Номаи Имом Алӣ ба Усмон ибни Ҳунайф
Номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф (форсӣ: نامه امام علی(ع) به عثمان بن حنیف) номае аст аз Имом Алӣ (а) хитоб ба Усмон ибни Ҳунайф, коргузораш дар Басра. Ин нома яке аз номаҳои Наҳҷулбалоға аст ва меҳвари аслиаш тавбихи Усмон ибни Ҳунайф ба далели ширкат дар як меҳмонии ашрофӣ ва бидуни ҳузури фақирон аст.[1] Бархе муҳаққиқон ин номаро қавитарин мисдоқ барои назарияи ҳаддиаксарии дин донистаанд.[2] Ҳамчунин гуфта шуда, аз ин нома метавон шахсияти Имом Алӣ (а)-ро дар арсаи сиёсату мудирият шинохт.[3] Аз ин рӯ дар китобҳои бо мавзуи табйини назарияи сиёсии Ислом ба ин нома ишора шудааст.[4] Аз он ҷо ки дар ин нома, навъи ҳукмронии Имом Алӣ (а) баён шуда, ин номаро аз номаҳои муҳимми Имом Алӣ (а) ба коргузорон муаррифӣ кардаанд.[5]
Дар бештари нусхаҳои Наҳҷулбалоға ин нома дар радифи 45 қарор гирифтааст:[6]
Номи нусха | Рақами нома[7] |
---|---|
ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас, Субҳӣ Солеҳ, Файзулислом, Муллосолеҳ, Ибни Абилҳадид, Абдуҳ | 45 |
Хўӣ, Ибни Майсам, Фи зилоли Наҳҷулбалоға | 44 |
Муллофатҳуллоҳ | 48 |
Бархе аз нукоте, ки Имом Алӣ (а) дар ин нома ба риояти онҳо тавсия карда, ба ин шарҳ аст: покдоманӣ, парҳезкорӣ, ҳиммат доштан нисбат ба кумаки фақирону мискинҳо, кантроли хоҳишҳои нафсонӣ, қаноат, парҳез аз исроф, ҳамдардӣ бо мардум, содазистӣ, пайравӣ аз имом дар шеваи зиндагӣ ва ба қабули даъватҳо ҳассос будан.[8]
Дар ин нома илова бар осебшиносии ашрофигарӣ, роҳкорҳое барои муқобила бо он баён шудааст.[9] Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин нома улгуи ахлоқӣ-иҷтимоии муносибе дар робита бо ашрофигарӣ ироа кардааст.[10]
Бахшҳое аз нома Имом Алӣ ба Усмон ибни Ҳунайф дар китоби Амолӣ навиштаи Шайх Садуқ[11] ва дар китобҳои дигар нақл шудааст.[12] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ин нома дар ибтидои ҳукумати Имом Алӣ (а) ва дар соли 36ҳ.қ.ба Усмон ибни Ҳунайф навишта шудааст.[13] Илова бар шарҳу тарҷумаи номаи 45 Наҳҷулбалоға дар тарҷумаҳо ва шарҳҳое, ки ба сурати комил бар Наҳҷулбалоға навишта шуда, шарҳҳо ва тарҷумаҳои махсус ба забони форсӣ ва арабӣ низ бар ин нома навишта шуда, ки бархе аз онҳо иборатаст аз:
