Воқеаи Фах

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Набарди Фах)
Воқеаи Фах
Доманаи кӯҳи Фах дар Макка, дафни бархе аз шаҳидони ҳодисаи Фах
Доманаи кӯҳи Фах дар Макка, дафни бархе аз шаҳидони ҳодисаи Фах
Замон8 зилҳаҷҷа (Рӯзи тарвия) соли 169ҳ.қ.
Маконминтақаи Фах дар наздикии Макка
Сабабситами Аббосиён бар Алавиён
Натиҷашикасти қиём
Ҷанганда1Ёрони Ҳусайн Соҳиби Фах
Ҷанганда2Сипоҳи аббосӣ
Фармондеҳ1Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан
Фармондеҳ2Муҳаммад ибни Сулаймон
Хасорат1кушта шудани Соҳиби Фах ва бисёре аз ёронаш ва асир шудани теъдоде дигар


Воқеаи Фах (форсӣ: واقعه فخ) ё қиёми соҳиби Фах, яке аз қиёмҳои Алавиён алайҳи Аббосиён дар соли 169 ҳиҷрии қамарӣ, ки дар ривояте аз Имом Ҷавод (а), баъд аз воқеаи Карбало, сахттарин ибтилои Аҳли Байт (а) буда аст.

Ин воқеа ба раҳбарии Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан маъруф ба Соҳиби Фах, набераи Имом Ҳасан (а) дар асри Имом Козим (а) ва дар Мадина шакл гирифт ва ба кушта шудани ӯ ва бештари ёронаш анҷомид. Аз онҷо ки ин воқеа дар минтақаи Фах дар чаҳоркилометрии Масҷидул-ҳаром рух дод, ба қиёми Фах ё қиёми Соҳиби Фах машҳур шудааст.

Бар асоси бархе ривоятҳо, Имом Козим аз байъат бо Ҳусайни Фах худдорӣ кард ва аз муваффақ нашудани қиёми ӯ хабар дод. Албатта дар гузоришҳое, аз машваратхоҳии Соҳиби Фах аз Имом ва дар бархе дигар, аз дастури Имом ба қиём, сухан ба миён омадааст, аммо дар муқобил, ҳадиси дигаре вуҷуд дорад, ки мегӯяд, Имом ба машваратхоҳии қиёмкунандагон посухи мусбат надодааст.

Бо ин ҳол, бархе пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дар ривоёт, мавзеъгирии ошкоре аз Имом Козим дар таъйид ё радди ин қиём дида намешавад. Бархе аз муҳаққиқон низ бо истинод ба аҳодисе дар таъйиди шахсияти Соҳиби Фах, ин қиёмро мавриди таъйиди вай донистаанд, вале баъзеи дигар ин далелро нокофӣ шуморидаанд.

Ба гуфтаи таърихнигорон, қиёми Соҳиби Фах, дар пайи сахтгириҳои ҳукумати Аббосӣ алайҳи Алавиён шакл гирифт. Ҳусайн Фаххӣ, моҳҳо пеш аз воқеа, афроди бисёреро аз шаҳрҳои мухталиф, барои қиём дар мавсими ҳаҷ даъват кард ва аз онҳо байъат гирифт. Озору азиятҳои беш аз ҳадди волии Мадина, Ҳусайнро маҷбур кард, қиёми худро як моҳ зудтар (зилқаъда) дар Мадина ошкор кунад. Қиёмкунандагон дар муддати кӯтоҳе, бар Мадина мусаллат шуданд ва сӯи Макка ҳаракат карданд.

Бархе аз авомили ҳукумат, ки дар сафари ҳаҷ буданд, бо дастури Ҳодии Аббосӣ, дар баробари қиёмкунандагон ҷангиданд. Дар ин ҷанг, ки дар 8-и зилҳаҷҷа анҷом шуд, Соҳиби Фах ва бисёре аз афродаш кушта шуданд ва теъдоде низ асир шуданд ё гурехтанд.

