Муслим ибни Абдуллоҳ Муҷошиъӣ
Муслим ибни Абдуллоҳи Муҷошиъӣ (шаҳодат:36ҳ.қ.) аз шаҳидони ҷанги Ҷамал аст. Ӯро аз қабилаи Муҷошиъ ё Абдулқайс донистаанд.
Бар пояи гузорише, ӯ бо Ҳузайфа ибни Ямон - саҳобаи Пайғамбар (с), гуфтугӯе дошта ва ин гуфтугӯ дар гароиши Муслим ба Имом Алӣ (а) таъсиргузор будааст. Вай пеш аз оғози ҷанги Ҷамал, асҳоби Ҷамалро ба Қуръон ва итоат аз Имом Алӣ (а) даъват кард.
Зиндагинома
Муслим фарзанди Абдуллоҳ,[1] аз сарбозони Имом Алӣ (а) дар ҷанги Ҷамал буд ва Аҷлӣ[2] ва Муҷошиъӣ[3] хонда шудааст. Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ - таърихнигори аҳли суннат дар қарни чаҳоруми қамарӣ, ӯро аз Муҷошиъ,[4] яке аз тоифаҳои Тамим[5] ва Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.), ӯро аз қабилаи Абдулқайс донистааст.[6] Аз Абумихнаф - таърихнигори қарни дувуми қамарӣ нақл шудааст, ки модари Муслим бо номи Уммузариҳ Абдия, шоири шиа будааст.[7]
Муслим дар соли 35-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадоин мезиста[8] ва дар ҷанги Ҷамал (соли 36-и қамарӣ), дар солҳои оғозини ҷавонӣ будааст.[9]
Гароиш ба Имом Алӣ (а)
Бар пояи ончи Ҳасан ибни Муҳаммади Дайламӣ - муҳаддиси шиа, аз Муслим ибни Абдуллоҳ нақл кардааст, гуфтугӯҳои ӯ бо Ҳузайфат ибни Ямон (ваф.37ҳ.қ.) - волии шаҳри Мадоин, боиси тамоюли ӯ ба Имом Алӣ (а) шудааст.[10]
Ба гуфтаи Дайламӣ дар Иршод-ул-қулуб, Имом Алӣ (а) пас аз қабули хилофат, Ҳузайфа ибни Ямон - саҳобаи Пайғамбар (с)-ро бар ҳукумати Мадоин ибқо кард. Ҳузайфа ба минбар рафта ва дар зимни суханронии худ, Имом Алӣ (а)-ро Амирулмуъминини ҳақиқӣ донист. Муслим ин суханро киноя аз ин донист, ки хулафои сегонаи пеш аз Имом Алӣ (а), амиралмуъминини ҳақиқӣ набудаанд. Ҳузайфа ба дархости Муслим бархе аз рӯйдодҳои гузаштаро баён кард. Аз ҷумла инки мулаққаб шудани Имом Алӣ (а) ба амиралмуъминин аз замони Пайғамбар (с) ва аз ҷониби Ҷабраил ва хондани хулафои сегона ба ин лақаб аз ҷониби мардум будааст.[11] Ӯ ҳамчунин саҳифаи малъуна, моҷарои ром додани шутури Пайғамбар (с) дар гарданаи Ҳаршо, воқеаи Ғадир ва ғасби хилофат тавассути Абубакр ва Умар ибни Хаттобро барои Муслим гузориш кард.[12]
Шаҳодат дар ҷанги Ҷамал
Муслим ибни Абдуллоҳ дар ҷанги Ҷамал, дар 10-уми ҷамодилаввали 36-и қамарӣ ба шаҳодат расид.[13]
Имом Алӣ (а) пеш аз оғози ҷанг ва барои охирин итмоми ҳуҷҷат, аз ёронаш пурсид, кӣ бо Қуръон ба назди лашкари муқобил меравад? Муслим ибни Абдуллоҳ эъломи омодагӣ кард ва рӯбарӯи сафи душман қарор гирифт.[14] Вай Имом Алӣ (а)-ро даъваткунанда ба Қуръон донист ва аз онҳо хост ба итоати Худо ва ба амал ба китоби Худо бозгардонад.[15]
Ба гузориши Ибни Асир - таърихнигори аҳли суннат дар қарни ҳафтуми қамарӣ, дасти рости ӯро қатъ карданд ва ӯ Қуръонро бо дасти чап гирифт. Дасти чапаш низ қатъ шуд ва ӯ Қуръонро ба сина гирифт.[16] Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (ваф.310ҳ.қ.), ӯ ба сабаби исобати тир[17] ва бино бар гузориши Шайхи Муфид, ба дастури Оиша ва ҳуҷуми найзадорон ба шаҳодат расид.[18] Имом Алӣ (а) чигунагии шаҳодати ӯро аз пеш гуфта буд[19] ва ӯро аз касоне дониста буд, ки Худо қалбашонро аз нур ва имон пур кардааст.[20]
Модари Муслим ҳангоми шаҳодаташ ҳузур дошт.[21] Ӯ дар марсияе, Оишаро модари қотилони писараш хонд.[22]
Эзоҳ
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1879м., ҷ.3, саҳ.524.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1879м., ҷ.3, саҳ.524; Зириклӣ, Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.222.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, интишороти Аллома, ҷ.3, саҳ.155.
