Молик ибни Абдуллоҳ ибни Сариъи Ҳамдонӣ
Молик ибни Абдуллоҳ ибни Сариъи Ҳамдонӣ (шаҳодат: 61ҳ.қ.) аз шаҳидони Карбало аст, ки ба ҳамроҳи Сайф ибни Ҳорис ибни Сариъ – писарамак ва бародари модариаш, дар рӯзи Ошуро шаҳид шуд. Молик аз қабилаи Ҳамдон ва аз тираи Банӣ Ҷобир буд.
Дар манобеъ, гуфтугуе аз ӯ ва Сайф бо Имом Ҳусайн (а) гузориш шудааст. Дар ин гузориш омадааст, он ду, рӯзи Ошуро гирякунон назди Имом омаданд ва дар посухи Имом, сабаби гиряи худро чунин баён карданд: наметавонанд дар баробари душман барои Имом коре анҷом диҳанд.
Насаб
Молик ибни Абдуллоҳ аз шаҳидони Карбало аст.[1] Ӯ аз қабилаи Ҳамдон[2] ва аз тираи Банӣ Ҷобир[3] буд. Аз ӯ ва писарамакаш – Сайф, ки аз сӯи модар бо якдигар бародар буданд,[4] бо унвони «шуҳадои Ҷобирӣ» ёд шудааст.[5]
Дар Зиёрат-уш-шуҳадо (зиёрати ноҳияи ғайримашҳур) бо унвони Молик ибни Абдуллоҳ ибни Сариъ ба ӯ салом дода шудааст.[6] Дар зиёрати раҷабияи Имом Ҳусайн аз Молик ибни Абдуллоҳи Ҳоирӣ ёд шудааст.[7] Бархе аз пажӯҳишгарон ин ду нафарро як нафар медонанд.[8]
Шаҳодат
Молик ва писарамакаш - Сайф ба ҳамроҳи ғуломашон Шабиб ибни Абдуллоҳи Наҳшалӣ ба Имом Ҳусайн (а) мулҳақ шуданд.[9] Гуфта шудааст, ки ин се нафар аз Куфа ба назди Имом омаданд.[10] Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (ваф.310ҳ.қ.) - таърихнигори аҳли суннат, шаҳодати Молик ва Сайфро дар бегоҳи Ошуро медонад. Ба гуфтаи Табарӣ, вақте ки ёрони Имом Ҳусайн (а) фаҳмиданд, ки пирӯзӣ ба хотири афзоиши ёрони душман имконнопазир нест, ёрон тасмим гирифтанд, ки дар ҳадя кардани ҷони худ барои имом бо якдигар мусобиқа диҳанд.[11]
Гуфтугуи ду ҷавони шаҳиди Ҷобирӣ бо Имом Ҳусайн (а)
«(Имом Ҳусайн) ба онҳо гуфт: бародарзодагон барои чӣ гиря мекунед? Ба Худо қасам, умедворам ба ҳамин зудӣ хушдил шавед! Онҳо гуфтанд: Худоямон ба фидоят кунад, ба Худо бар худ гиря намекунем, бар ту гиря мекунем, ки мебинем дар миёнат гирифтаанд ва тавони дифоъ аз туро надорем. (Имом) гуфт: бародарзодагон, Худо дар ин ғаму пуштибоние, ки ба ҷон аз ман мекунед, беҳтарин подоши парҳезкоронро ба шумо диҳад!».[12]
Гуфта шудааст, Молик ибни Абдуллоҳ ва Сайф бо мушоҳидаи наздик шудани душман ба хаймагоҳи Имом Ҳусайн (а), бо чашми гирён ба назди Имом омаданд.[13] Имом аз онҳо сабаби гиряро пурсид ва онҳо мушоҳидаи вазъияти Имом ва нотавонӣ дар ёрии эшонро матраҳ карданд, ки Имом бобати чунин мусовоте аз онон тақдир ва барояшон дуо кард.[14] Ба гуфтаи манобеъ, Молик ва Сайф баъд аз гуфтугу бо Имом ба самти майдон шитофтанд, дар ҳоле ки аз якдигар пешӣ мегирифтанд.[15] Ва аз ҳамдигар дар ҷанг ҳимоят мекарданд.[16] Молик ва Сайф баъд аз андак замоне ба Имом Ҳусайн (а) салом доданд ва Имом низ ба саломи онон ҷавоб дод.[17]
Мушобеҳи ин гуфтугу дар мавриди ду ҷавони Ғаффорӣ; яъне Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ибни Урваи Ғаффорӣ низ нақл шудааст.[18] Албатта бархе муътақиданд, ки дар бархе манобеъ ҳамчун: Мақтал-ул-Ҳусайни Хоразмӣ, байни ду ҷавони Ҷобирӣ ва ду ҷавони Ғаффорӣ халт шудааст.[19] Дар Мақтали Хоразмӣ, гуфтугӯи ёдшуда ба ду ҷавони Ғаффорӣ нисбат дода шудааст ва дар мавриди ду ҷавони Ҷобирӣ танҳо ба саломи онон ба Имом Ҳусайн (а) ва ҷавоби Имом басанда шудааст.[20]
Ихлос ва иродати бисёри Молик ва Сайф мавриди тавваҷуҳи бархе сиранависон қарор гирифтааст.[21] Ин ду баъд аз муборизае ҷонона ва аз по андохтани саворону пиёдагоне[22] дар асари заработи шамшеру найза дар наздикии Имом[23] ва дар як макон[24] ба шаҳодат расиданд. Имом бо дидани пайкари онон гиря кард ва барои онҳо талаби мағфират кард ва зимни ишора ба ногузирӣ дар таслим дар баробари тақдир, бозгашти ҳамаро ба сӯи Худо донист.[25]
Замони шаҳодати Молику Сайфро мухталиф навиштаанд; бархе шаҳодати онҳоро пас аз Ҳаҷҷоҷ ибни Масруқ[26] ва баъзе пас аз шаҳодати Ҳанзала ибни Қайс[27] ва ё Ҳанзала ибни Асъад[28] гуфтаанд. Иддае низ шаҳодати онҳоро пас аз Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ибни Урваи Ғаффорӣ донистаанд.[29]