Дар пайи ин ҷанг, волии Мадина хона ва амволи ҷамъе аз қиёмкунандагонро ба оташ кашид ва бархеи дигарро мусодира кард. Сарҳои шуҳадо, ҳамроҳи асирон, назди халифа фиристода шуд.

Ба назари муҳаққиқон, қиёми пеш аз мавъид, ҳамроҳӣ накардани бархе аз бузургони Алавӣ ва ҳамроҳӣ накардани мардуми Маккаю Мадина, яке аз муҳимтарин иллатҳои шикасти қиёми Фах будааст.

Дар мавзӯи воқеаи Фах, китобҳои мухталифе навишта шудааст, ки «Ахбори Фах» ба қалами Аҳмад ибни Саҳли Розӣ (вафот дар қарни чаҳорум) қадимитарини онҳост, ки ба сурати мустақил ба ин мавзӯъ пардохтааст.

Ҳодисаи Фах, рӯйдоде талх барои шиаён

Бахше аз тоияи ки дар он ба воқеаи Фах ишора шудааст:

أفاطم قومی یا بنت الخیر فاندبی
نجوم سماوات بأرض فلات
قبور بکوفان وأخری بطیبة
وأخری بفخ نالها صلوات
Эй Фотима, эй духтари беҳтарин халқи Худо!
Бархезу бар ситораҳои осмоние, ки бар замин афтодаанд, гиря кун!
Қабрҳое дар Кӯфаву Мадинаву қабре дар Фах,
Ки дуруду саломи ман бар эшон бод!

Ҳодисаи Фах аз талхтарин ҳаводиси таърихи ташайюъ муаррифӣ шуда ва ривоятҳое аз Пайғамбар ва имомони шиа[1] гувоҳ бар ин иддао дониста шудааст.[2] Тибқи ривояте аз Имом Ҷавод (а), пас аз воқеаи Карбало, ин ҳодиса бузургтарин ибтилои Аҳли Байт (а) будааст.[3] Бар асоси ривояте, ки Абулфараҷи Исфаҳонӣ - таърихнигори қарни чаҳоруми қамарӣ нақл кардааст, Пайғамбар (с) ва Имом Содиқ (а) аз кушта шудани Ҳусайн ибни Алӣ (Соҳиби Фах) дар Фах пешгӯӣ карда, аз биҳиштӣ будани ӯ хабар додаанд.[4] Ҳамчунин ривоят шудааст, Имом Козим (а) бо гиря бар шуҳадои Фах, аз Худованд барои қотилони онҳо марг ва азоби шадид дархост мекард.[5] Имом Козим кафолати ятимон ва бевагони алавиёнеро, ки дар Фах ба шаҳодат расиданд, бар уҳда гирифт.[6] Воқеаи Фах дар шеърҳои шоирони мутааддиде инъикос ёфтааст, ки аз он ҷумла метавон ба шеъри Тоия, сурудаи Деъбели Хузоъӣ ишора кард.[7]

Раҳбари қиём

Мақолаи аслӣ: Соҳиби Фах

Ҳусайн ибни Алӣ маъруф ба Соҳиби Фах, аз тарафи падару модар набераи [Ёддошт 1] Имом Ҳасан (а) буд.[8] Падараш - Алӣ (маъруф ба Алии Некӯ ва бузургвор) ва модараш - Зайнаб (духтари Абдуллоҳи Маҳз) буд, ки ба хотири ибодати фаровонашон, ба завҷи солеҳ шӯҳрат доштанд.[9] Соҳиби Фахро як марди шуҷоъ ва карим муаррифӣ карда,[10] дар саховаташ ривоятҳои мухталифе баён кардаанд.[11] Шайх Тусӣ вайро дар зумраи асҳоби Имом Содиқ (а) бармешуморад.[12] Соҳиби Фах дар зилҳаҷҷаи соли 169ҳ.қ., дар 41-солагӣ вафот кард.[13]