- Номаи саргушодаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф устондори Басра, ба қалами Муҳаммад Муҳаммадии Иштиҳордӣ;[14]
- Зимомдорӣ ва порсоӣ, асари Мустафо Дилшоди Теҳронӣ;[15]
- Шарҳи китоби Амиралмуъминин (а) ило Усмон ибни Ҳунайф ал-Ансорӣ, таълифи Ҳошими Милонӣ;[16]
- Алӣ ва коргузорони ҳукумат, таълифи Алиакбари Ҳамидзода.[17]
Матни нома
أَمَّا بَعْدُ، یا ابْنَ حُنَیفٍ فَقَدْ بَلَغَنِی أَنَّ رَجُلًا مِنْ فِتْیةِ أَهْلِ الْبَصْرَةِ دَعَاكَ إِلَی مَأْدُبَةٍ فَأَسْرَعْتَ إِلَیهَا
تُسْتَطَابُ لَكَ الْأَلْوَانُ وَ تُنْقَلُ إِلَیكَ الْجِفَانُ وَ مَا ظَنَنْتُ أَنَّكَ تُجِیبُ إِلَی طَعَامِ قَوْمٍ عَائِلُهُمْ مَجْفُوٌّ وَ غَنِیهُمْ مَدْعُوٌّ
فَانْظُرْ إِلَی مَا تَقْضَمُهُ مِنْ هَذَا الْمَقْضَمِ فَمَا اشْتَبَهَ عَلَیكَ عِلْمُهُ فَالْفِظْهُ وَ مَا أَیقَنْتَ بِطِیبِ وُجُوهِهِ فَنَلْ مِنْهُ
أَلَا وَ إِنَّ لِكُلِّ مَأْمُومٍ إِمَاماً یقْتَدِی بِهِ وَ یسْتَضِیءُ بِنُورِ عِلْمِهِ أَلَا وَ إِنَّ إِمَامَكُمْ قَدِ اكْتَفَی مِنْ دُنْیاهُ بِطِمْرَیهِ وَ مِنْ طُعْمِهِ بِقُرْصَیهِ
أَلَا وَ إِنَّكُمْ لاتَقْدِرُونَ عَلَی ذَلِكَ وَ لَكِنْ أَعِینُونِی بِوَرَعٍ وَ اجْتِهَادٍ وَ عِفَّةٍ وَ سَدَادٍ
فَوَاللهِ مَا كَنَزْتُ مِنْ دُنْیاكُمْ تِبْراً وَ لاادَّخَرْتُ مِنْ غَنَائِمِهَا وَفْراً وَ لاأَعْدَدْتُ لِبَالِی ثَوْبِی طِمْراً وَ لاحُزْتُ مِنْ أَرْضِهَا شِبْراً وَ لاأَخَذْتُ مِنْهُ إِلَّا كَقُوتِ أَتَانٍ دَبِرَةٍ وَ لَهِی فِی عَینِی أَوْهَی وَ أَوْهَنُ مِنْ عَفْصَةٍ مَقِرَةٍ
بَلَی كَانَتْ فِی أَیدِینَا فَدَكٌ مِنْ كُلِّ مَا أَظَلَّتْهُ السَّمَاءُ فَشَحَّتْ عَلَیهَا نُفُوسُ قَوْمٍ وَ سَخَتْ عَنْهَا نُفُوسُ قَوْمٍ آخَرِینَ وَ نِعْمَ الْحَكَمُ اللهُ
وَ مَا أَصْنَعُ بِفَدَكٍ وَ غَیرِ فَدَكٍ وَ النَّفْسُ مَظَانُّهَا فِی غَدٍ جَدَثٌ تَنْقَطِعُ فِی ظُلْمَتِهِ آثَارُهَا وَ تَغِیبُ أَخْبَارُهَا وَ حُفْرَةٌ لَوْ زِیدَ فِی فُسْحَتِهَا وَ أَوْسَعَتْ یدَا حَافِرِهَا لَأَضْغَطَهَا الْحَجَرُ وَ الْمَدَرُ وَ سَدَّ فُرَجَهَا التُّرَابُ الْمُتَرَاكِمُ
وَ إِنَّمَا هِی نَفْسِی أَرُوضُهَا بِالتَّقْوَی لِتَأْتِی آمِنَةً یوْمَ الْخَوْفِ الْأَكْبَرِ وَ تَثْبُتَ عَلَی جَوَانِبِ الْمَزْلَقِ وَ لَوْ شِئْتُ لَاهْتَدَیتُ الطَّرِیقَ إِلَی مُصَفَّی هَذَا الْعَسَلِ وَ لُبَابِ هَذَا الْقَمْحِ وَ نَسَائِجِ هَذَا الْقَزِّ وَ لَكِنْ هَیهَاتَ أَنْ یغْلِبَنِی هَوَای وَ یقُودَنِی جَشَعِی إِلَی تَخَیرِ الْأَطْعِمَةِ وَ لَعَلَّ بِالْحِجَازِ أَوْ الْیمَامَةِ مَنْ لاطَمَعَ لَهُ فِی الْقُرْصِ وَ لاعَهْدَ لَهُ بِالشِّبَعِ
