Мусаббиҳот

Аз wikishia

Мусаббиҳот (форсӣ:مُسَبِّحات) сураҳое аз Қуръон аст, ки бо тасбеҳи Худованд оғоз мешаванд. Ҳафт сураи Исро, Ҳадид, Ҳашр, Сафф, Ҷумъа, Тағобун ва Аъло сураҳое ҳастанд, ки бо яке аз муштаққоти вожаи “сабаҳ/ سبح” оғоз мешаванд. Албатта дар бораи инки Мусаббиҳот шомили ҳамаи ин сураҳо мешавад, ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Пардохтан ба усули дин, аз мазмунҳои муштараки ин сураҳост. Сураи Исроро меҳвари Мусаббиҳот хондаанд ва нузули ин сураҳо дар тамоми муддати набуввати Пайғамбари Ислом (с) ҳам дар Макка ва ҳам, дар Мадина будааст.

Тибқи ривояте, Пайғамбар (с) ҳар шаб пеш аз хоб сураҳои Мусаббиҳотро мехонду мефармуд: «дар Мусаббиҳот ояте аст, беҳтар аз ҳазор оят!».

Номгузорӣ

Мусаббиҳот ба сураҳое гуфта мешавад, ки бо тасбеҳи Худованд оғоз мешаванд.[1] Тасбеҳ ба маънои танзиҳ[2] ва тасбеҳи Худо ба маънои мубарро донистани Ӯ аз ҳаргуна нақс аст.[3]

Аҷр ва подоши хондани Мусаббиҳот

Имом Боқир (а):

منْ قَرَأَ الْمُسَبِّحَاتِ کلَّهَا قَبْلَ أَنْ ینَامَ لَمْ یمُتْ حَتَّی یدْرِک الْقَائِمَ وَ إِنْ مَاتَ کانَ فِی جِوَارِ مُحَمَّدٍ النَّبِی(ص).

«Касе ки мусаббиҳотро пеш аз хоб бихонад, намемирад то онки Имоми Қоим (а)-ро дарк кунад ва агар бимирад, дар канори Расули Худо (с) хоҳад буд.

Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.620.

Мисдоқҳо

Дар ривоёт, ба номҳои сураҳои мусаббиҳот ишора нашудааст; аз ин рӯ, дар бораи теъдоди онҳо дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад:

  1. Панҷ сура: Ҳадид, Ҳашр, Сафф, Ҷумъа ва Тағобун, ки бо "саббаҳа/سَبَّحَ" ё "юсаббиҳу/یسَبِّحُ" оғоз мешаванд.[4]
  2. Шаш сура: Ҳадид, Ҳашр, Сафф, Ҷумъа, Тағобун ва Аъло.[5] Чароки дар ин сураҳо баъд аз "Бисмиллоҳ", яке аз феълҳои "саббаҳа/سَبَّحَ", "юсаббиҳу/یسَبِّحُ" ва "саббиҳ/سبِّح "‏ омадааст. Сайидалии Қозӣ Таботабоӣ ба шогирдонаш супориш мекард, ки ин шаш сураро ҳар шаб ба унвони мусаббиҳот бихонанд.[6]
  3. Ҳафт сура: Исро, Ҳадид, Ҳашр, Сафф, Ҷумъа, Тағобун ва Аъло.[7] Ин сураҳо бо яке аз муштақоти решаи (с б ҳ) оғоз мешаванд.[8]
  4. Нуҳ сура: Муҳамадҳодии Маърифат (1309 - 1385ҳ.ш.) - муҳаққиқи улуми қуръонӣ, сураҳои Фурқон ва Мулкро низ, ки бо Таборак оғоз мешаванд ба ҳафт сура замима кардааст.[9]

Хусусиятҳо

Сураҳои Мусаббиҳот хусусиёт ва мазмунҳои муштараке доранд, ки иборатанд аз:

  • Дарбар доштани усули дин: мазмунҳои сураҳои Мусаббиҳот тавҳид, набувват, маъод, адл ва имомат аст.[10]
  • Нақши меҳварии Исро: бархе муътақиданд, бо тавваҷуҳ ба мазмунҳои Мусаббиҳот робитаи хоссе байни онон вуҷуд дорад ва сураи Исро меҳвари сураҳои дигар аст. Бар асоси ин дидгоҳ, Мусаббиҳот монанди як китоб ҳастанд, ки муқаддимаи он сураи Исро, фаслҳои он панҷ сураи дигар ва натиҷааш сураи Аъло аст.[11]
  • Маҳдудаи замонӣ: ин сураҳо тақрибан тамоми муддати набуввати Пайғамбарро дарбар гирифтаанд; сураи Аъло ҳафтумин, Исро панҷоҳумин сураи нозилшуда дар Макка ва сураҳои Ҳадид, Ҳашр, Сафф, Ҷумъа ва Тағобун дар Мадина нозил шуда ва дар радифи наваду чаҳорумин то саду даҳумин сураҳои нозилшудаи Қуръон қарор доранд.[12]

Фазилат

  • Ояте беҳтар аз ҳазор оят: бар пояи ривояте, Пайғамбар ҳар шаб пеш аз хоб сураҳои Мусаббиҳотро хонда мефармуд: «дар Мусаббиҳот ояте аст, беҳтар аз ҳазор оят».[13]
  • Дарк кардани Имоми Замон: дар ривояте аз Имом Муҳаммади Боқир (а) нақл шудааст: «касе ки Мусаббиҳотро пеш аз хоб бихонад, намемирад то онки Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро дарк кунад ва агар бимирад, дар канори Расули Худо (с) хоҳад буд.[14]

Эзоҳ

  1. Ҳарирӣ, Фарҳанги истилоҳоти қуръонӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.185.
  2. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.372 (зайли вожаи сабаҳ).
  3. Дуғайм, Мавсуъату мусталаҳоти илм-ил-калом-ил-исломӣ, 1988м., ҷ.1, саҳ.310.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.144; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.292.
  5. Ҳасанзода Омулӣ, Рисолаи Нурун ало нур, 1371ҳ.ш., саҳ.29; Ҷаводии Омулӣ, “Тафсири сураи Ҳашр”, саҳ.7.
  6. Ҳасанзода, Ҳазору як нукта, 1365ҳ.ш., саҳ.605.
  7. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.1756; Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръон, 1377ҳ.ш., саҳ.105; Ромёр, Таърихи Қуръон, 1363ҳ.ш., саҳ.596.
  8. Ҳасанзода, Ҳазору як нукта, 1365ҳ.ш., саҳ.605
  9. Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.293.
  10. Оли Расул - Эътисомӣ, “Сурашиносии Мусаббиҳот”, саҳ.52.
  11. Оли Расул - Эътисомӣ, “Сурашиносии Мусаббиҳот”, саҳ.52.
  12. Оли Расул - Эътисомӣ, “Сурашиносии Мусаббиҳот”, саҳ.52.
  13. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорул-фикр, ҷ.6, саҳ.170; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., саҳ.235.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.620.

Сарчашма

  • Дуғайм, Самиҳ, Мавсуъату мусталаҳоти илм-ил-калом-ил-исломӣ, Бейрут, Мактабату Лубнон ноширун, 1998м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи дувоздаҳум, 1371ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи дувум, 1416ҳ.қ.
  • Оли Расул, Савсан ва Эътисомӣ, Саййида Заҳро, Сурашиносии Мусаббиҳот, фаслномаи Фадак, соли 1, № 1, баҳори 1389ҳ.ш.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амир Кабир, чопи сеюм, 1363ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибн Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, тарҷумаи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, интишороти Садуқ, 1373ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсири би-л-маъсур, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад Муҳсин ибни Шоҳ Муртазо, ал-Вофӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амирулмуъминин Алӣ алайҳис-салом, 1409ҳ.қ.
  • Ҳарирӣ, Муҳаммадюсуф, Фарҳанги истилоҳоти қуръонӣ, Қум, Ҳиҷрат, чопи дувум, 1384ҳ.ш.
  • Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Рисолаи Нурун ало нур дар зикру зокиру мазкур, Қум, Ташайюъ, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Ҳазору як нукта, Теҳрон, Раҷо, чопи панҷум, 1365ҳ.ш.
  • Ҳуҷҷатӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, Пажуҳише дар Таърихи Қуръон, Теҳрон, интишороти Исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Муртазо, “Тафсири сураи Ҳашр”, нашрияи Посдори Ислом, № 183 ва 184, исфанди 1375 ва фарвардини 1376ҳ.ш.
  • Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ тоҷ-ул-луғат ва сиҳоҳ, таҳқиқи Аҳмад Абдулғафур Ато, Бейрут, Дорул-илм лил-малоин, 1410ҳ.қ.