Мавзеъгирии Имом Козим дар баробари қиём

Бар асоси ривояте, ки Кулайнӣ дар китоби Кофӣ нақл кардааст, ҳангоме, ки Соҳиби Фах қиём кард, Имом Козимро ба байъат фаро хонд, аммо Имом бо радди байъат аз ӯ хост, вайро ба байъат водор накунад ва ӯ низ чунон кард.[14] Абдуллоҳ Момақонӣ муътақид аст, дархости байъати Соҳиби Фах аз Имом Козим сурӣ будааст, то дар сурати муваффақият, амри хилофатро ба ӯ вогузор кунад; аз ин рӯ, Имом аз рӯи тақия, Ҳусайнро аз қиём манъ кард, вале дар ботин аз иқдоми ӯ розӣ буд; ҳамчунонки пас аз шаҳодаташ барои ӯ талаби раҳмат кард.[15]

Дар гузориши Абулфараҷи Исфаҳонӣ омадааст, Ҳусайн барои қиём бо Имом Козим (а) машварат кард ва қиём бо дастури Имом анҷом шудааст.[16] Ҳамчунин мутобиқи нақле ки Сайид ибни Товус - олими шиа дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ нақл кардааст, Ҳодии Аббосӣ қиёми Ҳусайнро мустанад ба дастури Имом козим медонист.[17] Бо ин ҳол, бар пояи ривояте аз китоби Кофӣ, Яҳё ибни Абдуллоҳ дар номае ба Имом Козим, аз посухи манфии Имом ба машваратхоҳии онҳо дар қиёми Фах, гилоя кардааст.[18]

Ба гуфтаи Аҳмад ибни Иброҳими Ҳасанӣ ва Аҳмад ибни Саҳл - ду таърихнигори зайдимазҳаб дар қарни чаҳоруми қамарӣ, Имом Козим (а) ҳангоми воқеаи Фах, барои анҷоми ҳаҷ дар Макка будааст.[19] Ба гузориши ин ду, Мусо ибни Исо - яке аз авомили дастгоҳи хилофати аббосӣ, ҳангоми ҷанг Имомро эҳзор кард ва Имом ба онҷо рафту то поёни корзор ҳамроҳи ӯ монд.[20] Тибқи ин гузориш, пас аз корзор, ҳангоме, ки Имом ба сарзамини Мино рафт, сарҳои буридашударо назди ӯ оварданд.[21] Ба нақли Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Имом Козим бо дидани сари Ҳусайн ибни Алӣ, ояти Истирҷоъро хонд ва бо зикри хубиҳояш, ӯро инсони дурусткор муаррифӣ кард.[22]

Аллома Маҷлисӣ - муаллифи китоби Биҳор-ул-анвор, агарчӣ шахсияти Ҳусайни Фахиро тамҷид кардааст, аммо муътақид аст, мазаматҳое ҳам дар шахсияти ӯ матраҳ шудааст.[23] Бархе пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки агарчӣ ривоятҳое дар таъйиди шахсияти Соҳиби Фах вуҷуд дорад, аммо онҳо далеле бар таъйиди қиёми ӯ аз сӯи имомони шиа нест.[24] Расул Ҷаъфариён - таърихпажӯҳ, низ агарчӣ қиёми Фахро дар радифи солимтарин қиёмҳои алавиён бар зидди аббосиён медонад, менависад, чунин яқине вуҷуд надорад, ки ин қиём ба дастури Имом Козим (а) анҷом гирифтааст, балки метавон гуфт, шиаёни имомӣ бо ин қиёмҳо мувофиқате надоштанд; чароки дар ин масъала, бо алавиҳо даргир буданд ва миёни онон ихтилофоте падид омад.[25]

Заминаҳои қиём

Ба гуфтаи Яъқубӣ - муаррихи садаи сеюми қамарӣ, вақте Ҳодии Аббосӣ дар соли 169 қамарӣ ба ҳукумат расид, фишор бар алавиёнро шиддат дод ва дар таъқиби Толибиён исрор варзид.[26] Ӯ ба эҷоди руъбу ваҳшат алайҳи Алавиҳо пардохт ва муқарариҳову бахшишҳоеро ки падараш - Маҳдии Аббосӣ ба онон дода буд, ҳамаро қатъ кард.[27] Вай ҳамчунин ба маъмуронаш дар нуқоти мухталиф дастур дод, ки ононро дастгир карда, ба наздаш бифиристанд.[28]