أَوْ أَبِیتَ مِبْطَاناً وَ حَوْلِی بُطُونٌ غَرْثَی وَ أَكْبَادٌ حَرَّی أَوْ أَكُونَ كَمَا قَالَ الْقَائِلُ:
وَ حَسْبُكَ دَاءً أَنْ تَبِیتَ بِبِطْنَةٍ * وَ حَوْلَكَ أَكْبَادٌ تَحِنُّ إِلَی الْقِدِّ
أَ أَقْنَعُ مِنْ نَفْسِی بِأَنْ یقَالَ هَذَا أَمِیرُ الْمُؤْمِنِینَ وَ لاأُشَارِكُهُمْ فِی مَكَارِهِ الدَّهْرِ أَوْ أَكُونَ أُسْوَةً لَهُمْ فِی جُشُوبَةِ الْعَیشِ
فَمَا خُلِقْتُ لِیشْغَلَنِی أَكْلُ الطَّیبَاتِ كَالْبَهِیمَةِ الْمَرْبُوطَةِ، هَمُّهَا عَلَفُهَا أَوِ الْمُرْسَلَةِ شُغُلُهَا تَقَمُّمُهَا تَكْتَرِشُ مِنْ أَعْلَافِهَا وَ تَلْهُو عَمَّا یرَادُ بِهَا
أَوْ أُتْرَكَ سُدًی أَوْ أُهْمَلَ عَابِثاً أَوْ أَجُرَّ حَبْلَ الضَّلَالَةِ أَوْ أَعْتَسِفَ طَرِیقَ الْمَتَاهَةِ وَ كَأَنِّی بِقَائِلِكُمْ یقُولُ إِذَا كَانَ هَذَا قُوتُ ابْنِ أَبِی طَالِبٍ فَقَدْ قَعَدَ بِهِ الضَّعْفُ عَنْ قِتَالِ الْأَقْرَانِ وَ مُنَازَلَةِ الشُّجْعَانِ أَلَا وَ إِنَّ الشَّجَرَةَ الْبَرِّیةَ أَصْلَبُ عُوداً وَ الرَّوَاتِعَ الْخَضِرَةَ أَرَقُّ جُلُوداً وَ النَّابِتَاتِ الْعِذْیةَ أَقْوَی وَقُوداً وَ أَبْطَأُ خُمُوداً.
وَ أَنَا مِنْ رَسُولِ اللهِ كَالضَّوْءِ مِنَ الضَّوْءِ وَ الذِّرَاعِ مِنَ الْعَضُدِ وَ اللهِ لَوْ تَظَاهَرَتِ الْعَرَبُ عَلَی قِتَالِی لَمَا وَلَّیتُ عَنْهَا وَ لَوْ أَمْكَنَتِ الْفُرَصُ مِنْ رِقَابِهَا لَسَارَعْتُ إِلَیهَا وَ سَأَجْهَدُ فِی أَنْ أُطَهِّرَ الْأَرْضَ مِنْ هَذَا الشَّخْصِ الْمَعْكُوسِ وَ الْجِسْمِ الْمَرْكُوسِ حَتَّی تَخْرُجَ الْمَدَرَةُ مِنْ بَینِ حَبِّ الْحَصِیدِ.
إِلَیكِ عَنِّی یا دُنْیا، فَحَبْلُكِ عَلَی غَارِبِكِ قَدِ انْسَلَلْتُ مِنْ مَخَالِبِكِ وَ أَفْلَتُّ مِنْ حَبَائِلِكِ وَ اجْتَنَبْتُ الذَّهَابَ فِی مَدَاحِضِكِ
أَینَ الْقُرُونُ الَّذِینَ غَرَرْتِهِمْ بِمَدَاعِبِكِ؟ أَینَ الْأُمَمُ الَّذِینَ فَتَنْتِهِمْ بِزَخَارِفِكِ؟ فَهَا! هُمْ رَهَائِنُ الْقُبُورِ وَ مَضَامِینُ اللّحُودِ
وَ اللهِ لَوْ كُنْتِ شَخْصاً مَرْئِیاً وَ قَالَباً حِسِّیاً لَأَقَمْتُ عَلَیكِ حُدُودَ اللهِ فِی عِبَادٍ غَرَرْتِهِمْ بِالْأَمَانِی وَ أُمَمٍ أَلْقَیتِهِمْ فِی الْمَهَاوِی وَ مُلُوكٍ أَسْلَمْتِهِمْ إِلَی التَّلَفِ وَ أَوْرَدْتِهِمْ مَوَارِدَ الْبَلَاءِ إِذْ لاوِرْدَ وَ لاصَدَرَ
هَیهَاتَ مَنْ وَطِئَ دَحْضَكِ زَلِقَ وَ مَنْ رَكِبَ لُجَجَكِ غَرِقَ وَ مَنِ ازْوَرَّ عَنْ حَبَائِلِكِ وُفِّقَ،
وَ السَّالِمُ مِنْكِ لایُبَالِی إِنْ ضَاقَ بِهِ مُنَاخُهُ وَ الدُّنْیا عِنْدَهُ كَیوْمٍ حَانَ انْسِلَاخُهُ.