- ↑ Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.187.
- ↑ Ибни Асир, ал-Лубоб фи таҳзиб-ил-ансоб, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.223.
- ↑ Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.340.
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиъа, Дорул-таъоруф, ҷ.3, саҳ.457, ба нақл аз: Абумихнаф; Ҳасун, Аълом-ун-нисо-ил-муъминот, 1421ҳ.қ., саҳ.184.
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.323 ва 324.
- ↑ Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.340.
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341.
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.323 ва 324.
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.328 - 333.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.361; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1879м., ҷ.3, саҳ.524; Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.246.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.246; Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.340.
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.343.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.246; ниг.: Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.378.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.361; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1879м., ҷ.3, саҳ.524; Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.246.
- ↑ Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.340.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.246.
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.342.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1879м., ҷ.3, саҳ.524.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1879м., ҷ.3, саҳ.524.
Сарчашма
- Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, бе то.
- Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб ила-с-савоб, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1412ҳ.қ.
- Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом қомуси тароҷим ли ашҳар-ир-риҷоли ва-н-нисо мин-ал-араби ва-л-мустаърабин ва-л-мусташриқин, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, 1989м.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Лубоб фи таҳзиб-ил-ансоб, Бейрут, Дорусодир, 1414ҳ.қ.
- Ибни Аъсам, Аҳмад, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дорул –азвоъ, 1411ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, беҷо, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазоуғлӣ, Тазкират-ул-хавос мин-а-уммат би зикри хасоис-ил-аимма, таҳқиқи Ҳусайни Тақизода, Қум, ал-Маҷмаъул-оламӣ ли Аҳли-л-Байт (а), марказул-табоъати вал-нашр, 1426ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, тасҳеҳи Ҳошим Расулӣ ва Муҳаммадҳусайни Оштиёнӣ, Қум, интишороти Аллома, бе то.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Юсуф Асъад Доғир, Қум, муассисаи Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ҷамал ва-н-нусра ли Сайид-ил-итрат фи ҳарби-л-Басра, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, тасҳеҳи Нухбатун мин-ал-уламо, Бейрут, маншуроти муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1879м.
- Хоразмӣ, ал-Муваффақ ибни Аҳмад, ал-Маноқиб, таҳқиқи Молик ал-Маҳмудӣ, беҷо, муассисаи ал-Нашрул-исломиил-тобеъа ли ҷамоъатил-мударрисин би Қум, 1411ҳ.қ.
- Ҳассун, Муҳаммад ва Уммиалӣ Машкур, Аълом-ун-нисо-ил-муъминот, Теҳрон, Усва, 1421ҳ.қ.