Ҳодӣ ҳамчунин яке аз наберагони Умар ибни Хаттоб ба номи Абдулазиз ибни Абдуллоҳро ба фармондории Мадина гумошт,[29] ки ӯ низ бо Толибиён бадрафтор буд ва ҳар рӯз Алавиҳоро ба Дорул-имора эҳзор мекард.[30]

Аз бархе гузоришҳо истифода кардаанд, ки шаҳиди Фах аз замони ҳукумати Маҳдии Аббосӣ дар фикри қиём будааст;[31] чароки бар асоси гузориши Розӣ, наздик ба сӣ ҳазор нафар, аз шаҳрҳои мухталиф, бо Ҳусайн байъат ва бо ӯ аҳд карда буданд, ки дар мавсими ҳаҷ, дар Арафот қиём кунанд.[32] Онон ҳамчунин дар номаҳое, афроди мавриди эътимодашон дар Хуросон ва ноҳияҳои дигарро аз тасмими худ бохабар карда буданд.[33] Пас аз таҳдидҳои фармондори Мадина ва дастгирии теъдоде аз ёрони Ҳусайн, онҳо тасмим гирифтанд, қиёмро зудтар оғоз кунанд.[34]

Оғози қиём дар Мадина

Ҳусайн Фахӣ дар зилқаъдаи соли 169 қамарӣ, дар Мадина қиём кард.[35] Ӯ ва теъдоде аз ҳамроҳонаш ҳангоми намози субҳ, бо шиори «аҳад аҳад» вориди Масҷидун-Набӣ шуданд ва муаззинро водоштанд то азонро ҳамонанди шиаён (ҳамроҳ бо «ҳайя ала хайрилъамал») бигӯяд.[36] Фармондори Мадина бо шунидани азони шиаён ваҳшат карда, аз Мадина гурехт.[37] Мардум намозро ба имомати Ҳусайн хонданд ва пас аз намоз, Ҳусайн ибни Алӣ хутбае хонду мардумро ба байъат бо худ фарохонд, то мардум бар асоси китоби Худо, суннати Расули Худо ва «ал-ризо мин Оли Муҳаммад» (яъне фарди мавриди ризоят аз Оли Муҳаммад) бо ӯ байъат кунанд.[38] Албатта гузоришҳое аз ҳамроҳӣ накардани мардуми Мадина бо онҳо ҳикоят дорад.[39]

Талоши авомили ҳукумат дар Мадина барои муқобила бо Ҳусайни Фахӣ натиҷае надошт ва ба шикаст ва кушта шудани теъдоде аз онҳо анҷомид.[40] Онон ҳамчунин аз Муборак Туркӣ (- фармондеҳи дастгоҳи хилофат) ки ба қасди рафтан ба ҳаҷ, вориди Мадина шуда буд, кумак хостанд,[41] аммо мутобиқи нақли Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Муборак, ки ба ҷанги бо Ҳусайн тамоюл надошт, дар паёме махфиёна аз Ҳусайн хост ба ӯ шабехун бизананд то ӯ ба фирор кардан ногузир шавад.[42] Ҳусайн низ чунон кард ва Муборак ба сӯи Макка гурехт.[43] Ба ин тартиб, шаҳри Мадина дар ихтиёри Ҳусайн қарор гирифт. Тасаллут бар Мадина танҳо ёздаҳ рӯз тӯл кашид.[44] Шаҳиди Фах фарде ба номи Динёр (Дирбос)[45] Хузоъиро волии Мадина кард ва худ бо сесад нафар аз ёронаш,[46] дар 24 зилқаъда ба самти Макка ҳаракат кард.[47]