اُعْزُبِی عَنِّی، فَوَاللهِ لاأَذِلُّ لَكِ فَتَسْتَذِلِّینِی وَ لاأَسْلَسُ لَكِ فَتَقُودِینِی وَ اَیمُ اللهِ یمِیناً أَسْتَثْنِی فِیهَا بِمَشِیئَةِ اللهِ لَأَرُوضَنَّ نَفْسِی رِیاضَةً تَهِشُّ مَعَهَا إِلَی الْقُرْصِ إِذَا قَدَرْتُ عَلَیهِ مَطْعُوماً وَ تَقْنَعُ بِالْمِلْحِ مَأْدُوماً
وَ لَأَدَعَنَّ مُقْلَتِی كَعَینِ مَاءٍ نَضَبَ مَعِینُهَا مُسْتَفْرِغَةً دُمُوعَهَا
أَ تَمْتَلِئُ السَّائِمَةُ مِنْ رِعْیهَا فَتَبْرُكَ وَ تَشْبَعُ الرَّبِیضَةُ مِنْ عُشْبِهَا فَتَرْبِضَ وَ یأْكُلُ عَلِی مِنْ زَادِهِ فَیهْجَعَ؟!
قَرَّتْ إِذاً عَینُهُ إِذَا اقْتَدَی بَعْدَ السِّنِینَ الْمُتَطَاوِلَةِ بِالْبَهِیمَةِ الْهَامِلَةِ وَ السَّائِمَةِ الْمَرْعِیةِ.
طُوبَی لِنَفْسٍ أَدَّتْ إِلَی رَبِّهَا فَرْضَهَا وَ عَرَكَتْ بِجَنْبِهَا بُؤْسَهَا وَ هَجَرَتْ فِی اللّیلِ غُمْضَهَا حَتَّی إِذَا غَلَبَ الْكَرَی عَلَیهَا افْتَرَشَتْ أَرْضَهَا وَ تَوَسَّدَتْ كَفَّهَا فِی مَعْشَرٍ أَسْهَرَ عُیونَهُمْ خَوْفُ مَعَادِهِمْ وَ تَجَافَتْ عَنْ مَضَاجِعِهِمْ جُنُوبُهُمْ
وَ هَمْهَمَتْ بِذِكْرِ رَبِّهِمْ شِفَاهُهُمْ وَ تَقَشَّعَتْ بِطُولِ اسْتِغْفَارِهِمْ ذُنُوبُهُمْ أُولئِكَ حِزْبُ اللهِ أَلا إِنَّ حِزْبَ اللهِ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
فَاتَّقِ اللهَ یا ابْنَ حُنَیفٍ وَ لْتَكْفُفْ أَقْرَاصُكَ لِیكُونَ مِنَ النَّارِ خَلَاصُكَ.[18]
Пас аз ёди Худо ва дуруд! Эй писари Ҳунайф, ба ман гузориш доданд, ки марде аз сармоядорони Басра туро ба меҳмонии худ фаро хонд ва ту бо суръат ба сӯи он шитофтӣ.
Хӯрданиҳои рангоранг барои ту оварданд ва косаҳои пур аз ғазои пай дар пай назди ту ниҳоданд. Гумон намекардам меҳмонии мардумеро бипазирӣ, ки ниёзмандонашон бо ситам маҳрум шуда ва сарватмандонашон бар сари суфра даъват шудаанд.
Фикр кун дар куҷоӣ ва бар сари кадом суфра мехӯрӣ? Пас он ғазое, ки ҳалол ё ҳаром буданашро намедонӣ дур бияфкан ва он чиро ба покизагӣ ва ҳалол буданаш яқин дорӣ, масраф кун.
Огоҳ бош! Ҳар пайраверо имомест, ки аз ӯ пайравӣ мекунад ва аз нури донишаш равшанӣ мегирад. Огоҳ бош! Имоми шумо аз дунёи худ ба ду ҷомаи фарсуда ва ду қурс нон, ризоят додааст.
