Мунҷиҳ ибни Саҳм
Мунҷиҳ ибни Саҳм ғуломи Имом Саҷҷод (а) ки дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расид.
Модари Мунҷиҳ, канизе буд, ки Имом Ҳусайн (а) аз Навфал ибни Ҳорис ибни Абдулмуталлиб харид. Ӯ бо ғуломе ба номи Саҳм издивоҷ кард ва Мунҷиҳ ба дунё омад. Имом Ҳусайн (а) Мунҷиҳро ба хизмати Имом Саҷҷод (а) даровард.[1]
Пас аз онки Имом Ҳусайн (а) аз Мадина ба самти Макка ҳаракат кард, Мунҷиҳ низ ҳамроҳи модараш аз Мадина баромад.[2] Албатта бархе, ӯро аз маволии Имом Ҳасан (а) донистаанд, ки бо фарзандони Имом Ҳасан (а) аз Мадина ҳамроҳ бо корвони Имом Ҳусайн (а) баромаданд.[3]
Мунҷиҳ дар воқеаи Ошуро ба шаҳодат расид.[4] Замони шаҳодати ӯ зикр нашудааст, аммо Ибни Шаҳрошуб гуфтааст, ки дар ҳамлаи нахуст, даҳ тан аз ғуломони Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расиданд.[5] Қотили вайро Ҳисон ибни Бакри Ҳанзалӣ муаррифӣ кардаанд.[6] Самовӣ низ аз китоби ал-Ҳадиқат-ул-вардийя
нақл мекунад, ки қотилаш Ҳисон ибни Бакр аст ва шаҳодаташ дар оғози ҷанг будааст.[7] Номи Мунҷиҳ дар Зиёрат-уш-шуҳадо ба унвони яке аз шаҳидон омадааст. Ас-салому ала Мунҷиҳ мавлал-Ҳусайн ибни Алӣ (а)[8]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Шерозӣ, Захират-уд-дорайн, бе то, саҳ.327.
- ↑ Шерозӣ, Захират-уд-дорайн, бе то, саҳ.327.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.96.
- ↑ Шайх Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.83; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м., ҷ.5, саҳ.469; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, хомиса 1, 1990м., саҳ.478.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113.
- ↑ Рассон, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн алайҳис-салом, 1406ҳ.қ., саҳ.152.
- ↑ Ас-Самовӣ, аш-Шайх Муҳаммад, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.491.
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷаводи Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Муниъ Ҳошимии Басарӣ, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1410ҳ.қ./1990м.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
- Рассон, Фузайл ибни Зубайр, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, нашри Олулбайт (а), чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айни фи ансор-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, интишороти донишгоҳи Шаҳид Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ./1967м.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ихтисос, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шерозӣ, Сайид Абдулмаҷид, Захират-уд-дорайн фимо ятаъаллақу би масоиб-ил-Ҳусайн алайҳис-салом ва асҳобиҳ, Қум, нашри Замзами ҳидоят, бе то.