Ҷанги Фах

Ҳодии Аббосӣ бархе аз бузургони ҳукуматро, ки ба ҳаҷ рафта буданд, ба рӯёрӯӣ бо Ҳусайн амр кард ва фармондеҳии ҷангро бар уҳдаи Муҳаммад ибни Сулаймон гузошт.[48] Аббосиён бо сипоҳе чаҳор ҳазор нафарӣ дар 8 зилҳаҷҷа (рӯзи тарвия) дар маҳалле ба номи «Фах» бо сипоҳи Ҳусайн рӯбарӯи ҳам қарор гирифтанд.[49] Фармондеҳи Аббосӣ ба Ҳусайн амон дод, аммо Ҳусайн напазируфт ва дар набарде ки даргирифт, Ҳусайн ва иддаи зиёде аз ёронаш ба шаҳодат расиданд.[50] Ҳамчунин гуруҳе аз ёрони Ҳусайн асир шуданд ва бархеи дигар гурехтанд.[51] Теъдоде аз асирҳо кушта[52] ва теъдоде аз онҳо ҳамроҳ бо сарҳои шуҳадо ба Бағдод назди Ҳодии Аббосӣ фиристода шуданд.[53] Ҳодӣ сари Ҳусайнро барои муддате, аз пули Бағдод овезон кард ва сипас онро ба Хуросон фиристод.[54] Пайкари куштагон то се рӯз бар замин буд ва дарандагону парандагон аз онҳо мехӯрданд.[55]

Бар хилофи қавли машҳур, ки ин вуқуъи ҷангро рӯзи ҳаштуми зилҳаҷҷаи соли 169ҳ.қ., гузориш кардааст,[56] дар бархе манобеъ, рӯзи ҳафтуми зилҳаҷҷа[57] ва дар баъзеи дигар, соли 167ҳ.қ., рӯзи Арафа (нуҳуми зилҳаҷҷа) гузориш шудааст.[58] Мутобиқи гузориши Байҳақӣ дар Лубоб-ул-ансоб, пас аз вафоти Соҳиби Фах, Имом Козим бар пайкараш намоз хонд.[59]

Оқибатҳо

Пас аз қиёми Соҳиби Фах, Умар - волии Мадина, хонаҳо ва нахлистонҳои Ҳусайн ва ҷамъе аз хонадони вайро ба оташ кашид ва бахши дигаре аз нахлистонҳо ва амволашонро мусодира кард.[60] Мусо ибни Исо – омили Банӣ Аббос низ ба Мадина рафт ва бо эҳзори аҳолии шаҳр ба масҷид, ононро маҷбур кард то аз Толибиён ва Ҳусайну ёронаш дар малаъи ом бадгӯӣ кунанд.[61]

Дар бораи вокуниши Ҳодии Аббосӣ ба воқеаи Фах, гузоришҳои мутаноқизе вуҷуд дорад.[62] Бар асоси гузориши Розӣ, ҳангоме ки Қосим ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳро асир карданд ва назди Ҳодӣ бурданд, Ҳодӣ дастур дод тамоми аъзои баданашро бо арра тикка- тикка кунанд.[63] Ҳамчунин бо дастури ӯ, сари теъдоде аз асирҳо аз тан ҷудо шуд.[64] Дар муқобил, гузоришҳои дигаре низ вуҷуд дорад. Тибқи бархе аз онҳо, ӯ бо бархе қотилони воқеаи Фах бархурд кард ва дастур дод амволи онҳо мусодира шавад.[65] Бар асоси ривояти дигаре, Ҳодии Аббосӣ бо дидани сарҳои шуҳадои Фах гирист ва маҳрум сохтани қотилон аз аҷру подошро камтарин муҷозоти онҳо донист.[66] Бархе нависандагон бар ин боваранд, ки Ҳодии Аббосӣ барои ором кардани мухолифон ва аз байн бурдани илтиҳоби ҷомеъа, дар баъзе ҷойҳо, худро нороҳат ҷилва додааст.[67]