Бидонед, ки шумо тавоноии чунин кореро надоред, аммо бо парҳезкорӣ ва талоши фаровон ва покдоманию ростӣ маро ёрӣ диҳед.
Пас савганд ба Худо! Ман аз дунёи шумо тиллою нуқрае ҷамъ накарда ва аз ғаниматҳои он чизе захира накардаам. Бар ду либоси кӯҳнаам либоси дигаре наафзудам ва аз замини дунё, ҳатто як ваҷаб дар ихтиёр нагирифтам ва дунёи шумо дар чашми ман аз донаи талхи дарахти балут ночизтар аст!
Оре аз он чи осмон бар он соя афканда, Фадак дар дасти мо буд, ки мардуме бар он бахилӣ варзида ва мардуми дигар, саховатмандона аз он чашм пӯшиданд ва беҳтарин довар Худост.
Маро бо Фадак ва ғайри Фадак чӣ кор? Дар ҳоле, ки ҷойгоҳи фардои одамӣ гӯр аст, ки дар торикии он осори инсон нобуд ва ахбораш пинҳон мешавад. Чоҳе, ки ҳарчи бар васегии он биафзоянд ва дастҳои гӯркан васеаш кунад, сангу кулӯх онро пур карда ва хоки зиёд, рахнаҳояшро мебандад.
Ман нафси худамро бо парҳезкорӣ мепарваронам, то дар рӯзи қиёмат, ки ваҳшатноктарини рӯзҳост, дар амон ва дар лағзишгоҳҳои он собитқадам бошам. Ман агар мехостам, метавонистам аз асали пок ва мағзи гандум ва бофтаҳои абрешим, барои худ таом ва либос фароҳам кунам. Аммо дур аст, ки ҳавои нафс бар ман пирӯз шавад ва ҳирсу тамаъ маро маҷбур кунад, ки таомҳои лазиз интихоб кунам, дар ҳоле, ки дар Ҳиҷоз ё Ямома касе бошад, ки ноне ҳам надошта бошад ва ё ҳаргиз то серии шикам нахӯрад.
Ё ман сер бихобам, вале атрофам шикамҳое аз гуруснагӣ ба пушт часпида ва ҷигарҳои сӯхтае вуҷуд дошта бошад ё он гуна бошам, ки шоир гуфта:
"Ин дард туро бас, ки шаб сер бихобӣ ва дар атрофи ту шикамҳои гурусна ва ба пушт часпида бошанд".
Оё ба ҳамин розӣ бошам, ки ба ман Амиралмуъминин гӯянд, вале дар талхиҳои рӯзгор бо мардум шарик набошам?! Ва дар сахтиҳои зиндагӣ намунаи онҳо нагардам?!
Барои ин офарида нашудам, ки монанди ҳайвони пурборе, ки ҳамаи ҳимматаш алаф аст ва ё монанди ҳайвони раҳошуда, ки шуғлаш чаридан ва пур кардани шикам буда ва аз ояндаи худ бехабар аст, таомҳои лазизу покиза маро саргарм кунад.
Оё маро беҳуда офариданд? Оё маро ба бозӣ гирифтаанд? Оё ресмони гумроҳӣ дар даст гирам? Ва ё дар роҳи саргардонӣ қадам бигзорам? Гӯё мешунавам, ки шахсе аз шумо мегӯяд: "Агар таомҳои писари Абӯтолиб ҳамин аст, пас сустӣ бар ӯ пирӯз шуда ва аз ҷанг бо шуҷоон, бозмондааст". Огоҳ бошед! Дарахтони биёбонӣ чӯбашон сахттар ва дарахтони канори ҷӯйҳо пўсташон нозуктар аст. Дарахтони биёбонӣ, ки бо борон сероб мешаванд, оташи чӯбашон шӯълавартар ва бодавомтар аст.
Ман ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) монанди равшаноии як чароғем ва ё монанди як оринҷ ба як бозу пайвастаем. Ба Худо савганд, агар арабҳо дар ҷанги бо ман, ҳама бо ҳам ҷамъ шаванд, бар онҳо пушт намекунам ва агар фурсат дошта бошам ба ҷанги ҳамаи онҳо мешитобам ва талош мекунам, ки заминро аз ин шахси масхшудаи рўйсиёҳ (Муовия) ва ин ҷисми каҷандеш пок кунам, то сангу хок (афроди ношоист) аз миёни донаҳои даравшуда бурун оянду ҷудо гарданд.