Эзоҳ
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.234; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967, ҷ.5, саҳ.442.
- ↑ Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.273.
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.325.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.234; Ибни Асир, ал-Комил, 1965м, ҷ.4, саҳ.72.
- ↑ Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.235.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.495.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.98, саҳ.340.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, 1385ҳ.ш., саҳ.325, понависаи 4.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132;
- ↑ Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.273; Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.236 - 237, 243.
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м, ҷ.5, саҳ.442.
- ↑ Поянда, Тарҷумаи Таърихи Табарӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.3047.
- ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.236 - 237, 397.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.235; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м, ҷ.5, саҳ.443.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
- ↑ Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.273 - 274.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.235; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м, ҷ.5, саҳ.443.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъату калимот-ил-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1416ҳ.қ., саҳ.448 - 449.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.223.
- ↑ Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27 - 28.
- ↑ Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.235.
- ↑ Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.384.
- ↑ Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.236.
- ↑ Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.274.
- ↑ Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.384.
- ↑ Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, 1382ҳ.ш., саҳ.383 - 384.
- ↑ Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.237.
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м, ҷ.5, саҳ.443.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.234.
Сарчашма
- Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-Тафф, тасҳеҳи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи сеюм, 1417ҳ.қ.
- Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1965м.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Кошифӣ, Муллоҳусайн, Равзат-уш-шуҳадо, таҳқиқи Ақиқии Бахшоишӣ, Қум, Навиди Ислом, чопи сеюм, 1382ҳ.ш.
- Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), Қум, мадрасаи илмияи Иравонӣ, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1363ҳ.ш.
- Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, таҳқиқи Муҳйиддин ва Муҳаммадризо Момақонӣ, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1431ҳ.қ.
- Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, Қум, нашри Маъруф, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, бо ҳамкории Маҳмуд Таботабоинажод ва Руҳуллоҳ Сайидтаботабоӣ, Тарҷумаи Абдуллоҳодии Масъудӣ, Қум, муассисаи Дорул-ҳадис, 1388ҳ.ш.
- Поянда, Абулқосим, Тарҷумаи Таърихи Табарӣ, Теҳрон, Асотир, чопи панҷум, 1375ҳ.ш.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн (а), таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Табасӣ, Қум, донишгоҳи шаҳид Маҳаллотӣ, 1419ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1967м.
- Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъату калимот-ил-Имом-ил-Ҳусайн (а), Қум, нашри Маъруф, чопи сеюм, 1416ҳ.қ.
- Ҷамъе аз нависандагон, Маъа-р-ракб-ил-Ҳусайнӣ мин-ал-мадинати ила-л-мадина, Қум, Таҳсин, чопи дувум, 1428ҳ.қ.
- Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, Қум, Замзами ҳидоят, 1385ҳ.ш.