Фарзандони Абдуллоҳи Маҳз; яъне Сулаймон, Идрис ва Яҳё, дар ин воқеа ҳузури фаъол доштанд.[68] Сулаймон ибни Абдуллоҳ ва Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Маҳз дар ин воқеа кушта шуданд.[69] Идрис ибни Абдуллоҳ дар воқеаи Фах зинда монд ва ба Мағриб гурехт ва дар онҷо давлати Идрисиёнро поягузорӣ кард.[70] Яҳё ибни Абдуллоҳ низ дар ҷанги Фах зинда монд ва ба Дайлам гурехт.[71] Ҳорун ар-Рашид бо навиштани амонномае вайро ба Бағдод фарохонд, аммо ӯро дар Бағдод зиндонӣ кард ва саранҷом ҳамонҷо вафот кард.[72]

Иллати шикаст

Маҳаллаи шуҳадо дар Макка, ҷои дафни теъдоде аз шуҳадои воқеаи Фах

Бархе пажӯҳишгарон умури зерро аз авомили шикасти қиёми Соҳиби Фах донистаанд:

  • Қиёми пеш аз мавъид ва қабл аз омодасозии неру;
  • Ҳамроҳӣ накардани бархе аз бузургони Алавӣ;
  • Паймоншикании теъдоде аз ёрон;
  • Қиём дар айёми ҳаҷ, ба хотири машғулияти мардуми Маккаю Мадина ба умури иқтисодӣ;
  • Ҳамроҳӣ накардани бузургони Макка;
  • Ҳамроҳӣ накардани мардуми Мадина;
  • Муносиб набудани фазои Ҳиҷоз барои қиём.[73]

Минтақаи Фах

Китоби Ахбори Фах, аз қадимитарин манобеи воқеаи Фах

Минтақаи Фах ё маҳаллаи шуҳадои Макка, дар вурудии шимолии Макка ва дар чаҳоркилометрии Масҷидулҳаром қарор дорад.[74] Ин минтақа мақбараи баъзе аз саҳоба будааст.[75] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, қабрҳои шуҳадои Фах дар маҳаллаи шуҳадои Макка, дар ду бахш қарор дорад:[76] бахше аз шуҳадои Фах дар маҳали маҳсуре дафн шудаанд, ки таблои «мақбараи Абдуллоҳ ибни Умар, рақами 2» бар девори он қарор дорад. Қабри теъдоди дигаре низ рӯ ба рӯи он маҳал, дар нишебии кӯҳи Фах («Ҷабалул-буруд» ё «Ҷабалул-шаҳид»)[77] воқеъ аст.[78] Дар соли 601 қамарӣ, бар мазори Соҳиби Фах буқъае сохта шуд.[79] Дар канори кӯҳи Фах, минтақаи ҳамворе ба номи «Зӣ Туво» вуҷуд дорад, ки гуфта шудааст, ҷои ташкили ҷаласоти қабилаи Қурайш дар воқеаи Сулҳи Ҳудаибия будааст.[80]

Такнигориҳо

Бархе аз китобҳое, ки бо мавзӯи воқеаи Фах навишта шудааст, иборатанд аз:

  • Ахбори Фах, навиштаи Аҳмад ибни Саҳли Розӣ. Ин китоб дар қарни чаҳорум навишта шудааст ва қадимитарин асари мустақил дар мавзӯи воқеаи Фах аст.[81] Гуфтаанд, дар ин асар аснод ва мадорике вуҷуд дорад, ки дар манобеи қадимии дигар нест.[82] Ин китобро интишороти Дорул-ғарбил-исломии Бейрут, дар соли 1995м., бо таҳқиқи доктор Моҳир Ҷаррор, дар 398 саҳифа чоп кардааст.[83]
  • Моҳияти қиёми шаҳиди Фах, ба қалами Абуфозил Разавии Ардаконӣ: нависанда дар ёздаҳ фасл, шахсияти Ҳусайн ибни Алӣ, чистӣ ва чигунагии қиёми ӯро баррасӣ кардааст.[84] Ин китобро интишороти Дафтари таблиғоти исломӣ дар соли 1375ҳ.ш., дар 280 саҳифа мунташир кардааст.[85]
  • Баталу Фах (қаҳрамони Фах) навиштаи Муҳаммадҳодии Аминӣ; ин асар дар соли 1388ҳ.қ., ба кӯшиши интишороти ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя дар Наҷаф ва дар 206 саҳифа мунташир шудааст.[86]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.366–367; Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.463 - 464.
  2. Гулистонӣ ва Мир Абулқосимӣ, «Соҳиби Фах», саҳ.112.
  3. Бухорӣ, Сирр-ус-силсилат-ил-Алавийя, 1963м., саҳ.14 - 15.
  4. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., саҳ.366 - 367.
  5. Аминӣ, Баталу Фах, 1388ҳ.қ., саҳ.139.
  6. Аминӣ, Баталу Фах, 1388ҳ.қ., саҳ.139.
  7. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.322.
  8. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.364.
  9. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., саҳ.364; Муҳаллӣ, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317
  10. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.94; Ҳорунӣ, ал-Ифода фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, 1387ҳ.ш., саҳ.26.
  11. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.368 - 371.
  12. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.182.
  13. Ҳорунӣ, ал-Ифода фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, 1387ҳ.ш., саҳ.26 - 28.
  14. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.366.
  15. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, 1423ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.285 - 287.
  16. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.383.
  17. Сайид ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ.,саҳ.218.
  18. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.366 - 367.
  19. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м., саҳ.298; Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.482.
  20. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м., саҳ.298; Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.482.
  21. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м., саҳ.298; Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.482.
  22. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.380.
  23. Маҷлисӣ, ал-Ваҷиза фи-р-риҷол, 1420ҳ.қ., саҳ.64.
  24. Шарифӣ, “Аимма ва қиёмҳои шиъӣ”, саҳ.89 - 90.
  25. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.389.
  26. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.404.
  27. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.404.
  28. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.404.
  29. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.90.
  30. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.372.
  31. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м., саҳ.52
  32. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м., саҳ.142 ва 284.
  33. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м., саҳ.284.
  34. Илоҳизода, Ҷунбиши Ҳасаниён, 1385ҳ.ш., саҳ.204; Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1397ҳ.ш., саҳ.443.
  35. Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.466; Ҳорунӣ, ал-Ифода фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, 1387ҳ.ш., саҳ.26; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195.
  36. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.375.
  37. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.375.
  38. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.378.
  39. Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.474; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.194 - 195.
  40. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.194.
  41. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.194-195.
  42. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377.
  43. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377.
  44. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195.
  45. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м., саҳ.142.
  46. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377.
  47. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195.
  48. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.196.
  49. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326.
  50. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195-200; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377-379.
  51. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195-200; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377-379.
  52. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.327.
  53. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.380.
  54. Бағдодӣ, ал-Муҳаббар, 1421ҳ.қ.,саҳ.448.
  55. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.327.
  56. Гулистонӣ ва Мир Абулқосимӣ, “Соҳиби Фах”, саҳ.111.
  57. Бағдодӣ, ал-Муҳаббар, 1421ҳ.қ., саҳ.65.
  58. Байҳақӣ, Лубоб-ул-ансоб, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.329.
  59. Байҳақӣ, Лубоб-ул-ансоб, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412.
  60. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.382; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.200.
  61. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.381.
  62. Лайсӣ, Ҷиҳод-уш-шиъа фи-л-асри-л-Аббоси-ил-аввал, 1428ҳ.қ., саҳ.361.
  63. Розӣ, Ахбори Фах, 1995м., саҳ.159-160.
  64. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.380.
  65. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.198.
  66. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.327.
  67. Лайсӣ, Ҷиҳод-уш-шиъа фи-л-асри-л-Аббоси-ил-аввал, 1428ҳ.қ., саҳ.361.
  68. Гулистонӣ ва Мир Абулқосимӣ, “Соҳиби Фах”, саҳ.112.
  69. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.365.
  70. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.16 - 17.
  71. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.390.
  72. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.274.
  73. Лайсӣ, Ҷиҳод-уш-шиъа фи-л-асри-л-Аббоси-ил-аввал, 1428ҳ.қ., саҳ.365 - 368; Илоҳизода, Ҷунбиши Ҳасаниён, 1385ҳ.ш., саҳ.209.
  74. Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат.
  75. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.325.
  76. Лиҳёнӣ, “Ҳайю-ш-шуҳадо арз маъракату Фахх-ит-таърихийя”; Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷу зиёрат.
  77. Лиҳёнӣ, “Ҳайю-ш-шуҳадо арз маъракату Фахх-ит-таърихийя”.
  78. Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат.
  79. Ал-Муҳаллӣ, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328.
  80. Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат.
  81. Сулаймонзода Афшор, “Ахбори Фах; ба ривояти Аҳмад ибни Саҳл ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ”, саҳ.91.
  82. Сулаймонзода Афшор, “Ахбори Фах; ба ривояти Аҳмад ибни Саҳл ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ”, саҳ.91.
  83. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995м.
  84. Разавии Ардаконӣ, Моҳияти қиёми шаҳиди Фах, 1375ҳ.ш.
  85. Разавии Ардаконӣ, Моҳияти қиёми шаҳиди Фах, 1375ҳ.ш.
  86. Аминӣ, Баталу Фах, 1388ҳ.қ.