Эй дунё! Аз ман дур шав, банди лаҷоматро ба пуштат гузошта аз чанголҳои ту раҳо шудам ва аз домҳои ту наҷот ёфта ва аз лағзишгоҳҳоят дурӣ ихтиёр кардаам.
Куҷоянд бузургоне, ки бо бозичаҳои худ, фиребашон додаӣ? Куҷоянд умматҳое, ки бо зару зеварат онҳоро фирефтӣ, ки акнун дар гӯрҳо гирифторанд ва даруни лаҳадҳо пинҳон шудаанд?!
Эй дунё! Ба Худо савганд, агар шахси диданӣ мебудӣ ва қобилияти ҳискарданӣ медоштӣ, ҳудуди Худоро бар ту ҷорӣ мекардам ба хотири он бандагоне, ки онҳоро бо орзуҳоят фиреб додӣ ва миллатҳое, ки онҳоро ба ҳалокат расондӣ ва қудратмандоне, ки онҳоро таслими нобудӣ кардӣ ва гирифтори балоҳои гуногун кардӣ, ки дигар роҳе ба пешу пас надоранд.
Аммо сад афсус! Касе, ки дар лағзишгоҳи ту қадам гузорат суқут мекунад ва он кас, ки бар мавҷҳои ту савор шавад, ғарқ мешавад. Касе, ки аз доманаҳои ту наҷот ёфт, пирӯз шуд.
Ва он кас, ки аз ту бо саломатӣ гузашт, нигарон нест, ки ҷойгоҳаш танг бошад, чун дунё дар пеши ӯ монанди рӯзест, ки гузашт.
Аз пеши чашмонам дур шав. Савганд ба Худо, ба ту ром намешавам, ки хорам кунӣ ва банди лаҷомамро ба дасти ту намедиҳам, ки ҳар куҷо хоҳӣ маро бикашонӣ. Ба Худо савганд, савганде, ки танҳо иродаи Худо дар он аст, чунон нафси худро ба ризоят маҷбур кунам, ки ба як бурида нон ҳар вақт биёбам, шод шавад ва ба намак, баҷои таом, қаноат кунад.
Он қадар аз чашмҳо ашк резам, ки монанди чашмаи хушкшуда гардад ва ашки чашмаш тамом шавад.
Оё сазовор аст, ки чаррандагон фаровон бихӯранд ва роҳат бихобанд ва галлаи гӯсфандон баъд аз чаридан, ба оғил раванд ва Алӣ низ (монанди онҳо) аз зоду тӯшааш бихӯраду истироҳат кунад?
Чашмаш равшан, ки пас аз солҳои дароз чаҳорпоёни раҳошуда ва галаҳои гӯсфандонро намунаи худ қарор диҳад!
Хушо ба ҳоли он кас, ки вазифаҳои воҷибро дар пешгоҳи Худо анҷом дода ва дар роҳи Худо ҳар гуна сахтӣ ва талхиро ба ҷон харида ва ба шабзиндадорӣ пардохтааст. Ва агар хоб бар ӯ ғалаба кунад, ба рӯи замин хобида ва кафи дастро болишти худ қарор диҳад. Онҳо аз гурӯҳеанд, ки тарс аз қиёмат, хобро аз чашмонашон гирифта ва паҳлӯ аз бистари хоб нигаҳ дошта.
Ва лабҳояшон ба ёди Худо дар ҳаракат ва бо истиғфори тӯлонӣ, гуноҳонро аз байн бурдаанд. "Онҳо ҳизби Худованданд ва ҳамоно ҳизби Худо растагоранд".
