёнат рағбат нишон диҳад ва нафсу дини худро покиза нанамояд, ӯ ба худ дар дунё зарар расонда ва ончӣ баъдан ба он гирифтор мешавад, талхтару бо давомтар ва бадтару тӯлонитар хоҳад буд. Пас, аз Худо битарс. Ту аз қавме ҳастӣ, ки дорои шоистагӣ ҳастанд, рафторат ба гунае бошад, ман нисбат ба ту пиндори некӯ дошта бошам ва аз ончӣ ба ман хабари он расидааст, агар ҳақ бошад, баргард ва назари маро дар бораи худ тағйир мадеҳ! Хароҷи минтақаатро баррасӣ карда, барои ман нома бинавис; то раъйи худро бароят эълом кунам. Ин шоаллоҳ.[1]

Нуъмон ибни Аҷлони Зурақӣ, аз ансор ва қабилаи Банӣ Зурайқ[2] ва аз асҳоби Пайғамбар (с)[3] ва Имом Алӣ (а)[4] ва муддате низ аз тарафи Имом Алӣ (а) ҳокими Баҳрайну Уммон[5] буд. Ӯ ҳамвора мавриди эҳтироми ансор буд.[6] Нуъмон баъд аз шаҳодати Ҳамза ибни Абдулмуталлиб бо Хула бинти Қайс - ҳамсари Ҳамза издивоҷ кард.[7] Дар рӯзҳои бемории Нуъмон, Пайғамбар (с) ба иёдати ӯ рафту барояш дуо кард.[8] Дар Ансоб-ул-ашроф (таълифи қарни сеюм), Нуъмон ба унвони яке аз мудофеъони Аҳли Байт (а) дар баробари Муовия муаррифӣ шудааст.[9] Ҳамчунин Аллома Аминӣ, ӯро ҷузви ровиёни ҳадиси Ғадир муаррифӣ кардааст.[10] Нуъмон дар ҷанги Ҷамал[11] ва Сиффин[12] дар сипоҳи Имом Алӣ буд. Минқарӣ дар китоби Вақъату Сиффин, номи вайро ҷузви шоҳидони моҷарои ҳакамият зикр кардааст.[13]

Наим ибни Аҷлон - шаҳиди Карбало, бародари ӯст.[14]

Ҷудоӣ аз Имом Алӣ

Имом Алӣ, пас аз ҷанги Сиффин, Нуъмонро ба унвони ҳокими Баҳрайну Уммон мансуб кард.[15] Ӯ ҳангоми зимомдорӣ бар Баҳрайн аз байтулмол ба Банӣ Зурайқ мебахшид.[16] Ба гузориши Яъқубӣ - таърихнигори қарни сеюм, Имом Алӣ (а) номае ба ӯ навишт ва ӯро аз ин кор барҳазар дошт. Ӯ пас аз дарёфти номаи Имом ва ифшои инҳирофи ӯ дар истифода аз байтулмол, Имомро раҳо карда, ба Муовия пайваст.[17]

Шеърҳо дар ҳимояти Имом Алӣ (а)

Нуъмон шоир буд.[18] Ӯ дар воқеаи Сақифа[19] ва дар рӯзи Сиффин[20] дар ҳимоят аз Имом Алӣ шеърҳое сурудааст:

وَ كانَ هَوانا في عَليّ وَ إنَّهُ

لَاَهْلٌ لَها مِنْ حَيْثُ تَدْري وَ لا تَدْري

وَصيُّ النَّبيِّ الْمُصْطَفى وَ ابْنُ عَمِّهِ

وَ قاتِلُ فُرْسانِ الضَّلالَةِ وَ الْكُفْرِ[21]

Мо Алиро мехостем ва ӯ шоистаи хилофат буд, аз онҷо ки итилоъ доштӣ ва аз онҷо ки итилоъ надоштӣ ӯ васии Пайғамбари баргузидаи Худост ва писаръамми ӯст, ӯ бо саворони залолату куфр пайкор кард ва онҳоро аз байн бурд.

Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷулбалоға, ин шеъри Нуъмонро дар посух ба сурудаи Амри Ос дар моҷарои Сақифа дониста ва байти зерро низ ба он афзудааст:

فذاک بعون الله یدعو إلی الهدی

و ینهی عن الفحشاء و البغی و النکر[22]

Эзоҳ

  1. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.201.
  2. Тусӣ, Риҷол, 1373ҳ.ш., саҳ.83.
  3. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1970м., ҷ.5, саҳ.334.
  4. Тусӣ, Риҷол, 1373ҳ.ш., саҳ.83.
  5. Тусӣ, Риҷол, 1373ҳ.ш., саҳ.83.
  6. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1970м., ҷ.5, саҳ.334.
  7. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.351.
  8. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.351.
  9. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.30.
  10. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.142.
  11. Муфид, ал-Ҷамал ва-н-нусра, 1413ҳ.қ., саҳ.101 - 105.
  12. Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.380.
  13. Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.507.
  14. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, Наҷаф, ҷ.3, саҳ.274.
  15. Тусӣ, Риҷол, 1373ҳ.ш., саҳ.83.
  16. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.352.
  17. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.201.
  18. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.351.
  19. Ҳусайнӣ, Масодиру Наҳҷулбалоға, ҷ.3, саҳ.334.
  20. Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.380.
  21. Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.380.
  22. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.30 - 31.

Сарчашма

  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, марказул-Ғадир лил-диросотил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1970м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дорукутубил-илмийя, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, Қум, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ал-Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷаф, бено, бе то.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷамал ва-н-нусра ли сайид- ил-итрат фи ҳарби-л-Басра, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, Дафтари нашри исломӣ (Ҷомеъаи мударрисин), чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Абдуззаҳро, Масодиру Наҳҷулбалоға ва асонидуҳ, Бейрут, Дорул-Заҳро, 1409ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.