Ёддошт

  1. Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан ибни Ҳасани Мусанно фарзанди Хула - ҳамсари Имом Муҷтабо

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибиин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
  • Аминӣ, Муҳаммадҳодӣ, Баталу Фах, Бейрут, 1388ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Муҳаммадҳусайн, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат, таърихи дарҷи матлаб: 29 баҳмани 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 13 меҳри 1399ҳ.ш.
  • Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Қоҳира, Дорул-ғадил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Алӣ ибни Зайд, Лубоб-ул-ансоби ва-л-алқоби ва-л-аъқоб, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1428ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Саҳл ибни Абдуллоҳ, Сирр-ус-силсилат-ил-Алавийя, Наҷаф, ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя, 1963м.
  • Гулистонӣ, Парвин ва Мир Абулқосимӣ, Сайида Руқия, “Соҳиби Фах”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷилди 29, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1400ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Илоҳизода, Муҳаммадҳасан, Ҷунбиши Ҳасаниён, Қум, Шиашиносӣ, 1385ҳ.ш.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Лайсӣ, Самира Мухтор, Ҷиҳод-уш-шиъа фи-л-асри-л-Аббоси-ил-аввал, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1428ҳ.қ.
  • Лиҳёнӣ, Бадр, “Ҳайю-ш-шуҳадо арз маъракату Фахх-ит-таърихийя”, дар сайти Саҳифаи Макка, таърихи дарҷ: 9 апрели 2015м., таърихи боздид: 31 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ал-Ваҷиза фи-р-риҷол, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1423ҳ.қ.
  • Муҳаллӣ, Ҳамид ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя фи маноқиби аиммат-ил-зайдийя, Санъо, мактабат Бадр, 1423ҳ.қ.
  • Разавии Ардаконӣ, Сайид Абуфозил, Моҳияти қиёми шаҳиди Фах, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1375ҳ.ш.
  • Розӣ, Аҳмад ибни Саҳл, Ахбору Фах ва хабару Яҳё ибни Абдуллоҳ ва ахиҳи Идрис ибни Абдуллоҳ, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, Бейрут, Дорул-ғарбил-исломӣ, 1995м.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Муҳаҷ-уд-даъавот ва манҳаҷ-ул-ибодот, Қум, ал-Захоир, 1411ҳ.қ.
  • Сулаймонзода Афшор, Сарват, “Ахбори Фах; ба ривояти Аҳмад ибни Саҳл ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ”, дар маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, № 78, 1390ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Ҳасанӣ, Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Масобиҳ, Санъо, муассисатул-имом Зайд ибни Алӣ-с-сақофийя, 1423ҳ.қ.
  • Ҳорунӣ, Яҳё ибни Ҳусайн, ал-Ифода фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, Теҳрон, Маркази пажӯҳишии мероси мактуб, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1387ҳ.ш.
  • Шарифӣ, Муҳсин, “Аимма ва қиёмҳои шиъӣ”, дар фаслномаи Тулӯъ, № 17, баҳори 1385.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, [ бе то ].