Пас, аз Худо битарс эй писари Ҳунайф ва ба қурсҳои нони худ қаноат кун, то туро аз оташи дӯзах наҷот диҳад.[19]
Эзоҳ
- ↑ Мунтазирӣ, Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға, 1395ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.120
- ↑ Мансурии Лориҷонӣ, Ирфони сиёсӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.57
- ↑ Итратдӯст ва Маҳдияи Аҳмадӣ, «Роҳкорҳои муқобила бо ашрофигарӣ бар мабнои таҳлили муҳтавои номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф», саҳ.89 - 90
- ↑ Барои намуна ниг.: Мансурии Лориҷонӣ, Ирфони сиёсӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.56 - 57; Ахлоқӣ, Робитаи қудрат ва адолат дар фиқҳи сиёсӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.275; Ереванӣ, Мабоонии фиқҳии иқтисоди исломӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.362; Муртазавӣ, Донишномаи Имом Хумайнӣ, 1400ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.6743
- ↑ Итратдӯст ва Маҳдияи Аҳмадӣ, «Роҳкорҳои муқобила бо ашрофигарӣ бар мабнои таҳлили муҳтавои номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф», саҳ.70 - 71
- ↑ Ниг.: Даштӣ ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, 1375ҳ.ш., саҳ.515
- ↑ Даштӣ ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, 1375ҳ.ш., саҳ.515
- ↑ Ниг.: Наҳҷулбалоға, номаи 45, 1414ҳ.қ., саҳ.416 - 420
- ↑ Итратдӯст ва Маҳдияи Аҳмадӣ, «Роҳкорҳои муқобила бо ашрофигарӣ бар мабнои таҳлили муҳтавои номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф», саҳ.90
- ↑ Итратдӯст ва Маҳдияи Аҳмадӣ, «Роҳкорҳои муқобила бо ашрофигарӣ бар мабнои таҳлили муҳтавои номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф», саҳ.70
- ↑ Шайх Садуқ, Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.620 - 623
- ↑ Барои дидани манобеи дигари ин нома ниг.: ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Масодиру Наҳҷулбалоға, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.362
- ↑ Наҳҷулбалоға, номаи 45, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.553
- ↑ Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Номаи саргушодаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф, 1383ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Дилшоди Теҳронӣ, Зимомдорӣ ва порсоӣ, 1397ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Милонӣ, Шарҳу китоби Амиралмуъминин (а) ило Усмон ибни Ҳунайф ал-Ансорӣ, 1433ҳ.қ., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Ҳамидзода, Алӣ ва коргузорони ҳукумат, 1389ҳ.ш., сафҳаи шиноснома
- ↑ Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, номаи 45, 1414ҳ.қ., саҳ.416 - 420
- ↑ Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, номаи 45, саҳ.339 - 342
Сарчашма
- Ахлоқӣ, Ғуломсарвар, Робитаи қудрат ва адолат дар фиқҳи сиёсӣ, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо (с), 1390ҳ.ш.
- Даштӣ, Муҳаммад ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, Қум, Муассисаи фарҳангии таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1375ҳ.ш.
- Дилшоди Теҳронӣ, Мустафо, Зимомдорӣ ва порсоӣ, Теҳрон, Дарё, 1397ҳ.ш.
- Ереванӣ, Ҷавод, Мабоонии фиқҳии иқтисоди исломӣ, Машҳад, Донишгоҳи улуми исломии разавӣ, 1393ҳ.ш.
- Итратдӯст, Муҳаммад ва Маҳдияи Аҳмадӣ, «Роҳкорҳои муқобила бо ашрофигарӣ бар мабнои таҳлили муҳтавои номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф», дар маҷаллаи ислому мутолиоти иҷтимоӣ, №34, пойизи 1400ҳ.ш.
- Мансурии Лориҷонӣ, Исмоил, Ирфони сиёсӣ, Теҳрон, Маҳдӣ ал-Қуръон, 1385ҳ.ш.
- Милонӣ, Ҳошим, Шарҳу китоби Амиралмуъминин (а) ило Усмон ибни Ҳунайф ал-Ансорӣ, Наҷаф, ал-Атабат-ул-алавият-ил-муқаддаса, 1433ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға, Теҳрон, интишороти Сароӣ, 1395ҳ.ш.
- Муртазавӣ, Сайид Зиё, Донишномаи Имом Хумайнӣ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1400ҳ.ш.
- Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Муҳаммад, Номаи саргушодаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайфи устондори Басра, Қум, ахлоқ, 1383ҳ.ш.
- Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, Қум, Машҳур, 1379ҳ.ш.
- Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Ҳусайни Ансориён, Теҳрон, паёми озодӣ, 1388ҳ.ш.
- Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, аламолӣ, Теҳрон, Китобчи, 1376ҳ.ш.
- ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Сайид Абдуззаҳро, Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, Бейрут, Дор-уз-Заҳро, 1409ҳ.қ.
- Ҳамидзода, Алиакбар, Алӣ ва коргузорони ҳукумат, Исфаҳон, Уқёнуси маърифат, 1389ҳ.ш.