Муҳаммад ибни Абусаид ибни Ақил

Аз wikishia
Оромгоҳи шуҳадои Карбало

Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил (шаҳодат: рӯзи Ошурои соли 61 ҳиҷрӣ) аз шуҳадои Банӣ Ҳошим дар воқеаи Карбало. Вай баъд аз ба шаҳодат расидани Имом Ҳусайн (а), дар ҳуҷуми сипоҳиёни душман ба хаймаҳо ба шаҳодат расид. Номи ӯ дар Зиёрат-уш-шуҳадо омадааст.

Насаб

Бархе аз риҷолнависон ва уламои шиа ӯро «Муҳаммад ибни Саид»[1] ва бархеи дигар «Муҳаммад ибни Абисаъд»[2] зикр кардаанд; иддае низ Абисаидро куняи Абдуллоҳ ибни Ақил дониста, эҳтимол додаанд, ки Муҳаммад ибни Абисаид, ҳамон Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ақил бошад.[3]

Дар китоби ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибин, аз падараш бо номи Абусаиди Аҳвал ба унвони яке аз шуҳадои Карбало ёд шудааст.[4] Ҳарчанд дар бархе манобеъ, Фотима духтари Имом Алӣ (а) ҳамсари Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил муаррифӣ шудааст, ки духтаре ба номи Ҳамида барои ӯ ба дунё овардааст.[5] Мавсуаи Карбало, Фотимаро модари Муҳаммад ибни Абисаид дониста ва сини ӯро ҳангоми шаҳодат дар Карбало ҳафт сол зикр кардааст.[6]

Шаҳодат

Номи Муҳаммад ибни Абисаид дар бархе манобеъ ба унвони яке аз шаҳидони Карбало омадааст. Ибни Саъд номи ӯро дар шумори касоне ки дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расиданд, овардааст.[7]

Бино ба гуфтаи Самовӣ, панҷ нафар аз шуҳадои Карбало ба сини булуғ нарасида буданд, яке аз онон Муҳаммад ибни Абисаид будааст.[8] Ҳамчунин дар Ибсор-ул-айн аз Ҳамид ибни Муслим нақл шудааст, ки пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), навҷавоне аз хаймаҳо берун омад, нигарону ваҳшатзада ба чапу рост нигоҳ кард. Яке аз сипоҳёни Умари Саъд ба ӯ ҳамла карда, бо зарбате, ӯро ба шаҳодат расонд. Аз номи навҷавон ва қотилаши пурсидам? Гуфта шуд, ӯ Муҳаммад ибни Абисаид ва қотилаш Луқайт ибни Аёси Ҷуҳанӣ аст.[9]

Ин моҷаро дар Таърихи Табарӣ ба нақл аз Ҳонӣ ибни Субайт гузориш шудааст, ки Ҳонӣ бидуни онки номи навҷавонро зикр кунад, худро қотили ӯ муаррифӣ кардааст.[10]

Дар Зиёрат-уш-шуҳадо (зиёрати ноҳияи ғайримашҳур) бо номи Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил бар ӯ салом дода шуда ва қотилаш Луқайт ибни Ношири Ҷуҳанӣ муаррифӣ шудааст.[11] [Ёддошт 1]

Эзоҳ

  1. Ибни Довуди Ҳиллӣ, Риҷолу ибни Довуд, интишороти донишгоҳи Теҳрон, ҷ.1, саҳ.172; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1375ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.254.
  2. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.343; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1375ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.259.
  3. Кошонӣ, Тазкират-уш-шуҳадо, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.154.
  4. Алавӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибиин, 1380ҳ.ш., саҳ.307.
  5. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.94.
  6. Байзун, Мавсуъату Карбало, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.529.
  7. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1414ҳ.қ., табақатун хомиса, ҷ.1, саҳ.477.
  8. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.224.
  9. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.91.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.5, саҳ.449.
  11. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.76.

Ёддошт

Сарчашма

  • Алавӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибиин, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1380ҳ.ш.
  • Байзун, Лабиб, Мавсуъату Карбало, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1427ҳ.қ.
  • Ибни Довуди Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Риҷолу ибни Довуд, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, бе то.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро (табақатун хомиса (1)), таҳқиқи Муҳаммад ибни Сомил ас-Салмӣ, ат-Тоиф, мактабатул-Сиддиқ, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро (ҷ.8), таҳқиқи Муҳаммад ибни Сомил ас-Салмӣ, ат-Тоиф, мактабатул-Сиддиқ, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимус-салом, Наҷаф, матбаъатул-Ҳайдарийя, 1375ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Ҳабибуллоҳ, Тазкират-уш-шуҳадо, мутарҷим Сайид Алӣ Ҷамол Ашраф, Қум, Мадян, 1385ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-вафо, 1404ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Табасӣ, Қум, Марказул-диросотил-исломийя лиҳарасис-савра, 1419ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, равоиъул-туросил-арабӣ, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found